|

Реферат: Баходихии омилхои истехсолот

Тартибдиханда:

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-01-05

1. Баходихии омилхои истехсолот ва таъсисёбии даромадхои омили.
2. Бозори мехнат ва таъсисёбии талабот ва пешниходи мехнат.
3. Бозори капитал. Нархи капитал. Дисконткуни.
4. Рента. Пардохти иxорави. Нархи замин.
1. Аз мавзухои гузашта ба мо маълум шуд, ки фирмахо истехсолкунандагони асосии мол ва хизматхо баромад мекунанд. ҷараёни истехсолии хар як фирма бо мавҷудияти омилхои истехсолот имконпазир аст. Яъне барои огоз намудани истехсолот хар як истехсолкунанда пеш аз хама бояд, омилхои истехсолотро дастрас карданаш зарур аст. Бинобар хамин дар хаёти хоҷагидори хар як истехсолкунанда на танхо фурeшанда, балки ба сифати харидор низ баромад мекунад.
Барои истехсолоти мол ва хизматхо корхонахо омилхои истехсолотро ба монанди мехнат, капитал, замин, ахборот, технологияи пешкадами истехсолот ва идоракуниро харидори мекунад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки хар як фирма ба гайр аз бозори мол ва хизматхо, боз ба бозори омилхои истехсолот мебарояд (то ки омилхои истехсолоти барояш заруриро харидори намояд).
Бозори омилхои истехолот – ин бозоре, ки дар он ҷо захирахои иктисоди харидуфурeш карда мешаванд.
Дар бозори мол ва хизматхо фирмахо дар накши фурeшандагон пешниходи молхои истеъмолиро таъсис медиханд. Дар бозори омилхои истехсолот фирмахо дар накши харидорон талаботро ба захирахои иктисоди таъсис медиханд.
Ҳамчун хар як моли дигар, омилхои истехсолоти потенсиали дар бозор нархи худро доранд, ки дар натиҷаи синтези талабот ва пешниход таъсис меёбанд. Масалан, нархи мехнат бо таносуби талабот ба мехнат аз тарафи сохибкор ва пешниходи он аз тарафи коргари кироя, дорандаи кувваи кори муайян карда мешавад. Чунин муносибатхои киро дар шартномахои байни сохибкор ва коргари кироя инъикос меёбанд. Ифодаёбии берунии ин муносибатхо музди мехнат баромад мекунад. Нархи замин бо таносуби талабот ба захирахои табии аз тарафи сохибкорон ва пешниходи ин захирахо аз тарафи сохибони онхо муайян карда мешавад. Ин муносибатхои дар рента инъикос меёбанд. Агар муносибатхои карзгирии капитал аз тарафи сохибкор аз сохиби он ба назар расад, ин гуна муносибатхо дар бозор баходихии худро дар шакли фоиз пайдо мекунанд.
Музди мехнат, фоиз ва рентаро дар адабиёти иктисоди даромадхои омили меноманд. ҳар яки онхоро дар алохидаги тахлил мекунем.  
2. Музди мехнатро бояд аз се ҷихат мушохида намуд, ки онхо ба се зиннаи харакати ин даромади омили мувофикат мекунад: то ҷараёни мехнат, дар ҷараёни мехнат ва баъд аз ҷараёни мехнат. То ҷараёни мехнат, яъне дар бозори мехнат музди мехнат хамчун нархи кувваи кори баромад мекунад; дар ҷараёни мехнат – ин пардохт барои мехнат, ки бо сифат ва шумораи он зич алокаманд аст; баъд аз ҷараёни мехнат – ин даромади шахси мебошад. 
Дар бозори мехнат хариду фурeши кувваи кори ҷой дорад. Харидори кувваи кори – сохибкор, фурeшанда – коргари кироя. Харидори кувваи кори бо фоиданокии интихоии ояндаи кувваи кори дар ҷараёни истифодабарии он асоснок мегардад. Фурeшандаи кувваи кори бошанд бо конуни арзиш, хаҷми хароҷотхо барои такрористехсоли кувваи кори асоснок мегардад. ҷараёни хариду фурeши кувваи кори ин амали конуни талабот ва пешниход дар бозори мехнат мебошад. Такрористехсоли кувваи кори зарурияти объективии хароҷотхоро барои воситахои рeзгузарони дар назар дорад:

  • арзиши неъматхо ва хизматхо, ки мавҷудияти ҷисмонии худи коргарро таъмин менамояд;
  • нигохубини аъзоёни оила, пеш аз хама аъзоёни кор намекарда;
  • хароҷотхо барои таълимоти коргар;
  • арзиши неъматхо ва хизматхое, ки инкишофи маънавии коргарро таъмин менамояд.

Дар холати созишномаи мехнати оиди хариду фурeши кувваи кори манфиатхои сохибкор ва коргари кироя акси худро дар таносубхои талабот ва пешниход дарёфт мекунад: сохибкор хангоми муайян намудани сатхи музди мехнат бо фоиданокии кувваи кори, пешниход ва талаботи мехнат аз тарафи дигар сохибкорон бар меояд; коргари кироя бо имкониятхои бартараф намудани хароҷтхои такрористехсоли кувваи кори бар меояд (расми 10.2.1).
Дар корхона дар ҷараёни мехнат музди мехнат хамчун нархи кувваи кори баромад накарда, балки пардохт барои мехнат баромад мекунад. Чунин шакли музди мехнатро  хамчун пардохт барои мехнат омилхои зерин пойдор месозанд:

  • барои сохибкор на танхо кобилияти ояндаи коргар барои мехнат, балки худи мехнат хамчун ходисаи асли ахамияти калон дорад;
  • дар чунин холат хаҷми музди мехнат бо арзиши кувваи кори не, балки бо хаҷм ва сифати мехнат зич алокаманд аст;
  • худи музди мехнат баъд аз ҷараёни мехнат пардохта мешавад, на балки пеш аз ҷараёни мехнат.

Ду шакли асосии музди мехнат мавҷуд аст: вактбай ва корбай. Шакли аввалини музди мехнат бо давомнокии вакти кори алокаманди дорад. Шакли дуюми музди мехнат бошад бо коркард ва хосилнокии мехнат алокаманди дорад. Дар асри гузашта ¾ хиссаи хамаи коргарони кироя бо музди мехнати корбай фаъолият доранд. Дар шароитхои хозира ин шаклхои музди мехнат дар алохидаги мушохида карда намешаванд. Онхо якдигарро пурра мекунанд.
Яке аз масъалахои зарурии муаммои музди мехнат ин масъалаи хаҷми пардохти мехнат мебошад. Музди мехнати номинали ва аслиро аз хам фарк мекунанд. Музди мехнати номинали бо худ ифодаёбии пули музди мехнатро ифода мекунад. Музди мехнати асли хаҷми молхо ва хизматхоро дар назар дорад, ки онхоро ба музди мехнати ба даст оварда шуда дарстрас кардан мумкин аст. Барои муайян намудани динамикаи музди мехнати асли индексхои арзиши хаёт истифода мешаванд, ки бо худ нисбияти маҷмуаи номгeи молхо ва хизматхои буҷетии соли ҷориро нисбат ба маҷмуаи молхо ва хизматхои буҷетии соли гузашта дар назар дорад.   
Хусусияти хоси музди мехнат ин дифферентсиатсияи сатхи он мебошад. Дар ин xо фаркият дар сатхи музди мехнат дар назар дошта шудааст. Зеро коргарон мувофики малака, таҷриба ва сифати кори музди мехнатро ба даст меоваранд. Омилхои асосии фаркгузории музди мехнат ин дараҷаи гуногунии мураккабии мехнат, тахассуснокии коргар, ва гайрахо мебошанд.
Музди мехнат як катор вазифахои иктисоди ва ичтимоиро мебозад:

  • сарчашмаи асосии такрористехсоли кувваи кори мебошад;
  • макоми ичтимои – иктисодии коргари кирояро муайян менамояд:
  • накши хавасмандгардониро дар сатхи микроиктисоди мебозад, зеро барои сохибкор музди мехнат ин фишанги тасиррасони ба хосилноки ва сифати мехнат мебошад;
  • накши танзимкунандаро дар сатхи макроиктисод мебозад, зеро хар як коргар кушиш мекунад, ки ба сохахое ба кор равона шавад, ки дар он ҷо музди мехнати нисбатан баланд пойдор аст. Бинобар хамин музди мехнат имконият медихад, ки захирахои мехнати дар байни сохахои мухталифи иктисодиёти милли таксим карда шаванд;
  • ба муътадилии сиёсиву иктисодии мамлакат таъсир мерасонад, ки аз бисёр ҷихатхо аз сатхи музди мехнат вобастаги дорад.

3. Яке аз даромадхои омили ин фоиз мебошад. Ин мафхум дар назарияи иктисодии муосир бо ду маъно фахмида мешавад: бо маънои махдуд фоиз – ин даромаде, ки капитали карзи ба вуҷуд меоварад ва бо ифодаёбии пули инъикос меёбад; бо маънои васеъаш фоиз – ин даромаде, ки хар як намуди капитал ба вуҷуд меоварад (капитали ба карз дода шуда, активхои модди гайри модди). Дар хар ду маънидодкуни фоиз хамчун тавлидоти капитал ва хамчун нархи капитал фахмида мешавад. Бинобар хамин масъала оиди мафхуми капитал ба таври принсипиали ба миён меояд.
Дар адабиёти иктисоди капитал хамчун маҷмуаи воситахои истехсолот дарк карда мешавад. Ин нуктаи назар аз таълимотхои А.Смит ва Д. Риккардо бармеояд. Ба акидаи А. Смит капитал ин мехнати ҷамъшуда мебошад, ба акидаи Д.Рикардо бошад капитал – ин воситахои истехсолот аст. Ин муносибатхо дар адабиёти муосири иктисоди низ васеъ пахн шудаанд. Капитал ин неъматхои моддие, ки дорои арзиши мубодилави буда, даромадро ба вуҷуд меоваранд.
Дуюм нуктаи назар дар он асос меёбад, ки капитал – ин пул аст. Ин нуктаи назар низ хукуки мавҷудият дорад, зеро хакикатро инъикос мекунад. Капитал харакати худро дар ҷараёни гирдгардиш дар шакли пули огоз мекунад. Инчунин мулохизае, низ дуруст аст ки на хама воситахои пули капитал мебошанд.
Сеюм нуктаи назар ба он асос меёбад, ки капитал – ин дастоварди интеллектуали буда, мехнати мукаммалгардонидаи инсон ба шумор меравад, яъне омили инсони. Ин муносибат низ хукуки хасти дорад, чунки дар сарчашмаи худ истехсолот танхо бо ду омил асос меёбад: табиат ва инсон. Омилхои бокимонда – мошинахо ва механизмхо, технология ва ахборот, хамаи навоварихо ва активхои гайримодди – ин махсули дастони инсон, майнаи сари инсон ва мехнати e аст. Бо ин маъно капитали инсони ба монанди неъматхои табиат арзиши гарон дорад. Дар хакикат гуфтахои У.Петти дуруст аст, мехнат – ин падари боигари, табиат – ин модари боигари. Бояд кайд намуд, ки капитали инсони низ хангоми ба вуҷуд овардани даромад маънои капиталро доро мегардад.
Аз гуфтахои болои бар меояд, ки капитал – ин арзишест, ки даромадро ба вуҷуд меоварад ва метавонад дар активхои пули, модди ва гайримодди ифода ёбад.  
Даромад аз капитал дар намуди умуми – ин афзоишёби нисбат хаҷми арзиши активхо авансшуда мебошад. Мисоли якум, сохиби активхои пули ба бонк ба депозити мeхлатнок 100000 сомониро бо 20% солона гузошт. Баъд аз як сол даромади пулии вай 20000 сомониро ташкил мекунад:
100000сомони*20/100=20000сомони.
Мисоли дуюм, сохиби мошини боркашон мошинаи худро ба иҷора  ба мухлати як сол бо хаҷми иҷорапули дар хаҷми 20000 сомони пешкаш кард. Ин даромад аз капитале, ки ба активхои модди мубаддал карда шудааст. Дар мисоли якум даромади капиталро, ки дар шакли пули ифода ёфтааст одатан фоиз меноманд; дар мисоли дуюм даромади капиталро, ки дар шакли активи модди ифода ёфтааст иҷорапули меноманд. Бо вуҷуди ин дар харду мисол даромади капиталро одатан фоиз меноманд.
Ҷихати асосии муаммои мазкур ин масъала оиди табиати иктисодии фоиз мебошад. Оиди масъалаи мазкур дар назарияи иктисоди се нуктаи назар мавҷуд аст.
Як катор иктисодчиён гумон доранд, ки фоиз – ин кисми арзиши махсулоти иловаги мебошад, яъне натиҷаи мехнати зиндаи коргарони кироя мебошад. Чунин нуктаи назар дар намуди мукаммали худ аз тарафи К.Маркс барраси шудааст. Маркс фоида, фоиз ва рентаи заминро унсурхои таркибии арзиши илова мешуморид.
Дуюм нуктаи назарро П.Самуэлсон барраси намуд, ки мувофики он фоиз – ин натиҷаи хосилнокии софи капитал мебошад. Истехсолоте, ки танхо дар ду омили истехсолот – мехнат ва замин асос ёфтааст нисбат ба истехсолоти дар се омили истехсолот – мехнат, замин, капитал асос ёфта самаранокиаш пасттар аст. Аз ин ҷо бар меояд, ки капитал борои хосилнокии соф мебошад, яъне бо воситаи капитал микдори иловагии мол истехсол карда мешавад, ки онро дар шакли даромади фоизи ифода кардан мумкин аст. Сатхи ин даромад нишондихандае мебошад, ки имконияти интихоби вариантхои гуногуни капиталугзориро фарохам меоварад.
Сеюм нуктаи назарро иктисодчии франсуз Морис Алле пешниход кардааст, ки мувофики он капитал – ин шакли мукофоти инсон дар оянда барои махдуд карадани истемолот дар давраи ҷори мебошад. «Коидаи тиллои» - и андeхти машхури e дар назар дорад: сатхи максималии истеъмолотро ба хар сари ахоли дар холати баробар будани фоизи бонки ба нол дастрас кардан мумкин аст. Аз истеъмолоти кисми даромад даст кашида одамон воситахои худро барои андeхт месупорад, ки афзоиши истехсолотро таъмин менамояд. Фоиз дар ин холат хамчун шакли мукофот барои махдуд намудани истеъмолот дар давраи хозирав а афзоиши истехсолот баромад мекунад.          

 

Дидан карданд: 4993

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: