|

Реферат: Фаъолияти тиҷоратӣ

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-06

Нақша:
1. Фаъолияти тиҷоратӣ
2. Таснифи хавфҳои соҳибкорй
 3. Идора кардани хавфи соҳибкорй

1.  ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТИ
Қабули қарор дар фаъолияти сохторҳои тиҷоратӣ дар вазъи чунон номаълуме сурат мегирад, ки бояд аз чанд роҳи имконпазире, ки оқибати ҳар як фаъолияти соҳибкориро пешбинй кардан душвор аст ва бояд аз сад қарор якеро интихоб кард. Воқеан қариб ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти инсон ба хавф марбут аст, ва дар ҳар шароит ва омилҳои хеле зиёде оқибати мусбй ё манфй меорад. Таҷрибаи таърихй нишон медиҳад, ки хавфи ноил шуданатавонистан ба натиҷаи дилхоҳи ниҳой махсусан дар шароити куллан умумӣ будани муносибатҳои моливу пулй, рақобати онҳое, ки дар муомилоти хоҷагидорӣ ширкат меварзанд, бештар зоҳир мешавад. Бинобар он, вобаста ба пайдоиш ва рушди муносибатҳои капиталистӣ роҷеъ ба хавф назарияҳои гуногун арзи ҳастй мекунанд, классикони назарияи иқтисод бошанд ба тадқиқоти проблемаи хавф дар фаъолияти тиҷоратӣ диққати махсус медиҳанд.

Ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ сабаби воқеии пайдо шудани хавфҳо ҷой дорад. Зеро қаблан ба инобат гирифтани таъсири тамоми омилҳое, ки натиҷаи ниҳоии фаъолияти ширкатеро муайян мекунад, имкон надорад ва дар сурати ҷараён доштани фаъолияти мушаххасе аксар омилҳо метавонанд ба куллй тагйир ёбанд. Бинобар он, соҳибкор метавонад дар ҳамагуна мароми фаъолияти ширкаташ, дар тамоми марҳилаҳои раванди истеҳсолот пайдарпай зарар бинад. Дар таълимоти классикони назарияи иқтисод он ақида махсус таъкид мешавад, ки соҳибкорӣ фаъолияти хавфнок аст. Мусаллам аст, ки фоида гирифтан ё зарар диданро ба соҳибкор касе кафолат намедиҳад ва подоши сарфи вақт, саъю кӯшиш ва қувваю маҳораташ метавонад фоида ё баръакс зиён бошад.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 432

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: