|

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-24

Нақша:

  1. Кодексҳои ахлоқии касбӣ.
  2. Хизматчии давлатӣ асоси гуруҳҳои кории касбӣ.
  3. Сифатҳои асосии хизматчии давлатӣ.

      Кодексҳои ахлоқи касби  тасдиқкунандаи арзишҳои системавӣ ва ахлоқии одамон ба ҳисоб рафта он ба яке аз касбҳо тааллуқ надошта балки барои пеш гирифтани амалиётҳои инсонӣ ба монанди коррупсия ва ахбори умуми оиди нормаҳои рафтор барои коркунони касбҳои мухталифро дар бар мегирад.
Кодексҳои ахлоқӣ дар асоси принсипҳои ахлоқӣ ба роҳ монада мешаванд кадоме дар расми 1 тасвир карда шудааст.

     Принсипҳои этикӣ

Принсипи утилитарӣ

 

Принсипи индивидуалӣ

                                                                                                               Расми 1.

     Аз  хизматчиёни давлатӣ талаб карда мешаванд, ки дар ҳалли  муаммҳои сотсиолигӣ ба монанди: баланд бардоштани ҳолати зисти  кормандон, муҳофизати муҳити атроф,  кумаки моддӣ ба аҳолии камбизоат, беҳтар намудани ҳолати зисти аҳоли  иштирок намоянд.
Дар фаъолияти меҳнати хизматчиёни принсипҳои этикӣ ба монанди  утилитарӣ ва индивидуали вуҷуд доранд.
Принсипи утилитарӣ кўмак ба миқдори зиёди инсонро дар бар мегирад.
Принсипи  индивидуалӣ бошад, кўмак ба шахси алоҳидаро дар бар мегирад, ки дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлати басо муҳим аст, зеро аз  принсипҳои утилитарӣ ва инивидуалӣ  обрую эътибори  хизматчӣ вобаста аст.
Қайд намудан зарур аст, ки ин принсипҳо бо ҳаёти ҳастӣ хеле алоқаманд буда баъзан  аз этикаи кори танҳо этикет мемонад.    Кодексҳои ахлоқӣ мазмунан ва миқдоран аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ба монанди бонки Марктвении амрико  чунин ҳуҷҷатро кор карда баромад, ки бо номи «Политика в области этических норм и конфликтов» ( Сиёсат дар мавзеи нормаҳои  ахлоқӣ ва низоӣ) , ки дар 19 саҳифа  ба кормандон фаҳмонида мешавад, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад. Аммо ба хилофи бонки Марктвени дигар  компанияи бузурги компютери «Крей Рисерч  Инкорпорейтед» кодекси ахлокии худро дар 120 калима муайян намуд, ки он чунин аст: « Кормандони Крей ба ҳамдигар боварӣ доранд ва медонанд, ки ҳар як корманд вазифаи худро  мувофиқи стандартҳои олии этикӣ иҷро менамояд» ин аст кодекси ахлокии  корхона. Дар асоси фаъолияти хизматчии давлати  принсипҳои мушаххас бояд ба роҳ монда шаванд.
Мақсади асосии хизматчии давлатӣ ва принсипи асосӣ дар интихоби  кадрҳои босавод ва хушахлоқ ҷамъбаст мегардад, ки ин асоси фаълоияти меҳнатии хизматчии давлатиро дар бар мегирад.
Кодекси ахлоқии ҳизматчии давлатӣ ин пеш аз ҳама нормаҳои системавии ахлоқӣ, вазифа ва талаботи поквиҷдононаи муносибатҳои хизматӣ ва органҳои давлатӣ, ки дар асоси принсипҳои ахлоқӣ қабул шударо, дар бар мегирад.
Кодекси ахлоқии хизматчии давлатӣ ба он равона карда шудааст,      
ки мавки давлат ва обрўю эътибори давлатро баланд бардошта боварии одамонро ба  институтҳои давлатӣ афзояд. Инчунин кўшиш намояд, ки асоси аҳлоқи-ҳуқуқиро дар муносибатҳои давлатӣ фароҳам оварда дар ҷамъият аз байн нарафтани маданияти  этикӣ кўшиш намояд. Хизматчии давлатӣ дар ҷомеа ҳамчун ишғолкунандаи вазифаи давлатӣ ва намояндаи давлатӣ буда ў дар як вақт ҳам ба пешрафти иқтисодиёт ва ҷомеа, ҳамчун коркуни кироя ва кордиҳандаю роҳбар ва шахси алоҳида баромад мекунад, аз ҳамин сабаб ў бояд поквиҷдон ва ҷавобгар ба фаъолияти худ аст.
Ахлоқи касбии ҳизматчии давлатӣ мувофиқи кодекси хизматчии давлатӣ амал намуд, буда он пеш аз ҳама ба системаи нормаҳо такя карда,  сари вақт барои иҷрои вазифаи  худ кўшад  ва дорои чунин хусусиятҳо бошад: ба  монанди серталаб нисбат ба худ будан, вазифаи худро сари вақт иҷро намудан, дар рафти фаъолият поквиҷдон будан, мувофиқи принсипу нормаҳои умумиқабулгардида ба давлат ва ҷомеа хизмат намуда аз вазифаи ба ўҳда доштаи худ сўиистеъмол накардан аст.

Хизматчии давлатӣ асоси гурўҳҳои кори касбӣ ба ҳисоб рафта ин гурўҳҳои кори вуҷуд надоранд, аз ҳамин сабаб дар шароити ҳозира ин гурўҳҳои корӣ дар давраи муосир  дар мавқеи ташкилёбӣ мебошад. Мақсади асосии  гурўҳҳои кории хизматчиёни давлатӣ дар он ҷамъбаст мегардад, ки дар дохили  коркунони хизматчии давлатӣ  чунин кормандон ба монанди: муҳандис, менедҷер, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва ғайра намояндагони ихтисосҳои гуногун буда зарурияти ба вучуд овардани гуруҳҳои корӣ ба миён меояд. Барои хизматчиён, ки бори аввал ба  иҷрои  вазифаи хизматчии давлатӣ  шурўъ намуда зарур пайдо шудааст, ин  курсҳои махсусро  омўхта бо этикаю этикети муошират шинос гардида сипас  вазифаи  ба ўҳда доштаи худ иҷро намоянд.
Ихтисосҳо  гуногун буда, аз хизматчии давлати талаб менамояд, ки ў  барои иҷрои вазифаи ишғолкардааш тайёр бошад. Вазифаҳо мураккаб ва осон буда,  ҳолати комплекси ва синтетикӣ доранд,  аз хизматчии давлати талаб менамояд, ки ў  дониши ахборотӣ-аналитикӣ, фаъолияти коммуникативӣ, идоракунӣ-тақсимотчигӣ, ташкилотчигӣ ва ғайраҳо  дошта бошад.
Дар гурўҳҳои касбии корӣ ба хизматчии давлатӣ пеш аз ҳама донишҳои ахборотӣ-аналитикии коммуникативӣ, идоракунӣ-тақсимотчигӣ, ташкилотчигӣ омўзонида мешавад, ки дар давраи муосир ин хеле зарур аст. Аз ҳамин сабаб дар Ҳукумати шаҳри Хучанд   курсҳои кадрҳои захиравӣ ташкил карда шудааст, ки дар он масъалаҳои асосии идоракунӣ ва сифатҳои ахборотӣ-аналитикӣ, фаъолияти коммуникативӣ, идоракунӣ-таксимотчигӣ, ташкилотчигӣ ва ғайраҳо омўзонида шуда  ба хизматчии давлатӣ гардидани  кадрҳои захиравӣ кўмак мерасонад. Дар ин курсҳо кадрҳои захиравӣ  этикаю этикет бохабар гардида, ин курсҳо минбаъд барои ишғоли ин ё он вазифаи хизматчии давлатӣ роҳнамо аст. Барои хизматчии давлатӣ пеш аз ҳама дониши ҳуқуқӣ дошташ зарур аст, зеро дар рафти фаъолияти меҳнатӣ ва вохўриҳо бо шаҳрвандон он  хеле кўмак мерасонад.

Қобилиятҳо ва сифатҳои асосии хизматчи давлатӣ:

  1. Қобилияти коммуникативӣ -тавоноии муошират, муомила карда тавонистан, ҳайрҳоҳӣ будан.
  2. Қобилияти перспективӣ -эҳсосӣ, эмпатия, дўстдори одамон будан.
  3. Қобилияти таъсиррасонии иродавӣ ва боваркунонии мантиқӣ доштан.
  4. Қобилияти худдорӣ  дошта  ба  эҳсосӣ дода нашудан.
  5. Дурнамои оптимистӣ боварӣ ва беҳшавии кор, фаъолият доштан.
  6. Қобилияти эҷодкорӣ доштан.

Дидан карданд: 3899

Мавзӯъҳои монанд:

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: