|

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:
1 Мафҳуми «коллектив»
2.Тарафҳои асосии масъалаи коллектив
З.Мафҳумҳои «мувофиқати гурӯхӣ» ва «мувофиқати байнишахсӣ»
4.Мафҳуми «сарвар» ва намудҳои он.

  Дар адабибти илмӣ-психологӣ дар баробари коллектив инчунин мафҳуми издиҳомро истифода мебаранд. Издиҳом дар илми иҷгимоӣ- психологӣ    ҳамчун    ҷамъшавия    нисбатан    кӯтоҳмуддати    ботинан номуташаккили одамон тавсиф дода мешавад, ки аз умумияти равшани мақсадҳо маҳруманд, вале байни худашон  аз рӯи  монандии  ҳолати эмотсионалӣ ва объекти умумии диққат робитадор мебошад. Издиҳом дар асоси овозаҳо ва сирояти эмотсионалӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, ''тадқиқи масҳалаи рафтори одамони аз доираи коллектив берун ба миён омад.
Чор намуди асосии издиҳомро ҷудо менамоянд:
-издихоми оказионалӣ (тасодуфӣ), ки 6о зуҳуроти кунҷковӣ ходисаи ногахон рӯйдода алоқаманд аст (садамоти нақпиётӣ ва ғ.);
-издихоми конвснсионалӣ, ки 6о зухуроти шавқу ҳавас ба ин 6 тамошохои пешакй эълои кардашудаи оммавй (мусобиқаҳои варзш консертхо ва ғ.) алоқаманд аст;
-издихоми   экспрессивй,   ки   ба   таври   якҷоя   ифода   намуда муносибати умумиро ба ин ё он ҳодиса (шодию сурур, рӯхбала эътироз, нафрат ва ғ.) мефахманд;
-издихоми экстатикӣ, ки одамон дар асоси сироятшави», байнихамдигарӣ гирифтори ҳолати ҷунун (дар маросимхои оммавии динӣ, 1 консертхо ва ғ.) мешаванд;
-издихоми амалкунанда, ки дар навбати худ боз чунин зернамудхоро| дорад: издиҳоми агрессивӣ (зананда); издихоми вохимаангез; издиҳс молпарастон; издиҳоми шӯришгарона;
-издихоми худ ба худ рӯйдиҳанда дар натиҷаи ягон ҳодиса ташаккул. меёбад. Ин ходиса диққати одамони ҷамъшударо ба худ мекашад ва шавқу хавасро ба он бедор менамояд. Шахси ба издихом наздикшуда аз дигарон маълумоти муайяни таъсирбахшро дар бораи объекти шавқу хавас мегирад ва тадриҷан тобеи он шуда, чун дигарон хиссиёти нав пайдо мекунад, яъне таъсири байнихамдигарии одамони ҷамъшуда ба амал меояд. Инро реаксияи даврагй меноманд, ки зинаи аввали ташаккули издихомро ифода мекунад.
Дар зииаи дуюм ҳиссиётхои пеш пайдошуда пурҷӯшу хурӯш мегарданд ва холати эътибор додан ба ин маълумоти аз иштирокчиён додашуда пайдо мешавад. Ҳаяҷони боткнии пайдошудаи одамон аз ҳодиса онҳоро барои бо ҳам гуфтугӯ кардан водор месозад. Ҳаяҷон дар асоси даврзании андешарониҳо боз хам шиддат мегирад ва одамон бошанд боз ҳам бо хам умумият пайдо мекунанд ва ба фаҳолияти якҷоя намудан тайёр мешаванд.
Протсесси даврзанӣ зинаи сеюми ташаккули издихоми амалкунандаро ташкил медиҳад. Дар ин зина объекти яави умумии диққат пайдо шуда, импулс, ҳиссиёт ва хабли ҳама ба он нигаронида мешавад. Аввалан, агар объекти умумии шавқу хаваси ҳодисаи бохаяҷоноваранда ташкил диҳаду атрофи худ одамонро ҷамъ намояд, он гоҳ дар ин зина объекти нав образ ба хисоб меравад, ки дар ҷараёни даврзанӣ ҳангоми гуфтугӯи иштирокчиёни издихом ба вуҷуд меояд. Ин образ маҳсулияти гурӯҳӣ буда, аз ҷониби ҳама зқироф мегардад ва ба сифати объекгя рафтори якҷоя баромад мекунад.
Зинаи охирини ташаккули издиҳоми амалкунандаро фаъолгардонии амон тавассути водоркунихои иловагй дар бар метярад. Ин ҷо нақши лкия баланд аст ва онро одатан сарвар ба ӯхда мегираду одамонро ба рафторҳои гуногун, аз ҷумла агрессивӣ водор месозад, Олимон механизмҳои ташаккули издихомро тадқиқ намуда ба хулоса омаданд, ки дар рафтори он дар баробари таъсири идеологй, инчунин таъсири ягон ҳодисаю ахбори муайян мушохида мешавад. Ҳамин тавр, дар амалҳои издиҳом як навъ якҷояшавии таъсири идеологй ва иҷтимоӣ-психологй ба амал меояду он ба рафторҳои гурӯҳи одамон бевосита ворид мегардад, хиссиёт, ирода ва рӯҳияи якхелаю якҷоя тобиши идеологӣ пайдо
мекунанд.
Яке аз намудхои рафтори одамон вохима ба шумор меравад. Воҳима ҳамчун ҳолати эмогсионалӣ тавсиф дода шуда, зимни норасоии ахбор дар бораи ягон вазъията хатарноку нофахмо ё дар асоси саршории эҳсоси одамон, ки дар рафторхои импулсивиашон зоҳир мегардад, ба амал меояд.
Омилхое, ки вохимаро ба вуҷуд меоваранд, гуногунанд ва асосан ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: физиологӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ-психологӣ. Психологҳо ба гурӯҳи якум хасташавӣ ва депрессияи ҷисмонӣ, гуруснагӣ ва мастшавӣ, бехобии дарозмуддат ва шикасти рӯҳиро дохил менамоянд. Ин сабабхо қобилияти одамонро дар баҳодихии вазъияти ногаҳон баамаломада суст мегардонанд.
Ба гурӯҳи дуюми онҳо чунин ҳодисаҳои психологиро, аз қабили ҳайрат, нобоварии калон, тарси ногаҳонӣ, хисси танҳоӣ, эҳсоси беқувватию нотавониро дар назди хатари ногузир дохил намуданд. Гурӯхи сеюми омилҳоро ҳодисаҳои иҷтимоӣ-психологӣ ташкил медиҳанд ва онҳо: набудани ҳамфикрии гурӯҳӣ, аздастдиҳии боварӣ ба роҳбарият, норасоии ахбор ва ғ, Ин омилҳо дар якҷоягӣ ва ё дар алоҳидагӣ шиддати баланди эмотсионалӣ ва кори изтиробовари хаёлро ба вуҷуд меоваранд. Ин ҳодисаҳо ба протсессҳои талқин, тақлид ва сирояти психикӣ имконият диханд. Одамон дар натиҷа гирифтори воҳима мегарданд, ба рафторҳои якдигар бешуурона тақлид намуда, кӯшиши халос шуданро аз хатари "воқеӣ ва ё хаёлӣ мекунанд.
Талқин ин протсесси таъсиррасонӣ ва соҳаи психикии одам аст, ки он ба пастшавии фаъолияти шуурона ва муносибати танқидӣ ба ҳодиса бо  набудани тахлил ва баҳодихии мантиқӣ алоқаманд аст. Ба ибораи дигар
талқин - шакли муоширати байнишахсӣ буда, талқиншаванда дар рафти он беихтиёр, бемулохиза ва пассивона андешахои талқинкунандаро қабул намуда, онҳоро бечунучаро ичро менамояд. Тақлид - ин ба ягон намуна ва ё образ пайравӣ кардан аст. Ин хусусияти ичтимоӣ-психолгии рафтор буда, кӯшиши ба тарзи объекги тақляд амал кардавро ифода мекунад. Тақлид метавонад беихтибр (пеш аз ҳама ба ҳайвонот хос аст) ва ихтиёрӣ (шакли олии он - идеал) шавад.
Сироятшавии психологй - протсесси гузаронидани холати эмотсионалӣ аз як фард ба дигараш аст. Ба ибораи дигар, гирифторшавандагии бешуурона ва беихтиёри фард ба холатхои муайяни психикӣ мебошад. Аввалан дар одамон ҳолати рӯхие ба амал меояд ва сипас туфайли механизми такрорёбии таъсири эмотсионалии байниҳамдигарӣ он пурқувват мегардад. Одамон одатан зери таъсиру фишори омма мемонанд ва бешуурона ин ё оя намунаҳои рафторро аз худ мекунанд ва ба онҳо мутеъ мешаванд. Дар асоси такрорёбии ин ҳолатҳо «реаксияи сирояткунанда» ба амал меояд. Чунин реаксия дар издиҳоми номуташаккил натиҷа медиҳад.
Мӯд- яке аз зуҳуротҳои дигари рафтори аз доираи коллектив берун ба хисоб меравад. Мӯд шакли танзимдиҳии иҷтимоӣ буда, ивазшавии намунаҳои рафтори оммавиро таъмин мекунад. Инкишофи мӯд пеш аз ҳама дар соҳаи танзими намуди берунии одам (тарзи ороиши мӯи сар, либоспӯшй ва ғ.) мушохида мешавад. Бояд гуфт, ки соҳаи таҳсири мӯд ба санъат, меъморӣ, рафтори нутқӣ ва ғ. низ калон аст. Мӯд- ҳамчун ҳодисаи  ичтимоӣ-психологӣ ба гурӯхи одамон хос буда, дар асоси тақлид инкишоф меёбад.
Рафтори аз доираи коллектив берун бо шархи шаклхои зикршуда хотима намеёбад. Зуҳуроти он гуногунранг буда, ҳудуд ва тарафҳои мухталифро дорад. Воситахои ахбори омма бо расонидани ахбори дурусту  воқеӣ метавонанд ба зуҳуроти ҳар гуна бенизомихо дар рафтори омма монеа шаванд.
Саволҳо барои  санҷиш:
1 .Мафҳуми «коллектив»-ро таъриф диҳед?
2.Тарафҳои асосии масъалаи коллектив кадомҳоянд?
З.Мафҳумҳои «мувофиқати гурӯхй» ва «мувофиқати байнишахсӣ»-ро тавсиф диҳед?
4.Мафҳуми «сарвар»-ро таъриф диҳед?
5 Кадом мавқеъҳои баҳодиҳии илмӣ ба масҳалаҳои сарварй вуҷуд
б.Типҳои асосии сарвархоро тавсиф диҳед?
7. Т.Тавсифи психологии мафҳуми «издиҳом»-ро днҳед?
8 .Зияахои ташаккули издиҳом кадомҳоянд?
9.Мафҳуми «воҳима»-ро тавсиф диҳед ва омилҳои водоркунандаи онрошархдихед?

Дидан карданд: 2183

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: