|

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:
1 .Сабабҳои душвортарбия шудани наврасон.
2.Тавсифдиҳавдаҳои  наврасони  «душвор».
З.Таснифоти наврасони «душвор» аз рӯи принсипи С.Қодиров.
4.А.В.Петровский   оиди  зинаҳои   сотсиализатсияи   наврасон

Дар даҳсолаҳои охир дар адабиёти иҷтимоӣ - психологӣ ва педагогӣ мафҳуми навраси «душвор» пайдо шуд. Асоси рафтори навраси «душвор»-ро, чун қоида, вазифаҳон ихтилофноку моҷароҷӯёна ташкил медиҳанд: ихтилоф дар оила (волидон - кӯдакон), ихтилоф дар мактаб (муаллим -хонанда), таъсири манфии муҳитҳои хурд (кӯча, рафиқон ва ғ.).
Ин вазъиятҳо ва таъсиррасониҳо ба дигаршавии соҳаи ахлоқию иродавии наврас мебарад ва натиҷаҳои он дар рафтори манфии наврас зоҳир мешаванду ниҳоят боисн ҳуқуқвайронкуниҳо мегарданд.
Ташаккули   мақсадноки   шахс   дар   синну   соли   наврасӣ,   ки хусусиятҳои характерноки он муносибатҳои сифатан нав, худшиносии инкишофёбанда  ва  калонсолӣ  мебошанд,   бахисобгирии   хусусиятҳои синнусолӣ, фардияти психика ва фаъолияти олии асаби кӯдаконро талаб мекунад. Дар   ин   давра,   махсусан,   тараққиёти   бошиддати   ҳамаи функсияҳои ҳаётии организм, сабзиши бадан, тағйирёбии мубодилаи моддаҳо ва дигаршавии соҳаи асабу психика ба амал меояд. Аз ин рӯ, намуди пешбарандаи фаъолият бояд ба ин хусусиятхои навташкили давраи ваврасӣ ҷавобгӯ бошад. Яъне,  муносибатхои байнихамдигарии худи кӯдакон ва кӯдакон бо калонсолон бояд гуногунранг сурат гиранд, ба назорату идоракунӣ дода шаванд ва дорои мақсади умумии ҷамъиятӣ дошта  бошанд. А.С. Макаренко навишта буд, ки нуқсондории шуур ~ ин, албатта нуқсондории техникии шахс набуда. ин - нуқсондории кадом як ҳодисахои иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, хулоса, пеш аз ҳама муносибатҳби вайроншудаи байни шахс ва ҷамъият, байни талаботхои шахс ва талаботҳои ҷамъият аст.
Бояд ба назар гирифт, ки аслан наврасони душвор на кӯдакони сустақл ва системаи асабашон харобгашта, балки наврасони ҷисман ва| рӯҳаи солим мебошанд, вале рафтору кирдор ва ҳуқуқвайронкуниҳои онҳо бо сабаби норасоию камбудиҳои тарбияи оилавию мактабӣ рӯй медиханд.
Дар адабиёти психологию педагогй таснифи зиёди наврасон хуқуқвайронкунандахо карда шудааст. П.Г. Белский наврасон - хуқуқвайронкунандаҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим мекунад: а) наврасоне, ки фаъолона кӯшиши қонеъ намудани талаботҳои оддӣ ва пасту разилонаи худро мекунанд; б) зимнн сустирсдагӣ ва талқиншавандагй ба иғвогарию шӯрандозӣ дода шудаанд; в) мулоимй; г) аз ҷиҳати ахлоқй ва ақлй нуқсондор; д) зери таъсири истерия (ғашкунй) ва психостения амал мекунанд.
Муаллифони    дигар    А.М.Зюбин,    В.И.Куфаев,    И.А.Невский ҳуқуқвайронкунандаҳои   ноболиғро   аз   ҷиҳати   иҷтимоӣ   -   педагог қафомонда     тавсиф     медиҳанд.      Масалан,      И.А.Невский      чунин хуқуқвайронкунандаҳоро фарқ мекунад: а) аз назари педагогӣ қафомонда,  б) аз назари иҷгимоӣ қафомонда; в) ахлоқан вайроншуда; г) дараҷаи  ниҳоии аз назари иҷтимоӣ қафомонда.
Д.И.Фелдштейн   равияи   зиддиҷамъиятии   шахсияти   наврасон ҳуқуқвайронкунандахоро ба ҳисоб гирифта, панҷ гурӯҳро ҷудо намуд.
Гурӯхи якуми наврасонро маҷмӯи устувори талаботхри ҷамъиятӣ манфин аномалӣ, берун аз ахлоқ, соддалавхона, системаи ақидахои равшан ифодаёфтаи зиддиҷамъиятӣ, дигаршавии муносибат ва баҳодиҳиҳо тавсиф медиҳанд. Дар наврасони ин гурӯҳ тасаввуротҳо дар бораи рафоқату ҷасорат вайрон шудаанд ва хисси шарму ҳаё коста гардидааст. Онҳо беору номус, дағал,  хашмгин,  бадқавоқ  ва  ҷангараанд.  Худпарастӣ,  ҳис бепарвоӣ, набудани меҳнатдӯстӣ ва майл ва вақтгузаронии худбинона тайёрхурй ва пулпарастӣ хусусиятхои хоси ин гурӯҳи наврасон-ҳуқуқвайронкунандагон мебошанд.
Гурӯҳи   дуюмро  наврасони   талаботашон   тағйирёфта   ташкил медиҳанд ва онҳо ба хуқуқвайронкунандаҳои  ноболиғе пайрав мекунанд, дар онхо аллакай маҷмӯи устувори талаботхои аз ахлоқ берун, равия ва ақидаҳои равшан ифодаёфтаи зиддиҷамъиятӣ пайдо шудааст. Ба онҳо ноустуворӣ, беихтиёрии зуҳуроти ҳаракат, ивазшавии тези ҳолати рӯҳӣ, фишороварӣ ба заифон ва ғайра хос мебошад. Тасаввуроти онҳо дар бораи рафоқат ва мардоиагӣ тамоман барғалат аст. Онҳо наврасони худбин, маккор, фиребгар ва якрав ба шумор рафта, ба одамон бовар надоранд, мехнатдӯст нестанд ва ғ.
Гурӯхи сеюми наврасон-ҳуқуқвайронкунандаҳоро ихтилофи байни талабот, муносибат ва ақлдаҳои тағйирёфта ва мусбат ташкил медиханд. Онҳо амали ношоиста будани ҳуқуқвайронкуниҳоро хуб мефахманд. Аммо ҳоло тасаввуротхои солими ахлоқӣ дар онҳо ба эътикод табдил наёфтаанд, аз ин рӯ майлҳои хубдинонаи онхо сабаби зохир шудани рафторҳои зиддиҷамъиятӣ мегарданд.
Гурӯҳи чорум наврасоне мебошанд, ки талаботхояшон суст тағйир ёфтаанд. Онхо инсони беирода, ба осонӣ талқиншаванда, беандеша, ноустувор, нобовар ба қувваи худ, майлдошта ба қаҳрамонӣ, бепарво ба корҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошанд.
Ба гурӯхи панҷум наврасоне дохил мешаванд, ки тасодуфан ба роҳи ҳуқуӣвайронкунӣ афтодаанд. Онҳо мехиатдӯст, боинтизом ва бошарму ҳаё буда, тез ба таъсири муҳитҳои хурд дода мешаванд.
А.М.Алемаскин сохти шахсияти ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғро тахқиқ намуда, қайд мекунанд, ки махсусияти шахсияти онҳоро мавҷудияти як қатор сифатҳои манфӣ ташкил медиҳад. Яке аз ин сифатҳо дуруғгӯӣ ба ҳисоб меравад, ки ба тамоми ноболигони озмудашуда хос аст. Ба  онҳо боз чунин сифатхои манфӣ хос мебошанд: дағалӣ, кӯтоҳақлӣ, танбалӣ, ахрессия, бемасҳулиятӣ ва ғ.
Мушохидаҳои психологӣ нишон доданд, ки дар наврасони Ҳуқуҳвайронкунанда инчунин шавқу хавасхояшон ба дигаргунӣ дучор мешаванд, зеро ба таҳсил, ба ҳаёти ҷамъиятию снёсӣ чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд; шавқу ҳавасҳои касбию мехнатӣ суст ва ё умуман инкишоф наёфтаанд; шавқу ҳавасҳои зебоипарастӣ махдуданд ва ё танҳо пассивонаи мазмуни филмҳо (таваҷҷӯҳ ба тирпарронӣ, ҷангу ҷидол ва ғ.) равона шудаанд. Онҳо ба китоб, театр, газета кам мароқ зохир менамоянд, '
Наврасони душвор нисбатан фаъоланд. Вале ин фаъолӣ табиати манфиро дорад - ин муқобилият нишон додан ба мақсадхои мураббияҳо ва коллектив аст. Дар ин наврасон системаи маромҳои рафторашон дигар гаштааст, рафтору кирдори онҳо бе ҳеҷ гуна нияту мақсадҳои равшан ифодаёфта содир мешавад ва ё дар асоси шавқу ҳавасхои носолим ба амад меояд. Шароити зиндагии ин наврасон ба он мусоидат менамояд, ки онҳо риоянакунандаи қонуну қоида ва меъёрхои рафтор шаванд. Чунин наврасон ҳуқуқвайронкунандаҳои асосӣ ба шумор мераванд.
А.Г.Ковалев сохти талабот ва шавқу хавасҳои хуқуқвайронкунандаро муайян намуд: «вайрон шудани мувозинат байни намудҳои гуногуни талаботҳо: камбағалии онҳо ва дигарон; роҳхои зиддиахлоқии қонеъгардонӣ. Аз ҳамаи талаботхо ва шавқу ҳавасҳои ҳуқуқвайронкунанда намуди моддӣ дар навбати аввал меистад, ки бештар вақг таб: вайроншударо доранд».
Дар наврасони ҳуқуқвайронкунанда бесаводии ҳуқуқӣ (наврасон қонунро танҳо бо систсмаи мамнӯъҳо алоқаманд менамоянд) мушоҳида мешавад. Онҳо ба қарорхри қонунгузорӣ муносибати маифӣ зохир намуда, хоҳиши иҷро намудани қонунхоро надоранд. Дар донишхои ҳуқуқии снҳо нуқсонҳо ҷоӣ доранд, дар шуурашон ихтилофхои фикрӣ зиёданд ва ин аз ноустувории шуури ахлоқии онҳо дарак медиҳад. Бинобар ин, номураттабии муҳокимаронӣ ва бемантиқии рафтору кирдор дар чунин наврасон ба назар мерасад, ки онҳо ба зухуроти дурӯягӣ ва ё мунофиқии ӯ сабаб мешаванд.
Маромҳои ҳуқуқвзйроикунии ноболиғон аз рӯи мазмунашон гуногунанд. Аз байнашон, неш аз ҳама, маромҳои боэътабор ва бонуфузро ҷудо кардан мумкин аст. Наврас хоҳиши ишғол намудани мазқеи сазоворро дар доираи ҳамсолонаш мекунад. Фоизи муайянро маромхон вазъиятӣ ташкил медиҳанд, ки дар ҳолатҳои пурихтилоф пайдо мешаванд ва наврасон роҳи дурусти баромаданро аз.онҳо танҳо дар ҳуқуқвайронкунӣ мебинанд. Мувофиқи тадқиқотҳои ҳуқуқшиносон чор типи ҳуқуқвайронкунӣ вуҷуд дорад.
Ба типи якум наврасоне дохил мешаванд, ки борн аввал ҷиноят содир кардаанд ва онҳоро ҳуқуқвайронкунандахои «тасодуфӣ» меноманд, Симои маънавӣ ва рафторҳои пешинаи чунин наврасон тобиши мусбатро доранд ва рафторҳои содиркардаи онҳо зери таъсири ихтилофҳои ногаҳон
баамаломадаи  ҳаёт рӯй медиҳанд. Вайроншавии камайёни тараққиёти  шахсияти  чунин наврасон бояд тавассути чорабиниҳои тарбиявӣ ислоҳ намуда, ва ин раванд набояд аз оилаю мактаб ҷудогона ба роҳ монда шавад.
Типя дуюми ҳуқуқвайронкунандаҳои ноболиғ наврасоне мебошанд, онҳо низ бори аввал (асосан тасодуфӣ рӯй медиҳад) ҷиноят содир кардаанд, вале пеш аз ин қачрафторихо дар онҳо ба амал омада буданд: гурехтан аз хона, тамокукашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, вайрон кардани  тартиботи ҷамъиятӣ ва ғ. Ояндаи ин наврасони «ноустувор» аз атрофиён ва мухити хурди онҳо вобаста аст. Саривақт пешгирӣ намудани саочашмахои мушаххаси таъсиррасонии манфӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавонад рафти ахлоқан вайроншавии наврасонро боздоранд.
Ба типи сеюм наврасоне дохил мешаванд, ки ҷиноят содир вамудаанд ва он бо сабаби дигаршавии ахлоқу маънавияти онҳо ба амал омадааст. Ин ҷиноятҳо метавонад зери таъсири иштирокчиёни нисбатан ботаҷриба ва ё ҷинояткорони калонсол содир шудаанд. Ба ин наврасон ҷангу чидолхои гурӯҳӣ, дуздиҳои тасодуфӣ, ғорат кардани майзадаҳо ва ғ. хосанд. Назорати хубу мунтазам аз болои рафтори онҳо ва корҳои тарбиявии давомдор метавонанд самараи нек диҳанд.
Чунин наврасоне, ки ба муассисаҳои ислоҳотӣ меафтанд, одатан тез ба шароити нав мутобиқ мешаванд, ба чорабиниҳои тарбиявӣ хайрхоҳона муносибат мекунанд, вале боз метавонанд ба гурӯҳхои манфии рафиқони калонсол дохил шаванд. Вазифаи мураббияҳо - ташаккули иродаи ин наврасон, инкишоф додани қобилияти муқобилиятнишондиҳӣ ба таъсиротҳои бад ва ғ. аст.
Ба типи чорум доираи нисбатан хурди ноболиғон тааллуқ доранд, ки дорои равияи устувори  зиддиҷамъиятӣ  мебошанд.  Дар  байни  онхо наврасони пеш судшуда ва борҳо чиноят содиркарда низ ҳастанд. Ба ин типи наврасон бештар дигаршавии пояю асосҳои ахлоқӣ хос аст. Талабот ва шавқу хавасҳои онҳо бо нӯшонӯшӣ,  қиморбозӣ,  беҳудагардӣ  ва
оворагардӣ махдуд мешаванд. Онҳо шахсони дағал, бераҳм буда, бештар ҳамчун сарварони ғайрирасмии гурӯҳҳои наврасон ба воя мерасанд. Маромҳои ҷинояткории онхо тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи тараққиёти манфии ахлоқ аст. Чунин наврасон ҳарчанд дар лахзаҳои аввал муқобилият нишон диҳанд ҳам, вале ба тарбияю ислоҳкунӣ дода мешаванд. Ҳангоми   дида   баромадани   шахсияти    ҳуқуқвайронкунандаҳои ноболиғ бояд ба ҳолати психикии онҳо эътибори ҷиддӣ дод. Мушохидахои  онҳо мушоҳидакорӣ тараққӣ карда буд: бо як назар метавонистанд ба дили рафиқи дар паҳлӯ истода роҳ ёбанд». Умуман, протсесси сотсиализатсияи навраси душвор ба осонӣ намегузарад ва мувофиқи назариёти психолога машҳури рус А.В.Петровский аз се зина иборат аст:
1) Адаптатсия - навраси ба муҳити нав афтида, дар навбати аввад кӯшиши ҷудо намудани худро аз дигарон намекунад, балки дар он меъбрҳри муошират, лексика, тарзи гашту либоспӯшӣ ва шавқу завқро аз худ менамояд.
2) Индивидуализатсия - наврас душвориҳри адаптатсияро паси сар намуда, ба фаҳмидани он чиз шурӯъ мекунад, ки худашро ҳамчун шахс аз даст дода истодааст, зеро фардияташро дигарон дар ӯ дида наметавонанд. Аз ин рӯ, наврас роҳу воситаҳои таъкид намудани шахсияти худашро ҷустуҷӯ менамояд.
3) Интегратсия - коллектив ба хусусиятҳои наврас назар карда истода, ҳар он чизеро дастгирӣ мекунад, ки ба муваффақиятя фаъолиятм якчоя ёрӣ мерасонад.
Ҳамин тариқ, ислоҳ намудани сифатҳои шаклан ва мазмунан дигаршудаи шахсшпи навраси душвор ҳа инчунин фаҳолонидани рафти сотсиапизатсияи он аз маҷмӯи таъсиррасониҳои мақсадноки тарбиявӣ чӣ дар оила ва чӣ дар макгаб вобаста аст. Роли муҳимро дар ҳалли ин масъала аҳли ҷамъият бозида метавонавд.
Саволҳо баров санчиш:
1.Сабабҳои душвортарбия шудани наврасон кадомҳоянд?
2.Тавсифдиҳавдаҳои  наврасони  «душвор»-ро,  ки  тадқиқотч гуногун муайян кардаанд, шарҳ диҳед?
З.Таснифоти наврасони «душвор» аз рӯи принсипи С.Қодиров гуна аст?
4.А.В.Петровский   кадом   зинаҳои   сотсиализатсияи   наврасонро

Дидан карданд: 3625

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: