Кори Курсӣ: Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Араб
Тартибдиханда: ya.ru, google.com
Дохил кард: Алишер Фозилов
Санаи дохилгардида: 2018-02-22
Н а қ ш а :
Сарсухан
1. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатар
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб
3. Раводидҳои Раиси Ҷумҳур ба Сурия
а) мулоқот ба донишҷўёни тоҷик дар Димишқ
4. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо кишвари Мисри Араб
а) мулоқоти Раиси Ҷумҳур бо ректори Донишгоҳи
Ал-аҳзар
б) вохўрии Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири кишвари
Мисри Араб
Хулоса:
Рўйхати адабиёт
Сарсухан
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мусулмоннишин аст ва бештар аз 90% сокинони онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Аз ин сабаб табиист, ки ба доштани робитаи ҳасанаи дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо мамлакатҳои ҷаҳони ислом, ба монанди Туркия, Ироқ, Кувайт, Малай-зия, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср, Аморо-ти Муттаҳидаи Араб, Сурия, Лубнон, Алҷазоир, Марокко, Либия, Баҳрайн, Умон, Яман, Давлати Қатар, Фаластин, Тунис ва ғ. сарфи назар аз низомҳои сиёсии гуногун ва дараҷаи тараққиёташон зарурат дорад. ҳар сол ҳазорон - ҳазор шаҳрвандони мусулмони Тоҷикистон ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом, ба тавофи Макаю Мадинаи мунаввара мераванд ва адои ин фарз аз замони ворид гарди-дани ислом ба сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр давом дорад. Феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои мусулмонй робитаи дипломатй дорад.
Агар аз як тараф, доштани дини ягона ва робитаҳои таърихии қадима бо мамлакатҳои мусулмоннишини дунё ва кишварҳои арабӣ боиси ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани муносибатҳои давлатй бо ҷаҳони ислом гардида бошад, аз тарафи дигар, мақом ва манзалати муассири ин мамлакатҳо дар пешрафти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонй ба назар гирифта шуд. Истифода аз имкониятҳои фаровони иқтисодӣ, тех-никӣ, технологӣ ва сармоягузориҳои онҳо ба рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон сабаб хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали дарёфти истиқ-лолияти давлатй дар роҳи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ ва ба роҳ мондаии ҳамкориҳои тиҷоратию иқти-содӣ ва фарҳангй бо ҷаҳони ислом умуман ва мамлакатҳои арабй хоссатан иқдомҳое карда буд ва муваффақ гардида буд, ки бо чанде аз он кишварҳо Протокол оид ба барқарории робитаҳои дипломатй ва Созишнома оид ба дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расонад. Аммо бояд иқрор шуд, ки он кӯшишҳо муназзам ва ҳадафмандона набуданд ва бинобар он ҳам натиҷаи матлуб надоданд. Ва албатта, ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони ислом муқовимате, ки миёни нерӯҳои сиёсию иҷ-тимоии ҷумҳурии мо, аз он ҷумла нерӯҳои исломй ва мақомоти расмӣ, идома дошт, бетаъсир набуд. Мамлакатҳои мусулмонй барои барқарор намудани робитаҳои дипло-матӣ ва ҳамкориҳо бо ҳукумати вақти Тоҷикистон чандон майл надоштанд. Сабаби хеле дертар барқарор шудани робитаҳои дипломатии мо бо аксарияти онҳо дар ҳамин аст. Чунончи, робитаҳои дипломатй бо Баҳрайн, Кувайт ва Амороти муттаҳидаи Араб дар соли 1995 бо Ҷумҳурии Лубнон ва Ҷумҳурии Яман дар соли 1995 бо Алҷазоир ва Урдун дар соли 1997 барқарор шуданд.
Барои гирифтани давоми Кори Курсӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Ҳамагӣ 30саҳ) (Viber)(+992)985-400-800
Дидан карданд: 1459
Рефератҳои нав:
Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати онКори Курсӣ: Мафҳуми гумрукКори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷментКори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии ТоҷикистонКори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хаттиКоментари дохил карданд: