|

Рисолаи дипломӣ: Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-02-22

М У Н Д А Р И Ҷ А

Сарсухан…………………………………………………………………3-6
Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо……….-17

    1. Заминаҳои бавужудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо….7-11
    2. Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Авруп.12-16

Боби II. Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо……17-48
2.1.   Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо………………………………………………………………………17-27
2.2.   Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011……28-34
2.3.   Ҳамкории Жумҳурии Тожикистон бо Иттиҳоди Аврупо……………………………………………………………………..35-42
Хулоса…………………………………………………………………43-46
Рӯйхати Адабиёт…………………………………………………….46-48


Н а қ ш а:

Сарсухан
Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо

    1. Заминаҳои бавужудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо
    2. Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Боби II. Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо
2.1.   Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо
2.2.   Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
2.3.   Ҳамкории Жумҳурии Тожикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Хулоса
Рӯйхати адабиёт

 С А Р С У Х А Н
Зарурияти омўзиши масъала
Иттиҳоди Аврупо  яке аз созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи муҳим ва устувор дорад. Ин ташкилоти байналхалқӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатҳои Аврупо нақши муассир мебозад. Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрўза аз ҷумла дар масъалаи таъмини сулҳ ва амният дар минтақаҳои ҷаҳон  аҳамияти муҳим дорад. Ба Иттиҳоди Аврупо 27 мамлакатҳои пешқадами  Аврупо шомил буда, ин давлатҳо дар доираи  қонунҳои қабулкардаи созмон амал карда, тамоми фаъолияти худро дар асоси ин қонунгузориҳо дар амал татбиқ мекунанд. Парлумони Аврупо яке аз бонуфузтарин мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон кўшиш ба харҷ медиҳад. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо бо мамлактҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри XXI  равиши нав пайдо намуд. Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ин мисоли амиқ шуда метавонад. Имрўзҳо дар асоси ин созишнома дар густариши ҳамкориҳо дар ҳама гуна соҳаҳо муносибатҳои дуҷониба – тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байни парлумонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамкорӣ ин ташкилот масъалаҳои муҳими рўзмарра, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ, доираи васеи мавзўъҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима шуда истодааст. Барои ҳамин ҳам омўзиши таърихи ташкилёбӣ, сохтори он, мавқеи имрўзаи ҷаҳонии ин созмон аҳамияти  муҳим дорад. Рисолаи мазкур ба ҷабҳаҳои муҳими фаъолияти Иттиҳоди Аврупо бахшида шуда,   дар он ба чунин масъалаҳо оиди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нагаронида шудааст.

  1. Заминаҳои таърихии бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон
  2. Марҳилаҳои асосии ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Марҳилаи якум аз соли 1951 то соли 1959
Марҳилаи дуюм аз соли 1960 то1992
Марҳилаи сеюм аз соли 1992 то имрўз

  1. Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо, (Парлумони Аврупо, Суди Аврупо, Палатаи аудиторҳо, Бонки миллии Аврупо, Шўрои идоракунӣ ва ғайра)
  2. Фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузории  Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
  3. Ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  байнипарлумонии Ҷумурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Иттиҳоди Аврупо дар солҳои истиқлолият (1992-2011)

Дараҷаи омўзиши масъала
Масъалаи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо ва фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналхалқии онро аввалин бор аз тарафи донишҷўёни факултаи таърих ва ҳуқуқ ҳамчун рисолаи илмӣ иншо гардида истодааст. Мавзўи мазкур дар омўзиши фанни Таърихи нав ва навтарини мамлакатҳои хориҷӣ, Курс ва семинарҳои махсус аз фанни номбурда, ҳуқуқи байналхалқӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Имрўзҳо дар тамоми донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дар омўзиши таърихи халқи тоҷик масъалаи муносибати Тоҷикистон бо мамолики ҷаҳон аз ҷумла бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудааст. Рисолаи мазкур ба  муносибатҳои имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси маводҳои нав доир ба фаъолияти имрўзаи Созмони Иттиҳоди Аврупоро  пурра маълумот додааст. Бештар сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо нишон дода шудааст.   Дар ҳақиқат барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки имрўз аввалин қадамҳои худро дар арсаи байналхалқӣ гузошта истодааст, омўхтани таҷрибаи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим буда, омўзиши мавзўи мазкур аҳамияти калон дорад.
Рисолаи дипломӣ аз сарсухан, ду боб, чор қисм, хулоса ва аз рўйхати адабиёт иборат аст. Дар қисми сарсухан оиди муҳим будани омўзиши ин масъала, дараҷаи омўзиши он, мақсади навиштани масъалаи мазкур таҷассум ёфта, ба манбаҳои истифодабурдашуда баҳо дода шудааст.         Боби якуми рисолаи дипломӣ «Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо» бахшида шуда, дар он  заминаҳо ва марҳилаҳои бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо ва ташаккулёбии он инъикос ёфтааст.  Дар ҳақиқат ин ташкилот дар давоми панҷоҳ соли баъдиҷангӣ ташаккул ёфта, ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  табдил ёфта, фаъолият бурда истодааст. Дар боби якум дар бавуҷудоии созмони Иттиҳоди Аврупо монеаҳо ва зиддиятҳо  нишон дода шудааст.
Боби дуюми рисола ба «Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо» бахшида шуда, дар ин боб оиди парлумони Аврупо, Суди байналхалқии Аврупо, Комиссияи Аврупо, сохторҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва фаъолияти онҳо маълумоти муфассал дода шудааст. Аз ҷумла, муносибатҳои  Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Суханронии Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ   Эмомалӣ Раҳмон аз минбари парлумони Иттиҳоди Аврупо, сафарҳои кории Сарвари давлат ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (Германия) нишон дода шудааст.
Дар қисми  хулоса аҳамияти омўзиши мавзўи мазкур инъикос ёфтааст.
Дар навиштани рисола адабиётҳои навтарин, матбуоти даврӣ, маводҳо аз шабакаи интернет истифода бурда шудааст.    
Асарҳои олимон Кашкин С.Ю., Стрежнева М., Борко Ю.А., Шемятенков В.Г., Владиславлева Т. Б.,  Кавешников Н.Ю., Родригес А.М. ва дигарон ба масъалаҳои ташкилёбӣ, ташаккулёбӣ  сохторҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва фаъолияти  Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Китоби Кашкин С.Ю. «Основқ права Европейского союза»  (М., 1997) ба масъалаи асосҳои ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Китоби  Шемятенков В.Г. «Европейская интеграӣия» (М., 2003)    ба масъалаи муттаҳидшавӣ ва ҳамкорӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни мамлактаҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон бахшида шудааст.  Дар китоби Борко Ю.А. «Что такое Европейский Союз»  (М., 2000) масъалаҳои таъсисёбӣ, ташаккулёбӣ, сохторҳои идоракунӣ аз ҷумла, фаъолияти Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо, Суди байналхалқии Аврупо ва ғайраҳо маълумот муфассал дода шудааст. Асарҳое, ки ба таърих ва ҳаёти имрўзаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст, ба ду гурўҳ ҷудо карда шудаанд. Ба гурўҳи якум, китобҳои олимон, ки ба таърихи ташкилёбии ин созмони бонуфуз бахшида шудааст, шомил шудааст. Ба гурўҳи дуюм асарҳои иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон ва олимоне, ки  доири фаъолияти институтҳои Иттиҳоди Аврупо маълумот додаанд, шомил шудааст.

Оиди масъалаи мазкур дар маҳфили илмии донишҷўён «Таърихнигорони ҷавон» ва дар конфронси апрелии бахши донишҷўёни кафедраи таърихи умумӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-солагии Ваҳдати миллӣ, 80-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  баромад намуда, соҳиби ҷойи намоён шудаас

1. Графский В.Г. Всеобщая история права и  государства. М.,2000; История государства и права зарубежных стран /под ред. О.А.Жидкова. М., 1998. Т.2; Омельченко О.А. Всеобщая история государства и права. М., 1998. Т.2; Пономарев М.В., Смирнова С.Ю. Новая и новейшая история стран Европы и Америки. Практическое пособие. В 3 ч. М., 2000; Баскин Ю.А. Фельдман Д.И. История международного права. М., 1990Дюпюи Р.Э., Дюпюи Т.Н. История европейской интеграции (1945-1994). М., 1995; Родригес А.М. Новейшая история зарубежных стран XX век. М., 2004; ва дигарон

Арах М. Европейский союз: видение политического Объединения. М., 1998; Основы права Европейского союза./ Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997; Сиджански Д. Федералистское будущее Европы. От Европейского сообщества до Европейского союза. М., 1998; Стрежнева М. Институциональное развитие ЕС // Европейский союз на пороге XXI века. / Под ред. Ю.А. Борко и О.В. Буториной. –Москва: УРСС, 2001, с. 262.; Кавешников Н.Ю. Институциональное развитие Европейского Союза и Ниццский договор: вопросы или ответы. / Доклады Института Европы РАН, № 87. –М.: ИЕ РАН, 2002.;Борко Ю.А. Что такое Европейский Союз. М., 2000; Договор о Европейском Союзе. Консолидированная версия. М., 2001; Европейский Союз. Путеводитель. М., 2003; Шемятенков В.Г. Европейская интеграция. – М., Международные отношения, 2003; ва дигарон

Барои гирифтани давоми Рисолаи дипломӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Ҳамагӣ 65саҳ) (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 808

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: farzin.k@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2019-04-09

Бисьер оли

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: