|
youtaj

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-23

Нақша:

  1. А.В.Петровский ва В.В.Шпалинский дар бораи «коллектив»
  2. Коллектив ҳамчун намуди махсуси гурӯҳ.
  3. Мувофиқати   психологии аъзоёни коллектив.
  4. Масъалаи сарварй дар коллектив ва намудҳои он.

  Дар адабиёти сотсиологй, психологй ва педагогй аксар вақт коллеетив гуфта ҳаргуна гурӯхи муттахиду муташаккилро меноманд: гурӯҳи томакгабиён дар боғчаи бачагон, аҳли синф дар мактаб, гурӯхи донишҷӯён, гурӯҳи ҳуқуқвайронкунандгон дар калонаи ислоҳотию бригадаи истеҳсолй, ҳайати нав ташаккулёфтаи қисми ҳарбй ва ғ. Албатта чунин истифодаи муқаррарии истшюҳи «коллектив» ба дараҷаи муайянқобили қабул аст. Баъзеи ин гурӯҳҳои номбаршуда метавонанд екгив бошанд, агар ба талаботҳои муайян ҷавоб дода тавонанд. Баъзеи  дигарашонро умуман, ба қатори коллективҳо ворид намудан мумкин нест.
Солҳои охир як тамоили равшани илмие пайдо шуд, ки туфайли он харгуна умумияти одамони якҷоя амалкунанда ё коркунанда, балки гурӯҳи олиташкил ва бо мутгаҳидию муттафиқй фарқкунаида, дорои лапаҷаи баланди фаъолияти якҷоя буда ва равияи коллективона доштаро коллектив меноманд.
Ҳамив тариқ, мувофиқи гуфтаи психологони машҳури рус А.В. Петровский ва В.В. Шпалинский «...коллектив - ин гурӯҳи муташаккил буда, аъзоён дар он аз рӯи арзиш, мақсад ва вазифаҳои умумии фаъолият, ки барои гурӯҳ куллан ва барои ҳар як каси он алоҳида-алоҳида муҳиманд, мупаҳид гаштаанд ва дар он муносибатҳои байнишахсй бо мазмуни аз назари ҷамъиятй пурқиммат ва аз назари шахсй мухими фаъолияти якҷоя тавсиф дода мешаванд»,
Коллективро намояндагони илмҳои гуногун - фалсафа, сотсиология,
психология, педагогика, иқгасодиёт, ҳуқуқ ва ғ. меомӯзанд. Предмета
тадқиқи психологҳо масъалахри психологии муносибатҳои байниҳамдигарй ва таъсири байниҳамии аъзоёни коллекгав: муттаҳидик коллектив, мувофиқати психологии аъзоёни он, муҳити психологй, идрои коллектив аз ҷониби аъзобни он, ҳолати рӯҳй ва худэҳтиромкунии шахс дар коллектав, дурнамои он дар алоқамандӣ бо дурнамои худи коллектш ва ғ. мебошанд. Хусусиятхои психологии фаъолияти намудҳои гуногун: коллективҳо (тақшмй, истеҳсолй, ҳарбй, варзииш ва ғ.) аз характер фаъояият ва мавқее, ки коллектив дар байни дигар коллективҳо дора; вобастааст.
Коллектив ҳамчун намуди махсуси гурӯҳи иҷтимоӣ дорс хусусиятҳое мебошад, ки намудҳои дигар онҳоро надоранд. Ин фарқиятҳо чӣ дар адабиёти педагогӣ ва чӣ психологӣ ба таври возеҳ шарҳ до; шудаанд. Пеш аз ҳама чунин хусусиятҳо қайд карда шудаас муташаккилӣ, ёрии байниҳамдигай, танқиди хайрхоҳона, ҳамҳисси ҳамдардй, зуҳуроти устуворй дар ноилшавӣ ба мақсадҳо, мувофиқа психологӣ ва ғ.
Яке   аз   тарафҳои   муҳими   масъалаи   коллектив   муносибатҳ байнишахсӣ   ба   шумор   мераванд,   ки   аз   рӯи   сохташон   табиг
гуногундараҷаро сохибанд. Дараҷаи якумро муносибатҳои байнишахс ташкил меднханд, ки тавассуташон аломатхои пайдоиши коллективро гурӯҳи диффузй  (пароканда) муайян кардан  мумкин аст.  Асоси дараҷаро амалиёти гурӯҳӣ - ҷозибадории эмотсионалй ё нафратовари аъзоёни   гурӯҳ,   мувофиқати   гурӯхй   б   амалхои   хуб   ташакхул талқиншавандапш зкёд ё кам ва ғ. ташкил медихад.
Дараҷаи   дуюмро   маҷмӯи   муносибатҳои   байнишахсие   тавсн медиҳанд, ки зимни фаъолияти коллективона арзиш, мақсад ва идеалхои! назари ҷамҳиятӣ пурқиммат ва аз назари шахсӣ муҳими аъзоёни иҷтимоӣ бояд зохир шаванд.
Алоқамандии диалектикии ходисахои иҷтимоӣ-психологии дар ду дараҷа зикршуда як навъ сохти мураккаби муносибагхои байнишахс дар   коллектив   ташкил   медиҳанд,   ки   дар   психология   номи стратометриро гирифтааст.
Нақши асосиро дар самаранокии фаъолияти коллекгав мувофиқати гурӯҳӣ ва мувофиқати байнишахсӣ мебозавд.
Мувофиқати гурӯҳӣ нишондихандаи иҷтимоӣ-психояогии муттахидии гурӯх буда, муоширати беихтилоф ва амалхои бо ҳам мувофиқатии аъзоёни онро дар шароити фаъолияти якҷоя инъикос менамояд. Мувофиқати гурӯҳӣ дар шароитхои фаъолияти коллектив дараҷахои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Масалан, дараҷаи паста мувофиқати гурӯхиро мувофиқати психофизиологии мизоҷхо ва характерҳои аъзоёни коллектив ташкил медиханд. Дараҷаи нисбатан баланди мувофиқати гурӯҳӣ бо мувофиқати ролу вазифахои иҷрошавандаи аъзоёни гурӯх тавсиф дода мешавад. Аъзобни гурӯҳ тасаввурот пайдо мекунанд, ки бо кӣ ва бо чӣ гуна пайдарпаӣ мақсадхои барои ҳама умумӣ бояд иҷро харда шаванд.
Дараҷаи олии мувофиқати гурӯхӣ танҳо ба коллективн ташаккулёфта хос аст, ки асоси онро ягонагии комили мақсаду арзишҳои гурӯхӣ гашкил медиҳад.
Мувофиқати байнишахсӣ мафхумест, ки қабули байнихамдигарии шарикони муошират ва фаъолияти якҷояро ифода мекунад. Ин фаъолият дар асоси монандии мақсадгузорихри иҷтимоӣ, шавқу ҳавас, маром, талабот, характер ва дигар тавсифдихандахри фардию психологии барои муносибатхои байнишахсӣ мухим иҷро мешавад.
Мувофиқати   психологӣ,   чун   қоида,   зимни   пайдоиши   ҳусни таваҷҷуҳи  байнихандигарӣ,   эҳтиром   ва  боварӣ   ба   оқибатхои   хуби алоқаҳои оянда ба амал меоад.
Таъсири ҷамъият ба мухити психологӣ нихоят калон аст. Шароити моддӣ-мадан ва иҷтимоие, ки дар онҳо шахрвандон зиндагию фаъолият кунанд, ба зухуротхои гуногуни муҳити психологӣ боис мешаванд. Дар баҳзе ҳолатҳо эмотсияҳои манфӣ ва озурдагиро дар одамон ба амал меоварад.
Мувофиқати   психологӣ   намудҳои   худро   дорад.   Мувофиқати иҷтимоӣ-психологӣ - ҳодисаи нисбатан мураккаб буда, дар худ фарқиятхои муайяни шахсиро фаро гирифтааст, ки аъзоёни гурӯҳро барои иҷрои ролхои гуногуни иҷтимоӣ омода месозанд.
Инчунин мувофиқати иҷтимоӣ-идеологиро фарқ мекунанд, Ин навъи мувофикат дар асоси умумияти арзишҳои идеологӣ, монандии мақсадгузорихои иҷтимоӣ, зимни ташаббускорӣ ва равияи аъзоёни гурӯҳи
иҷтимоӣ ташаккул меёбад.
Масъалаи сарварӣ яке аз муаммоҳои ҳаёти коллектив ба шумор меравад.
«Сарвар - аъзои гурӯҳ буда, ҳуқуҳи қабул намудани қарорҳои масъулиятнокро дар вазъиятҳои ба ӯ муҳим дорад, яъне шахсияти нисбатан обрӯманд аст, ки нақши воқеии марказиро дар ташкили фаъолияти якҷоя ва идоракунии муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар гурӯҳ мебозад». Сарварӣ дар натиҷаи муошират ва таъсири байнихамдигарии аъзоёни коллектив сурат мегирад. Сарварӣ ба рафти ташаккули гурӯҳ ва шахсияти аъзоёни он таъсири амиқ мебахшад.
Сарварӣ бо мафҳуми дигар - рохбарӣ алоқаманд аст. Агар сарварӣ аз рӯи табиати худ бо идоракунии муносибатҳои байиишахсӣ алоқаманд бошаду табиати ғайрирасмиро гирад, он гоҳ роҳбарӣ барандаи вазифа ва воситаҳои батанзимдарории муносибатҳои расмии иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, ба қавли психолог А.В.Петровскиӣ «сарварӣ ҳамчун протсесси худташкилкунии дохилии иҷтимоӣ-психологӣ, ҳамчун худидоракунии муносибатхои байниҳамдигарӣ ва фаъолияти аъзоёни гурӯҳ аз ҳисоби ташаббуси индивидуалии иштирокчиён муайян карда мешавад».
Дар психологияи иҷтимоии ҳозира ду равияи омӯзиши масъалаи сарвард вуҷуд дорад. Якумашро «назарияи хислатҳои сарвар» меноманд ва мувофиқи он шахс ҳамчун сарвар ба дунё меояд. Баъзе хусусиятҳои модарзодии ӯ (қувва ва ҳаракаткунии протсессҳои асабӣ, қобилият ба ҳамҳиссӣ, қобилиятн равшан ифода ёфтаи эвристикй ва ақпй), чй навъе намоявдагони ин назария тасдиқ мекунанд, имконияти мавқеи ҳукмр буданро дар ҳар гуна вазҳият ва ё ба худ гирифтани роли сарвариро до; метавонанд.
Дуюмаш, назарияи «сарварӣ ҳамчун функсияи гурӯҳ>> буда, шароити ҳозира бениҳоят нуфуз пайдо кардааст. Ҳамон як шахс гурӯҳҳои гуногун мавқеъхои гуногунро сохиб шуда метавонад ва инчунин  нақшхои гуногуни иҷгимой ва байнишахсиро мебозанд.
Психологи   машҳури   рус   Б.Д.Паригин   мехисобад,   ки   «модели сарваӣ бояд зимни се асос сохта шавад: а) мазмун; б) усул; в) характери фаъолияти сарвар. Дар ин сурат се дараҷаи зерини сарварӣ ба вуҷуд меояд:

  1. Аз рӯи мазмуни фаъолият: а) сарвар - илҳомбахш, ки барнома
    рафтору амал карданро пешниҳод мекунад; б) сарвар - иҷрокунанда,
    ташкилотчии иҷрои барномаи додашуда аст; в) сарваре, ки якбора
    илҳомбахш ва ҳам иҷрокунанда аст.
  2. Аз рӯи усули роҳбарӣ: а) авторитарӣ; б) демократӣ; в) унсури ҳар
    ду усулро истифодабаранда.

3).Аз рӯи характери фаъолият: а) универсалӣ, яъне мунтазам сифатхои сарварро зоҳир менамояд; б) вазъиятӣ, яъне сифатхои сарварро танҳо дар вазъияти муайян ва махсус зохир мекунад.
Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки тахминан ҳашт типи сарварҳоро муайян намоем:
-сарвар - илхомбахш (барномасоз) - авторитарӣ - универсалӣ;
-сарвар - барномасоз - авторитарӣ - вазъиятӣ;
-сарвар - барномасоз - демократӣ - универсалӣ;
-сарвар - барномасоз — демократӣ - вазъиятӣ;
-сарвар - ташкилотчӣ (иҷрокунанда) - авторитарӣ - универсалӣ;
-сарвар - ташкилотчӣ - авторитарӣ - вазъиятӣ;
-сарвар — ташкилотчӣ - демократӣ - универсалӣ;
-сарвар - ташкилотчӣ - демократӣ — вазъиятӣ.
Бояд гуфт,  ки бо  ҷудо  намудани  сарварҳо усули роҳбарӣ  ба коллективҳо низ амиқ мегардад: Дар психологияи иҷтимоӣ асосан ду усули роҳбарӣ ба коллективҳоро фарқ мекунанд: авторитарӣ ва демократӣ.
Сарвари типи авторитарӣ одатан мустақилона амал мекунад ва андешаи атрофиёнро сарфи назар менамояд («ман ҳамеша ҳақ ҳастам»), Фармондиҳӣ, дастурдиҳӣ, танбеҳ, раҳматнома зълон кардан шаклҳои асосии алоқа намудан бо аъзоённ коллектив аст. Сарвари авторитарӣ мусибатхои байнишахсии дар коллектнв шаклгирифтаро ба инобат намегирад, дар симои «ситораҳо» ва «писандвдаҳо»-и гурӯҳ рақиби худро меҷӯяд, ӯ ташаббуси баамаломадаро буғй мекунад, зеро ба ақвдааш «ба . хеҷ касе инро намебинад ва наметавонад». Ҳамаи ин ба сустшавии масъулиятшиносии аъзобни коллектив сабаб мешавад. Чунин сарвар камбудии аъзоёнро дар ҳузури дигарон танқиду тамасхур мекунад, вале роҳи ислоҳи онро намефаҳмад.    Кор дар ғоибии чунин сарвар суст мегардад ва 6 қатҳ меббад.
Сарвари демократӣ нисбати сарвари авторитарӣ дида, бо роҳи маслиҳату машварат бо аъзоёни коллектив масъалаҳои ҳалталабро дида мебарояд. Аъзоёни коллектив ӯро ҳамчун «яке аз худашон» меҳисобанд, Ӯ супоришҳоро бо дарназардошти қобилиятҳои фардии аъзоён тақсим мекунад ва «ситораҳо»-и коллекшвро барои боинтизом мустаҳакамнамоии мутгаҳидӣ васеҳ истифода мебарад. Сарвари демократӣ моҳияти фаъолияти худро на танҳо дар назорат кардан, балки дар таълиму тарбияи аъзоёнаш мебинад. Дар чунин муҳити солими кор ташаббускорӣ ривоҷу равнақ ёфта, ба фаъолияти эҷодии коллектив шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Шаклҳои асосии муносибати сарвари демократӣ инҳоянд: хохишу илтимос, маслиҳату машварат, ахборотдиҳӣ, такя намудан ба донишу маҳоратҳои тобеони худ, талаффузи боварибахш ва ғ. Фаъолияти коллектив дар гоибии чунин сарвар қатҳ намеёбад, баръакс, дараҷаи он чун пештара боқй мемонад.
Тавсифи иҷпшоӣ - психологиии фаъолияти сарварҳои авторитарӣ ва
демократӣ ба таври умумй баъзе хусусиятҳои усулҳои роҳбариро кушода
дод. Дар вазъиятҳои мушаххаси фаъолият баъзан истифодаи ирода, яъне як
андоза рӯ овардан ба усули авторитарӣ ба мақсад му вофиқ аст.

Дидан карданд: 3262

Мавзӯъҳои монанд:

Мукаддимаи психология (равоншиноси)

МЕТОДИ СОТСИОМЕТРИЯ ВА ОМӯЗИШИ ОН ДАР ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Донишҷӯён ҳамчун гуруҳи иҷтамоӣ

«НАВРАСИ ДУШВОР» ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГЙ

ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

МУОШИРАТ ВА СОХТИ ОН

МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА БАЙНИШАХСӢ. НАҚШҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ШАХС

Тавсифи рафторҳои аз доираи коллектив берун

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИЯИ КОЛЛЕКТИВ ҲАМЧУН ГУРУҲИ ИҶТИМОӢ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: ПАН
Санаи дохилгардида: 2016-08-30

ЕЕЕЕЕЕЕЕЕ ХАТОИ ДНЁ ДОРИ ИСЛОШ КН


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: