|

Реферат: Истиқлолият бақои таърихии миллат аст

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-06

Нақши иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар  пешрафти
иқтисодиёти вилояти Суғд

«Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмин намудани мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   
Эмомали Раҳмон.

      Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 5-уми январи соли 2008 ворид намудани таъғироту иловаҳо ба ин қонун , шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон  муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақилияти кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Матлуботчиён дар давраи ҳисоботи ҳафт маротиба маҷлиси Шӯрои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғдро доир карда туфайли онҳо  ба бисёр иқдомҳои шоиста рӯ оварданд. Аз ҷумла бо назардошти талаботи айёми иқтисоди бозоргонӣ «Барномаи рушди кооператсияи матлуботи вилояти Суғдро дар солҳои 2005-2009» таҳия ва қабул кардаанд.  28-номгӯи ҳатмии молу маҳсулот барои фурӯшгоҳҳо, азнавбаҳисобгирии воситаҳои асосӣ, ташкили гармхонаҳо ва истифодаи самараноки замин ва дигар ташаббусҳои нек рӯй оварданд.
Дар таъмини иҷрои «Барномаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» саҳм гирифта, матлуботчиёни вилоят барои эҳтиёҷмандон 1100 адад ҷойҳои корӣ муҳайё намуданд.  Ҳамаи ин тадбирҳо бо мақсади амалӣ гардонидани қарору дигар санадҳои Ҳукумати мамлакату вилоят ва раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, ки ҳадафаш беҳтар ташкил намудани хизматрасони ба аҳолии деҳот ва ба даст овардани судмандии фаъолият мебошад, равона гардидааст.
Дар муддати зииёда аз панҷ соли гузашта дар ҳаёти кооператсияи матлуботи вилоят бисёр тағйироти назаррас ба вуҷуд омад ва аз ин таъғироти таърихӣ ёдовар шудан ниҳоят ба маврид аст.дар ин муддат ҳафт маротиба Шӯрои Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд даъват карда шуда, масъалаҳои муҳиму таъхирнопазири соҳа баррасӣ гардиданд.
Таҳлил ва муқоисаи фаъолияти соҳаҳои мухталифи кооператсияи матлубот нишон дод, ки кооператорони вилоят дар давраи ҳисоботӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, роҳҳои такмил додани соҳаи савдо, хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, хоҷагии ёрирасон, истеҳсолот ва бозорҳо дарёфт карда, рушди соҳаро дар мадди назар доштаанд.
Зикр бояд кард, ки имрӯз ба аҳолии деҳот 900 муассисаҳои савдо, 197 адад муассисаҳои хӯроки умумӣ, 133 адад корхонаҳои соҳаи саноати кооперативӣ, 20адад бозорҳои ҳаррӯза ва 24-бозорҳои дар як ҳафта як рӯз коркунанда ба аҳолии деҳот хидмат расонида истодаанд.Умуман имрӯз 2727 нафар кормандони соҳа дар хизмати мардум мебошанд, ки 30 фоизи онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд буда, коста шудани муносибатҳои тиҷоратӣ ба молистеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва берун аз марзи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ дар давоми панҷ соли охир ба маблаҷи 103,2 миллион сомонӣ молу мавод дастрас гардонида, пешкаши аҳолӣ наудаанд, ки 81,9 миллион сомонии онро молҳои хӯроки ташкил медиҳанд. Агар соли 2004-ум  ба маблағи 6,1 миллион сомнӣ молу мавод харидори карда шуда бошад, пас дар охири соли 2009 ин нишондиҳанда ба 42,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш 7-баробар мебошад.
Ҳаҷми муомилоти чаканаи мол дар солҳои 2004-02009 ба 116 млн сомонӣ расид, ки ин нисбат ба панҷ соли пешина 3-маротиба зиёд гардидааст.
Дигар масъалае, ки ба ба баланд бардоштани руҳияи хуш ва таъби болидаи мардуми деҳот нақши муҳим мебозад, ташкили дурусти фаъолияти соҳаи хӯроки умумӣ мебошад.
Имрӯз дар хидмати мардум197 адад муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки ҷои нишасти онҳо 5710 ададро ташкил медиҳад, омодааст.Дар ин соҳа сол аз сол ҳаҷми хизматрасонӣ беҳтар шуда, сатҳи самаранокӣ баланд гардидаистодааст. Агар дар панҷ солаи 2000-2004 ба аҳолии деҳот ба маблағи 6,8 млн сомонӣ таом ва дигар маҳсулот фурӯхта шуда бошад, ин нишондиҳанда дар панҷ солаи 2005-2009-ум  25,2 млн сомониро  ташкил дод, ё худ афзоишаш ба 4,1 маротиба баробар шуд.
Дар давоми панҷ соли охир дар ташкилоту хоҷагиҳои кооператсияи матлуботи вилоят 55-адад корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар назди бозорҳои марказӣ 21- адад нонвойхона, 4-адад сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва 1- адад сехи дӯзандагӣ, 3- адад сехи пакетбарорӣ сохта шудаанд.
Дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби кооператсияи матлуботи вилояти Суғд ба маблағи 6-милиону 15-ҳазор сомонӣ молу маводи ниёзи мардум истеҳсол карда шуд, ки ин 121,5 фоизи нақшаи муқарраргардидаро ташкил медиҳад.Соли 2005-ум агар истеҳсоли молҳои ниёзи мардум 317-ҳазор сомониро ташкил дода бошад, соли 2009 ин нишондиҳанда ба 2-миллиону 572-ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоишаш зиёда аз 8-маротибаро ташкил медиҳад.
Самти асосии фаъолияти саноати кооперативӣ истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ,маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, консерв ба ҳисб меравад.Истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ дар панҷ соли охир яъне солҳои 2005-2009-ум 21-ҳазору 873-тоннаро ташкил дод, ки 513 тонна аз нақшаи муқарраргардида зиёд мебошад. Боиси қайд аст, ки дар соли 2005-ум 100-адад муассисаҳои саноати кооперативӣ дар иҷора буда,дар онҳо 68-фоизи нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол мегардид. Соли охир ҳамаи муассисаҳо аз иҷора ба худистифодабаӣ гузаронида шудаанд ва 4630-тонна нон пурра дар муассисаҳои худӣ истеҳсол шудаанд. Дар давоми панҷ соли охир ба аҳолии деҳот 473,6толнна маҳслоти қаннодӣ, 210- тонна ҳасиб, 172,5-ҳазор декалитр нӯшокиҳои ташнашикан, 2-миллиону 233-ҳазор қутии консерв ва ба маблағи 209-ҳазор сомонӣ маҳсулоти ғайри хӯрокворӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбати нақшаи муқарраргардида аз 3 то 83% зиёд аст.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 978

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: