|

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:

  1. Мафҳуми методи «сотсиометрия».
  2. Худбаҳодиҳӣ ва рейтинг.
  3. Муқоисаи ҷуфтӣ.
  4. Мафҳум  дар  бораи  эксперимент (озмоиш).

Сотсиометрия дар байни дигар усулҳои пурсиш мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин метод барои муайян кардани дараҷа ва тавсифи муоширати байнишахсӣ дар гурӯҳҳои хурд истифода мешавад. Методи сотсиометирия имкон медиҳад, ки динамикаи муносибатҳои дохилии  коллектив равшан карда шавад, рақобати муносибатҳои  байниҳамдигарӣ аниқ гардад, гурӯҳу зергурӯхҳо, мавқеъҳои аъзоёни гурӯҳ ва ғ. муқаррар шавад.
Яке аз камбудиҳои методи сотсиометрия он аст, ки ба чунин саволҳо ҷавоб дода наметавонад: аз барои чӣ ва чаро  интихоб А  мекуунад Б-ро; ки метод барои фарқ кардани коллективи шаклгирифта аз гурӯҳи диффузӣ: (тасодуфӣ, номуташаккил) имконият намедиҳад. Натиҷаҳои истифодаи методи сотсиометрия ба ҷадвал - матритса, ки номи сотсиограммаро дорад ворид карда мешавад. Яке аз намудҳои анкетагузаронии соҳаҳои  мухолиф ном дорад, ки дар тадқиқотҳои зиёд истифода мешавад. Дар  тафовут аз анкетаҳои муқаррарӣ, ки яке аз ду ҷавобро («ҳа», «не») ва ё дар  ҳолати ниҳоӣ якчанд ҷавобро («ҳа», «не», «намедонам») нисбати хусусият  ва объекти муайян дар бар мегирад, саволномаи  соҳаҳои мухолиф имконияти  муайян намудани ҳам  сифатҳои муайян ва ҳам дараҷи ифодашавии оиҳоро медиҳад.  Методи соҳаҳои мухолиф ба анкета боз ҳам табиати ахборотӣ медиҳад ва ба таври амиқ сарфаҳм рафтан ба моҳияти ҳодисаҳои омӯхташаванда мусоидат менамояд. Муҳаққиқ ҳангоми истифодаи ин метод одатан дар даст дорои маҷмӯи сифатхои муайянни шахс мебошад, ки ифодашавии онҳо аз рӯи шкалаи 4-балла барои ҳар соҳа (0,1,2,3) баҳо дода мешавад. Агар озмудашаванда чунин ҳисобад, ки сифати додашуда ба дараҷаи олӣ хоси тавсифшаванда ва ё аъзои гурӯҳ аст пас ба ӯ баҳои максималии 3-балларо медиҳад. Муқобилмаънии ин сифат («босаховатӣ-хасисӣ») тибқи дараҷаи пешбинишудаи ифодашавӣ бо балли манфӣ баҳо дода мешавад. Соҳаи дар асоси баходихӣ ба даст овардашуда коркарда оморӣ карда мешавад ва дар хамин асос ба хулоса омадан мумкин аст, ки то чӣ андоза сифати фарди баҳододашаванда бо тасаввуротҳои эталонии (намунавӣ) дар ин мухит мавчудбуда мувофиқат мекунанд.
Методи тест. Тест - системаи вазифаҳое мебошад, ки имконияти чен кардани дарачаи тараққиёти хусусиятҳои муайяни психологии шахсро медиҳад. Се соҳаи асосии истифодаи тест вучуд дорад: а) маориф - бо сабаби  тағйир  ёфтанн  системаи  таълиму  тарбия   чӣ дар  мактабхои тахсилоти ҳамагонӣ ва чӣ миёнаи махсусу олӣ, дигаргун шудани шакл ва мазмуни барномаҳои таълимӣ; б) тайёрии касбӣ ва касбинтихобкунӣ; в) машварати психологӣ. Тестгузаронӣ имконияти муайян намудани дараҷаи актуалии тараққиёти доншиу махорат, тавсифдихандахои шахсӣ ва ғайраро дорад.
Рафти тест гузарониро ба се мархала чудо намудан мумкин аст: 1) интихоби тест (бо мақсади тестгузаронӣ дараҷаи саҳеҳӣ ва эътимоднокии тест муайян карда мешавад); 2) гузаронвдани он (бо дастурҳои тест муайян мегардад; 3) шарҳи натичаҳо (бо системаи тахлилҳои назариявии предмети тестгузаронӣ муайян карда мешавад).
Вобаста аз саволҳое, ки ташхис ба он равона мешавад, тестҳои ташхиси ақл, тести ноилшавӣ, қобилиятхои махсус, тестҳои ташхиси шахс, шавқу ҳавасҳо, мақсадгузориҳо, арзишҳо, тестҳои ташхиси муносибатҳои байнишахсф, тестхои проективӣ (тасвирӣ), ва ғайраро фарқ мекунанд.
Масалан, тестҳои ташхиси ақл барои ошкор намудани имкониятҳои ақлии шахс муқаррар карда шудааст. Тестҳои ташхиси ноилшавӣ, дараҷаи азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаро аз ҷониби озмудашаванда аниқ менамоявд. Тестхои креативӣ қобилиятҳои эчодаи шахсро меомӯзанду баҳо медиҳанд. Тестҳон ташхиси шавқу хавасҳо дилбастагии шахсро ба ягон намуди фаъолият муайян менамоянд. Тестҳои ташхиси шахс он вақт истифода мешаванд. ки заруртати чен намудани тарафҳои  гуногуни фардияти инсои (мақсадгузориҳо, арзишҳо, муносибатҳо, хусусиятҳои эмотсионалӣ, байнишахсӣ ва маромхои шахс) ба миён ояд. Тесетҳои проектавӣ (тасвирӣ) ба тадқиқи яклухту томи шахс равона мешаванд ва шарҳдихии психологии натиҷаҳои тасвирро дар бар мегиранд. Тасвирҳои кашидаи шахс ҳамчуи воситаи ҳимояи психологии ӯ баромад мекунад ва дар онҳо тасаввуроту таассуротҳои пешбардоштаи шахс инъикос меёбанд.
Дар баробари методҳои дар боло зикршуда боз чунин усулҳои ҷамъоварии маълумотро дар тадқиқотҳои иҷлтимоӣ-психологиро истифода мебаранд: худбаҳодиҳӣ, рейтинг, муқоисаи чуфтӣ.
Худбаҳодиҳӣ - баҳо додани шахс ба имконияту хусусиятхои худ ва мавқеи ишғолкардаааш дар байни дигар одамон мебошад. Худбаҳодӣ асоси шахсро ташкил медиҳад ва танзимгари рафтор ба ҳисоб меравад. Аз худбаҳодиҳӣ муносибати байниҳамдигарии шахс бо атрофиён, танқидӣ, серталабӣ ва муносибаташ ба муваффақияту нобарориҳо вобаста аст. Худбаҳодиҳӣ   ба   самаранокии   фаъолияти   одам   таъсир   расонда, ба тараққиёти минбаъдаи шахсияти ӯ мусоидат мекунад. Худбаҳодиҳӣ ба  дараҷаи иддаои шахс, ки душвориҳои мақсадгузории ӯро ифода менамояд зич алоқаманд аст. Ин ҳама имконият медиҳад, ки шахс дараҷаи боварии қатъӣ доштанашро ба худ муайян мекунад.
Рейтинг (мулоҳизаронӣ) - методи ченкунии психологӣ буда, дар асоси мулоҳизарониҳои доварони салоҳиятдор сурат мегирад. Рейтинг барои тартиб додани шкалаҳои баҳодиҳӣ ба тарафҳои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ, шӯҳратмандии одамони алоҳида, касбу ҳунарҳои ояндадор ва ғайра ёрӣ мерасонад. Тавассути ин метод маълумотҳои зарурӣ дар бораи шахс аз одамони наздики ӯ ба даст оварда мешавад. Бартарии ин метод дар муқоиса бо мушоҳидаи мустақим дар он аст, ки вақти камро талаб мекунад.
Камбудии асосии методи рейтинг аз он иборат аст, ки хулосаҳо бештар дар асоси андешаю мулоҳизаҳои субъективии шахсони салоҳиятдор бароварда мешавад. Одатан, чунин омилҳо ба баҳодиҳии доварони салохиятдор халал мерасонанд:
-ноаниқ ва норавшан будани мазмуни сифатҳое, ки бояд баҳо дода шаванд;
-табиати ниҳонӣ доштани баъзе хислатҳои шахс (маромҳо, талаботҳо, мақсадгузориҳо);
-имкониягхои махдуди мушоҳида намудани сифатҳои шахс.
Доварон ба чунин хатоҳо ҳангоми баҳодихӣ роҳ медиҳанд:
-хатои олихимматӣ. Ин хато дар он ифода меёбад, ки шахсони салоҳиятдор майли баҳои баланд доданро ба шахсони наздику шинос зоҳир мекунанд ва бештар аз хусуси хусусиятҳои мусбаташ гап мезананд;
-хатои мантиқӣ - дар он ифода меёбад, ки доварон баҳодиҳии монанд ба хислатҳое мекунанд, ки онҳо дар назараш байни худ  алоқаманданд;
-хатои мухолиф - дар майли баҳо додан ба дигар одамон дар асоси сифатҳои шахсии худ ифода меёбад;
хатои наздик будан - наздик будани ду хислати баҳододашаванда дар фазо ва вақт ба дараҷаи баланди интеркоррелятсия мебарад.
Муқоисаи ҷуфтӣ — асоси муқоисаро дар ин метод тавсифи одам аз рӯи як аломати муҳим (қобилияти ташкилотчигӣ; муносибат ба кор; ҳисси масъулият; меҳнатдӯстӣ; қобилияти корӣ ва ғ.) ташкил медиҳад. Як шахс бо ҳар як аъзои гурӯҳ (синф) аз рӯи аломати мухиму зарур муқоиса карда мешавад. Ин муқоиса ифодаи математикиро мегирад: дар шахсоне, ки дараҷаи якхелаи зуҳуроти сифат мушоҳида мегардад, 1 балл дода мешавад. Агар яке аз шахсони муқоисашаванда ин сифатро ба дараҷаи баландтар зоҳир намояд, он гоҳ 2 баллро мегирад. Дар баробари ин, касе, ки дараҷаи пасттари сифатро зоҳир менамояд, ӯ соҳиби 0 балл мешавад. Натиҷаҳои методи муқоисаи ҷуфтӣ дар шкалаи баҳодиҳии муқоисавии бо балл ифодаёфта ҷой дода мешавад.
Эксперимент (озмоиш) - методе, ки дахолати фаъоли тадқиқотчиро ба фаъолияти озмудашаванда бо мақсади фарохам овардани шароитхои мусоид барои омӯзиши ҳодиса ва протсессхои иҷтимоӣ-психологӣ дар бар мегирад. Эксперимент метавонад лабораторй бошад, вақте ки он дар шароитҳои махсуси ташкилкардашуда гузарад ва амалиёти озмудашавандагон бошад бо дастурҳо муайян карда шавад. Инчунин эксперименти табий мавҷуд аст ва тавассути он ҳодисаҳои психикй дар шароитҳои табий омӯхта мешаванд. Боз эксперименти қайдкунандаро фарқ мекунанд ва туфайли он танҳо ҳодисаҳои зарури иҷтимоию психологй омӯхта мешаванд. Эксперименти ташаккулдиханда бошад, дар ҷараёнаш сифатхои муайяни озмудашаванда ва гурӯҳҳои онҳо инкишоф меёбанд.

Дидан карданд: 4004

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: А
Санаи дохилгардида: 2017-09-30

еееееееееепкйфЦУ


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: