|
youtaj

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-24

Нақша:

  1. Касби омўзгорӣ дар системаи касбҳои "Инсон - Инсон". Хусусиятҳои ба худ хоси касби омузгорӣ.
  2. Мавқеи касби омузгорӣ дар ҷомеа ва талоботҳо нисбат ба касби омўзгорӣ.
  3. Хусусиятҳои фаъолияти омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимиву-тарбиявии гуногуншакл (гимназия, литсей, мактабҳои хусусӣ, коллеҷ ва диг.).
  4. Тавсифномаи касбии омўзгор – асоси тайёрии касбии омўзгори оянда.

Дар моддаи 35 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад». Барои таъмини иҷрои ҳуқуқи мазкур ҳар як шаҳрванд меҳнатро чун эҳтиёҷоти табии худ дарк намояд ва дар интихоби касбу кор ва дар фаъолияти меҳнати бошуурона иштирок намояд.
Меҳнат – ин фаъолияти амалиест, ки дар натиҷаи он неъмати моддӣ ва ё маънавӣ офарида мешавад.
Меҳнат – воситаи асосии инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият мебошад. Дар маънии муайян инсонро меҳнат офарида бошад, инчунин меҳнат инсонро чун шахси баркамол ба воя мерасонад. Танҳо дар ҷараёни меҳнат инсон мавқеи маънавии худро дар силсилаи муошироти ҷамъиятӣ муайян менамояд.
Дар шароити муосир фаъолияти меҳнатӣ хусусиятҳои зерини ба худ хосеро дорад: гуногуншаклии меҳнат, нисбат ба муносабати мулкдорӣ; оммавӣ, хусусӣ ва фардӣ; характери ҷамъиятӣ; тақсими меҳнат нисбат ба мулкдорӣ; ҳавасманкунии моддӣ ва маънавии натиҷаи меҳнат ва ғайраҳо.
Фаъолияти меҳнати омўзгор ин дохилшавии он ба олами ботинии тағйирёбанда, муборизона ва инкишофёбандаи шахс мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол системаи тайёрии касбӣ ба вуҷуд омадааст, ки унсурҳои зеринро дарбар мегирад:

  1. Муассисаҳои таълимию тарбиявии касбӣ-техникӣ.
  2. Мактабҳои махсуси миёна: омўзишгоҳ, коллеҷ ва ғайраҳо.
  3. Мактабҳои олии касбӣ: донишкада, донишгоҳ, коллеҷ, академия, бакалавриат, магистратура.
  4. Муассисаҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи зиёда аз 600 номгўи касбу ҳунарҳои гуногун тайёрии махсус ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои касбӣ-техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо толибилмон таҳсил мекунанд.
Мутобиқ ва инкишофи ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа бо ба ҳисобгирии эҳтиёҷоти истеҳсолоти Ҷумҳурӣ аз рўи ихтисосҳои нав тайёрии касбӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии касбии мутахассисон бо мамоликҳои хориҷа ҳамкорӣ мекунад. Ҳар соли хониш зиёда аз 200 хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Ҷумҳурӣ барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристода мешавад. Инчунин, шаҳрвандони мамолики хориҷа ба муассисаҳои таълимию тарбиявии касбии Тоҷикистон барои таҳсил қабул карда мешаванд. Ҳоло дар мактабҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 толибилмони хориҷа таҳсил карда истодаанд.
Касб – фаъолияти меҳнатӣ буда, аз шахс тайёрии махсуси амалӣ ва мутобиқан дорои дониш, маҳорат ва малакаҳои муайянро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз 50 000 намуди касбу ихтисосҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон шаҳрвандон аз рўи зиёда аз 3000 касбу ихтисосҳо фаъолияти амалӣ мебаранд.
Касбҳо дар мавқеи худ ба ихтисосҳо ҷудо мешаванд. Масалан, касби омўзгорӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: муаллими фанни математика, муаллими фанни физика, муаллими синфҳои ибтидоӣ ва ғайраҳо. Касби духтурӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: духтури чашм, духтури ҷарроҳ, духтури бачагона ва ғайраҳо.
Мутобиқ ба объект (предмет)-и меҳнат касбҳо ба панҷ гурўҳ ҷудо карда мешавад:

  1. «Инсон – инсон» – предмети  меҳнат одамон мебошанд. (омўзгор, духтур, коркунони соҳаи хизматрасони)
  2. «Инсон – техника» – предмети меҳнат васоити техникӣ мебошад (ронанда, тракторчӣ, машинист)
  3. «Инсон – табиат» – предмети меҳнат замин, об, наботот ва ҳайвонот мебошад (геолог, чорводор, агроном)
  4. «Инсон – силсилаи нишонаҳо»– предмети меҳнат нишонаҳои шартӣ, формулаҳо, калимаҳо мебошад (муҳосиб,барномасоз, мусаҳҳеҳ)
  5. «Инсон – образи бадеӣ»– предмети меҳнат образи бадеӣ ва унсурҳои он мебошад (рассом, санъаткор, заргар).

Омўзгорӣ касби бошараф мебошад. Аз ибтидои ба вуҷуд омадани одам эҳтиёҷоти омўзиши ҷавонон ба таҷрибаи ҷамъиятӣ ва азхудкунии бошуурона ва бо мақсади таҷрибаи ҳаётӣ ба вуҷуд пайвастааст.
Я.А.Коменский менависад: «Ба омўзгорон вазифаи олиқадр супорида шудааст, ки дар зери офтоб аз он баландтаре нест». К.Д.Ушинский: «Кори омўзгор зоҳиран хоксорона бошад ҳам – бузургтарин кор дар таърих аст».
Бузургон гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст
Омўзгор алоқамандии ҷомеа бо насли наврасро таъмин менамояд. Ҷомеа мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияи ҷавононро муайян мекунад ва вазифаи ҳалли онро ба дасти омўзгор бо боварии комил месупорад. Ҷараёни азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ аз тарафи ҷавонон дар зери роҳбарии омўзгор амалӣ мегардад.
Омўзгор ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва инкишофи маънавии онҳоро таъмин менамояд.
Омўзгор вазифаи масъултарини ҷомеаро ба ўҳда дорад. Ба ў ояндаи ҷомеа, дар айни ҳол аз ҳама нозуктарин неъмати табиат супорида мешавад.                                                                       
Омўзгори имрўза бояд дарои чунин хислатҳою сифатҳо дошта бошад:

  1. Содиқ будан ба давлат, ҷамъият, ба идеяҳои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ;
  2. Бояд ҳаматарафа маълумотнок бошад, ихтисоси худро пурра ва чуқур аз худ карда бошад. Маданияти баланди донишандузӣ дошта бошад;
  3. Омўзгори имрўза бояд устоди касби худ бошад. Педагогика, психология ва услуби таълими фанни ихтисосро пурра донад ва тавоно бошад;
  4. Нисбат ба бачагон меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад ва ин эҳсосотро бо муҳаббат нисбат ба касби худ якҷоя намояд;
  5. Омўзгор одоби касбӣ дошта бошад.

Дигар хусусиятҳои зарурии омўзгор инҳоанд: маҳорати дурусти баҳодиҳӣ; симои намунавии зоҳирӣ; васегии ҷаҳонбинӣ; интизомнокӣ; худфаъолиятӣ; мутобиқати гуфтору рафтор; қавииродагӣ; мардонагӣ; зиндадилӣ; ростӣ; худдорӣ ва ғайраҳо.
Дар замони муосир омўзгор бояд дар бораи иқтисодиёти бозоргонӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Бо васоитҳои техникии нави замонавӣ кор карда тавонад.

Омўзгор пайвандгари авлодон дар ҷомеа мебошад. Ў таҷрибаи ҷамъиятиро ба насли наврас дастрас менамояд.
Касби омўзгорӣ яке аз касбҳои паҳнгашта аст.
Мутобиқи вазифаҳои ҷамъият ҷараёни педагогиро ба роҳ мемонад ва идора мекунад.
Фаъолияти омўзгор ба ояндаи ҳар як фард ва ҷомеа равона карда шудааст. Яъне, ў имрўз инкишофи моддиву маънавии ояндаи шаҳрвандон ва ҷомеаро таъмин менамояд. Ҷавононро ба ҳаёт, ба фаъолияти касбию амалӣ омода менамояд.
Омўзгор ҷараёни аз ҳама мураккабтарин – инкишофи шахсиятро идора мекунад. Мураккабии ҷараён дар тағйирёбии олами маънавии ҷавонон мебошад. Дар фаъолияти меҳнатии омўзгор амалӣ гаштани меъёрҳои муайян карда шуда хело душвор аст. Чун дар урфият мегўянд, дар назди мураккабии олами маънавии инсон мураккабии олам ҳеҷ аст. ҳар як фард хусусиятҳои ба худ хосе дорад, ки такрорнашаванда аст.
Омўзгор идоракунандаи таъсирҳои гуногуни мусбию манфӣ нисбат ба шахсияти насли наврас мебошад. Ба шахсияти тифлон омилҳои гуногун, аз ҷумла, муҳити зист таъсир мерасонад.
Омўзгор идоракунандаи ҷараёнҳои тарбия, худтарбиякунӣ ва аз нав тарбиякунӣ мебошад.
Ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва интихоби касби шаҳрвандон дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст ва амалигардӣ ва ҳимояи он аз тарафи ҷомеа таъмин карда мешавад.
Системаи тайёрии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба эҳтиёҷоти ҷомеа ба вуҷуд оварда шудааст ва ба он аксари аҳли ҷомеа ҷалб карда шудаанд.
Олами касбҳо хело гуногунанд. Барои омўзиши онҳо ва ташкили корҳои касбинтихобкуни он ба гурўҳҳо ҷудо карда мешавад.
Касби омўзгорӣ ояндаи ҷомеа ва шахсиятро меофарад. Омўзгор ҷараёни инкишофи маънавии инсонро идора мекунад.
Тавсифномаи касби омўзгорӣ – ин ҳуҷҷатест, ки дар он талоботҳои асосӣ нисбат ба соҳиби касб мутобиқи стандарти давлатӣ муайян карда шудааст. Тавсифномаи касбӣ асоси муайян намудани мундариҷаи таълиму тарбия дар мактабҳо касбӣ мебошад. Инчунин, дар мавриди банақшагирии эҳтиёҷоти ҷомеа нисбат ба касбҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Тавсифномаи касби омўзгорӣ унсурҳои зеринро дарбар мегирад:

  1. Ҷои кори мутахассис
  2. Талаботҳои умумӣ нисбат ба соҳиби касб
  3. Силсилаи донишҳое, ки соҳиби касб бояд азхуд карда бошад
  4. Силсилаи маҳорат ва малакаҳое, ки соҳиби касб дорои онҳо бошад
  5. Имкониятҳои инкишофи соҳиби касб дар иҷрои вазифа

Дидан карданд: 7448

Мавзӯъҳои монанд:

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: сулх.@amill.com
Санаи дохилгардида: 2016-11-15

СИФАТ?ОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР. ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБ?О

Каментарй дохил кард: d.davlatmamadov@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-03-23

wazm


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: