|

Кори Дипломӣ: Индустрияи туризм ҳамчун объекти менеҷмент

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-06-20

САРСУХАН
Боби 1. Индустрияи туризм ҳамчун  объекти менеҷмент.

    1. Хусусиятҳои индустрияи туризм ва омилҳои

                инкишофи он дар  шароити муосир

    1. Таҳлили конъюнктураи  бозори туристӣ
    2. Захираҳои туристӣ ва идораи истифодаи онҳо.

Боби 2. Вазифа ва принсипҳои менеҷменти туризм.

    1. Таснифоти вазифаҳои асосии менеҷменти туризм.
    2. Принсип ва усулҳои менеҷменти туризм.

Боби 3. Идоракунӣ ва барқароршавии маҳсулоти туристӣ ва бозори туристӣ.

    1. Идоранамои соҳаҳои туризм.
    2. Хусусиятҳои идоракунӣ дар ширкатҳои туристӣ.
    3. Консепсияи идоракунӣ дар соҳаи туризм.
    4. Идоракунии захираҳои инсонӣ дар соҳаи туризм.
    5. Идоракунии моҷароҳо дар корхонаҳои туристӣ.

ХУЛОСА
РЎЙХАТИ АДАБИЁТ

 

САРСУХАН
Дар тамоми дунё туризм ба яке аз соҳаҳои  аҳамиятноки  иқтисодӣ табдил ёфта, дар баъзе  давлатҳои мутараққӣ  бошад  (ба монанди Фаронса, Миср, Шветсия  ва ғайраҳо), он ҳамчун  асоси  ҳастӣ ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин, дар бисёр кишварҳои  дунё  соҳаи туризм барои ташаккули касбияти тақрибан 350 млн. коргару хизматчиён ҷойҳои корӣ ва  имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад.  Бо вуҷуди ин,  миқдори бо кор таъмин будан дар соҳаи мазкур нисбат ба риштаҳои дигари   хизматрасонӣ  тақрибан ду баробар  меафзояд.
Туризм – зуҳуроти барои ҳама маълум мебошад. Дар тамоми давру замон  сайёҳон ва кашшофони зиёде сайёраи моро гузаштаанд. Вале танҳо  дар гузаштаи начандон дуре соҳаи туризм ҳамчун шакли махсуси  фаъолияти инсон,  ки ҳатман бояд идора карда шавад, ба миён омад. Андешаҳо оиди он мавҷуд аст, ки натиҷаи ниҳоии  менеҷменти сайёҳӣ, ҳамчун яке аз  вазифаҳои  муҳимтарини  менеҷмент -  мотиватсияи (сабабнокӣ) саёҳат маънидод карда мешавад. Чаро инсон  ба саёҳат мебарояд? Онҳо дар вақти рухсатӣ чиро меҷўянд? Ба пешниҳодоти хизматрасонии туристӣ ва миқдори онҳо  кадом омилҳо таъсир расонида метавонанд? Оё ҳамаи  саёҳаткунандагон  дар бораи  истироҳат тасаввуроти якхела доранд? Оё  мақсадҳои саёҳат  ва талаботҳои онҳо устуворанд ё тағйирёбанда? Боз ҳам  метавон саволҳои зиёдеро, ки  марбут ба  менеҷмент ва  соҳаи  туризманд, ба миён овард. Дар тамоми давру замон ба  тараққиёти  менеҷменти туризм омилҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ – технологӣ  таъсири худро мерасонанд.
Ба ғайр аз омилҳои иқтисодӣ, дар соҳаи туризм инчунин  омилҳои  иҷтимоӣ низ, дорои аҳамияти хоса мебошанд. Тавре ки маълум аст, дар Конститутсияи ЧТ ба таври қонунӣ ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд барои истироҳат дарҷ гардидааст, ва барои татбиқсозии ин ҳуқуқҳо зарур аст, ки як қатор  масъалаҳои  самти иҷтимоиро ҳал намуд: нақлиёт,  роҳсозӣ, ташкили мехмонхонахо,  хўрокворӣ, истиқомат ва ғайраҳо – ҳамаи ин масъалаҳое мебошанд, ки  истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ  дар қаламрави муайяне  мавриди истифодаи худ  қарор медиҳад. Сухан дар бораи  ташкили  инфрасохтори  туристии мутобиқ меравад, ки мо онро ҳамчун  маҳсулот муайян месозем. Дар он ҷое, ки ба менеҷменти  туристӣ  ахамияти муҳим дода мешавад, дар рақобат барои ба даст овардани натиҷаи баланд кафолат дода мешавад. Ва дар чунин холат он нафаре муваффақ мегардад, ки менеҷменти стратегиро дар чунин соҳае, ҳамчун туризм татбиқ месозад. Ин кори саҳл нест, лекин ҳатто як гоми кўчак  дар ин самт, метавонад нисбати рақобаткунандагон маънои қадами калонро  ифода намояд.  Ҳамин тариқ, ба туризм набояд дар алоҳидагӣ аз пешрафти  умумии башарият нигарист.
  Мақсади навиштани  рисолаи дипломӣ  омўзиши мавзўи  «Менеджменти туризм» аз нуқтаи назари  таҳқиқоти  навин ба шумор меравад.  Тасвири муҳимияти мавзўи «Менеджменти туризм» дар  шароити муосир, нишон додани имконоти  ҳалли мавзўи  «Менеджменти туризм», яъне  маънидод намудани  омили рушди мавзўи «Менеджменти туризм» дар шароити муосир  мебошад.  Дар баробари ин, омўзиши  ташкили дуруст,  назорат ва идораи ширкатҳо ва кормандони  туристӣ, тасвири  тарафҳои амалии тарзу усулҳои идорӣ аз мақсадҳои рисола ба шумор меравад.
       Вазифаи навиштани рисолаи дипломӣ аз инҳо иборат аст:

  • омўзиши   идораи туризм ва  усулҳои  рушди  туризм дар шароити муосир;
  • ҳалли масъалаҳои дохили ташкилотҳои туристӣ, аз ҷумла байни тарафҳои мухолиф ва дар омўзиши усулҳои  аз бўҳрони иқтисодӣ дур афтодани  ин ё он ташкилоти туристӣ  асос меёбад.

       Тарзи навиштани рисолаи дипломӣ аз  пайдарпайии кор дар болои мавзўъ, иҷрои  дархостҳои муайян дар  тартиб додан, истифодаи моҳиронаи  сарчашмаҳо, аз ҷумла  сахифахои интренет  иборат мебошад..

 
Дар сарсухан  муҳимияти  мавзўи таҳқиқшаванда асоснок карда шуда,  вазифаҳои мушаххас  муайян  гардидаанд.

Барои гирифтани давоми Кори дипломӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! Маводҳо ройгон дастрас карда намешавад!!! (Ҳамагӣ 119 саҳ)(Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 348

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: