|

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-24

Нақша:

  1. Қоидаҳои одоби муошират.
  2. Зебоипарастии корӣ
  3. Гурўҳҳои  корӣ: хусусиятҳои иҷтимоӣ  ва рушди касбӣ
  4. Муомила, намуд, таркиб ва вазифаҳо

 Агар қоидаи одоби муоширатро бо шакли муайян ифода намоем, он гоҳ аз он ягонагии ду тараф иборат аст: пеш аз ҳама ахлоқи одобӣ, ки меъёрҳои ахлоқиро ифода мекунад: боилтифотӣ (дидадароӣ), боадабӣ, табии будан, шаъну эътибори худро нигоҳ доштан, аз рўи одоби муошират муносибат кардан ва ба қоидаҳои зебоӣ, ки ба зебоӣ ва нафосоти тарзи рафтор мутобиқ аст, амал намудан аст.
Тарзи нигоҳ доштани худ, шакли берунаи рафтор, муомила бо одамон, инчунин лаҳн (овоз), оҳанг ва қиёфа, ки дар гуфтугў истифода мешавад ба тарзи (услуб) дохил мешавад. Ба ғайр аз ин қиёфасозӣ, имову ишора, тарзи ист, гашт, ки ба инсон хос аст, роли муҳим мебозад.
Ҳоло шахсиятҳо барои дар гуфтугузор диққатҷалбкунанда будан тарзҳои гуногуни рафтор ва гуфтор, ки дар рафтор ҳамчун намуна қабул шудаанд, истифода мебаранд.
Саломуалейк ин шакли ҳурмати байниҳамдигарӣ буда дар ҳама ҳолатҳо на танҳо боадабӣ, балки мавқеи самимият, хайрихоҳиро нисбати ҳарифро муайян менамояд. Дар ин ҷо на танҳо бо воситаи сухан, балки бесухан бо имову ишора бо сар  таъзим намудан, бо табассум рафтор карданро дар бар мегирад.
Мо набояд худпараст бошем, ба одамони дар атрофамон буда, каме хурсандӣ бахшем, халал намерасонад.
Дастфишурӣ  аз асрҳои гузашта боқӣ монда, дар даст намудани қуролу аслиҳаро мефаҳмонд, бадтар бо «бастани шартнома ё аҳднома» алоқаманд буд. Имрўз дастфишурӣ мавқеи байниҳамдигарии одамонро нисбати якдигар ифода менамояд. Одатан агар ҷинсиятҳои гуногун вохўранд, аввал дастро зан дароз мекунад, танҳо дар ҳамон вақт мард аввалин шуда даст дароз мекунад, ки  синнаш аз зан хеле калон бошад. Дастфишурӣ дар остона истода, аз рўи одоби нест. Агар мард, мақеи хоси худро нисбати зан ифода кардани бошад, дар вақти саломуалейк дасти ўро мебўсад, ин корро дар кўча кардан низ амали нодуруст аст.
Дар муррифӣ намудан чунин одоб муқарар шудааст: хурдсолро ба калонсол, муҷаррадро ба оиладор, аз рўи вазифа пастро ба ҳолати баланддошта, мардро ба зан, зани нисбатан ҷавонро ба калонсолтар муаррифӣ менамоянд.
Ҳолати муаррифӣ намудан хеле ҷиддӣ аст. Хуб мешуд агар бо суханони содда чунин баён кунем «Саидмуҳаммади Маҳмудзод, ҳамкорӣ мо», ё «ба Шумо Муҳаммадюсуфро муаррифӣ менамоем». Агар мард ба зан муаррифӣ намояд, каме аз ҷояш хеста таъзим менамояд.
Зебоипарастии корӣ (одоби муошират) -  тарафи муҳимтарини рафтори касбии инсон буда, донистани зебоипарастӣ, сифати муҳими касбӣ мебошад, ки доимо омўхтан, такрор намудан, мукаммал намуданро талаб менамояд.
Зебоипарастӣ (одоби муошират) аз фронсавӣ  - шакл, тарзи рафтор, қоидаи ба асосгирӣ, ва хушмуомилагӣ, қоидаи маросим, ки дар ҷамъият қабул шудааст, дар натиҷаи таҷрибаи якчанд аҷдодон ва он байналхалқӣ мебошад, дар бар мегирад. Зебоипарастӣ (одоби муошират) қисми маданияти берунаи ҷамъиятӣ буда, бе он муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ вуҷуд дошта наметавонанд, зеро якдигарро ҳурмат намудан, ба худ маҳдудиятҳоеро нагузоштан мумкин нест.
Одоби муоширати корӣ ахлоқи одамонро, ки бо иҷрои уҳдадориҳои касбиашон марбут аст ва тарафи муҳимтарини рафтори ахлоқии онҳоро инъикос мекунад, дар бар мегирад. Хусусиятҳои одоби муошират ин омезиши гузаронидани қоидаҳои расмии ҳолатҳои пешакӣ муайяншуда бо даркнамоии музмуни онҳо барои тараққиёт ва ғанигардонии маънавии муносибатҳо байни одамон мебошад. Дар муносибатҳои корӣ майда корӣ нестанд, бизнес дар асоси иқтисодӣ – одобӣ ташкил меёбад.
Махфуз нест, ки баъзе шартномаҳо аз сабаби надонистани одоби муошират барҳам мехўранд.
Сохтори муоширати касбӣ: симои диққатҷалбкунанда, маданияти гуфтугўи, идора карда натавонистан   аз болои эҳсосотҳои манфӣ (ки доир ба тарбияи хуб маълумот медиҳад), бодиққатӣ, бодидадароӣ, боэҳтиётӣ, нафосотӣ услуб фарқ мекунад.
Муоширати кории ҳозиразамон ахлоқи одамонро дар фъолияташон батартиб медарорад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кўча, дар чорабиниҳои махсус , қабул, сўҳбат, гуфтугузор, маросимҳоро ба танзим менамояд.
Дар асоси қоидаҳои одоби муошират чунин принсипҳои асосӣ меистанд:
- ба ҳар як шахс, дар вақти робитаи корӣ доштан бо назокат ва эҳтиром бояд муомила намуд;
- қоидаи муоширати рафторӣ барои зану мардҳо якхелаанд;
Асоси муваффақияти ҳар як фаъолияти  ҳозиразамонии гурўҳӣ – ин муносибати ҳамкорӣ ва  кўмаки байниҳамдигарӣ бар зидди низоҳо мебошад.
Рафторе, ки дар асоси фаъолияти байниҳам алоқамандӣ таъсис меёбад, заминаҳои муайянро ба вуҷуд меорад. Ба сифати шароитҳои ташкилёбии алоқамандии муштарак инҳо ҷудо мешаванд: озодӣ ва ивази озоди ахборотӣ, дастгирии ҳамҷояи амалҳо, боварӣ ба ҳақиқат, дўстӣ дар муносибатҳои тарафайн.
Дар навбати худ, ба боварии байниҳамдигарии тарафайн асос мешаванд: вуҷуд доштани шахсони мобайнӣ, ки барои дасторварди мувафаққиятҳо осонӣ меоваранд; имконияти гирифтани ахбороти пешакӣ дар бораи амалҳои дигарон; хусусиятҳои шахсии иштироккунандагони  амалкунанда мебошад.
Гурўҳи корӣ (коллектив) дар ифодаи беруна – ин  гурўҳи иҷтимоӣ, умумияти одамон, ки аз рўи фаъолияти муттаҳида амал мекунанд, аз рўи умумияти шавқу мақсадҳо, ҷавобгарии байниҳамдигарӣ, муносибатҳои рафиқона ва ба якдигар кўмак кардан, амал кардан, мебошад.
Ҳамагуна иттиҳодияи корӣ – ин табиати муомилаи байнишахсии маънавӣ – муомилаи байни одамон, кадоме, ки сохтори дохилии шахсиятро ошкор мегардонанд. Ҳамдигарфаҳмии одамон, ки дар асоси он боварӣ ба шахсияти ҳамсўҳбат  маълумот додан мебошад.
Мураккаби иҷтимоӣ, ки қудрати худтанзимкунӣ дошта, дорои алоқаи бозгашт ва горизонталӣ аст, дар бар мегирад. Ба он
чунин хосиятҳо, ки хоси ташкилотанд, дохил мешавад:
- тақсимоти вазифаҳо байни коргарон мувофиқи қоида ва дастурҳо;
- иерархияи вазифавӣ, таркиби тобеият;
- дурусткории  ҳар як коргар нисбат ба гурўҳ;
- системаи тасвибҳои (иҷозат, рухсат, тасдиқ) мусбат ва манфӣ (аз ин ҷо мавқеи махсуси роҳбарон ба гурўҳи корӣ).
Бо дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ гурўҳи кориро муомилаи доимӣ ва алоқаи байниҳамдигарии аъзоҳои он бо якдигар, ҳиссиёти тобеъият дар гурўҳ, ҷой доштани талаботҳои умумӣ, манфиат ва ҳавасмандиҳо муттаҳид менамояд.
Гурўҳи корӣ – ин маҷмўи муайяни ҳолатҳои иҷтимоӣ руҳии дар ҷараёни ташкилёбӣ ва фаъолият дар асоси алоқаи дохили дар гурўҳ ба вуҷудомада пайдо шуда, шакл ва тарзи қонеъгардонии талаботҳои аъзоҳои он, инчунин фазои руҳӣ ахлоқӣ, тарзи муомила, ақидаҳои ҷамъиятӣ ва табъ, қоида ва анъанаҳо, муаммоҳои лидер будан, табиати низоҳои байнигурўҳӣ мебошад.
Талабот ва муомила кардан аз рўи ақидаҳои файласуфон талаботи асосии инсон мебошад.
Муомила – шароити мўътадили зарурии тарақиёти инсон ҳамчун аъзои ҷамъият ва ҳамчун шахсият, шароити тандурустии ҷисмонӣ ва маънавии ў мебошад.
Дар илми фалсафа муомилакунӣ алоқаи байниҳамдигарии ду ва зиёда шахсон, ки байни худ ивази ахборотҳои хусусияти даркшавӣ ё ҳаяҷонангез, арзишнокро иҷро мекунад, муайян карда мешавад.
Дар вобастагӣ аз истифодаи техникаи муомила ва мақсадҳои он чунин намудҳоро фарқ мекунанд:
«Алоқаи ниқоб» - муомилаи расмӣ, ки кўшиши фаҳмидан ва ба асос гирифтани хусусияти шахсии ҳамсўҳбат вуҷуд надорад. Ин ҷараёни муомила чунин номро бо сабаби дар ҷараёни муомила истифода шудани ниқоби одатшудаи хушмуомилагӣ, ҷиддият, беаҳмиятӣ, иштирокунандагӣ, яъне маҷмўи ифодаи қиёфа, имову ишора, ибораҳои меъёрӣ имконият медиҳад муносибатро бо ҳамсўҳбат рўйпўш кунад, соҳиб шудааст.
Муомилаи нақшӣ расмӣ – аз тарафи шарикони иҷтимоӣ аз рўи муомилакунӣ мазмун, воситаи муомила ба тартиб дароварда шудааст: духтур ва бемор, милиса ва вайронкунандаи қоидаи ҳаракати роҳ, контролер ва мусофири микроавтобус ва ғ-ра.
2. Муомила – ҷараёни мураккаби серсоҳа буда аз  чунин таркиб иборат аст:
- ташкилёбии намуна ва моделҳои муайяншудаи рафтор дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
- алоқаи байниҳамдигарии одамон дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
- таъсиир дутарафаи одамон ба якдигар дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
;- ивази ахборотҳо дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
- ташкилёбии муносибат байни одамон дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
- азсаргузаронии байниҳамдигарӣ, якдигарфаҳмии одамон дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
- ташкилёбии образи дохилии «ман» дар одам дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
Муомила ҳамчун истеъмолкунандаи пуриқтидори энергияи инсонӣ баромад намуда, ҳавасмандкунандаи бебаҳои ҳаётгузаронӣ ва рағбатҳои маънавии инсон ба шумор меравад.

  1. Асосҳои умумиқабулшудаи гурўҳбандии муомила аз се тарафҳои алоқаманд иборат аст:

Перспективӣ – ҷараёни даркнамоӣ ва фаҳмидани одамон дар ҷараёни муомила дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
Ахборотӣ – ҷараёни ивази ахборот дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
Интерактивӣ – ҷараёни таъсири байниҳамдигарии одамон дар муомила дар рафти фаъолияти меҳнатӣ;
Вазифаи перспективӣ – дар асоси даркнамоӣ ва  фаҳмидани якдигар, шарикони муомилакунандаро, ки ба танзими эҳсосоти соҳаи инсонӣ вобаста аст, дар бар мегирад.
Функсияи ахборотӣ дар ивази ахборотҳо байни фардиятҳои баҳамтаъсиркунанда мебошад.
Вазифаи интерактивӣ – дар танзими рафтор ва ташкили фаъолияти муштараки одамон дар ҷараёни алоқамандӣ бо ҳамдигар асос меёбад.

Дидан карданд: 17423

Мавзӯъҳои монанд:

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: