|

Вазифахои бозор

Тартибдиханда:

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-01-04

Сарсухан
1. Мафхум ва принсипхои бозор
2. Вазифаҳои бозор ва омилҳои муайянкунандаи он
Хулоса

 

Сарсухан
Башарият то бунёд ва ташаккул ёфтани бозор, таи ҳазор-солаҳо дар иҳотаи хоҷагидории инфиродӣ (натуралӣ) ҳаёт ба сар бурдааст. Дар доираи ин тамсилаи хоҷагидорӣ, маҳсулот ва неъматҳо барои қонеъ гардондани талаботи дохилихоҷагӣ, дар асоси тақсими мутавасит (баробари) маҳсулоти истехсолкардашуда сурат мегирифт. Ин низоми хоҷагидорӣ асоси пасти рушди иқтисод, бенавоӣ ва камбағалӣ буда, аз дараҷаи маҳдуди истифодаи муносибатҳои иқтисодӣ дарак медиҳад.
Гузариш аз хоҷагиҳои натуралӣ ба хоҷагиҳои молӣ, муста-қиман ба мустақилияти молиистехсолкунандагон, ба даст овардани озодии нисбии субъектҳои бозор, баланд гардидани ҳавас-мандии шахсӣ оварда расонд ва он пайваста пеш рафта воқеӣ гардид.
Ҷавҳари бозорро истеҳсолоти молӣ ташкил медиҳад. Сабаб ва шароитҳои бунёд гардидани истеҳсолоти молию бозор аз як сарчашма ғизо мегиранд. Бинобар ин бозорро ҳамчун тарафи мутақобили (чаппаи) истеҳсолоти молӣ қадр мекунанд.
Мафҳуми бозор яке аз истилоҳи маъмултарину серистеъмоли илми иқтисод мебошад. Баробари таҳаввули низомҳои иқти-содӣ, мазмун ва мундариҷаи он низ таносубан, дигар мешавад. Аз ин лиҳоз, онро дар ҷаҳони сотсиализм ва капитализм ҳархела маънидод ва шарҳу эзоҳ медиҳанд. Масалан, дар СССР зери мафҳуми бозор фақат бозори маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бозори колхозӣ фаҳмида мешуд. То ҳатто мағозаҳо ва дуконҳои чизҳои истеъмолӣ ва асбобу анҷоми рўзғор ба сифати бозор эътироф ҳам карда намешуд.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 3091

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: rustamova.michgonachon
Санаи дохилгардида: 2016-10-25

маънои мавзуро нафахмидам

Каментарй дохил кард: safarmurodbobokalonov
Санаи дохилгардида: 2017-05-05

Реферат

Каментарй дохил кард: Лола
Санаи дохилгардида: 2017-05-06

Салом.Ташаккур ба нафароне ки чунин мавод?оро омода сохта ба мо пешкаш мекунанд.

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: