|

Реферат: Мафҳум ва сохтори ҳароҷот. Назарияи ҳароҷот

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-16

Мафҳум ва назарияҳои ҳароҷоти истеҳсолот.
2. Сохтори ҳароҷоти фирма ва фоида.
3. Таснифоти ҳароҷоти истеҳсоли.
4. Мафҳум ва вазифаҳои рақобат.

1. Ҳар як фирма пеш аз огоз кардани истеҳсолот бояд муайян намояд, ки ба кадом фоида ноил мегардад. Барои ин фирма бояд талаботро омузад ва муайян намояд, ки бо кадом нарх маҳсулоти истеҳсолкардаашро мефурeшад, инчунин фирма бояд даромади пешбинишударо бо ҳароҷотҳо муқоиса кунад.
Биннобар ҳамин пеш аз қабeли карор оиди чи қадар маҳсулот истеҳсол кардан, фирма бояд ҳароратҳои худро таҳлил намояд.
Ҳароҷоти истеҳсоли – ин пардохтҳо барои омилҳои истеҳсолии ба дастовардашуда мебошад.
Ин маънидодкуни аз тарафи иқтисодчиёни гуногун аз мавқеъҳои гуногун ва бо мақсадҳои гуногун мушоҳида карда мешаванд.
К. Маркс омузиши ҳароҷотро бо мақсади тадқиқи хусусиятҳои истисмори меҳнати кироя, ки дар арзиш ифода ёфтааст  алоқаманд мекард. Ба ақидаи Маркс, барои истеҳсоли мол ҷамъият бояд ҳам меҳнати зинда ва хам меҳнати дар арзиши таҷхизот, ашё ва ғайрахо таҷассумёфтаро сарф намояд.
Ин ҳароҷотҳои меҳнат арзиши молро ифода мекунанд, ки онро Маркс ҳароҷотҳои аҳмъияти номидааст.
Даромади пулие, ки баъд аз фурӯши мол ба дастоварда мешавад истеҳсолкунанда ҳароҷотҳои худро руйпуш мекунад. Меҳнати иловагиро соҳибкор пардохт намекунад. Аз ин ҷо бар меояд, ки ҳароҷотҳои соҳибкор (истеҳсолкунанда), яъне ҳароҷотҳои истеҳсолии он аз ҳароҷоти ҷамъияти (арзиши мол) ба бузургии меҳнати иловагии пардохт нагашта кам аст. Ба ақидаи Маркс айнан меҳнати иловагии пардохт нагашта сарчашмаи фоида мебошад. Мувофиқи назарияи марксисти фоидаи истеҳсолкунанда берун аз ҳароҷотҳои карор дорад.
Ба ғайр аз ҳароҷотҳои истеҳсоли Маркс ҳароҷотҳои муомилотро ҷудо мекард, яъне ҳароҷотҳое, ки бо ҷараёни фурӯши молҳо алоқаманд аст. Дар таъсисёбии арзиши мол ҳама ҳароҷотҳои муомилот иштирок намекунанд, балки он қисми онҳо иштирок мекунад, ки давоми ҷараёни истеҳсолотро дар соҳаи муомилот дар назар дорад (кашонидан, нигоҳдори, ба кутиҳо ҷойкуни ва ғайра). Аз ин ҷо бар меояд, ки дар назарияи марксисти на ҳама ҳароҷотҳо дар нархгузори иштирок мекунанд.
Нисбат ба К. Маркс иқтисодчиёни муосир ҳароҷотро аз нуқтаи назари хоҷагидор мушоҳида мекунанд. Онҳо гумон доранд, ки соҳибкор новобаста аз ҳароҷотҳо даромадро интизор аст. Дар ин асос тарафдорони ин консепсия ба ҳароҷотҳо фоидаи соҳибкорро дохил мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо даромади соҳибкор ин пардохт барои хавфи соҳибкори мебошад.

Дар назарияи муосир фоидаи муқаррарии миёна ба ҳароҷот дохил карда мешавад, ва ҳароҷотҳои иктисоди номида мешаванд.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 449

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Ахмедов Б
Санаи дохилгардида: 2017-05-06

зур

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: