|

Реферат: Фаъолияти конситутсионии Маҷлиси намояндагон

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-30

Нақша:
 1. Қонуни конситутсионии ҶТ дар бораи Фаъолияти маҷлиси намояндагон

2. Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон

3.  Фаъолияти қонунгузории маҷлиси намояндагон.

Қонуни конситутсионии ҶТ дар бораи Фаъолияти маҷлиси намояндагон
Моддаи 34.

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон онро мебарад.
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.
Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он иштирок кунанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи rонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронда мешаванд.

Моддаи 35.

Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар маrомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 36.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халr пешниҳод намудани лоиҳаи rонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
3. Тасдиrи барномаҳои иrтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти rарзи давлатӣ;
5. Тасдиr ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиrи рамзҳои давлатӣ;
9. Тасдиrи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиrи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
12. Муrаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
13. Муайян намудани маоши Президент;
14. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва rонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда rарор rабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон rабул мегардад, агар тартиби дигари rабули rарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

 

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 433

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: шариф
Санаи дохилгардида: 2014-09-27

братан гап нест!!!!!!!!!!!!!! Манбаъ:

Каментарй дохил кард: Фаридун
Санаи дохилгардида: 2014-09-27

барои шератон ташакур!!!!! дигар шоиро хам хамин хел шкрои хар нависанд мемуранд

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: