|

Кори Курсӣ: Баҳисобгирии Ӯҳдадориҳо

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-10-11

Нақша
Сарсухан
Боби 1 Хусусиятҳои хоси ўҳдадориҳо ва намудҳои он

    • Таъриф, тасниф ва меъёрҳои асосии муайянкунии ўҳдадориҳо.
    •  Баҳисобгирии ўҳдадориҳои ҷорӣ
    • Баҳисобгирии ўҳдадориҳои дарозмуддат
    • Баҳисобгирии хароҷоти қарзӣ

 

 

 


 

Сарсухан
Фаъолияти  хоҷагии корхонаи  саноатӣ  аз се  ҷараёнҳои бетанаффуси ба ҳам  алоқаманди хоҷагӣ: таъминот  (тайёркунӣ  ва ба дастории  захираҳои  моддӣ-техникӣ), истеҳсоли маҳсулот  ва фурӯши  он таркиб  меояд. Ин ҷараёнҳо яквақта ба  амал  меоянд, ки  барои  он меҳнати  коргарон, воситаҳои асосӣ ва гардон ашёи хом ва масолеҳ истифода  мешаванд. Зимнан, яке  аз объектҳои муҳимтарини  ҳисобгирии  бухгалтерӣ   дар  корхонаҳои  саноатӣ  баҳисобгирии ўҳдадориҳо ба ба ҳисоб  мераванд. Дар кори курсии мазкур  ки баҳисобгирии муҳосибии ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён мебошад, муфассал оид ба ўҳдадориҳо маълумот оварда шудааст, ки яке аз намудҳои ин ўҳдадориҳо ин ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён мебошад.
Бо сабаби гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва аз сар гузаронидани дигаргуниҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар баҳисобгирии муҳосибӣ ҳам навовариҳои зиёде, дида мешавад, ки яке аз муҳимтарини онҳо гузариш ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ мебошад.
Ўҳдадориҳо дар қисми пассиви баланси муҳосибӣ ҷой гирифтаанд.
Ҳангоми баҳодиҳии молу мулки корхона, ўҳдадориҳои вай бояд аз Гузоришот оиди ҳисобгирии бухгалтерӣ «Сиёсати ҳисобгирии корхона», қонуни ҶТ “Оиди ҳисобгирии бухгалтерӣ” ва Гузоришот аз рўи бурдани ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи бухгалтерӣ дар ҶТ ба сифати дастур истифода намуд.
Дар мувофиқат бо ин ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ барои ҳамаи корхонаҳои молу мулки гуногун тартиби ягонаи баҳодиҳии молу мулк муқаррар карда шудааст:

  • Корхонаҳо баҳодиҳии молу мулкашон ва амалиёти

хоҷагидориашонро ҳатман бо пули миллӣ амалӣ менамоянд.

  • Сабтҳо дар ҳисобгирии бухгалтерӣ аз рўи ҳисобҳои арзии

корхона, инчунин аз рўи амалиётҳо бо арзи хориҷӣ бо пули миллӣ, бо роҳи азнавҳисобкунии курси арзи хориҷӣ ба пули миллӣ аз рўи курси Бонки Миллии ҶТ дар санаи баамалоии амалиёт гузаронида мешаванд. Ҳамзамон сабтҳои зикршуда бо арзи ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо иҷро крда мешаванд.
Ҳисобгирии бухгалтерии молу амвол, ўҳдадориҳо ваамалиёти хоҷагидориро ба корхонаҳо иҷозат дода мешавад, ки  бо маблағҳои яклухт (то сомонии пурра) баранд. Фарқиятҳои дар ин замон ба вуҷудоянда мумкин аст, ки ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо бурда шаванд

 


1.1. Таъриф, тасниф ва меъёрҳои асосии муайянкунии ўҳдадориҳо

Ўҳдадорӣ (обязателҳство - liabilities) – ин қарздории ҷории ширкат аст, ки аз воқеаҳои давраҳои гузашта пайдо гардида, пардохти он ба камшавии захираҳои фоидаи иқтисодидоштаи корхона бурда мерасонад. 
Дар баъзе аз манбаъҳои адабиётӣ таърифи зерини ўҳдадориҳоро дучор шудан мумкин аст:
 «Ўҳдадорӣ – ин масъулияти шахс (қарздор) оиди ба фоидаи шахси дигар (қарздеҳ) амал кардан: моликиятро пешниҳод намудан, пул додан, кореро иҷро кардан ва ғ., ё аз  амале даст кашидан, қарздеҳ ҳуқуқ дорад, ки аз қарздор иҷроиши ўҳдадориҳояшро талаб кунад».
Ба таври соддатар, ўҳдадорӣ – ин даъвои ашхоси сеюм ба захираҳои иқтисодии ширкат аст.

Барои гирифтани давоми Кори Курсӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! Маводҳо ройгон дастрас карда намешавад!!! (Ҳамагӣ 51саҳ)(Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 478

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: jamilov.salmon.1999@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-10-16

Бахисобгири ухдадорихо

Каментарй дохил кард: Акмал
Санаи дохилгардида: 2019-01-30

Ассалом алейкум давоми кори курси бахисобгири уҳдадорихоя дар куҷо гирам

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: