|

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-12-01

Мундариҷа
Муқаддима…………………………………………………..………………..3
Боби  1 Назарияи асосҳои бизнес
1.1. Намудҳои бизнес ва таърихи пайдоиши онҳо………. ..……... 4
1.2. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии бизнес………………………….…10
1.3. Батанзимоварии давлатии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.......….......….....…............…........……..……….……….…..….13
Боби  2. Лоихаи корӣ
2.1 Таҳлили соҳа. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  16
2.2. Моҳияти Лоиҳаи корӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 17
2.3. Нақшаи истеҳсолӣ . . . .  . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .22
2.4. Нақшаи маркетингӣ . .  . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 23
2.5. Нақшаи ташкилӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .24
2.6. Баҳодиҳӣ ба таваккалӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 25
2.7. Нақшаи молиявӣ . . . . . .. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .27
Хулоса ……………………………………………………………………….. .31
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  . . . 32

Муқаддима
Асоси пешрафту инкишофи  иқсодиёти ҳамагуна давлатҳои мутараққии дунё имрӯзҳо аз бизнес вобастагӣ дорад. Зеро соҳаи асосие, ки имрӯз дар тамоми дунё ба буджети давлатӣ фоидаи калон меоварад,  бизнес ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки рӯз аз рӯз шумораи ҳам бизнесменҳои инфиродӣ ва ҳам соҳибкорони хурду миёна меафзояд.
То кунун таҳти мафҳуми бизнес хулқ ё худ рафторе тасаввур  карда мешавад, ки он фақат доираи хариду фурӯшро дар бар мегирифта бошад. Яъне «бизнесмен» - ро ҳамчун шахсе, ки «гирифт - фурӯхт», пули зиёди муфтро ба даст овард ва соҳиби молу мулку сарват гардид, тасаввур мекунанд. Ин «хариду - фурӯш» дар асл муносибатҳои беинтиҳову бисёрҷанба ва мураккаби байни субъектҳои иқтисодиро ифода мекунад, ки онҳо на ҳамеша  айёнанд. Бизнес ҳамчун фаъолият бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) истифода карда мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бармеояд, ки бизнес ҳамчун тадбир ва фаъолият фақат дар чорчӯбаи моликияти хусусӣ,  мавҷуд будани фишангҳои озоди тиҷорат - мустақилият, ҳавасмандӣ, манфиат, ангезаи меҳнатӣ, худтаъминкунӣ, ташаббус, ҷустуҷӯ, таваккалӣ ва ғайра имконпазир аст.
Бояд тазаккур дод, ки бизнес - қобилият аст ва ҳар як шахси хоҳишманд ба он шуғл варзида наметавонад. Барои он пеш аз ҳама истеъдоди табиӣ (худодод), тафаккури иқтисодии махсус, яъне фавқул қобилият заруранд.
Яке аз намудҳои фаъолияти ташкилотӣ ин бизнеси истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Доираи фаъолияти он муносибатҳои молӣ ва қарзӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси ин гуфтаҳо мо низ мехоҳем, барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтан ва пеш рафтани ин соҳа дар канор намонда, балки дар тараққиёти он ҳиссаи худро гузорем. Дар тамоми дунё бизнеси истеҳсолиӣ ба монанди бизнеси молиявӣ, яке аз намуди бизнесҳои таваккалии  ниҳоят зиёд дошта, ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ҳамин ҳам барои иҷрои ин мақсад, мо ба худ маҳз ин намуди бизнес – бизнеси истеҳсолиро қабул дониста, дар яке аз деҳаҳои дурдасти вилояти Суғд – Fончӣ мехоҳем, совхози «Наврӯз» - ро таъсис диҳем.
Мақсади асосии ташкил намудани совхози «Наврӯз» ин таъмин намудани аҳолии даҳаи Овчии ноҳияи Fончӣ ва тамоми ҷумҳури бо картошкаи босифат ба ҳисоб меравад. Дар асл гирем, дар ин ҷо хоҷагиҳо ва совхозҳои бисёр амал мекунад, вале бо мурури замон ва рӯз то рӯз талаботҳои аҳли деҳа ба картошка меафзояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо шумораи одамон зиёд шудаистодаст аз ин рӯ аҳолии деҳа беш аз пеш ба картошка мӯҳтоҷ доранд, бинобар ин  мавҷудияти совхози  «Наврӯз» ҳам ба худи деҳа ва ҳам ба аҳолӣ фоидаовар аст.
Барои амалӣ намудани ин мақсад, бояд лоиҳаи кори ташкилии ин совхозро тартиб диҳем. Мақсади асосии тартиб додани лоиҳаи кории зерин – ин дар асоси он аст, ки мардумро бо картошкаи босифат таъмин намудани, мебошад. Яъне, ҳамчун заминро ташкил кардани совхози  «Наврӯз»  ба ҳисоб меравад. Яъне дар асоси тартиб додани лоиҳаи кори мазкур ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти совхози мазкур муайян гардида, дар он манфиатҳои мавҷудияти совхоз мазкур нишон дода мешавад.


 

1.1. Намудҳои бизнес ва таърихи пайдоиши онҳо.

         Бизнес аз вожаи англисии «business» гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуғлро ифода мекунад, ки он ягон навъи даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.
То кунун таҳти бизнес хулқ ё худ рафторе тасаввур  карда мешавад, ки он фақат доираи хариду фурӯшро дар бар мегирифта бошад. Яъне «бизнесмен»-ро ҳамчун шахсе, ки «гирифт - фурӯхт», пули зиёди муфтро ба даст овард ва соҳиби молу мулку сарват гардид, тасаввур мекунанд. Ин «хариду -фурӯш» дар асл муносибатҳои беинтиҳову бисёрҷанба ва мураккаби байни субъектҳои иқтисодиро ифода мекунад, ки онҳо на ҳамеша  айёнанд. Дар ҳаёти воқеӣ ба бизнесмен лозим меояд, ки он молу маҳсулот, ашё, мавод ва дигар захираҳоро кобад, ёбад, интихоб намояд, миқдору сифати онро аниқ кунад, бо нархҳои пасту мувофиқ онҳоро дастрас намуда, бо харочоти кам (харочоти нақлиёт, борпечонӣ, боркашонӣ…) то ба бозор бурда расонад, онҳоро  солим нигоҳ дорад,  ҳифз намояд, бозорро интихоб карда онҳоро фурӯшад, бо рақибон ҳарифона муомила карданро ёд гирад, бо шахсиятҳое, ки бо раванди мубодила мустақим ё ғайримустақим алоқамандӣ дорад,махсусан бо меросхӯрони роҳ ва бозор, ҳисобу китобро баробар намояд, аз ҳисоби даромад ҳисаҷудокуҳои заруриро (андоз, патент, литсензия …) пардохта тавонад, мизочонро  бо тарзҳои гуногун ба тарафи худ чалб намояд ва бо нархҳои мувофиқу дилхоҳ бо онҳо гуфтугӯ карда молҳои худро фурӯшад.
Аз ин нигоҳи оддӣ хулоса бар меояд, ки доираи фаъолияти бизнес ҳамчун  натиҷаи фаъолияти субъектҳои  иқтисодӣ беҳудуд аст. Ба он нафарони бешуморе, ки  қобилият ва имконият доранд (талаба, донишчҷӯ, фардҳои алоҳида, оила, фирма ва давлат…) машғул шуда метавонад.
Бизнес ҳамчун фаъолият бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) истифода карда мешавад. Аз ин лиҳоз дар адабиёти иқтисодӣ, таҳти бизнес- масъулияти шахсҳои алоҳида, оила, гурӯҳ, ташкилот ва давлат, ки дар асоси  чавобгарии шахсӣ, ҳавасмандии иқтисодӣ, таваккалии молу  чиз, воситаҳои пули, истифодаи сарвату неъматҳои табиат барои тавлиди маҳсулот, хизматрасонӣ ба мақсади ба даст овардани фоида нигаронида шуда бошад, фаҳмида мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бар меояд, ки бизнес ҳамчун тадбир ва фаъолият фақат дар чорчӯбаи моликияти хусусӣ,  мавчуд будани фишангҳои озоди тичорат-мустақилият, ҳавасмандӣ, манфиат, ангезаи меҳнатӣ, худтаъминкунӣ, ташаббус, ҷустуҷӯ, таваккалӣ ва ғайра имконпазир аст.
Аҳмият ва фазалияти бизнес дар он аст, ки :
-ба он ҳар нафаре, ки майлу рағбат ва шавқу ҳавас дорад (берун аз вақти корӣ) шуғл варзида метавонад;
- ҳар як шахс ба ягон намуди кор ё фаъолияте банд мешавад. Барои ин мақсад ягон чои кори илова талаб карда намешавад;
-барои ашхосони шуғлварзида, он ҳамчун манобеъи иловагию доимии даромад хизмат мекунад;
-эҳтиёч ва ниёзи мардум  ба баъзе неъиатҳову хизматҳое, ки (таъмир, маводҳои хӯрока…) тавлид ва адои онҳо аз чониби корхонаҳои махсусгардондашуда начандон қулай мебошад, аз тарафи нафарони алоҳида таъчилан  дар як давраи кӯтоҳ, бо сифати нисбатан баланд ичро карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки бизнес- қобилият аст ва ҳар як шахси хоҳишманд ба он шуғл варзида наметавонад. Барои он пеш аз ҳама истеъдоди табиӣ (худодод), тафаккури иқтисодии махсус, яъне фавқул қобилият заруранд.
Барои бизнесмени ҳақиқӣ  будан шароитҳои воқеӣ: интихоби озоди доираи фаъолият; мулоҳизаи кори; мустақилияти иқтисодӣ; оптимизи (зиндадилӣ) ва ғайра заруранд.

        
Аз ин чо хулоса бармеояд, ки бизнес ва соҳибкорӣ гӯё аз бисёр чанба- хусусият, принсип, омил, шароиту сабабҳои ташкил ба ҳам мусоидат менамоянд. Дар адабиёти иқтисодӣ оиди ин масъала фикру андешаҳои гуногун чой дорад. Баъзеҳо махсус ёдовар мешавнд, ки бизнес (соҳибкорӣ) –умуман дар фаъолияти давлат мансуб нест, гарчанде, охирон ҳам ба фаъолияти соҳибкорию фоидагирӣ банд мебошад. Асосан бизнесро танҳо бо мавчуд будани моликияти хусусӣ мебинанд, чунки фармоишҳои давлати дар доираи ин корхонаҳо ичро карда мешавад. Аз ин лиҳоз, меъёри муайяну мушаххас байни бизнесу соҳибкор, байни мояи ғизодиҳандаи онҳо – шакли моликият ва фаъолият ягонагӣ дида намешавад. Ба сифати  аломатҳои  фарқкунандаи соҳибкорӣ, ки онро аз дигар намудҳои фаъолиятчудо месозад, инҳоро номбар мекунанд: мустақилият, чавобгарӣ, ташаббус, таваккали, доимият, чустучӯи фаъолона дар ҳалли масоилҳои умдаи иқтисод ва ғайра. Ин хусусият ба бизнес низ алоқаманд мебошад.

 

Барои гирифтани давоми Кори Курсӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! Маводҳо ройгон дастрас карда намешавад!!! (Ҳамагӣ 32саҳ)(Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 546

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Сироҷидин 992904558422
Санаи дохилгардида: 2019-04-11

Маълумоти назарияви ва методологии манфиатҳои миллӣ

Каментарй дохил кард: zohir988697676@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-11-05

Салом бародар як мавзуи кори курияй амира биёвен мада равон кнен номерои имомда 988697676

Каментарй дохил кард: zohir988697676@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-11-05

Салом бародар як мавзуи кори курияй амира биёвен мада равон кнен номерои имомда 988697676. Номи мавзуь ТАЛАБОТУ ТАКЛИФОТ ВА МУВОЗИНАТИ БОЗОРИ.

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: