|

Реферат: Ташкилшавии давлатҳои мустақил дар Америкаи Лотини

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-05-10

Дар аввали асри 19 қисми зиёди давлатҳои Америкаи лотини мустамликаи ду давлати феодалии аврупои Испания ва Португалия буданд. Ҳудудҳои мустамликаҳои Испания аз инҳо иборат буд: Шоҳигарии Ла-Плата имрўза Аргентина, Уругвай, Парагвай ва Боливия, Испанияи нав (Мексика ва қисми Америкаи маркази), Гранади нав (Колумбия Панама, венесуэлла, Эквадор), Перу (Перу ва Чили). Ба ғайр аз ин Испания дар ҳайати худ чазираи Куба, Пуэрто-Рико ва қисми Сан-Домингоро дар ихтиёр дошт. Португалия бошад Бразилия-ро дар ихтиёр дошт, ки қариб тамоми қисмати чанубии америкаи чанубиро дарбар мегирифт. Шумораи аҳолии мустамликаҳои Испания аз рўи гуфтаҳои сайёҳ Александ Гумлбодт тахминан 16 млнро дар бар мегирифт, ки аз онҳо 7,5 млн ҳиндуҳо, 5,3 млн таваллудшудагони омезишёфта аз никоҳи сафедпустон бо ҳиндуҳо ва сиёҳпустон ва 3 миллионашро креолҳо (Испаниҳое, ки дар он чо таваллуд мешуданд чунин меномиданд) ташкил медоданд. Худи мустамликадорон ҳамаги 200 ҳазорро ташкил медоданд. Инчунин тахминан 700-800 ҳазор сиёҳпуст мавчуд буд, ки онҳо асосан дар чазираҳо ва соҳилҳои чанубии баҳри караиб чойгир буданд. Аҳолии Бразилия бошад 3 млн-ро ташкил медод, ки аз он 1,5 миллионашро сиёҳпустон ташкил менамуданд.

Аҳолии зиёди америкаи лотини асосан ба хочагидори машғул буданд. Дар Бразилия ва чазираҳои Вест-Индия ҳудуди зиёдро барои истифодабарии плантатсияи кофе, пахта, найшакар, нил (индиго) истифода мебурданд. Дар Испанияи нав, Перу ва Бразилия маъданҳои қиматбаҳо коркард мешуд, ки ба метрополия бурда мешуд. Дар Америкаи лотини муносибатҳои феодали ҳукумфармо буд, ки дар шароити сиёсати мустамликадори чори карда шуда буд. Қисми зиёди замин дар дасти шоҳзодагон. Ашрофон ва маъбадҳо буд. Аҳолии маҳалли ҳиндуҳо дар ашрофон ҳамчун ичорагирандагони безамин, ки бо меҳнати худ ичоракор менамуданд ё ин ки ҳамчун ғуломи қарздори мероси (пеон) фаъолият менамуданд. Қисми қабилаҳои ҳиндуҳо дар кўҳҳо мисли чамоаҳои ибтидои зиндаги мекарданд. Дар хочагиҳо асосан аз меҳнати ғуломони сиёҳпуст истифода мебурданд. Мустамликаҳо дар қитъаи америка барои ҳукумати Испания сарчашмаи даромад ба ҳисоб мерафт.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Ҳамагӣ 10саҳ) (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 323

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: бобочон
Санаи дохилгардида: 2015-02-22

давомаш нестми?

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: