Охир ба ҳазор андӯҳ


Ман ишқи туро куштам.
Як қофила дардамро
Дар дашти бало куштам.
Осудагӣ меҷустӣ,
Осудагӣ бахшидам.
Дил канда зи ту чанде
Ҷон кандани худ дидам.
Рафтию сари шаб буд,
То субҳ куҷо хуфтам?
То субҳ намедонам
Бо хеш чиҳо гуфтам.
Мекардӣ назар то субҳ
Бар бистари сарди ман.
Байте ду-се иншо шуд
Дар дафтари дарди ман.
Дар рӯй ба рӯи ман
Истода будӣ маъюс.
Мехурдӣ қасам сад раҳ,
Мехурдӣ ҳазор афсӯс.
Чашмони ту ашколуд –
Чашмони ҳалими ту.
Савганди ту бишкаста –
Савганди азими ту.
Аз шиддати эҳсосат.
Дастони ту меларзид
Дар роҳи нафас аз дард
Овози ту мепечид.
Он рӯз чи рӯзе буд –
Рӯзи сари Соли нав.
Гуфтем ба ҳамдигар:
Соли наву фоли нав...
Он рӯз ба ҷурми ишқ
Ҷурми туву ман бигзашт.
Аз соли нав он як рӯз
Бо дарди куҳан бигзашт.
Он рӯз ба баҳси рашк
Бо васваса бегаҳ шуд.
То қиссаи ишқи мо
Чун мӯи ту кӯтаҳ шуд...

Муаллиф:
Дохил кард: Фозилов Алишер
Санаи дохилгардида: 2013-04-02

Дидан кард: 394

Маводҳои монанд

Бе ишқ будам даме


Эй табиати рӯз


ИШҚИ МАН


Охир ба ҳазор андӯҳ


Фақат сизни севиб яшадим!!!


Yig'larman


Я скажу Вам: "До свиданья!"


Обещание


Почему так случилось не знаю


Не предавай меня пожалуйста!


Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 50