|

Кори Курсӣ: Таҳаввули назарияи идоракунӣ

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-22

Нақша:
Сарсухан
1. Ташаккул ва рушди назарияи идоракунӣ
2. Ташкили идоракунӣ дар давлати Сомониён
3. Мактабҳои идоракунӣ ва таълимотҳои онҳо
4. Таълимотҳои муосир оиди менеҷмент
     Хулоса
     Рўйхати адабиёти истифодагашта

Сарсухан
         Масъалаҳои идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ дар замони бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷорӣ гаштани иқтисодиёти бозор яке аз муаммоҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ мебошад. Идоракунӣ мавҷудияти ташкилоти маъмуриро дар назар дорад. Ташкилоти маъмурӣ низоми муносибатҳои расмиест, ки тавассути дастурамал, қоидаю қонун, амрнома, меъёрҳои техникӣ, мундариҷаи вазифаҳои расмӣ ва ҷадвали мансаб муайян мегардад.
Новуходоносори II, аз рўи фаъолияти одамон дар истеҳсолот, ба воситаи музди кор ҳавасмандкунии кормандон, истифодаи усулҳои идоракунӣ тадбиқи назорати давлатиро амалӣ намудааст.
Сукрот ва Ксенофонт принсипҳои умумитарини идоракуниро эҷод кардаанд ва онҳоро чун намуди санъати хоса истифода бурдаанд.
Мусо принсипи яккасардорӣ, қоидаҳои зарурӣ ва муносибатҳои байни инсониро эҷод кардааст. Афлотун принсипи махсусгардонии истеҳсолотро кашф намудаст. Искандари Мақдунӣ нахустин бор барои ҳалли масъалаҳои низомӣ ситодро истифода бурдааст. Император Диоклетиан принсипи интиқолкуниро дар амалиёти худ истифода бурдааст.
Усули нави хоҷагидорӣ, ки дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи иқтисодиёти бозорӣ ташаккул меёбад, ба мутахассисоне, ки соҳиби донишу малакаи мукаммали менеҷменти муосир мебошанд, беандоза ниёзманд аст. Хусусан, маҳз муассисаҳои савдо бештар ниёзманди чунин мутахассисонанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони ин муассисаҳо бояд дар мўҳлати кўтоҳ усули нави идоракунии фаъолияти тиҷоратии муассисаҳои гуногунмоликияти рақобатпазир, самараовар ва матонату устувори бозорӣ доштаро омўзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд.
Масъалаи мазкур барои муассисаҳои савдо хеле муҳим аст, чунки дар шароити бозорӣ вазъи фаъолияти онҳо комилан тағйир меёбад.
Муассисаҳои тиҷоратӣ дар шароити муносибати бозорӣ соҳиби алоқаҳои озоди молию пулӣ мегарданд, аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил шуда, масъулияти фаъолияти хоҷагидориашон пурра ба ўҳдаи онҳо гузошта мешавад. Дар ин шароит менеҷерҳо бояд тафаккури идоракунии худро оид ба фаъолияти сохтори менеҷменти ташкилот мувофиқ намоянд ва барои самаранокии ташкилот мусоидат кунанд.

Дар шароити муносибати бозорӣ аҳамияти тадқиқоти маркетингӣ меафзояд, чунки он барои донистани набзи бозор, ниёзмандӣ ба мол ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Бозёфтҳои илмӣ-техникӣ яке аз воситаҳои нави идоракунӣ мешавад, зеро он барои фароҳам овардани шароити хуб, барои меҳнати самаранок хизмат мекунад. Дар шароити бозорӣ масъалаи идоракунии ҳайати кормандон бағоят муҳим мегардад. Ин ба он вобаста аст, ки маҳз кормандон дар ин давра ба захираву имкониятҳои пуриқтидори ҳалли мушкилоти рўзмарра соҳиб мешаванд. Ба даст даровардани натиҷаҳои дилхоҳ фақат бо ёрии кормандон мумкин аст. Менеҷменти истеҳсолот идоракунии бонизом ва самаранокро ба ўҳда дорад, дар шароити тағйирёбанда ў роҳҳои нав ба нави идоракуниро интихоб мекунад.

Барои гирифтани давоми Кори Курсӣ ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Ҳамагӣ 32саҳ) (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 480

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: мухсинчон
Санаи дохилгардида: 2015-09-12

Бозор чист?

Каментарй дохил кард: шахзода
Санаи дохилгардида: 2016-01-21

гайридавлатикунони ва хусусигардони

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: