|

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:
1.Мазмун ва моҳияти муносибатҳои чамъиятӣ
2. Мафҳуми «муносибатҳои байнишахсӣ»
З.Мафҳуми «рол»- дар психологияи иҷҳтмоӣ.
4.Мафҳуми «мавқеи иҷтамоӣ»

Психологияи иҷтимоӣ на танхо қонуниятҳои рафтори одамон ва фаъолияти онҳоро тадқиқ мекунад, балки амали муоширату муносибатҳои байнишахсии онҳоро низ меомӯзад.
Масъалаи асосии психологияи иҷтамоӣ аз он иборат аст, ки механизми дохилшавии фардияти инсонро ба ҳақиқати иҷтимоӣ муайян кунад. Ин аз он ҷиҳат зарур аст, ки мо бояд чигунагии натиҷаи таъсири шароитхои иҷтимоиро ба фаъолияти шахс фаҳмем. Мафҳуми «натиҷа»-ро набояд чунин фахмид, ки гӯё дар ибтидо ягон рафтори «зиддиҷамъиятӣ» вуҷуд дораду сипас ба он ягон чизи иҷтимоӣ гузошта мешавад. Ҳеҷ мумкин нест, ки аввал шахс омӯхта шаваду баъдан ба он систсмаи робитаҳои ичтимоӣ часпонида шавад. Чунин муносибату шархдиҳӣ комилан нодуруст аст, зеро худи шахс «маҳсул»-и ин робитаҳои иҷтимоӣ аст ва аз тарафи дигар эҷодкори фаъол ва офарандаи он ба шумор меравад. Таъсири байниҳамдигарии шахсхо ва системаи робитаҳои иҷтимоӣ моҳиятан бо ҳам алоқамандаид.
Пас, мо бояд мафҳуми шахсро аз ибтидо дар системаи умумии муносибатҳои ҷамъиятӣ бинем, яъне муносибатҳои реалии шахс бо олами беруна муайянкунандаи фаъолияти ӯ аст.
Бояд гуфт, ки мазмун ва дарачоти муносибатҳои одамон бо олам гуногун аст: хар як фард бо фарди дигаре муносибат мекунад, вале як Қатор гурӯҳҳои ичтимой низ байни худ дар муносибатанд, Ҳамин тариқ, инсон  субъекти  муносибатҳои  гуногун  ба  шумор  меравад.  Дар  ин мухталифияти муносибатхо бояд ду намуди муносибат фарқ карда шавад: муносибатхои    ҷамъиятӣ    ва    муносибатҳои     «психологӣ»-и     шахс (В.Н.Мясишев).
Сохти муносибатҳои ҷамъиятиро сотсиология меомӯзад. Системаи осибатҳои ҷамъиятиро на танҳо «вохӯрӣ»-и фард бо фард ташкил медихад, балки  фардхое,  ки  намояядаи гурӯҳҳои муайяни  ҷамън (синфхо, касбу кор, гурӯҳҳои сиёсӣ, чун хизбҳои сибсӣ) мебошанд, иштирокчии бевоситаанд. Чунин муносибатҳо на дар асоси ягон ҳусни таваҷҷӯҳ ё нафрат ба якдигар, балки зимни мавқеи ишғолкардаи ҳар фард дар ҷамъият сурат мегиранд. Ин муносибатҳо моҳиятан объек буда, муносибати байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва байнифардхоеро ифод мекунанд, ки намояндагони ҳамин гурӯҳҳои иҷтимоиянд.
Муноснбатхои байнишахсӣ бояд дар алоқамаидй бо муносибатҳои ҷамъиятӣ дида баромадачиаванд. Дар гурӯҳҳо ва коллектнвхо муносибат ва муносибати байниҳамдигарӣ вуҷуд дорақд ва онҳоро бо усули психологӣ омӯхтан мумкин аст. Методҳои омӯзиши муносибатҳои байнишахсӣ дар қисмати «практнкуми иҷтамоӣ-психологӣ» оварда мешавад.
Муносибат - ин мавқси ишғолкардаи шахс нисбат ба ҳама чизе, ки ӯро иҳота кардаанд ва ба худаш мебошад. Одам ҳамеша ба ашё, ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, одамон дар муносибат аст. Баъзе чизҳо ба ӯ маъқул мешавад ва қисмати дш-арашон не, баъзеашон ӯро ба ташвиш месваранд ё нисбаташон ҳисси бепарвоӣ зохир мекунанд. Ҳиссиёт, манфиатҳо, диққату эътибор - ана он протсессҳои психикӣ, ки муносибати одамро, мавқеи ӯро ифода мекунанд. Ҳамин тавр, дар гурӯҳҳо ва коллекгивхоро на муносибат, балки муносибата байниҳамдигарӣ зоҳир мешавад.
Муносибати байниҳамдигарӣ — ин мавқеи ишғол кардаи байниҳамии як шахс нисбати шахси дигар ё мавқеи ишголкардаи шахс нисбати умумияти одамон мебошад.
Муносибатҳои байнишахсӣ аз зуҳуротҳои муносибатхои байниҳамдигарӣ ба ҳисоб рафта, тобиши эмотсионалиро дорад. Аз ин рӯ муносибатҳои байнишахсиро ҳамчун омили «муҳит»-и психологии гуруҳ хисобидан мумкин аст. Ҳамин тавр, муносибатҳои байнишахсӣ дар асоси маромҳои зерини психологӣ ба амал меоянд: ҳусни таваҷҷӯҳ, умумияти ақидаҳо, шавқу ҳавасҳо, пурракунии шахсияти яқдигар, душманӣ, нафрат ва ғ.
Муносибатҳои байнишахсӣ ҳуҷҷатнигориро намепарваранд, зеро онҳоро тавассути фармон ва дастурдиҳиҳо ташкил кардан мумкин нест. Шарти муҳими ба вуҷуд овардани муиосибагҳои байнишахсӣ идроки якдигар ба шумор меравад. Идроккунй дар асоси маълумотҳои аввалини бадастовардашуда ба амал меояд:
-намуда берунӣ;
-рафтор.
Умуман,  инсон барои  одами  дигар  ҳамчун  сарчашмаи  ахбору
аввал метавонад хусусияти дилрабоӣ  дилнокаширо муайян кунад.
Таҷрибаи хаётии одам таъсири муайянро дар аниқии идроккунӣ ва амиқфаҳмии одамя дигар мегузорад. Масалан, онҳое, ки аз рӯи характери Ҳаъолияташон бо одамон дар муносибати бештари банннҳамдигарӣ мебошанд, баъзан беихтиёрона ба рафтори шахсони ношинос тавсифу баҳои дуруст медиҳавд. Ин қонуният бисёр хуб дар фаъояияти омӯзгорон, психологҳо, сотсиологҳо, духтурон ва муфатгишон татбиқ мегардад.
Психологҳои иҷтимоӣ ҳангоми тадқиқи масъалаи идроки якдигарии одамон чунин барғалат дарккуниҳоро муайян намуданд:
-таассуроти аввалаи мусбати бардошташуда дар бораи одам ҳангоми бахрдихӣ ба хусусиятҳои алохдаи ӯ таъсири муайян мебахшанд. Агар таассуроти умумӣ дар бораи одам мусбат бошад, он гоҳ сифатҳои мусбати шахс аз будаш зиёд баҳо дода шуда, сифатҳои манфиаш пардапӯш карда мешаванд. Баръакс, агар таассуроти умумӣ дар бораи одам манфӣ бошад, он гоҳ ҳатто рафтору кирдорҳои ҷавонмардонаи ӯ ба назар намерасанд;
-мушоҳидахо нишон доданд, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ба шахси ношинос таъсири муайянро маълумотҳои аввалин дар бораи ӯ мебахшанд. Ба баходиҳии шахси шинос бошад, маълумотхои охирин дар бораи ӯ таъсир мерасонанд;
-зуҳуроти хайрхоҳии аз ҳад зиёд олиҳимматона ҳақгоми дарк кардану баҳо додани шахси дигар, Дар аксари ҳол дар шахсоне мушохида мешавад, ки бештар дастгирии эмотсионалиро аз тарафи одамони дигар ҳис кардаавд.
Ҳар як инсон дар коллектив, дар ҷараёни муносибатҳои байнишахсӣ, ҳангоми иҷрои ягон намуди фаъолият роли муайяни иҷтимоиро иҷро екунад. Ба қавли психолог С.Л.Рубинштейн «шахсро аз он  роли реалие,ки  дар ҳаёт мебозад, ҷудо кардан ҳеҷ мумкин нест».22
Рол - ин мафҳуми иҷтимоӣ ва ичтамой-психологӣ буда, намуди  ҷамъиятан зарури фаъолияти иҷтимоӣ ва воситаҳои рафтори шахсро ифода мекунад.
Инчунин дар адабиёти  илмӣ мафҳуми <рафтори ролӣ»-ро низ қайд кунанд ва он ягонагии роли иҷтимоиро бо фардияти иҷрокунандаи амал
ифода менамояд. Барои он ки ба рафтори шахс таъсир расоқда шавад, бояд хусусиятхои рол, шахс ва муносибати байнихамии ин хусусиятхоро тадқиқ  намуд.
Дар ҳар як ҷамъият «моделхои идеалӣ»-и рафтори одамон вуҷуда доранд: зан ё шавҳгр, фурӯшанда ва харидор, хурд ва калон ва ғ. Онҳо дар асоси қонуну қоидаҳои ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешаванл Азхудкунии ин қонуну қоидахо аз ҷониби кӯдакон тавассути бозихои ролвя сурат мегирад ва бо ин «ӯ ин ё он функсияи иҷтимоиро ба худ қабуд менамояд».14
Ҳар як фард мавқея муайяни иҷтамоиро бояд дошта бошад. Мафҳуми мавқеъ ба саволи «Ӯ кист?» ва рол ба саволи «Ӯ чй кор мекунад?» ҷавоб медиҳад.
Ҳар як шахс дар гурӯх ба мавқеи шахси дигар эътибор дода, барон худ роли мувофиқро интихоб менамояд. Агар инсон мавқеи худ дигаронро монанди иштирокчибни дигар дуруст муайян намояд, пас ӯ навъе, ки вазъияти ичтимоӣ талаб мекунад, ҳамон тавр рафтор намуд истодааст. Агар чунин мувофиқат ба амал наояд, он гоҳ ихтилофу низоъҳо ба вуҷуд меоянд.
Инсон дар вазъиятхои гуногун ролхои низ гуногунро иҷро мекунад. Дар рафторҳои ролии шахс ду унсурро фарқ кардан зарур аст: 1) роли иҷтимоӣ, ки ба тағйирёбаидагии рафтор ҷавобгӯ аст ва 2) Ман, ки  хусусиятҳои психологии шахсро ифода мекунад.
Шахс дар ҷараёни фаъолият на танхо зохир мегардад, балки рафти он ташаккул низ меёбад. Ҳар як роли иҷтимоӣ ба дараҷаи муайян ба «Ман»-и шахс таъсир мебахшад.
Тавсифдиҳандак асосии «Ман»-и инсон «худэҳтиромкунӣ» ба шумор; меравад   ва   ба   қавли   психолог   КОН   И.С,   «ин   (худэҳтиромкунӣ) ва худбаҳодихии умумии фард ё дараҷаи қабул ва ё қабул накардани ӯ мебошад

Дидан карданд: 3980

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: zebo.rustamova.72@ mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-03-09

муносибатхои чаъияти ва танзими онхо дар хукуки байналмилалии хусуси


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: