Табрикот бо шеър «Зодрӯз муборак!» Кисми 2

Гули зебандаи аёми навруз,
Муборак бодат ин мавлуд ин руз.
Набинӣ дар ду олам дарду ғамро,
Саодат хоҳамат ҳам бахти фируз.

Имдоди Худой бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи азалӣ бувад нисорат.

Ҳамеша шодкому шодмон бош
Ҳамеша рӯҳбахши дустон бош.
Ба маҳфилҳо гули руи сабад бош
Ҳамеша дил бидеҳу дилситон бош.

Хоҳам хонаат ба кудакони хандабарлаб пур бод
Худ миёни он ҳама гулғунчаҳо хандон бош.
Зинлагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми туст
Офтоби бахт доим дар сарат нурпош бод.

Ҳамеша бахтёру шод бошед
Зи дарду ранҷу ғам озод бошед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.

Худо доим нигаҳдори ту бошад,
Калиди бахт мададгори ту бошад.
Ба дунё омади баҳри ҳама,
Каси хушбахттарин ёри ту бошад.

Гули себарга пояндози поят,
Ҳама хушбахтиҳои дунё бароят.
Бихоҳам бар ту умри Саъдиёна,
Бихоҳам ҷону дилро шодиёна.

Рухат хуршедсон пурнур бодо,
Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо.

Туро ҳусни накӯву дилнишин бод,
Хушиву некрузиҳо қарин бод.
Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад,
Ҳаётат мисли номат нозанин бод.

Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад.
Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад,
Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.

Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат,гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.

Аз бахт хандонат бинам,
Чун лаъл рахшонат бинам.
Дар ҳар баҳори умри худ,
Доим гулафшонат бинам.

Эй чашмаи ишқи ман ,хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам,дурахшон бошӣ.
Дар рузи таваллудат дуое дорам,
Эй боғи саодатам , гулафшон бошӣ.

Ту бахти модари ту бахтёри,
Падарро такягоҳ дар рузгорӣ.
Зи ту дорад ҳама уммедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.

Маҳу осмон бошад раҳнамоят,
Замину осмон гуям саноят,
Ҳамеша гул бирезад зери поят,
Калиди бахт бошад даркушоят.

Эй ҳусни баҳор зодрузат табрик,
Бо бахт ҳазор зодрузат табрик.
Хушбахту саодату саломат бошӣ,
Бо авҷу барор зодрузат табрик.

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дустон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.

Шуморо нозанин гуем хато нест,
Ба дунё беҳтарин гуем хато нест.
Ба боғи ҳусн лабҳои таратро,
Чу барги ёсамин гуем хато нест.

Ҳарки боши одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар ки гирад домани покат ба даст,
Бахт шав,иқбол шав, поянда бош.

Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.

Ҳар чи мақсуди дилат бошад диҳад парвардигор,
Гар ту як бошӣ Худо бидиҳад ҳазору сад ҳазор.

Хохамат ишқ –ишқи яктое
Ки ба дарё чунин омӯзад.
Хоҳамат бахт – бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.

Ба руят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.

Бар чил ки расидаи гулафшон бошӣ,
Дар кишвари меҳр моҳи даврон боши.

Қадат гул,чеҳра гул,пироҳанат гул,
Лабат гул,остин гул,доманат гул.
Ба ин гулҳо ,ки дори дар сару по,
Ки парварда ба рузи зоданат гул.

АЛифбо барои сухан гуфтан нест,
Барои навиштани номи туст.
Ададхо пеш аз таваллуди ту ба саф истодаанд то рози зодрузи туро бидонанад.
Таваллудат муборак!

Садои як парвоз,
Фуруди як фаришта.
Огози як меъроч,
Ва шуруи як зиндаги.
Таваллудат муборак!

Ин хадяи осмони чашмонат,
Дилбаста ба шамъдони чашмонат.
Эй ишк таваллудат муборак, калбам,
Такдим ба мехрубони чашмонат.

Муаллиф: maktab.tj
Дохил кард: Ахмедов Бахром
Санаи дохилгардида: 2016-12-01

Дидан кард: 202

Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 43