Дасти Модар


Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,
Сўи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!

Муаллиф: Мирзо Турсунсозода
Дохил кард: Фозилов Алишер
Санаи дохилгардида: 2013-03-20

Дидан кард: 236

Маводҳои монанд

Падар Модар


Дасти Модар


"Фаввора мезанад хун аз дидагони модар"


МУНОҶОТ БА МОДАР


МОДАР


Ба модарам


Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 13