Табрикот бо шеър «Зодрӯз муборак!» Кисми 1

Имдоди Худоӣ бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздони бувад нигорат.

Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.

Хоҳамат ишқ ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омузад.
Хоҳамат бахт-бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.

Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.

——— Орзумандем,ки шоҳбайти ғазал бошӣ,
Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ.

Ё раб камоли офиатат бардавом бод
Иқболу давлату шарафат мустидон бод.
Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.

Осоиши умри мо шумоед
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.

Таманно мекунем бо қалби саршор ,
Шуморо бод бахти хуш мададгор.

Дар синаат базми тарабу сур бошад
Ҷонат зи ғами ранҷу бало дурр бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст
Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад.

Мавлуди хуҷастаат бахор асту баҳор
Икбол ба бар намуда давлат икбол ба канор.
Дар рузи таваллудат таманно дорем
Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор.

Шукри оби чашмасорон мекунам,
Шукри дашту куҳсорон мекунам.
Шукри нону хок мегуям мудом,
Шукри номи поки Яздон мекунам.

То чаҳон бошад,ҳамеша шод бош,
Бош дилшоду зи ғам озод бош.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош.

Муборак бод шуморо ҷашни зодруз,
Шумо зеботаред зебо дар ин руз.
Гули нози, маҳи нозӣ, шаҳи ноз,
Илоҳо то абад бошӣ сарафроз.

Зодрузи ту буи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.

Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар уммед ки дори бираси,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.

Мавлуди накуи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.

Ҷуз дуоят нагуем , ки Рудакӣ гуфта,
Сад сол бизи, сад ҳазор сол бизӣ.

Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз,
Ки як муй аз сари ту кам нагардад.

Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегуем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегуем.
Бубини умр то яксаду ҳаштод мегуем,
Туро бо зодрузат мо муборакбод мегуем.

То ту боши рӯнамои бахти ман рӯи ту бод,
Сарҳисоби зиндагиям бар сари куи ту бод.
Дилкашоли тустам, дар ҳар мақому ҳар замон,
То аҷал чашмам напушад чашми ман суи ту бод.

Аё —— зебо, ситора дар замин ҳасти,
Аё ——- доно, ту моҳе дилнишин ҳасти.
Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад,
Аё —— , хуршеди яктое , ту нури нозанин ҳасти.

Лабонат доимо пурханда бошад,
Ғами дунё зи ту дилканда бошад.
Ҳама рӯзу ҳама моҳу ҳама сол,
Бароят ин ҷаҳон арзанда бошад.

Си баҳори пурсафоро дар задӣ,
Ту гули садбарги тар бар сар задӣ.
Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо,
Зинда бош эй хонаи уммеди мо.

Шавед садсолаю дарде набинед,
Зи умри хушгузар гарде набинед.
Зи умри хушгузар эй гул ба домон,
Ба сад соли дигар гарде набинед.

Қади сарват илоҳо хам набинад,
Дили шодат илоҳо ғам нагардад.
Илоҳо бошию садсола боши,
Ба болои сари мо соя боши.

Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрузат хушруз,
Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур.

Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ,
Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу боши.

—— зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.

Табибон посбони бахти инсонанд,
Табибон роздони дардмандонанд.
Зи ту миннатдор ҳастем шифокор,
Ба дарди мо даво бахшо шифокор.
Илоҳо сарбаланд боши ҳамеша,
Наҷотбахшу давобахши шифокор.

муборак ҷашни иқболат,
Туро 45 умин солат.
Ба сад рафтан таманноро,
Бидидем дар хати фолат.

Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол,
Шӯҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.

Илоҳо мисли моҳ тобанда боши,
Чу ғунча бо лаби пурханда бошӣ.
Ҳамеша мо дуогуи ту бошем,
Ки дар олам каси арзанда боши.

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

—— ҷумла мавлудат муборак,
Ҳамон рухсори хушнудат муборак.
Тамоми хонавода бар ту гуянд,
—— рузи мавлудат муборак.

Ту гули шукуфтаруи ҳама гулфишон,
ту баҳори бехазони ҳама бехазон бимони.
Ҳама дам кунем дуоят ки чунин ҷавон бимони.

Кунад хуршеди бахтат нурфишонӣ,
Ба коми дил бирас дар зиндагонӣ.
Чу дустонат бигуфт бо меҳрубонӣ,
Умедам ҳасти, хушбахте бимони.

Борони бахт резад эй кош бар сари ту,
Хезад навои шодӣ аз бому аз дари ту.
Эй кош —- ту умр бини дар даҳр,
Бошад доим худованд, ёри ту ёвари ту.

Муаллиф: maktab.tj
Дохил кард: Ахмедов Бахром
Санаи дохилгардида: 2016-12-01

Дидан кард: 211

Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 29