|

Реферат: Истиқлолият бақои таърихи Миллат

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-05

Нақши иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар  пешрафти
иқтисодиёти вилояти Суғд

«Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмин намудани мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   
Эмомали Раҳмон.

      Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 5-уми январи соли 2008 ворид намудани таъғироту иловаҳо ба ин қонун , шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикитсон  муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақилияти кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Матлуботчиён дар давраи ҳисоботи ҳафт маротиба маҷлиси Шӯрои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғдро доир карда туфайли онҳо  ба бисёр иқдомҳои шоиста рӯ оварданд. Аз ҷумла бо назардошти талаботи айёми иқтисоди бозоргонӣ «Барномаи рушди кооператсияи матлуботи вилояти Суғдро дар солҳои 2005-2009» таҳия ва қабул кардаанд.  28-номгӯи ҳатмии молу маҳсулот барои фурӯшгоҳҳо, азнавбаҳисобгирии воситаҳои асосӣ, ташкили гармхонаҳо ва истифодаи самараноки замин ва дигар ташаббусҳои нек рӯй оварданд.
Дар таъмини иҷрои «Барномаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» саҳм гирифта, матлуботчиёни вилоят барои эҳтиёҷмандон 1100 адад ҷойҳои корӣ муҳайё намуданд.  Ҳамаи ин тадбирҳо бо мақсади амалӣ гардонидани қарору дигар санадҳои Ҳукумати мамлакату вилоят ва раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, ки ҳадафаш беҳтар ташкил намудани хизматрасони ба аҳолии деҳот ва ба даст овардани судмандии фаъолият мебошад, равона гардидааст.
Дар муддати зииёда аз панҷ соли гузашта дар ҳаёти кооператсияи матлуботи вилоят бисёр тағйироти назаррас ба вуҷуд омад ва аз ин таъғироти таърихӣ ёдовар шудан ниҳоят ба маврид аст.дар ин муддат ҳафт маротиба Шӯрои Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд даъват карда шуда, масъалаҳои муҳиму таъхирнопазири соҳа баррасӣ гардиданд.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 381

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: