Азизи бевафои ман!

Умеди зистанро танхо ба хотири дидори вопасинат ба сар дорам, 
Танхо ба хотири ту рузхои ширини рафта хаётро тахаммул мекунам.
Ман зиндагиро бо ту мепарастам ва бо ёди ту идома медихам.
Аз ман марав, зеро рафтани ту маро абадан гумрох хохад сохт.

Ту медони, ки ман аз танхои метарсам, вакте худро танхо мебинам,
Ашк мисоли марворид аз чашмонам чори мешавад.
Танхоиро пеша кардаму худ аз танхои метарсам,
Гумон кардам ки танхои метавонад туро аз хотирам

Берун барад, вале хато кардам.
Боре ман танхо мондам, аз дарди ишку алами танхои
Гиристаму гумон кардам, ки бароям руз монанди шаб асту торик,
Зеро лахзае вакти рох рафтан ба кафо нигаристаму касеро надидам. 

Бо умед ба пеш нигаристам, боз касеро чашмонам дарёфт карда натавонист.
Пас ба осмон нигаристаму сели паррандахоро дидам, ки гуё ба ман имо карда чаро танхои,
Биё бо мо ошно шав гуён парида мерафтанд ва бори дигар дарак медоданд, ки ман танхо хастам.
Ашки талхи танхоиро ба замини танхо рехтам. 

Ман дар олами худ танхо мондам.
Рузе сахт пазмонат гаштаму бо бахонае зангат задам,
Боре хостам овози ширинатро бишнавам,
Зеро пазмони харфу пазмони шухихоят будам.

Харчанд аз чудоии мо моххое гузашта бошад хам,
Хамон овозат пеши гушхоям садо медихад, дигар сабру токат надорам,
Гурури хеш зери по кардаму ба ту занг задам, харчи бодо бод!
Гумон кардам, ки вакте овози ширинатро аз гушаки телефон бишнавам,

Дил аз кафас берун меояд.
Вале ашк гулугирам кард.
Бори дигар худ занг зади, аз холу ахволам пурсиди, пас аз чанд руз омади.
Омадиву гуссахои калбам таскин ёфт. Ин кадар зебо, ин кадар ширин харф мезади.

Хостам бисёр чизхоро аз ту бипурсам, аммо аз шоди бар забонам харфе намеомад.
Ту боз рафти. Рафтиву дигарбора хомуш монди ва калбамро дарди талхи танхои пахш кард.
Гумон кардам, ки калби танхоям бо рафтанат ором мешавад.
Туро хеч гох аз хотирам нахохам баровард.

Ин кадар талх будааст хаёти ошики, ин кадар талх будааст танхоии бо ишк монда…
Умед бо хукми такдир аз ту дорам, вале дар зиндаги аз ту чудоям…
Марав аз ман, марав аз ман азизам, Мабодо аз чудои ман бимирам…
Эй бевафои мулки хиёнат, ёдат ба хайр.

Муаллиф: maktab.tj
Дохил кард: Ахмедов Бахром
Санаи дохилгардида: 2016-12-01

Дидан кард: 1468

Маводҳои монанд

Дар шаби туят


Азизи бевафои ман!


Ошик манамму туро бадил мемонам


Мешавад дар пеши чашмам акси руят чилвагар (Шеърхои ишки, ошики)


Хумори манзили кӯи ту дорам. (Шеърхои ошикона)


Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ (Шеърхои Ошики, ишки)


Имшаб аз хисси баланди интиком


АШКУ РАШК 


ТАМОС


ХИССИ ЯК САЛОМ


Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 24