?е? дон?, ки ч? кардем ба модар ману ту?
Ё ч? кардем ба ?ам, ?они бародар, ману ту?
Саъй кардем ба вайронии кишвар ману ту,
Рав, ки уф бар туву ман бошаду туф бар ману ту.
?ардумон мояи нангем, амон аз ману ту!
Ману ту ?ар ду ?афангем, амон аз ману ту!
Маликушшуаро Ба?ор
Ману ту ё туву ман? Хуб, ч? коре кардем?
Бо дили хал? ч? сон гуфтугузоре кардем?
Ч? нав? дар бари ин к??надиёре кардем?
?е?! Гулзори Ватанро чу мазоре кардем.
Баски фар?анг надорем, амон аз ману ту!
Фарраву нанг надорем, амон аз ману ту!
Ману ту ?авсалатангем, амон аз ману ту!
Ману ту даббаву дангем, амон аз ману ту!
Ману ту ги?у гарангем, амон аз ману ту!
Пур дур?ему дурангем, амон аз ману ту!
Ману ту масту малангем, амон аз ману ту!
Бандаи нашъаву бангем, амон аз ману ту!
Ту аз ин с?, ман аз он с?й чу сангар кардем,
Мулки ?оратзадаро ?орати дигар кардем.
Сарвар? хоставу сарбуриро сар кардем,
Хари худро биситудему паямбар кардем.
Баски мо худ хари лангем, амон аз ману ту!
?умлаг? ва?фи дирангем, амон аз ману ту!
Ту аз ин с?, ман аз он с?й туфанг овардем,
Ба?ри сарк?бии ?ам о?ану санг овардем,
Хал?и ?афлатзадаро сахт ба танг овардем,
Аз сари ро? варо бар сари ?анг овардем.
Чун ба ?укми дигаронем, амон аз ману ту!
Душману д?ст надонем, амон аз ману ту!
Сухане ?е? на аз фарри каён? гуфтем,
Ту бадахшон?, ху?анд?, хуталон? гуфтем,
Ту самар?анд?, зарафшон?, вахон? гуфтем,
Ту бухор?, ту ?исор?, ту фулон? гуфтем.
Баски бегонапарастем, амон аз ману ту!
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!
Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо,
О?, сад о? аз ин хешиву пайвандии мо,
Ёфт чун рахна ба девори ма?албандии мо,
Бехирад тохт ба авранги “Хирадманд?”-и мо.
Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
Фа?ми аржанг надорем, амон аз ману ту!
Бонгамон буд ба номи Ватану суди Ватан,
Бонгамон буд ту г?? ?ама фармуди Ватан,
З-оташи даъвати мо – даъвии бе?буди Ватан
С?хт он сон, ки баромад ба фалак дуди Ватан.
Чунки бе?илваю рангем, амон аз ману ту,
Мисли як пукафишангем, амон аз ману ту!
Аввал аз ба?ри димукрос? талоше кардем,
Ба?ри фардои Ватан ?одатарош? кардем,
М?кан?, р?йкан?, синахарош? кардем,
О?ибат мардуми худро муталош? кардем.
Баски якпора набудем, амон аз ману ту,
Ба як ангора набудем, амон аз ману ту!
Нест ?онуне, вале хидмати ?онун кардем,
Хал?ро к?фта аз зиндаг? бурун кардем.
Хуни ? рехта сарсону алохун кардем,
Ал?араз домани торих пур аз хун кардем,
Баски додор надорем, амон аз ману ту,
Баски солор надорем, амон аз ману ту!
Ману ту? О? зи дасти шару ш?ри ману ту!
О? аз дасти дилу дидаи к?ри ману ту!
О? аз к?та?ии а?лу шуури ману ту!
?ар ду кандем ба ?ампан?аг? г?ри ману ту!
?ар ду бадхо?и худастем, амон аз ману ту,
Ки чунин хор шудастем, амон аз ману ту!
Инак, аз бе?унар? бод ба каф мардуми мост,
Аз паи пораи ноне зада саф мардуми мост,
Монда ?айрону парешон ду тараф мардуми мост,
Байни обу алави бими талаф мардуми мост.
Хирмани с?хта дорем, амон аз ману ту!
Ду лаби д?хта дорем, амон аз ману ту!
Вой бар мо, ки киён то?и каёнро куштанд,
Хешу бегона ?ама то?икамонро куштанд,
Пеши ман, г?, на фа?ат пиру ?авонро куштанд.
Пеши ман г?? ?ама кавну маконро куштанд.
Чунки мо душмани хешем, амон аз ману ту,
Оташи хирмани хешем, амон аз ману ту!
Баъд аз ин фо?иъа чун боз сарафроз шавем?
Боз чун ?обили ша?кориву эъ?оз шавем?
Боз чун ?амрама?у ?амдилу ?амроз шавем?
Ки дар ин зиндаг? аз мурдаг? о?оз шавем?
Чунки мо боз ?амонем, амон аз ману ту!
Ба?ри ?ам г?рканонем, амон аз ману ту!
?ол бо шавкати дерина та?и по шудаем,
То?дорони нагунбахти ти?ипо шудаем,
Дур аз асли худ афтодаву дарво шудаем,
А?лият нест, ки вомондаи дунё шудаем.
Лои?и ?а?ри худоем, амон аз ману ту!
Ки чунин зинда?удоем, амон аз ману ту!
Пас, биё, даст ба ?ам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ?ам будаву даврон созем.
Дар ?арими диламон маъбади имон созем,
На шимол?, на ?ануб?, яке Инсон созем!
То дигар бор наг?ем: амон аз ману ту!
То ба такрор наг?ем: амон аз ману ту!
5.02.1994
Лои? Шерал?