|

Реферат: Афзалияти тараққиёти иқтисодиёти ҶТ

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-21

Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозори ҳалли вазифаҳои стратегии сиёсати сохторӣ аҳамияти калон дорад. Чораҳои аввалиндараҷа дар ин шароиттараққӣ додан ва дигаркунии ҳамон соҳаҳое мебошанд, ки онҳо дар солимгардонии тамоили иқтисодиёт буда метавонад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бозсозии сохтори бахши аграри, соҳаи сӯзишворӣ-энергетикӣ, мошинсозӣ, кӯҳӣ металургӣ ва инфраструктураи иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон барои тараққиёти ҳамаҷонибаи худ, қабл аз ҳама захираҳои кофии меҳнатӣ ва шароитҳои мусоиди иқлимӣ дорад.
Хоҷагии қишлоқи Ҷумхурии Тоҷикистон асосан ба заминдорӣ обӣ такя менамояд. Заминҳои обӣ 90%-и маҳсулоти кишоварзиро медиҳад, ва майдони онҳо 1.3 млн га асту аз он фақат 700000 га дар доираи истеҳсолот қарор дорад.
Пайваста ба ин истифодаи таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ Мексика, Ҳиндустон, Покистон, Чину Ҳоландия оиди истифодаи замин аз фоида холӣ нест. Дар кори азхудкунии комёбиҳои техникӣ ва амалияи пешқадам дар соҳаи агросаноатӣ гардиши куллӣ ба амал овардан лозим аст.
Иқтидори содироти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз ҳисоби бахши агросаноатӣ баланд бардоштан мумкин аст. Захираҳои аз ҳама зиёди ин самт дар соҳаҳои мевапарварӣ ниҳон аст.
Аз соли 1997 сар карда дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешгирӣ намудани пастравии муқоиса бо соли 1989 (соли нишондиҳандаҳои аз ҳама баланди макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бояд 51.4%-ро ташкил диҳад. Таҳлили рақамҳо нишон медиҳад, ки то имрӯз механизми истифодаи пурраи иқтидори иқтисодии мамлакат ба қадри кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Аксарияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳаҷми пурра фаъолият намекунанд.
Дар вазъияти кунунии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати сӯзишворӣ доштанашон, ашёи хоми бебаҳои як қадар маҳсулотҳои химиявӣ мебошаду, ин маҳсулотҳо дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад.
Соҳаи саноати химия низ яке аз соҳаи самарабахш буда, барои тараққиёти он базаи мустаҳками ашёи хом ва иқтидорҳои истеҳсолӣ мавҷуданд. Гузаронидани кадрҳо оиди ташкили мӯътадили кори заводи нуриҳои азотии Вахш ва азхудкунии захираҳои фосфорӣ масъалаи навбатии рӯз гардидаанд.
Дар баробари иқтидорҳои бунёдгардидаи саноатӣ соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти Чумҳурии Тоҷикисгон нақши бузурге мебозад. Соҳаи кишоварзӣ тадриҷан ба иқлим, муҳит ва шароити ноҳияҳо махсус гардонида шуд. Соҳаи асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтакорӣ ба ҳисоб меревад.
Пахта дар баробари яке аз манбаъҳои асосии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани асъори хориҷӣ буданаш, инчунин зиёда аз 80 соҳаи истеҳсолоти мамлакатро ба кор таъмин менамояд.
Тоҷикистон агар аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолоти нахи пахта дар байни 14 давлати цаҳон, баъд азХитой, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Бразилия, Туркия, Миср, Туркманистон, Аргентина, дар ҷойи 11-умбошад, пас аз ҷиҳати сифат ва ҳосилнокӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишùол менамояд.
Пахтаи навъи Мисрӣ ва моҳин нахи истеҳсолӣ Тоҷикистон дар биржаи пахтаи Ливерпул бинобар сифати баланд доштанаш харидори зиёд дорад.
Дараҷаи пасти ҳосилнокӣ меҳнат дар истеҳсолоти кишоварзӣ Тоҷикистон боиси ташвиши мегардад. Дар баробари ҳосилнокии паст талафоти сабзавод, мева, зироатҳои полизӣ, ғалла, картошка, аз лаҳзаи ғумучин, кашондан, нигоҳдори коркард то истеъмол ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ зарари беҳад калон мерасонад.
Сарфи назар аз таҷрибаи бойдор тули 19-солаи соҳибистиқоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯхта, барои пешгири намудани ин ҷараён ягон тадбир андешида нашудааст.
Мева ва маҳсулоти кишоварзӣ бо усули кӯҳна ба бозор бароварда мешавад, ки он боиси паст шудани сифати он мебошад.
Дар ояндаи наздик бо мақсадм ҳарчи бештар ба ҷумҳурӣ ворид намудани асъори хориҷӣ ба истеҳоли шароб, каняк, виски, нӯшокиҳои гиёҳдор, балзам шурӯъ намудан лозим аст.
Олимони тоҷик дақиқ намудаанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергетикӣ мебошад. Вобаста ба иқтидори мавҷуд ҷои аввалро захираҳои сӯзишворӣ -79%( Нафт-2%, газ-5%), ҷои дуюмро қувваи офтоб 20% ва тахминан дар ҳудуди 1% қувваи ҷараёни об ва бод ҷои сеюмро ишғол мекунад. Аз маҷмӯи захираҳои энергетикӣ имрӯз дар Тоҷикистон дар доираи 30% қувваи маҷрӯи об ва тахминан 2.4%-и захираҳои сӯзишворӣ истифода бурда мешавад.
Ҳоло Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини пешрафти саноати нафту газ иҷрои нақшаҳои зеринро вазифаҳои асосии худқарор додаст:
-аз вобастагии нафти гази хориҷӣ баровардани иқтисодиёти Тоҷикистон.
-вусъат бахшидан ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ вобаста ба муайян намудани захираҳои нави нафту газ.
-ба охир расидани сохтани корхонаи истеҳсоли гази моеъ, ки иқтидори он 3000 тонна дар як сол аст.
-оғоз намудани сохтани корхонаи коргарди нафт ба иқтидори 500 ҳ.т. дар ш. Исфара ба мақсади истеҳсол намудани бензин, керасин, солярка, ва мазут.
Амалӣ намудани ин тадбирҳои дар боло овардашуда имконият медиҳад, ки Чумҳурии Тоҷикистон бо нафт ва газ худро таъмин надорад ва ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат кӯмак расонад.
Мувофиқи ҳисоботи олимон иқтидори захираҳои гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 527млрд кВТ арзёбӣ мешавад. Ин миқдор қувваи барқ ба ҳар як 1км мураббаи ҳудуди ҷумҳурӣ 3.683ҳ кВТ -ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ дар Федеретсияи Россия ва Украина ба ҳар як км мураббаъ даҳҳо маротиба зиёд аст. Солҳои 1960-1980 дар асоси нақшаи дурнамо дар дарёи Вахш ва Панҷ мебоист 16 иншооти барқӣ бо иқтидори умумии 16,6 млн.кВТ бунёд карда мешуд дар тули ин солҳо иншооти обии Норак бо иқтидори 3 млн. кВТ, Бойғозӣ бо иқтидори 600 ҳазор кВТ ба истифода дода шуд. Бо суръати том корҳои сохтмонӣ дар иншооти обии Роғун (бо иқтидори З.бмлн.кВТ) ҷараён доштаанд. Дар тӯли панҷ соли барои бунёди ин иншоот зиёда аз 800 млн. доллар сарф карда шуд. Ҳоло бошад, барои ба охир расонидан он мувофиқи нақша 500 млн. доллар лозим аст. Даҳсолаҳои охир аниқ карад шудааст, ки бунёди иншоотҳои барқӣ вобаста ба суръати баланди худхароҷотпӯшонӣ барои сармоягузорони хориҷӣ хеле ҷониб ва муфид аст. Муҳим он аст, ки иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар баробари манбаи асосии қувваи барқ буданашон обанборҳои онҳо барои захира намудани об ва дар соатҳои лозима бо об таъмин намудани заминҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзонтарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, ба Тоҷикистон шароит медиҳад, ки дар солüои наздик қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоя Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, ки чунин шароит надоранд, фурӯшанд.
Бинобар ин имрӯзҳо сиёсати Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат бояд пеш аз ҳама, барои аз вобастагии энергетикӣ баровардани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикисон, таъмини фаъолияти самаранокии иншоотҳои барқӣ равона карда шавад. Барои амалӣ шудани ин мақсад ба охир расонидани сохтмони сарбанҳои иншоотҳои барқии Роғуну Санпуддда фавран ба истифода додани ду агрегати неругоҳи барқии Роғун лозим аст.
Бояд қайд кард, ки даҳсолаи охир бо вуҷуди пешрафти соҳаи энергетикаи тоҷик он дар маҷмӯи иқтидори мавҷудияти захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0.8%-ро ташкил менамояд.
Саноати Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим ва асоси пешрафти иқтисодиёти мили Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар тарақкиети саноати истихроæи кӯҳӣ, дар баробари васеъкунии истихроҷи маъдан дар корхонаҳои амалкунанда, ташкилу васлкунии корҳои тадқиқотӣ оиди истифодаи ҷамъи маъданҳо, партовҳои саноатӣ ва ҷинсҳои кӯҳии лозим мебошад. Онро дар назар доштан зарур аст, ки махсулоти ин соҳаи саноатӣ воситаест, ки тахассуси байналхалқии хоҷагии ҷумхурӣ гардида, иштироки онро дар тақсимоти байналхалкии мехнат васеъ мегардонад. Пайваста ба ин, махсулоти саноати кӯҳӣ сарчашмаи хуби бадастории асъори хориҷиест, ки ба он ҷумҳурии мо хеле ниёзманд мебошад. Бо назардошти ҳамин аз худкунии кони «Кони Мансури Калон» масъалаи хеле рӯзмарра аст. Истифодаи маъдани «Кони Мансури Калон» Тоҷикистонро дар миқёси байналхалқӣ ба истехсолкунандаи калони металли нуқра овоздор хоҳад намуд. Пайваст ба ин, дар таркиби маъдани ин дар баробари нуқра, металлхои кӯрғошиму руҳ, висмут, мис, тилло, флюрит ва ùайраüо мавæуданд ва онҳоро дар шароити саноатӣ ҷудо карда гирифтан мумкин аст.
Üалли масьадаи бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин намудани заводи алюминиро вазифаи рузхмарра ҳисоб кардан мумкин мебошад. Аз ин нигоҳ гузаронидани тадкикотҳои иловагӣ оиди дарёфткунии технологияи коркарди ашёи хоми он нефлинхои сиенитдори кони Турпӣ (дар ноҳияи Рашт) бо мақсади мувофиқаст.
Масьалан муайянкунии дуюмин тараққии иттиходияи истеҳсоли Металлҳои камёфти Шарқ (Востокредмет)-ро яке аз масъалаҳои ҳалталаб шуморидан мумкин аст.
Сохаи саноати химия низ яке аз сохаи самарабахш буда, барои гараккиёти он базаи мусгахками ашёи хом ва иктидорхои исгехсолӣ мавҷуданд. Гузаронидани корüо оиди ташкили мӯътадили кори заводи нуриҳои азотии Вахш ва азхудкунии захираҳои фосфори ҷумхурӣ ба мақсади ташкили истеҳсоли нурихои фосфорӣ масъалаи навбатии рӯз гардидаанд.
Дар каламрави Помир, ягона кони бор дар микёси ИДМ кашфу тадкиқ карда шудааст. Ташкили истеҳсоли он на танҳо ба болоравии иктисодиёти ин минтака, балки иктисодиёти ҷумҳурӣ омили муҳим аст.

Ҳамин тариқ, тавассути муносибати окилона азхудкунию истифодаи маҷмӯи имкониятхои мавҷуда Точикистонро ба қатори мамлакатҳои тараққикарда ворид намудан мумкин аст

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 594

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: