|

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:
1.Мафҳуми «донишҷу» аз назари илми психологияи ичтимоӣ.
2.Хусусиятҳои мехнати донишҷӯён
З.Масъалаи равиягирии ичтимоии ҷавонон ба фаъолияти ояндаи ҳаёт
4..Намудҳои асосии ихтилоф дар фаъолияти донишҷӯён.
Эълони истиқлолоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқеро ба вуҷуд овард. Бахусус, дар марҳилаҳои аввали ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунбд, дар баробари иҷрои вазифаҳои сиёсй ва  иқтисодӣ тағйири вазъи инсон дар сохтор мкносибатҳои иҷтимоӣ дар байни дигар гурӯҳҳо  боз ҳам устувортар гардонад. 
Дар шароити ҳозира дар адабиётҳои  илмӣ ба дараҷаи кофӣ таърифи пурраи мафҳуми «донишҷӯён» вуҷуд надорад ва инчунин андешаи ягона оиди хусусияти кору фаъолияти донишҷӯён мушоҳида намешавад. ,.    Б.Рубин ва Ю.Колесников дар китобашон «Донишҷӯ аз нигоҳи сотсиолог» ба мафҳуми донишҷӯён чунин таъриф медиҳанд: «Донишҷӯён - ин гурӯхи пурқуввати иҷтимоӣ буда, шарти вуҷудияти он омодагии аз рӯи барномаи муайяни муташакклона ба иҷрои ролҳри олии касбӣ ва ичтимоӣ дар истеҳсолоти моддӣ ва маъназӣ мебошад».21 Муаллифон дар китоби  мазкур  таваҷҷуҳро   ба  дида  баромадани  роҳҳои  ташаккули коллективи донишҷӯён, маром ва мақсадҳои касбинтихобкунӣ ва ғ. равона намудаанд. Дар робита ба ин қайд мекунанд, ки донишҷӯён ҳамчун гурӯҳи ичтимоӣ дар систсмаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекунанд, ба сифати объекга истеҳсолот баромад намуда, предмети онро на ашё, балки худи шахсияти  ИНСОН   ташкил   медиҳад.   Бинобар   ин   муҳаққиқон   хулоса бароварданд, ки шакли асосии истеҳсолот дар ин шароитҳо фаъолияти таълимию  маърифатӣ  мебошад  ва  ин  таъриф   комилан  дуруст  аст. Тадқиқотчии дигар Семашко А.Н. таъкид мекунад: «дида баромадани Давраи донишҷӯӣ  ҳамчун ҳолати танҳо омодагарӣ ба соҳиб шудани мавқеи зиёӣ хато мебуд. Донишҷӯён дорои тамоми тавсифдиҳандаҳои зарурие мебошанд, ки онҳоро ба гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ дохил намудан басанда аст, яъне онҳо ба аломатҳои асосии муқарраршуда ҷавобгӯянд.    Ӯ чунин нишонаю аломатҳоро барои тасдиқи мавқеи илмии худ меоварад: иҷро намудани функсихҳои муайян дар ҷамъият, вуҷудияти воқеӣ, ваҷҳияти якхелаи рафтори иҷтимоии аъзоёни гурӯҳҳо, яклухтӣ ва мустақилияти муайян   нисбати   дигар   гурӯҳҳои   иҷтимоӣ   ва   системаи   арзишҳо. А.Н.Семашко дар  асоси ин  аломатҳо  донишҷӯёнро  ҳамчун  «гурӯҳи одамони синну солан ҷавон, ки барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоии барои  ҷамъият муҳим муттаҳид гаштаанд, муваққатан дар кори ҷамъиятии истеҳсолӣ иштирок намекунанд, соҳиби умумияти маишат, системаи арзишҳо буда, ба иҷрои ролҳои ичтимоии зиёиён дар ҷамъият тайёрӣ мебинанд»24 тавсиф медиҳад.
Вобаст ба он ки намуди асосии меҳнати донишҷӯён меҳнати таълимӣ мебошад ва он дар ҷамъият бо табдилёбии илм бо қувваи истеҳсолкунанда моҳияти боз ҳам баланди иҷтимоиро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат меҳнати донишҷӯёнро метавонем аз як тараф ҳамчун катигорияи иқтисодӣ ва аз тарафи дигар ҳамчун катигорияи иҷтимоӣ- психологӣ дида бароем.
Барои дуруст баҳо додан ба характери меҳнати донишҷӯён, бояд самтҳои асосии фаъолияти меҳнатии онҳо ва дараҷаи иштирокашон дар намудҳои гуногуни фаъолият муайян карда шаванд. Меҳнати бевоситаи донишҷӯён ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ туфайли инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда таъсир мерасонад. Ин гуна меҳнати бевоситаи истеҳсолкунанда, меҳнати илмии донишҷӯён аст, кор дар бюрои истеҳсолии донишҷуии конструкторҳо, иҷрои мавзӯҳои шартномавӣ ва ғ.
Донишҷӯён ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣиттиҳоди ҷавонони дорои мақсаду маром ва вазифаҳои муайяни иҷтимоӣ дошта мебошанд. Онҳо соҳиби ҳамон хел сифатҳоеанд, ки ба тамоми ҷавонон хосанд (Ватандӯстӣ, садоқат ба халқ, идеяҳои демократия, рағбат ба дониш, ташаббускорӣ, майл ба навоварӣ ва ғ).
Ба қатори хусусиятҳои махсуси донишҷӯён якчанд хислатҳои дигарро низ дохил кардан мумкин аст. Нуфуз ё эътибори иҷтимоӣ яке аз онҳо ба шумор меравад. Донишҷӯён қисми нисбатан омодаёфтаю бомаърифат ва пешқадами ҷавонон ба ҳисоб мераванд.Умумияти мақсадҳо дар гирифтани маълумоти олӣ, характери ягонаи меҳнат-таҳсил, тарзи зиндагӣ иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии мактаби олӣ дар  ташаккули муттаҳиди коллективизм мусоилат мекунад. 
Ҷустуҷӯи мазмун ва моҳияти ҳаёт, ҷаҳду кӯшиш ба идея ва дигаргуниҳои пешқадами ҷамъиятӣ хусусиятҳои пешқадами иҷтимоӣ доштаи донишҷӯён аст.
Ба донишҷӯён инчунин ихтилофҳо хосанд ва онҳоро  психолог А.Ю. Самарин  ба таври зайл гурӯҳбандӣ намудааст:

  1. Иҷтимоӣ – психологӣ. Ин ихтилоф байни инкишофи қувваҳои ақлию ҷисмонии донишҷӯён  ва мӯҳлатҳои қатъии вақт мебошад.
  2. Байни кушишҳои мустақилона интихоб намудаи  донишҳо ва шаклу усулҳои нисбатан қатъии тайёр  намудани мутахассисони гуногунсоҳа.
  3. Маълумотҳои ниҳоят зиёде, ки тавассути роҳҳои гуногун меоянд, дониши донишҷӯёнро васеъ намуда, дар баробари ин фаровонии ахборот ҳангоми набудани вақти кофӣ ва хоҳиши коркарди фикрии онҳо метавонанд ба ҳосилшавии донишу тафаккури сатҳию рӯякӣ баранд.

Аксарияти сотсиолог ва психологҳо таъкид мекунанд, ки дар мактабҳои олӣ пеш аз ҳама як норасоӣ эҳсос мешавадва но ҳам бошад набудани таҷрибаи   кофии  кори  сиёсӣ  ё худ устувории  сиёсӣ  дар донишҷӯён аст.
Ҳамин тариқ, ролҳои иҷтимоии давраи донишҷӯӣ гуногунанд хатмкардаи мактаб, довгалаб ба макгабхои олӣ, донишҷӯи мактаби ола, омӯзишгохҳои техникӣ - касбӣ, техникумхо, коргари ҷавон ва ғ. Ин ролхои иҷтимоӣ имконият медиханд, ки «фард таҷрибаҳои иҷтимоиро аз худ кунад, дорои сифатхои иҷтимоӣ шавад, ба сифати қувваи фаъол ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид гардад. Баркамолии шуури шахс ин ҳамон нишондиҳандаи қобилияти ӯ аст, ки туфайлаш вазифаҳои зарури иҷтимоиро дар ҷамъият иҷро менамояд».
Камолоти иҷтимоӣ - ин зинаи асосии хаёти инсон аст, ки дар худ як давраи нисбатан фаъоли фаъолияти мехнатӣ, ҷамъиятӣ-психологӣ ва фаъолии эҷодии шахсро дар бар мегирад.
Ба қавли психологи машхур Б.Г.Ананев «инсон бо фаро расидани камолоти граҷданӣ комилан одами аз назари ҳуқуқӣ мукаллаф, ё субъекти ҳуқуқҳои граҷданӣ, ходими сиёсӣ ва ғ, мегардад. Ҳамаи ин ҳолатҳо на аз тараққиёти ҷисмонии инсон, балки аз сохти ҷамъиятӣ-иқтисод, сохтори синфии ҷамъият, хусусиятхои миллӣ, анъанахо ва ғ. вобастаанд. Дар ҳаёти  ҷамъиятӣ аҳамияти калонро камолоти мсҳнатӣ пайдо мекунад, яъне қобилияти меҳнатиро дар бар мегирад, ки меъёри он бо холати тараӣқиёти ҷисмонию ақлӣ муайян карда мешавад. Ҳамин тариқ, камолот: инсон ҳамчун фард (камолоти ҷисмонӣ), шахс (граҷданӣ), субъекти маърифат (камояоти ақлӣ) ва меҳнат (қобилияти меҳнатӣ) аз рӯи вақту мухлат мувофиқат намекунад ва чунин камолоти чорандоза дар тамоми сохторҳои ҷамъиятӣ нигоҳ дошта мешавад».
Мактаби олӣ дар ташаккули чунин шахсияти баркамол мавқеи хосро дорад ва бояд дорои чунин барномаи ичтмоӣ бошад, ки тавасссути он донишҷӯёнро барои иҷрои вазифаҳои ояндаи иҷтимоӣ омода созад. Ии барнома бояд соҳа ва мақсадҳои зеринро фаро гирад:
1 .Азхудкунии дониш ва маҳорати касбии кори мустақилонаи эҷодӣ дар соҳаҳои интихобкардаи илм, техника ва маданият. Дар он ҷо ба тарбияи муносибати эҷодии донишҷӯён ба мехнат, ба такмили махорату вусъат додани дониш ва ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ бояд эътибор дод. Дар асоси ин имкониятҳои илмӣ-маърифатии  мутахассисони оянда ба амал меояд, ки дар навбати худ ба самаранокии мехнат, ҳаҷми қобилияти корӣ ва баланд бардоштани саҳми ҷамъиятӣ, тараққиёти илм, маданият ва истсҳсолот таъсири амиқи мусбат мерасонад.
2. Ташаккул     додани     малакаю     маҳорат     ва     қобилиятхои ташкилотчигию идоракунӣ  дар донишҷӯён. Ин ҳам тайёрии махсуси назариявӣ (донишҳои ташкили илмии меҳнат, психологияи иҷтимоӣ, педагогяка, техникаи компютерӣ, ииформатика) ва ҳам амалиро дар мактаби  олӣ   талаб   менамояд.   Иҷрои   чунин   вазифа   имкониятҳои мутахассисро  васеҳ менамояд ва ба фаъолияти ҷамъиятаии ӯ қувват мебахшад.
3. Тарбияи мавқеи граҷданӣ, ташаккули ҷаҳонбинию эътиқод, камолоти сиёсй ва ватандӯстию садоқат ба халқ ва ғ  мебошад.
4. Ташаккули маданияти маънавӣ, завқи зебоипарастӣ, меъёр ва принсипҳои ахлоқӣ, тандурустӣ ва ғ.
Ҳамин тариқ, мактаби олӣ ин вазифаҳоро дар шароити имрӯзаи тараққиёти ҷамъияти ҳуқуқбунёду демократӣ иҷро намуда, принсипи асосии системаи маориф - ташаккули маърифатнокии баланд, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти донишҷуёнро татбиқ намуда истодааст.
Саволҳо барои санҷиш:
1.Мафҳуми «донишҷу»-ро аз назари илми психологияи ичтимоӣ фахмонед?
2.Хусусиятҳои мехнати донишҷӯёнро кушода диҳед?
З.Масҳалаи равиягирии ичтимоии ҷавонон ба фаъолияти ояндаи ҳаёт чӣ гуна сурат мегирад?
4.Хусусиятҳои асосии донишҷӯёнро тавсиф диҳед?
5.Намудҳои асосии ихтилофро дар фаъолияти донишҷӯён нишон диҳед?
6.3ери мафҳуми «камолоти иҷтимоӣ» ва дигар намудҳои ба он алоқаманд чиро мефахмед?
7.Барномаи иҷтимоӣ чй гуна вазифа ва мақсадҳоро дорад?

Дидан карданд: 3242

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: sirojiddingugh.com
Санаи дохилгардида: 2019-02-17

Маводҳоесли, ки барои баҳрабардорй пешниҳод шудааст он ройгон аст!Диқат! Дизайн! Ҳамаи маълумотҳо ба муалифи худ тааллуқ дорад Агар маълумотҳо ба шумо тааллуқ доштаро дар сайти мо дидан нахоҳед ба мо муроҷиат ку недели!


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: