|

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-24

Нақша:

  1. Хусусияи муоширати касбии хизматчии давлатӣ.
  2. Махсусияти коммуникатсияи касбӣ ва ахлоқи хизматчии давлатӣ.
  3. Намудҳои муоширати касбӣ.
  4. Омилхои сухбати гуворои касбӣ.

       Дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ аз  хизматчиёни давлатӣ талаб карда мешаванд, ки дар ҳалли  муаммҳои сотсиолигӣ ба монандӣ: баланд бардоштани ҳолати зисти  кормандон, муҳофизати муҳити атроф,  кумаки моддӣ ба аҳолии камбизоат, беҳтар намудани ҳолати зисти аҳолӣ  иштирок намоянд.
Муошират – ин муносибат байни гуруҳҳои корӣ ва гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа ба амал меояд, мебошад. Дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ муошират роли басо муҳимро ишғол менамояд. Хизматчии давлатӣ пеш аз ҳама  бо хусусиятҳои этикӣ ва эстетикии худ фарқ мекунад, зеро намуди зоҳирии ва ботинии инсон дар ҳалли муаммо мавқеи хоса дорад.
Муоширати расмӣ-касбӣ бо мақсади муайян дар рафти фаъолияти меҳнатӣ баргузор мегардад. Муоширати касбӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ пеш аз ҳама барои ба даст овардани даромад равона карда шудааст. Муоширати расмӣ якчанд намудҳо дорад:
Сўҳбати касбӣ – муошират байни якчанд нафар  ҳамкорон, ки
бо мақсади ҳалли муаммоҳои муайяни корӣ ва ё барқарор намудани муносибатҳои касбӣ хизмат мекунад.
Сўҳбати касбӣ бо телефон – воситаи алоқаи оперативӣ, ки барои осон ва зуд ҳал кардани муаммоҳои касбӣ мусоидат намуда, аз ҳар ду тараф коидаҳои одоби гуфтугўии телефониро талаб менамояд,  дар рафти сўҳбати телефонии пеш аз ҳама салом гуфтан ва пас ба ҳалли муаммо оғоз намудани хизматчии давлатӣ зарур аст.
Дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлати муоширати касбӣ барои баёни ақидаҳо ва ба даст овардани ин ё он мақсад равона карда мешавад.
Инчунин дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ мулоқоти касбӣ, пресс-конфренсияҳо, суханронии оммавӣ, навиштаҷотҳои касбӣ, мактубҳои расмӣ мавкеи хоса доранд:
- мулокоти касбӣ ивази ақидаҳо дар асоси қоидаҳои муайян, ки бо иштироки якчанд зердастон ва ҳамкорон ба амал меояд.
- пресс-конфренсия – вохўрии шахсони расмӣ ба монанди роҳбарон, арбобони сиёсӣ ва давлатӣ мутахассисон, соҳибкорон ва ғ. ки бо ёрии расонаҳои хабарӣ бо мақсади расонидани маълумот доир ба масъалаҳои муҳим ба аҳли ҷомеа ба амал бароварда мешавад.
- суханронии оммавӣ бо мақсади расонидани маълумот ба монанди даъват барои амалиёт, боваркунонӣ, огоҳсозӣ сурат гирифта ба шунавандагон садо медиҳад.
- навиштаҷоти касбӣ – намуди хаттии муошират буда бо ҳамкорон тавассути почта ва ё почтаи электронӣ муошират намуданро дар бар мегирад.
- мактуби касбӣ ин ҳуҷчати мухтасар буда, якчанд масъалаҳои муҳими кориро ҳал намуда, он байни шахсони юридикӣ ва масъул ба амал  омада ба  шахсони алоқаманд сафарбар карда мешавад.
Донистани намудҳои муоширати касбӣ барои ҳар як шахс ва мутахассисхои гуногун аз ҷумла хизматчии давлатӣ  хеле зарур буда, он дар рафти фаъолияти касбӣ аҳамияти калон дорад.
Дар вохўрии шахсӣ бояд мутахассис  ва хизматчии давлатӣ дар бораи шахсияти худ таассуроти мусбӣ ба даст  овард, ва  бисёр пешравиҳои касбӣ ба он вобастаанд. Беш аз 90% таассуротҳо дар бораи шахс дар мулоқоти аввал пайдо  мешаванд.
Ба ақлу заковат ва таҷрибаи худ нигоҳ накарда ба  вохурӣ омода бошед. Ҳангоми вохурӣ пеш аз ҳама ба тарзи суханронӣ рафтор ва намуди зоҳирии шумо эътибор дода мешавад. Барои гуворо гузаштани вохурӣ қоидаҳои зеринро бояд дар хотир дошт:

  1. Ба вохурӣ ҳеч гоҳ дер намонед, баръакс барвақт омада ба сўҳбат омода бошед.
  2. Бо чеҳраи кушод, бо табассум, бо табъи болида, неърўманд ва боваринок сухан ронед.
  3. Ҳангоми сўҳбат бемаврид сухан нагўед ва аз мавзўи кор берун набаромада, ба саволҳо мухтасар ҷавоб диҳед ва саволҳои заруриро пурсон шавед. Маводи иловагӣ оиди муоширати расмии миллӣ вуҷуд дорад.

Дидан карданд: 4534

Мавзӯъҳои монанд:

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: behruzabdurahmonzoda@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-10-19

этикаи муошироти касби телфони


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: