|

Реферат: Корупсия

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-06

Баъзе масъалахои чиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки бо ҷиноятҳои
муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ
вобаста мебошанд
Коррупсия аз давраҳои қадим маълум аст ва ин зуҳурот бештар ба санъати идоракунии давлатӣ вобаста буда, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ институти алоҳидаи омўзиш доир ба ҷиноятҳои марбут  ба идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар илми ҳуқуқшиносии давраи шўравӣ мафҳуми «коррупсия» истифода намешуд, гарчанде дар як қатор санадҳои давлатию ҳизбӣ мафҳумҳои «порагирӣ», «сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ», «беамалӣ дар иҷрои вазифа» ва ғайра истифода мешуданд.
Истилоҳи мафҳуми «коррупсия» имрўз дар қонунгузории тамоми давлатҳои ҷаҳон дида метавонем, зеро коррупсия дар муносибатҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни он ба назар мерасад. Коррупсия калимаи лотинии «korruptio» буда, маънои ба худ тобеъ кардан тавассути пора, харидан, ришва додан ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро доро мебошад.
Муттафаккири бузург Ш.Л.Монтеские гуфта буд, ки дар натиҷаи коррупсия тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ мегардад ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хафви баланд доштани коррупсия, дар миқёси давлатҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, дар соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» – ро қабул карда буд. Баъдан вобаста ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи СММ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, дар санаи 25 – уми июни соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид, ки ин қонун айни ҳол амал карда истодааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъияӣ, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.

Э.Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллат ва бунёдкорӣ. ҷилди 3. Душанбе. 2003., с.587.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 898

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: AchiBaby0098@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-03-05

шеър дар васфи ба?ор бошад нависен

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: