|

Реферат: Дингароӣ ва дунявият дар давраи навтарин

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-10-05

  1. Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он
  2. Дунявият ва озодии виҷдон.
  3. Озодии виҷдон

1. Заминаҳои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ ва моҳияти он
Муҳимтарин рӯйдоди таърихии давраи навтаринро дар соҳаи маънавият ва ҷойгоҳи дин дар ҷомеа пайдоиши ду падидаи нисбатан нав динҳои ғайри суннатӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ташкил мекунад.
Динҳои ғайрисуннатӣ Аз нимаи дуюми асри XIX то имрӯз дар ҷаҳон чандин динҳои ба истилоҳ ғайрисуннатӣ ба вуҷуд омаданд. Асри ХХ низ аз наҳзатҳо ва ҳаракатҳои динӣ ва худоҷӯиҳо холӣ набуд. Дар шароити имрӯза ин динҳои ғайрисуннатӣ ё «динҳои навбунёд» ва ё «динҳои ғайрианъанавӣ» дар бисёре аз кишварҳои ғарбию шарқӣ пайравони худро аз тариқи таблиғу ҳавасмандкуниҳои гуногун афзуда истодаанд. Ин динҳоро барои он ғайрисуннатӣ меноманд, ки собиқаи мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар байни даъвогарони худ надоранд. Онҳо гоҳо ҳамчун дини алоҳида ва гоҳо ҳамчун шоха ва ё фирқа баромад мекунанд. Иллати асосии пайдоиши ин гуна динҳо ин буҳрони маънавию мазҳабӣ ва равониест, ки ҷомеаҳои гуногунро фаро гирифтааст.
Хусусиёт ва навъҳои динҳои ғайрисуннатӣ. Мо дар бобҳои гузашта дар заминаи динҳои суннатӣ, пайдоиши равияву фирқаҳо, ҷараёнҳо ва наҳзатҳоро дидем ва ин ҳам маълум шуд, ки ҳамаи динҳо пас аз пайдоиши худ бар асари ихтилофҳои сиёсӣ, ақидавӣ ва мазҳабӣ ба ин ҳолат дучор шуда, ваҳдати дохилии худро аз даст медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳар яке фирқаи нави худро аз дигаре ҳаққонитар ба он дин мешуморанд, аз ин рӯ, иддаои дини нав буданро намекунанд ва ҳамаи ҷазмиёти асосии он динро қабул доранд. Аммо динҳои ғайрисуннатӣ бошанд, ҳарчанд баъзеи онҳо дар заминаи динҳои суннатӣ ба вуҷуд
омадаанд, даъвои дини нав будан, даъвои нубувват ва дарёфти ваҳйро доранд.
Ба ҳар сурат пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ далолат бар он мекунанд, ки ҳанӯз майли ҳақиқатҷӯӣ ва худоҷӯии инсоният хотима наёфтааст, пешрафти илмию технологии асри XX то ҳанӯз натавонистааст, ниёзҳои равониву маънавии инсониятро қонеъ созад. Аз сӯйи дигар, буҳрони маънавию ахлоқӣ, сатҳи рӯзафзуни ҷиноят, фасоди иҷтимоӣ, нобаробариҳо, ҷангу низоъҳои сиёсӣ ва ғайраҳо барои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ замина сохтаанд.
Динҳои ғайрисуннатиро шартан дар диншиносӣ ба панҷ гурӯҳ тақсим кардаанд:
Динҳои нави заминаи шарқидошта, чун: «Дини баҳоия»,
«Ҷамъияти Шуури Кришна», «Маркази дзен-буддизми уқёнуси оромӣ»,
«Рисолати Нури Илоҳӣ»-и Махарай Джи ва ғайраҳо. Ин динҳо омехтае аз динҳои ҳиндуия, буддоия, ислом ва ирфони исломӣ мебошанд.
Созмонҳои мазҳабии навмасеҳӣ — Маҷмаи калисои «Фарзандони Худо», «Калисои тани Масеҳо» мебошанд. Таълимоти ин мазҳабҳо омехтае аз унсурҳои насронӣ ва динҳои шарқӣ буда, хусусияти синкретикӣ доранд, Асоси даъвати онҳоро таъкид ба қарибии охират, иддаои нубувват ва рисолати илоҳӣ, иблоғи ваҳй ва арзишҳои ахлоқии нав ташкил мекунанд.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! Маводҳо ройгон дастрас карда намешавад!!! (Ҳамагӣ 12саҳ) (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 449

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: alijon.kurbonov.95@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2016-12-21

мавзуи мана ёбед

Каментарй дохил кард: samadovsamariddin84@mail.com
Санаи дохилгардида: 2019-09-10

Принсипхои нархгузори

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: