|

Реферат: Фаъолияти тиҷоратӣ

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2018-01-05

1. ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТИ

1. Фаъолияти тиҷоратӣ
2. Таснифи хавфҳои соҳибкорӣ
 3. Идора кардани хавфи соҳибкорӣ

1.  ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТИ
Қабули қарор дар фаъолияти сохторҳои тиҷоратӣ дар вазъи чунон номаълуме сурат мегирад, ки бояд аз чанд роҳи имконпазире, ки оқибати ҳар як фаъолияти соҳибкориро пешбинӣ кардан душвор аст ва бояд аз сад қарор якеро интихоб кард. Воқеан қариб ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти инсон ба хавф марбут аст, ва дар ҳар шароит ва омилҳои хеле зиёде оқибати мусбӣ ё манфӣ меорад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки хавфи ноил шуданатавонистан ба натиҷаи дилхоҳи ниҳоӣ махсусан дар шароити куллан умумӣ будани муносибатҳои моливу пулӣ, рақобати онҳое, ки дар муомилоти хоҷагидорӣ ширкат меварзанд, бештар зоҳир мешавад. Бинобар он, вобаста ба паӣдоиш ва рушди муносибатҳои капиталистӣ роҷеъ ба хавф назарияҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунанд, классикони назарияи иқтисод бошанд ба тадқиқоти проблемаи хавф дар фаъолияти тиҷоратӣ диққати махсус медиҳанд.
Ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ сабаби воқеии паӣдо шудани хавфҳо ҷоӣ дорад. Зеро қаблан ба инобат гирифтани таъсири тамоми омилҳое, ки натиҷаи ниҳоии фаъолияти ширкатеро муайян мекунад, имкон надорад ва дар сурати ҷараён доштани фаъолияти мушаххасе аксар омилҳо метавонанд ба куллӣ тагӣир ёбанд. Бинобар он, соҳибкор метавонад дар ҳамагуна мароми фаъолияти ширкаташ, дар тамоми марҳилаҳои раванди истеҳсолот паӣдарпаӣ зарар бинад. Дар таълимоти классикони назарияи иқтисод он ақидаи махсус таъкид мешавад, ки соҳибкорӣ фаъолияти хавфнок аст. Мусаллам аст, ки фоида гирифтан ё зарар диданро ба соҳибкор касе кафолат намедиҳад ва подоши сарфи вақт, саъю кӯшиш ва қувваю маҳораташ метавонад фоида ё баръакс зиён бошад.

Ба сабаи муайян набудани таъсири омили беруна нисбат ба корхонаи тиҷоратӣ, хавфи тиҷоратӣ асоси воқеӣ дорад. Омилҳои беруна ба шароитҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғ. вобаста мебошанд, ки соҳибкор дар доираи он фаъолият мебарад ва маҷбур аст ба ҳар гуна тагиӣроти он мутобиқ шавад.

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 308

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Пулод
Санаи дохилгардида: 2014-10-18

Офтоби дурфишон нею офтоби нурфишон дуруст аст.

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: