|

Шаклхои танзими давлатии савдои байналхалки

Тартибдиханда:

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-01-04

Шаклхои танзими давлатии савдои байналхалки.

  1. Сиёсати беруна ва усулхои танзими давлатии савдои беруна.
  2. Усулхои тарифи ва uайритарифии танзими савдои беруна. Намудхои пардохтхо ва квотахо.

1. Давлат хамчун субъекти иктисоди дар хама xабхахои фаъолияти хоxагидории иктисодиёти милли иштирок мекунад. Вобаста ба ин давлат савдои берунаро низ бо максади самаранок намудани он танзим мекунад. Танзими давлатии савдои байналхалки метавонад дар шаклхои зерин баромад кунад:

  • Яктарафа, вакте, ки фишангхои танзими давлати аз тарафи хукумати мамлакат бе огохи ва ё машварат бо хамкорони савдои истифодабурда мешаванд. Одатан чунин чорахо xавобан ба карорхои дигар мамлакатхо амали гардонида мешавад ва метавонад ба шиддатёбии муносибатхои сиёсии мамлакатхои хамкор оварда расонад;
  • Дутарафа, вакте, ки чорахои сиёсати савдо бо гуфту шуниди тарафайн байни мамлакатхои хамкор амали гардонида мешавад. Масалан, оиди эътироф намудани сертификатхои сифат, талаботхои техники, ба кутихо xо ба xо куни ва uайрахо;
  • Бисёртарафа, вакте, ки сиёсати савдо бо рохи созишномахои бисёртарафа кабул карда шуда, танзими он амлали карда мешавад. Масалан, сиёсати бисёртарафаи савдои байналхалки чунин созишномахоро дар бар мегирад: Созишномаи генерали оиди тарифхо ва савдо (ГАТТ), созишнома дар сохаи савдои мамлакатхо – аъзохои Иттифоки Европа (ЕС) ва uайра.

Вобаста аз масштабхои дахолати давлат ба савдои байналхалки сиёсати савдои протексионисти ва сиёсати савдои озодро (фритредерство) фарк мекунанд.
Сиёсати савдои озод – сиёсате, ки дахолати минималии давлатро ба савдои беруна дар назар дорад. Яъне хангоми чунин сиёсат савдои беруна дар асоси куввахои бозории талабот ва таклифот инкишоф меёбад.
Сиёсати протексионизм – сиёсати давлат, ки бозори дохилро бо воситаи истифодабарии усулхои тарифи ва uайритарифи аз ракобати хориxи химоя мекунад.
Оиди бехтарии ин ё он сиёсати савдо олимон асрхо бахс мекунанд. Дар даврахои гуногуни таърихи савдои беруна аз як намуди сиёсат ба намуди дигараш табдил дода мешуд. Бояд кайд намуд, ки дар ягон давраи таърихи нмудхои сиёсати савдои беруна дар намуди холис баромад намекарданд. Дар солхои 50 – 60- ум ба савдои байналхалки гузариш аз принсипхои протексионизм ба принсипхои либерализатсия ва озодии савдои беруна хос буд. Дар ибтидои солхои 70-ум мамлакатхо аз савдои озод бо рохи xори намудани усулхои тарифи ва хусусан uайритарифи барои дастгири намудани бозори дохилии худ аз ракобати беруна, боз ба принсипхои протексионизм рeй оварданд.
Боиси кайд аст, ки протексионизми муосир дар сохахои нисбатан хурд айён мегардад. Инкишофи тамоюли протексионисти имконият медихад, ки як чанд шаклхои он аз хам xудо карда шаванд:

  • протексионизми селективи – ба мукобили мамлакатхои алохида ва ё молхои алохида равона карда шудааст;
  • протексионизми сохави – сохахои муайянро химоя мекунад, пеш аз хама хоxагии кишлокро дар чорчeбаи протексионизми аграри;
  • протексионизми коллективи – аз тарафи гурeхи мамлакатхои муайян нисбати мамлакатхои ба гурeхи онхо дохил намешуда амали гардонида мешавад;
  • протексионизми пeшида – бо усулхои сиёсати иктисодии дохили амали карда мешавад.

2. Фишангхои танзими давлатии савдои байналхалки бо хусусияти худ ба усулхои тарифи (дар истифодабарии тарифхои гумруки асос меёбад) ва uайритарифи (усулхои бокимондаи танзими савдои байналхалки) xудо мешаванд. Усулхои uайритарифии танзими савдои беруна ба усулхои шуморави ва усулхои протексионизми пинхони таксим мешаванд. Фишангхои алохидаи сиёсати савдо одатан дар холати зарурияти махдудкунии воридот ва хавасмандгардонии содирот истифодабурда мешаванд.
Вазифаи асосии давлат дар сохаи савдои байналхалки – ин ёрии амали ба содиркунандагон барои бисёртар ба хориxа баровардани молхо ва хизматхо ва махдудкунии воридот бо рохи паст намудани ракобатнокии молхои хориxи дар бозори дохили мебошад. Бинобар хамин кисми усулхои танзими давлатии савдои беруна барои химояи бозори дохили аз ракибони беруна равона карда шуда, пеш аз хама ба воридот нигаронида мешавад. Кисми дигари усулхо ба хавасмандгардонии содирот равона карда мешавад.

Таснифоти фишангхои сиёсати савдо

Усулхо

Фишангхои сиёсати савдо

Асосан танзим мекунад

Тарифи

Боxхои гумруки
Квотаи тарифи

 

Воридот
Воридот

F
а
й
р
и
р
а
р
и
ф
и

Шуморави

Квотирони
Литсензиякунони
«Махдудкуни бо хохиши худ»

 

Содирот
Содирот

Воридот
Воридот

Пeшида

Харидхои давлати
Талаботхо оиди нигохдории компонетхои махалли
Монеъахои техники
Андозхо ва пардохтхо

 

Воридот

Воридот
Воридот
Воридот

Молияви

Субсидияхо
Карздихи
Демпинг

Содирот
Содирот
Содирот

 


Аз xадвали мазкур маълум мегардад, ки усули тарифии танзими савдо истифодабарии боxхои гумруки ва квотахои тарифиро дар назар дорад.
Тарифи гумруки дар хар як мамлакат аз мизонхои аники боxхои гумруки иборат аст, ки барои андозбандии молхои воридшаванда ва ё содиршаванда истифодабурда мешаванд.
Боxи гумруки – ин пардохти хатми, ки аз тарафи органхои гумруки хангоми воридот ва ё содироти молхо ситонида мешавад.
Боxхои гумруки се вазифаи асосиро иxро мекунанд:

  • фискали, ки ба боxхои воридоти ва содироти мансуб аст, зеро онхо яке аз кисмхои даромади буxети давлати мебошанд;
  • протексионисти, ба боxхои воридоти мансуб аст. Бо восиати он давлат истехсолкунандагони дохилиро аз ракибони хориxи химоя мекунад;
  • мувозинати, ки ба боxхои содироти хос буда, бо максади бартараф намудани содироти пешбининашуда равона карда мешавад.

Бо тарзи синонидан боxхои гумруки xудо мешаванд:

  • адвалори – бо хисоби фоиз аз арзиши гумрукии молхои савдо мешуда ситонида мешавад (масалан, 20% аз арзиши гумруки);
  • махсус – бо хаxми муайян шуда аз хар як вохиди моли хариду фурeш карда мешуда (масалан, 10 доллар барои хар 1 тонна);
  • комбинирони – хар ду намуди боxхоро дар бар мегирад (масалан, 20% аз арзиши гумруки ва на зиёда аз 10 доллар барои хар 1 тонна).

Аз рeи объект боxхои гумруки ба чунин намудхо xудо мешаванд:

  • воридоти – боxхо барои молхои воридоти, хангоми барориши онхо барои гардиши озод дар бозори кушод;
  • содироти – боxхое, ки барои молхои содироти хангоми барориши онхо аз худуди минтакахои гумрукии мамлакат ситонида мешаванд;
  • транзити – боxхое, барои молхои транзити истифодабурда мешавад.

Аз рeи хусусият боxхои гумруки xудо мешаванд: мавсими – боxхое, ки барои танзими фаврии савдои байналхалкии молхои характери мавсими дошата, пеш аз хама барои молхои хоxагии кишлок истифода мешаванд;

  • зидди демпинги – боxхое, ки хангоми воридоти молхои бо нархи нисбат ба нархи аслиаш пасттар истифода мешавад.

Бо пайдоишашон боxхои гумруки мешаванд:

  • автономи – боxхое, ки дар асоси карори яктарафаи давлатхо ворид карда мешаванд;
  • конвенсиони (шартномави) – боxхое, ки дар асоси созишномахои дутарафа ва ё бисёртарафа xори карда мешаванд, ба монанди Созишномаи генерали оиди тарифхо ва савдо (ГАТТ);
  • преференсионали – боxхое, ки нисбат ба тарифхои гумрукии вуxуд дошта мизони паст доранд, ки дар асоси шартномахои бисёртарафа барои дастгирии мамлакатхои тараккикардаистода xори карда шудаанд.

Аз рeи мизонхо:

  • доими – тарифи гумрукие, аз тарафи органхои давлати xори карда шуда, бетаuйир амал мекунанд;
  • таuйирёбанда – тарифхои гумруки, ки вобаста аз вазъияти бозори xахони дар чорчeбаи муайян шуда бо карори органхои давлати таuйир меёбанд.

Бо тарзи хисобкуни:

  • номинали – мизонхои тарифи, ки дар тарифхои гумруки кайд каржа шудаанд;
  • самаранок – сатхи аслии боxхои гумруки ба молхои вопасин, бо хисоби сатхи боxхои деталхо ва ё кисмхои воридотии ин мол хисоб карда мешаванд.

Усулхои uайритарифи махдудукунии шуморави, усули пeшида, усули молияви ва усули uайрииктисодиро дар назар дорад.
Махдудкунии шуморави – шакли маъмурии танзими uайритарифии давлатии савдо мебошад, ки шумора ва номгeи молхои воридоти ва содиротиро муайян мекунад. Махдудкунии шуморави бо карори як тарафа ва дар асоси созишномаи бисёртарафа истифода шуданаш мумкин аст. Шакли аз хамак пахн гаштаи усули махдудкунии шуморави ин квотирони мебошад.
Квота – ин чораи uайритарифии шуморави буда, барои махдудкунии содирот ва ё воридоти мол бо шумораи муайян дар фосилаи вакти муайян дар назар дорад.
Бо квотирони литсензиякунони зич алокаманд мебошад. Литсензиякунони – танзими фаъолияти берунииктисоди бо воситаи пешкаш намудани иxозатхо барои содирот ва воридот молхо бо шумораи муайян ва дар фосилаи вакти муайян дар назар дорад. Махдудкунии шуморавии воридот ба мамлакат на танхо бо карорхои давалати, балки бо воситаи махдуд намудани содироти ин молхо бо хохиши содиркунандагон ба вуxуд омаданаш мумкин аст.
Махдудкунии содирот бо хохиши худ – ин махдудкунии шуморавии содирот, ки дар eхдадории яке аз тарафхо асос меёбад. Инчунин давлат барои танзими савдои беруна протексионизми пeшидаро низ истифода мебарад, ки бо чунин чорахо амали гардонида мешавад:

  • монеъахои техники – дар назар дорад, ки конунхои техники ва маъмурии милли чунин тартиб дода шудаанд, ки ба воридоти молхо монеъа мегузорад;
  • андозхо ва пардохтхои дохили – усули пинхонии сиёсати савдо, ки ба баланд намудани нархи дохилии молхои воридоти равона карда мешавад;
  • сиёсати харидхои давлати – дар назар дорад, ки давлат бояд як катор молхоро аз истехсолкунандагони милли харидори намояд.

Усулхои молиявии сиёсати савдо дар назар дорад, ки агар давлат хавасмандгардонии содиротро зарур дорад, он барои ривоx додани содирот аз буxети давлати метавонад ба истехсолкунандагони милли субидияхоро пешкаш намояд. Барои чунин максадхо усули демпинги истифодабурда мешавад. Демпинг – усули uайритарифии молиявии сиёсати савдо буда, дар харакати молхо ба бозори беруна дар асоси паст намудани нархи моли содиршаванда аз нархи аслии он дар назар дорад.
Усулхои uайрииктисодии танзими uайритарифии савдои беруна дар асоси созишномахои бисёртарафа ва ё дутарафа амалигардонида мешаванд.
Шарномахои савдои – намуди шарномаи байни давлатие, ки принсипхо ва реxаи савдои дутарафаро дар бар мегирад.

Дидан карданд: 2231

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: