|

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:

  1. Мазмун ва моҳияти муошират.
  2. Мафҳуми  «коммуникатсия» .  
  3. Сохти муошират.
  4. Функсияҳои муошират.

 Масъалаи муносибатхои инсонӣ объекти омӯзиши соҳаҳои гуногуни илмҳои  ҷамъиятӣ   гаштааст.     Пеш   аз  хама  таваҷҷӯҳи  сотсиологҳо, идеологҳо   ва   психологхоро   ба   худ   кашидааст.   Сотсиологҳо   аслан муносибатҳои ҷамъиятирс» (истеҳсолӣ, сиёсӣ, идеологӣ, ҳуқуқӣ ва ғ.) тадқиқ менамоянд. Педагогҳо муносибатро ҳамчун воситаи ташаккул одани шахсияти инсон дида мебароянд. Психологхо бошанд тарафи 'бҳективии муносибатро ҳамчун робитаи интихобии шахс бо шароитҳои ҳаёт, меҳнат ва пеш аз ҳама бо одамон меомӯзанд. ҳарои он ки муаммоҳои муносибатхои байнишахсӣ харҷиата ҳалли ёбанд, бояд ҷанбаҳои психологии муошират ҳамаҷониба таҳхлил гардад.
Зеро ҳам муносибатҳои ҷамъиятй ва ҳам байнишахсй маҳз дар муошират ошкору амалӣ мегарданд.  Умуман  ҷамъияти  инсониро муошират тасаввур кардан гайри имкон аст.
«Муошират - ин протсесси мураккаби муқаррар намудан ва инкишс додани алоқаю робитаи байни рдамон буда, дар фаъолияти якҷоя зимни талаботҳои онҳо ба амал меоянд ва мубодилаи ахбср, коркарди тарзи ягонаи тасиррасонии байниҳамдигариро фаҳмидани одамони дигар дар ба мегирад».
Ба ибораи дигар, муошират робитаи байни одамон буда, дар рафт он алоқаи солими психикй ба амал меояд, ки дар мубодилаи ахбор, таъсири байниҳамдигарӣ, ҳамхиссӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зохир мешавад.
Муошират шарти муҳими ташаккули ҳам шахс ва ҳам гурӯҳ аст.] Инсон дар рафти муошират худро муайян карда, хусусиятҳои фардию психологияшро ошкор месозад. Дар ҷараёни муоширати одамон, ки ба таври воқеӣ ба ягон синф мутаалиқанд, монандӣ, мувофиқати манфиат тасаввуротхои онхо аниқ мешавад ва ҷахснбинияшон ташаккул меёбад.
Солҳои   охир  дар  адабиёти  психологӣ  дар  баробари   мафхуми «муошират»,   инчуни   «коммуникатсия»-ро   ба  таври   васеъ   истифода  мебаранд. Коммуникатсия нисбат ба муошират дида мафҳуми ҳачман] васеҳтар аст ва он алоқа, робита, таъсири  мутақобилаи ду снстема мебошад, ки дар рафти он аз якеаш ба дигараш сигнал (ахбор) дода мешавад. Масалан, ду хисобмошинҳои электрониро мегирем, ки бо ҳам бо ] сим пайваст шудаанд. Ҳар яке аз рӯи барномаи ҷойдодашуда амал мекунад. Агар онҳо мубодилаи ахбор намоянд, он гоҳ гуфтан мумкин аст, ки байни онхо коммуникатсия вуҷуд дорад. Рақси занбӯрон ба занбӯрони  дигар аз самти хӯрок ва масофаи ғизоашон сигнал медиҳад. Ин чиз коммуникатсия   аст.   Ҳавопаймоён   самолбтро   идора   мекунанд,   пас коммуникатсия байни «инсон - мошина» ба амал меояд. Ҳавопаймо дар. асоси асбобҳои самолёт низоми  кор, дурустии нуқтаҳои  мошина ва шароити   парвозро   фахмида   мегирад.   Ин   имконияти   идоракардани, самолётро медиҳад.
Дар ҳамаи мисолҳои овардашуда робитаи одамҳо ва таъсири як шахс ба дигараш мушоҳида намешавад. Пас, дар ин ҷо хусусиягхои муошират ҷой надоранд. Роли муоширатро хамчун омили махсуси ташаккули психика таъкид намуда, Б.Ф. Ломов менависад, ки вақте ки тарзи зиндагии фарди мушаххасро мешӯзем, мо бо он махдуд шуда наметавонем, ки ӯ чӣ  тавр ин корро мекунад, мо инчунин боад онро тадқиқ намоем, ки ӯ бо кӣ ва чӣ тавр муашират менамояд.
Психолог А.Н. Леонтев қайд менамояд, ки ҳангоми таҳлил намудани ҳалталаби муошират бояд ягонагии муошират ва фаъолиятро гириифт. Муошират дар рафти фаъолият намудани шахс сурат Пас  танҳо одами фаъол муошират мекунад. Махз муошират умумияти одамонро, ки фаъолията якҷояро иҷро менамоянд, ташаккул Муошират фаъолияти инсонро на танҳо ташкил медиҳад, балки нан ғанӣ мегардонад ва туфайли он алоқаю муносибатҳои нав ба нав байни одамон пайдо мешаванд.
Барои ба мохияти муошират сарфаҳм рафтан, бояд сохти онро донист. Дар адабиёти илмӣ андешаҳои гуногун доир ба муайян кардани сохти муошират вуҷуд дорад. Мутахассиси варзидаи ин соҳаи илм Г.М. Андреева функсияҳои муоширатро ба асос гирифта, сохти онро муайян кардааст. Ин сохтро дар нақшаи зерин дида метавонем.
Моҳияти тарафи коммуникативиро мубодилаи ахбор байни муошираткунандагон ташкил медиҳад. Тарафи интерктивиро ташкили ҳамкорй байни одамони муошираткунанда дар бар мегирад. Яъне, дар рафта муошират на танҳо мубодилаи донишҳо, идеяҳо, балки мубодилаи амалҳо низ ба вуҷуд меоянд. Тарафи персептивй маънои идроки байниҳамдигарии муошираткунандагон ва ё худ ҳамдигарфаҳмиро дорад.
Акнун ба таври мухтасар ҳар яке аз ин тарафҳоро (функсияхоро) дида мебароем.
Чӣ тавре ки дар боло қайд шуд, тарафи коммуникативии муоширатро мубодилаи ахбор дар бар мегирад. Мазмуни ахборро маҷмӯи тасаввурот, идея, шавқу ҳавас, рӯҳия, хиссиёт ва мақсадгузориҳои муошираткунандагон ташкил медихад, ки дар рафти он мубодилаи онҳо байни иштирокчиёни он ба амал меояд. Бояд донист, ки ахбор дар ҷараёни муошират на танҳо ба мусоҳиб гузаронида мешавад, балки он аниқ мегардаду такмил меёбад. Ба муошират бояд аз рӯи чуни тавсифд баҳо диҳем.
Аввалан мо бояд муоширатро на ҳамчун равоннамоии одӣи ахбор аз як система ба дигараш фахмем. Ин аз «ҳаракати ахбор»-и одии механизм комилан фарқ мекунад, зеро мо дар ин ҷо бо муносибатҳои , фард, ки ҳар яқе аз онхо субъекти фаъол мебошанд, сарукор дорем. тарафи коммуникативии муошират мубодилаи фаъоли ахборро ифода мекунад. Мухаққиқи чехославакӣ Я. Янушек қавд мекунад, ки мубодилаи ахбор роли муҳимро барои ҳар як иштирокчӣ ахамйяти ахбор мебозад. Ба қавли психолог А.Н. Леонтев «ахбор ин аҳамиятро барои он ба даст меоварад, ки одамон хамту бо аломатҳо «мубодила» накарда, хосил намудани маънои умумиро мекунанд».14 Ин мақсадро он вақг даст овардан мункия аст, ки агар ахбор хам қабул гардаду ҳам шавад, яъне мусоҳибон маънои онро дониста гиранд. Ин раванд аз чунин сохт бояд ташкил карда шавад: фаъолият - мубодила - донистагирӣ Бояд зикр кард, ки мусохибон дар рафти мубодилаи ахбор бо воситая системаи аломатхо ба рафтори яқдигар таъсир мерасонанд ва вобаста ба ҳамин ҳолати рӯхии иштирокчибн низ ба дигаргунй дучор мешавад. Пас, таъсири коммуникатив як навъ таъсири психологӣ ба хисоб меравад, зеро ақидаи ҳар як иштирокчии муошират таъсир бахшидан ва тағйир додани рафтори иштирокчии дигар аст. Аз ин рӯ, ахбор табиати водоркунанда ва| муқарраркунандаро пайдо мекунад. Яъне, ахбор мухосибро ба фаъолияти фикрӣ ё амалӣ водор нашуда, ӯро фаъол мегардонад, ки натиҷаи он муқаррар намудани мазмун ва мохияти мубодилаи ахбор аст.
Асосан ду намуди коммуникатсияро фарқ мекунанд: шифоҳй ва  ғайришифоҳӣ. Агар коммуникатсияи шифоҳӣ тавассути нутқ сурат гирад, он   гоҳ   коммуникатсияи   ғайришифох   туфайли   системаи   аломатҳои ғайринутқӣ (кинетика, паралингвистика, проксемика, муоширати визуалӣ) амалй мегардад.
Муошират  ҳамчун   ҳамкорӣ   тарафи   интерактивии   онро   ифода мекунад. Дар байни муошират ва ҳамкорӣ алоқаи зич вучуд дорад. Дар ҷараёни муошират на танҳо мубодилаи ахбор, балки ташкили «мубодилаи \ амалҳо» низ зарур аст. Мубодилаи амалҳо фаъолияти якҷояро талаб> мекунад.   Амалҳои   якҷояи   иштирокчиёни   муошират   аз   умумияти) фаъолияти онҳо дарак медиҳад ва ин ба зухуршу ташаккули ҳамкорӣ мусоидат менамояд. Ҳамкорӣ ду намудро дорад: кооператсия ва рақобат.
Кооператсия ё худ ҳамкории кооперативӣ маънои ба ҳам овардани си алоҳидаи ишгарокчибни муоширатро дорад. Кооператсия унсури л фаъолияти якҷоя аст. А.Н. Леонтев ду ҷихати асосии фаъолияти ю ҷудо намудааст: а) тақсим намудани протсесси ягонаи фаъолият айни инггарокчиен; б) тағйир додани фаъолияти ҳар як кас, яъне яъне фаъолияти ҳар як кас ба қонеъгардонии талаботи ӯ намебарад ва ба забони психологӣ гӯем, «маданият» ва «маром»-и фаъолият бо ҳам мувофиқат намекунанд. Пас, натиҷаи фаъолияти ҳар як иштирокчӣ бо натиҷаи ниҳоии фаъолияти якҷоя чӣ тавр пайваст мешавад? Воситаи пайвастшавии   онҳо   муносибате   ба   шумор   меравад,   ки   дар   рафти фаъолияти якҷоя инкишоф меёбад. Нишондиҳандаи мухими зиччияти ҳамкории кооперативиро воридшавии ҳамаи иштирокчибн ба ин протсесс ва саҳми гузоштаи онҳо ифода мекунад.
Рақобат ҳамчун намуди дуюми ҳамкорӣ зимни низоъҳо ба амал меояд. Дар асоси омӯзиши низоъҳо шаклҳои гуногуни муносибат ба он (бартараф намудани низоъ, пешгирии низоъ, паст кардани шиддати он ва ғ.) ҳангоми муоширати корӣ муайян мешавад.
Низоъ - амали муқобилмаънои ҳар ду тараф буда, ба муқобили якдигар равона шудааст, то ки ҳар яке ба мақсадҳои худ ноил гардад. Низоъ чунин аломатҳоро дорад, ки зимни онҳо мавҷудияти он муайян карда мешавад: а) вазъияте, ки ҳамчун ихтилофнок аз тарафи иштирокчиёни он идрок мешавад; б) тақсимнашавандагии объекти низоъ; в) хохиши давом додани ихтилоф бо мақсади ноил шудан ба он. Низоҳ сохти муайяни худро дорад ва тавассути он формулаи пайдошавии низоъ маълум мегардад, ки он чунин аст:
Пайдошавии вазъияти баҳснок—>яке аз тарафҳо вазъиятро ихтилофнок дарк мекунанд—шайдоиши вазъпяти ихтилофнок—* пайдоиши баҳона бавуҷудоии низоъ. Низоъро дар зинаи аввали он (пайдоиши вазъияти баҳснок) пешгирй кардан мумкин аст. Пас, чӣ тавр низоъро идора кардан мумкин аст? Маълум аст, ки иштирокчиёни ҷараёни муошират хангоми бавуҷудоии низоъ ба ҳолати муайяни бошиддати рӯҳӣ ё худ стресс гарифтор мешаванд. Аз ин рӯ, зарурати идоранамоии стресс ба миён меояд. Барои ин рохҳои гуногунро истифода мебаранд, аз он ҷумла: машедиҳии иҷтимоӣ - психологӣ, инкишоф додани малакаю маҳорати маданияти муошират намудан, ташаккули малакаи паст ё рафъ намудани шиддати ҳаяҷон, бозиҳои коммуникативӣ, релаксатсия ва ғ.
Муошират хамчун ҳамдигарфахмӣ тарафи персептивии он ба шумор меравад. Ҳамдигарфахмиро аз назари психологӣ ба ду маъно шарх додан
мумкин аст: ба маънои фаҳмидани мақсад, маром ва талаботҳои мусохиба ва ё ба маънои қабули ин мақсад, маром ва талаботҳои ӯ. Дар ҳар ду ҳолат протсесси хамдигарфахмс ва ё худ дарки дурусти тарафайн ба амал меояд.
Бояд кайд намуд, ки инсон ҳамчун шахс ба рафти муошират ҳамроҳ шуда, дар баробарн ин аз ҷониби шарики муошираташ низ хамчун шахя идрок карда мешавад. Мо, гӯё дар асоси тарафхои зохирии рафтор ом одами дигарро идрок мекунем ва моҳияти маълумотҳои зоҳирии онро| ошкор менамоем. Таассуротҳое, ки аз ин маълумотҳо бардошта мешава нақши бузургу муҳимро ба рафти батанзимдарории муошират мегузоранд. ] Аввалан, аз он ҷиҳат, ки бо дониста гирифтани шахси дигар, худ фардияти идроккунанда низ ташаккул меёбад. Дуюмин, барои он ки дараҷаи аниқи дуруст идрок кардани шахси дигар ташкили минбаъдаи! муносибатҳои байнишахсии мувофиқ сахт вобаста аст. Тасаввурот пайдо  кардан   дар   бораи   шахси  дигар   ба  дараҷае   бо   худшиносии   худи идроккунанда шюқаманд аст. Зеро ҳар қадаре, кн тасаввуроти шахс дар барои худаш бою васеъ бошад, хамон қадар имконияти тасаввурот пайдо намудан дар бораи шахсияти одами дигар зиёдтар мегардад ё худ ҳар чӣ бештар одами дигар пурра ошкору дониста шавад ва ӯ хамои қадар пурратар дар бораи худаш тасаввурот пайдо мекунад.
Идроки байниҳамдигарй дар асоси муқоиса намудани худ бо дигарон ба амал меояд ва бо ду чиҳат тавсиф дода мешавад: идентификатсия (хаммонандкунӣ) ва рефлексия.
Истилоҳи «идентификатсия» маънои монанд намудани худро ба дигарон дорад. Инсон бо рохи монанд кардану шабех додани худ ба шахси < дигар он шахсро дониста мегирад. Ӯ барои ин худро ба ҷои он шахс  мегузорад ва бо ҳамин тадриҷан олами ботинии ӯро фахмида мегирад. Дар адабиёти психологй боз мафҳуми «эмпатия»-ро истифода мебараид, ки маънои ҳамхиссиро дорад ва ба идентификатсия наздик аст. Фарқияташ дар он аст, ки эмпатия тобиши эмотсионалиро дорад, зеро шахс дар асоси ҳамдардию ҳамҳиссӣ зоҳир намудан шахси дигарро дарк мекунад.
Ҳар ду ҳолати дар боло гуфташуда аз ҳалли як масъапаи дигар вобаста аст: чӣ тавр шарики муоширатам маро дарк мекунад? Яъне, ман дар оинаи шахси дигар чӣ навъ инъикос шудам, он инъикос пурра аст ё не, ӯ маро дуруст фаҳмида аст ё не - ҳамаи инро дар маъхазҳои илмй рефлексия меноманд.
Механизми дигари идроки байниҳамдигариро аттраксия ташкил медиҳад. Атграксия як шакли маърифаткунии одами дигар буда, дар асоси ҳмссмётҳои мусбати пеш ташаккулдфта нисбати ӯ ба амал_меояд, яъне якдигарфахмӣ зимни зохиршавии дилбастагӣ ва муносибати дӯстӣ низ ҳосил мешавад. Шахс ҳар қадре, ки ба мавқеи шахси дигар муносибати мусбати эмотсионалӣ дошта бошад, ҳамоя қадар ба дуруст фахмидани мавқеи ӯ имконият пайдо мекунад.
Атрибутсияи каузалӣ - механизми дигари ҳамдигарфахмӣ буда, асоси он рафтор, ҳиссиёти одами дигар шарҳу эзоҳ ва баҳо дода мешавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як шахс роҳу усулҳои ба хоси баҳодиҳиро ба рафтори одамон дорад ва онҳо:
а) шахсоне ҳастанд, ки дар ҳар гуна вазъият майл ба пайдо намудани айбдор ва ё гунахкор дар сар задани ҳодисаи рӯйдода доранд ва кӯшиши нисбат додани сабаби ҳодисаро ба ӯ мекунанд;
б) одамоне низ вомехӯранд, ки ҳамеша маҳз вазъиятро дар ҳама холатҳо гунаҳкор мешуморанд ва ба равшан кардани сабаби асосӣ ҳеҷ
майле надоранд;
в) боз одамони дигар мешаванд, ки сабаби рӯй додани ин ё он ходисаро танҳо дар худи ашёҳо мебинанд: гулдон афтид, чунки нодуруст ҷойгар шуда буд 6 ӯ ҷароҳат бардошт аз садамаи техникй ва ба ин худаш айбдор аст, ки зери мошин мондааст.
Ҳамии тариқ, функсияҳои муошират имконият медиҳанд, ки мазмун ва моҳияти асосии муносибатҳои байнихамдигарии одамон дар гурӯҳҳои иҷтамоию коллекгивхо равшан шаванд ва дар ҳамин замина механизмҳои ҳамднгарфахмии онҳо муайян гарданд.
Саволҳо барои  санҷиш:

  1. Мазмун ва моҳияти муоширатро кушода дихед?
  2. Зери мафҳуми «коммуникатсия» чиро мсфаҳмед?
  3. Моҳияти ягонапш муошират ва фаъолият дар чй ҷоҳир мешавад?
  4. Сохти муоширатро муайян кунед?
  5. Функсияҳои муоширатро тавсиф диҳед?

Дидан карданд: 5277

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: