|

Реферат:Даромад, моҳият ва шаклҳои он

Тартибдиханда: ya.ru, google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-12-14

Даромад, моҳият ва шаклҳои он
Даромад ҳамчун нишондиҳандаи ниҳоии фаъолияти иқтисодии субъектҳои иқтисодӣ тасаввур карда мешавад. Он дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун қисми афзудаи арзиши моли тавлидкарда нисбат ба масрафи истеҳсоли он, инчунин вазни қиёсии ҳар як синфу табақа, гурўҳҳои иҷтимоӣ ва фардҳои ҷудогона дар тавлиди маҳсулот ва аз худ кардани он фаҳмида мешавад.
Ташкил ва тақсими даромад бидуни таъсири давлат, таҳти таъсири  қонуни тақозо ва арза ва меъёри ҳосилнокии омилҳои истеҳсолот сурат мегирад.
Ба он рамзан принсипи “ҳаққи баробар ба меҳнати баробар” мусоидат мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба ашхосе, ки дорои меҳнати беихтисос бошад, ҳаққи паст ва ба шахсони ботаҷрибаю бомаҳорат, кордону корчаллон ва баландихтисос ҳаққи баландтар дода мешавад.  
Аз ин нуқтаи назар низоми бозорӣ сатҳи муайян ва устувори беҳбудии одамонро таъмин ва кафолат ба он дода наметавонад.
Дараҷаи беҳбудии омма, асосан таҳти нуфузи сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад ва ба воситаи тадбирҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.
Аз қайдҳои боло хулоса бармеояд, ки ташкил ва тақсими даромад зери механизми озоди бозор ва танзими давлат қарор дорад.   
Сатҳ ва динамикаи даромади аҳолӣ бо воситаи нишондиҳандаи  даромади исмӣ ва воқеӣ муайян карда мешавад.
Даромади исмӣ (номиналӣ) - даромаде мебошад, ки субъектҳои иқтисодӣ дар як мўҳлати муайян ба ивази кор ё худ адои хизмат, дар шакли пул ба даст меоранд. Он ҳамчун музди кори исмӣ, ҳаққи меҳнати бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки дар шакли музди кор дода мешавад, ташкил меёбад.
Сарчашмаи онро даромади пулие, ки аз ҳисоби ёрдампулию имтиёзҳои давлатӣ ба воситаи бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавию бонкҳои амонатӣ ворид мешаванд, воситаҳои пулӣ ё худ натуралие, ки коргарони кироя ба ивази меҳнати худ аз соҳибкорон ва дигар корфармоён мегиранд, даромад аз хоҷагиҳои ёрирасони худӣ (хусусӣ), ҳаққи меҳнат дар кооперативҳо ва ғайра ташкил медиҳад.
Ёрдампулӣ ва имтиёз тибқи барномаи давлатӣ ҳамчун шакли нафақа, нигоҳ доштани шахсони ғайри қобили меҳнат, нигоҳубини кўдакон, хизматрасонии тиббӣ, имтиёзу ёрдампулиҳо барои беморон, мактабиён ва ғайра ба амал бароварда мешавад.
Даромади воқеӣ (реалӣ) - даромаде мебошад, ки аз ҳисоби он субъектҳои иқтисодӣ қодиранд мол ва хизматҳои заруриро дар шароитҳои зарурӣ ва давраҳои муайян ба даст оранд.

 

Барои гирифтани давоми реферат ба администратори сомона муроҷиат намоед! (Viber)(+992)985-400-800

Дидан карданд: 401

Рефератҳои нав:

Кори Курсӣ: Асъор танзим ва назорати он

Кори Курсӣ: Мафҳуми гумрук

Кори Курсӣ: Шакл ва асосҳои методологии менеҷмент

Кори Курсӣ: Шакл ва намудҳои батанзимоварии ҳуқуқии бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори Курсӣ: Масълаҳои барномасозии хатти

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: mehrdod1@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2013-05-17

мехрдоди мухтор

Каментарй дохил кард: каллаев М Т
Санаи дохилгардида: 2013-07-02

Бонк одама хонахароб мекунад карз нагиред.

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: