|

Кори Курсӣ:Ба вуҷуд омадани давлатҳо дар Ҳиндустони қадим

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-05-10

Бобби I
 Ташакулёбии давлатҳои қадимтарин дар сарзамини Ҳиндустони қадим.
Ҳиндустони Қадим  Ҳиндустони замони Хараппа
Маданияти Хараппа. Соли 1875 бостоншиноси  англис А.Канингҳем  дар Хараппаном маҳалаи  панҷоби   Ғарбии Покистони имрўза мўҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаҷот дошт. Ин бозёфт диққати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он ҷо ҳарфиёт давом кард. Дар натиҷа шаҳрҳои Хараппа  ва Мохенҷо –Даро ёфт шуданд. Аз руи маҳали бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номиданд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои  Балуҷистон ва Синд ба даст омадаанд, дар  бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтақаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварӣ ва косибӣ Рушду нумўъ карда будааст.
Маданияти Хараппа хусусияти маҳалӣ дошта, зинаи баландтарини  рушди маданияти қадимаи  Ҳиндустон меьошад. Дар рушди маданияти Хараппа нақши  дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксарияти бошишгоҳҳои мансуби вокеъи гардидаанд.  Маданияти Хараппа  дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба ҷануби нимҷазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100км ва аз ғарб ба шарқ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.
Умри маданияти Хараппаумри маданияти Хараппаро олимон  бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд.: ба воситаи солшумории  ҳиндӣ, байнаннаҳрайнӣ, сумерӣ, муқоисаи бозёфтҳои  бостонӣ ва роҳу усулҳои  дигар. Ҳамин тариқ, оғози маданияти Харапаро соли 2300 пеш аз милод ва хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муқарар намудаанд.
Шаҳрҳои Хараппа. Дар натиҷаи ҳарфиёти бостонӣ якчанд шаҳрҳои  калони маданияти Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо  Хараппа ва Мохенҷо –Даро мебошанд.

        
Шахрхои маданияти Хараппа аз рўи  сохт ба ҳамдигар  монандӣ доранд. Шаҳрҳои калон аз ду қисми асосӣ иборат буданд. Қисми якум қалъа, ки дар онҷо ҳукумати шаҳр ҷойгир буд ва дуюми он: шаҳри поён: мебошад дар шаҳри поён: асосан хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир будаанд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунҷа дошт. Қалъа Дар ҷои баланд шуда Буда, қисми сокинонашро аз обхезӣ муҳофизат мекард. Вай ба шаҳри поён: бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд. Дар дохили қалъа ҳуҷраҳои ибодат кунӣ ва идораи шаҳр мавҷуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар қалъаи Мохенҷо-Даро ҳавзи калоне мавҷуд буд, ки он бо максади иҷрои маросимҳои динӣ сохта шудааст. Тавассути қубури махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маҷлисгоҳ монанд воқеъ гардида буданд.

«История Востока I Вотстока  в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г

Барои гирифтани давоми Кори Курсӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Ҳамагӣ 31саҳ) (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 523

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: abduqodirovshahzod28@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-04-10

Мавзӯъ: Мафҳум ва моҳияти фанни мантиқ Нақша: 1. Мафҳуми илми Мантиқ 2. Алоқамандии илми Мантиқ ба фанҳои дигар 3. Таърихи ташаккулёбии фанни Мантиқ Мантиқ аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш “нутқ” ё “забон” аст. Ин илмест, ки қонунҳои тафаккур ва шаклҳои онро тадқиқ менамояд Мантиқ дар асри 4 то м. пайдо шудааст. Асосгузори он файласуфи Юнони Қадим Арасту аввалин шуда қонун ва шаклҳои тафаккурро тадқиқ намуд. Дар асарҳои Арасту масъалаҳои назарияи мафҳум (.«Категорияҳо»), силлогизм, хулосабарорӣ ва исбот («Аналитикаҳо»), категорияҳои мантиқӣ («Топика») ва қонунҳои айният, зиддият, истиснои салоса, асоси кофӣ («Илми барин» ё «Метафизика») таҳлил шудаанд. Равоқиён (ниг. Мактабҳои фалсафӣ) алоқаи Мантиқро бо грамматика ва илми маонӣ, инчунин масъалаҳои хулосабарории шартӣ ва мунфасилиро ошкор намуданд. Аммо таълимоти равоқиён оид ба исбот ба рақобати фалсафии мактаби Эпикур дучор омад. Дар мубоҳиса бо равоқиён эпикуриён таҷриба, қиёс, индукцияро ҳимоя менамуданд. Мантиқшиносони Элладаю Рим квадрати мантиқӣ (Апулей), тақсими дихотомӣ ва ғ.-ро пешниҳод намуданд. Минбаъд дар зери таъсири таълимоти равоқиён, ки онро намояндагони мактаби навафлотуния қабул карда буданд, Мантиқ бо грамматика наздик мешавад. Дар асрҳои миёна Мантиқ ҳамчун илми мустақил танҳо дар муҳити халқу кишварҳое, ки мансуб ба маданияти эрону араб буданд, инкишоф меёбад. Бисёр мутафаккирони форс-тоҷик доир ба илми Мантиқ рисолаҳои махсус навишта, дар асарҳои умумифалсафӣ ва оид ба табииёт фаслҳои алоҳидаи онро таҳлил намудаанд. Файласуф ва донишманди бузург Абунасри Форобӣ дар аксар асарҳояш ба масъалаҳои Мантиқ дахл кардааст. Таълимоти мантиқии Форобӣ хусусан ҳангоми шарҳи «Арғунун»-и Арасту дар «Эҳсо-ул-улум» хеле бараъло ифода ёфтааст. Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо », «Китоб-ун-нақот», «Донишнома» ва ғ. дар баробари таҳлили фаслҳои муъхталифи Мантиқ хусусиятҳои забони форсу тоҷикро ба таълимоти мантиқиаш вобаста мекунад. Ба ақидаи Ибни Сино Мантиқ илмест, ки зеҳнро дар ҳар тасаввур ва тасдиқ аз ҳар гуна хатоҳо ҳифз мекунад. Муносибати Мантиқ бо тафаккур чун муносибати сарфу наҳв бо калом (нутқ,) ва 6 арӯз бо шеър аст. Ӯ таълимоти худро дар бораи исбот (бурҳон) баён намуда, сенздах навъи фикрро номбар кардааст, ки ҳангоми исбот ҳамчун асоси мантиқӣ ба кор бурда мешававд. Дар таълимоти Ибни Сино мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ, индукция, қиёс ва ғ. пурра таҳдилу тадқиқ шудаанд. Дар таҳқиқу инкишофи Мантиқ хизмати Носири Хисрав, Умари Хайём, Масъуди Тафтозонӣ, Қутбуддини Розӣ низ бузург аст. Дар фаҳмиши Фахруддини Розӣ Мантиқ илмест доир ба таъриф, шаклҳои хулосабарорӣ ва таълимот оид ба исбот. Муҳокима (казия) гуфторест, ки тасдиқ ва инкорро дар бар мегирад. Муҳокимаҳо аз рӯи таркиби худ содда ва мураккаб буда, ба 15 навъ тақсим мешаванд. Ба ақидаи Фахруддини Розӣ, мавзӯи асосии Мантиқ хулосабарорист. Хулоса иқгиронӣ ва истисноӣ мешавад. Ӯ инчунин ба таҳқиқи масъалаҳои зиддияти мантиқӣ, маърифати ақлӣ ва ҳиссӣ, истиснои салоса шуғл варзидааст. Насируддини Тӯсӣ истилоҳоти ғайридоимии мантиқиро бо аломатҳо ифода намуда, собитаҳои мантиқиро ба воситаи аломатҳои махсус ифода кардааст. Ӯ сифати муҳокима ва собитаҳои умумият ва мавҷудиятро бо аломатҳо баён намуда, менависад: «Мувозати хатҳо аломати эҷоб буд ва адами мувозат аломати салб. Ва мувозати маҳмул ҳама мавзӯъро аломати куллӣ ва баъзеро аломати ҷузъӣ («Асос-ул-иқтибос», Теҳрон, 1326 Х-, ш. саҳифи 190). Дар таълимоти Насируддини Тӯсӣ привципҳои тасреҳ рамз ва тарҳгирии шаклҳои мантиқӣ ва истифодаи методу истилоҳоти математикӣ нисбат ба пешгузаштагон амиқтар ва пурратар таҳлил шудаанд. Инкишофи минбаъдаи илми Мантиқ бо номи файласуфони англис У. Оккам Ф. Баков, файласуфи франсавӣ Р Декарт, мутафаккирони немис Г. В. Лейбниц ва И. Кант вобаста аст. Дар асри 19 Ҷон Милл, Д. Ф. В. Гершел, Уэвилл, Г. Гегель, О. де Морган фаслҳои гуногуни илми Мантиқро тараққӣ доданд. Ҷ Буль, П. С. Порецкий ва Э. Шрёдер алгебраи мантиқро кашф намуданд. Дар такмилу инкишофи Мантиқи муосир математикҳо А. Н. Колмогоров, Н. С. Новиков, А. А. Марков, С. А. Адян, А. И. Мальцев, С. А. Яновская ва мантиқшиносони советӣ В. Ф. Асмус, Д. П. Горский, Б. К. Войшвилло, В. А. Смирнов низ хизмати босазо доранд. Мантиқи шаклӣ шаклҳои тафаккур (мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ) ва қонунҳои онро омӯхта, мазмуни конкретии онро ба назар намегирад (ниг. Абстракция). Мантиқи шаклӣ аз тадқиқи фаъолияти амалӣ ва эҷодии инсон сарфи нахар карда, бо масъалаи инкишоф (аз ҷумла, инкишофи шаклҳои тафаккур) машғул намешавад, аммо инкишофро рад намекунад. Классикони марксизм-ленинизм маҳдудияти Мантиқи шаклиро қайд карда буданд. То кашфи Мантиқи диалектикӣ Мантиқи шаклиро мутлақ мешумориданд. Ин натиҷа дар Мантиқи шаклӣ ҳукмфармо будани методи метафизикӣ буд, ки робитаҳои дарунӣ, ҳаракати худ аз худ ва инкишофи олами объективиро инкор мекард. Тадқикқи шакли муносибатҳои мантикӣ масъалаи хоси Мантиқи шаклӣ буда, дурустии фикрро муайян мекунад. Азбаски Мантиқи шаклӣ муносибати мантиқии таркиби муқаррарии тафаккурро тадқиқ менамояд, қоида ва Қонунҳои он ба тамоми шаклҳои зуҳури тафаккур тааллуқ доранд. Мантиқи шаклӣ тафаккурро аз рӯи дурустии мантиқӣ тадуқиқ намуда қонун ва қоидаҳоеро ошкор менамояд, ки риояи онҳо шарти зарурии дар ҷараёни донишҳои хулосавӣ ба даст овардаии ҳақиқат мебошад. Ҳаққонияти фикр ва дурустии сохти он ду ҷиҳати ҷудонашавандаи ҷараёни ягонаи маърифатанд. Ин гуна ҷудокунӣ ба формализми мантиқӣ хос аст. Мувофиқи ин таълимот шакл ва қонунҳои тафаккур ба мазмуни он муносибате надоранд ва гӯё тафаккур новобаста ба амалия пайдо шудааст. –Мантиқе,, ки ба принципҳои гносеологияи материалистӣ асос ёфтааст, дурустии фикрро вобаста ба ҳаққонияти он, шакл ва қонунҳои Мантиқие вобаста ба мазмуни он меомӯзад. Мантиқи шаклӣ робитаи ин ё он мафҳум ва ҳукмро на дар ҷараёни инкишофи онҳо, балки ҳамчун фикрҳои гуногуни мустақил таҳлил менамояд. Ҳар як фикр мазмуни муайян ва шакли мантиқӣ дорад. Фикр бо калимот ва истилоҳоти забон ифода меёбад, бинобар ин шакли муайяни грамматикӣ дорад. Фикрҳои гуногун, қатъи назар аз мазмуни конкретиашон, аз рӯи сохти худ умумияте доранд, ки онро шакли мантиқӣ меноманд. Шакли мантиқӣ навъҳои гуногун дорад. Мас., ҳукми «агар аз ноқил ҷараён ҷорӣ шавад, он гоҳ дар атрофи ноқил майдони магнитӣ ҳосил мешавад»-ро ба тарзи дигар чунин ифода кардан мумкин аст: «агар А бошад, он гоҳ В мешавад». Дар ин ҷо А ва В ҳодисаҳои гуногун (ҷорӣ шудани ҷараён аз ноқил ва ҳосил шудани майдони магнитӣ дар атрофи ноқил)-ро ифода мекуианд. Муайян кардани шакли мантиқии фикр, ҳаргиз маънои аз ҳар гуна мазмун қатъи назар карданро надорад. Шакли мантиқӣ қонунҳои мантиқиро ифода мекунад. Агар ҳукмҳои муқаддимавӣ ҳақ ва хулосабарорӣ Мантиқан дуруст бошанд, пас ҳукми хулосавӣ низ доимо ҳақ мешавад. Ин моҳияти мантиқан дуруст будани тарзи фикрронии инсонро муайян мекунад. Дар асоси Мантиқи шаклӣ дар миёнаи асри 19 соҳаи нави Мантиқ— мантиқӣ математикӣ пайдо шуд. Мазмуни асосии Мантиқи математикиро тадқиқи муносибати байни ҳукм ва мафҳумҳо дар ҷараёни хулосабарорӣ ва бурҳон ташкил медиҳад. Мантиқи математикӣ аз Мантиқи шаклӣ, пеш аз ҳама, бо методи тадқиқоти худ фари, мекунад. Дар он барои тамили қонуниятҳои мантикӣ аз методи «ҳисоббарорӣ», ки хоси математика аст, истифода мебаранд. Мантиқи математики забони махсуси рамз ва формулаҳоро истифода карда, тафаккурро дар системаҳои муайяни мантиқӣ («Ҳисоби мантиқӣ») меомӯзад. Ин имконият медиҳад, ки ба ҷои фикрронию исботи муқаррарӣ шаклдигаркунии формулаҳо аз рӯи қоидаҳои муайян гузаронида шавад. Дар Мантиқи математикӣ қоидаи амалҳо бо рамзҳо аниқ муайян карда мешавад, бинобар ин хулосабарориро бо мошинҳои электронӣ анҷом додан мумкин аст. Имрӯз Мантиқи математики илмӣ хеле тараққикарда буда, ҳатто дар физиологияи фаъолияти олии асаб, психология, забоншиносӣ ва ғ. васеъ татбииқ, ёфтааст. Мантиқи математикӣ тамоми масъалаҳои Мантиқи шаклиро дар бар намегирад ва бо масъалаҳое кордор аст, ки аз доираи Мантиқи шаклӣ берунанд. Яке аз масъалаҳои асосии Мантиқи математикӣ тадқиқи асосҳои математика мебошад. Математика илми дедуктивӣ буда, бар пояи мафҳуми бурҳони қотеъ қарор гирифтааст, ки зотан сиришти мантиқӣ дорад. Масъалаи қатъӣ баён нашудани моҳияти мафҳумҳои математикӣ масъалаи асосии Мантиқи математикист. Чунончӣ, муайян кардани эътимоди далелҳои математикӣ ва табиати худи математика аз вазифаҳои ӯст. Мантиқи диалектикӣ умумитарин қонунҳои пайдоишу инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккурро меомӯзад. Мантиқи диалектикӣ мақоми категорияҳои диалектикаи материалистиро дар ҷараёни маърифати илмӣ муайян намуда, қонуниятҳои умумии инкишофи тафаккурро меомӯзад. Мантиқи диалектикӣ тақозо дорад, ки мазмуни ҳар як зинаи таърихӣ ошкор ва дар заминаи ин нишонаҳои муҳими он аз нав муайян карда шавад. Мантиқи диалектикӣ бо диалектика, назарияи маърифат ва материализми диалектикӣ робитаи узвӣ дорад. Аа ин нуқтаи назар Мантиқи диалектикӣ «таълимотест на дар бораи шаклҳои берунии тафаккур, балки дар бораи қонунҳои инкишофи «ҳамаи чизҳои материалӣ, табиӣ ва рӯҳӣ», яъне инкишофи тамоми мазмуни конкретии олам ва донистани вай, яъне ҷамъбаст, ҷамъ, хулосаи таърихи донистани олам аст» (Ленин В. И., Ас., ҷ. 38, саҳ. 83). Мантиқи диалектикӣ натиҷаи ҷамъбасти тамоми таърихи маърифати инсонӣ буда, дар асоси ҳалли материалнстонаи масъалаи асосии фалсафа тафаккурро инъикоси воқеияти объективӣ медонад. Вазифаи асосии Мантиқи диалектикӣ аз наздики шаклҳои мантиқӣ ва қонунҳои маърифати илм дар асоси ҷамъбасти таърихи фалсафа, таърихи ҳамаи илмҳои алоҳида, забон ва таърихи инкишофи фикрии инсону ҳайвонот иборат аст. Мантиқи диалектикӣ нарзарияи объективии инкишофи табиат ва ҷамъиятро ифода намуда, аз Мантиқи шаклӣ ва Мантиқи математикӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Адабиёт: Ад.: Маркс К., Капитал, т. 1—3, Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 23; Э н-гельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1975; Ленин В. И., Материализм ва эмпириокритицизм, Ас., я- 14; Ҳамон муал., Дафтарҳои философӣ, Ао., я. 38; Болтаев М Н., Мантиқ, Д., 1965; Б и б-л е р В. С., О системе категорий диалектической логики, Сталянабад, 1958; Розенталь М. М., Принцип диалектической логики, М., I960; Копнин П. В., Диалектика как логика, Киев, 1961; Болтаев М. Н., Вопросы гносеологии и логики в произведениях Ибн-Сины и его школы, Д., 1965; Стяжкин Н. И., Формирование математической логики, М., 1969; Ильенков Э. В., Диалектическая логика. М., 1974; Кондаков Н. И., Логический словарь-справочник, М., 1975. Н. Сайфуллоев.

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: