Дата: 2016-02-18
На?ша:
1. Муошират хамчун фаъолияти нутки ва гайринуткии шахс
2. Намудхои муошират
3. Воситахои ёрирасони муошират
1.Яке аз сохахои асосии ташаккул ва зухуроти хусусиятхои психикии шахс муошират ба шумор меравад. Муошират шарти мухими ичтимоишавии одам, талаботи хамешагию зарурии ўст. Дар муносибатхои гуногунранги одам бо олам муносибати ў бо атрофиён ва чомеа нисбатан мухимтар дониста мешавад. Ин муносибатхо дар раванди муошират амали мегардад, ки дар рафти он мубодилаи ахбор, танзими ичтимоии фаъолияти одамон сурат гирифта, муносибатхои мувофики байнишахси ташаккул меёбад.
Муошират – раванди мураккабу гуногунчабхаи баркароркуни ва вусъатдихии робитаи байнихамдигарии одамон буда, дар асоси хохиши фаъолияти якчоя намудани онхо ба вучуд омадаасту мубодилаи афкор, хамкори ва дарки хамдигарро дар бар мегирад.
Чуноне ки Экзюпери менависад: «Одам гирехи робитахост». Муошират фаъолияти ичтимоии одамро пару бол мебахшад. Дар муоширати ичтимои инкишофи психики ва худифоданамоии фард сурат мегирад.
Муошират бо одамон ин илм ва санъат аст, ин чо хам истеъдоди табии ва хам маълумот накши мухим мебозад. Аз ин нуктаи назар, хар нафаре, ки дар хаёт ва фаъолият муваффакияту музаффарият ба даст овардан мехохад, бояд нозукихои ин санъат ва ин илмро омўзад.
Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се функсияи ба хам алокаманди он шарх медиханд: коммуникативи, интерактиви ва персептиви.
Мохияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ахбор, ба хамдигар радду бадал намудани маълумот (мачмўи тасаввурот, акида, шавку хавас, холати рўхи, хиссиёт ва максадгузорихои муошираткунандагон) ташкил медихад. Функсияи интерактивии муоширатро ташкили хамкории байнихамдигарии муошираткунандагон дар бар мегирад. Яъне, дар чараёни муошират на танхо доду гирифти донишхо, акидахо, балки доду гирифти амалхо низ ба вучуд меояд. Тарафи персептиви маънои идроки байнихамдигарии муошираткунандагон ва ё худ хамдигарфахмиро дорад.
Намудхои муошират. Вобаста ба воситахои пешбарандаи муошират, муоширати шифохи (калимаги) ва гайришифохи (гайрикалимаги) ва вобаста ба хусусият ва характери муошират, муоширати расми (кори) ва гайрирасми (дуняви, маиши)-ро аз хам фарк мекунанд.
Муоширате, ки бо ёрии калимахо амали мегардад, муоширати шифохи - калимаги номида мешавад.
Муоширате, ки бо ёрии воситахои гайринутки: харакатхои даст, тарзи рафтор, оханги овоз, тагйирёбии киёфа (мимика), чашм (микромимика), харакати якчояи тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байнихамдигари, тарзи ист ва гайра амали мешавад, муоширати гайрикалимаги ё гайришифохи номида мешавад.
Муоширати расми – намунаи он робитаву хамкорихоест, ки дар рафти он мубодилаи амал, маълумот ва тачриба оид ба даст овардани натича, халли масъалаи мушаххас ва ё татбики максади мушаххас сурат мегирад.
Дар мачмўъ, муоширати расми аз гайрирасми бо он фарк мекунад, ки дар чараёни муоширати расми максад ва вазифахои мушаххаси халталаб, ба накша гирифта мешаванд.
Муоширатро хамчунин ба таври шарти ба муоширати мустаким (бевосита) ва муоширати гайримустаким (бавосита) чудо мекунанд. Муоширати бевосита бо сабаби робитаи хисси ва фазои таъсиррасони (талкин) доштанаш, назар ба муоширати бавосита дорои натичагирихои зиёдтар мебошад.
Забон воситаи асосии муоширати одамон мебошад. Забон ва инкишофи психикию шуурии одам алокаи ногусастании дутарафа доранд.Забон системаи аломатхоест, ки дар ин ё он чомеа кабул шудааст.
Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се функсияи ба хам алокаманди он шарх медиханд: коммуникативи, интерактиви ва персептиви.
Мохияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ахбор, ба хамдигар радду бадал намудани маълумот (мачмўи тасаввурот, акида, шавку хавас, холати рўхи, хиссиёт ва максадгузорихои муошираткунандагон) ташкил медихад. Функсияи интерактивии муоширатро ташкили хамкории байнихамдигарии муошираткунандагон дар бар мегирад. Яъне, дар чараёни муошират на танхо доду гирифти донишхо, акидахо, балки доду гирифти амалхо низ ба вучуд меояд. Тарафи персептиви маънои идроки байнихамдигарии муошираткунандагон ё маънои хамдигарфахмиро дорад.
Воситахои ёрирасони муошират. Воситахои гайришифохии муошират визуали, акустики, тактики – кинестики ва олфактори мешаванд.Воситахои визуалии муоширати гайришифохи инхо мебошанд:
- кинестика: харакатхои даст, пой, сар бадан;
- самти нигох ва робитаи нигохи;
- киёфаи чашм;
- киёфаи рўй;
- андом (иваз намудани холати бадан вобаста ба мазмуни ахборот);
- таасуроти пўсти (сурхшави, араккуни);
- фосилаи байнихамдигари (фосила то хамсўхбат, кунчи нишаст ва гардиш ба чониби ў, фазои фарди);
- воситахои ёрирасони муошират, аз чумла хусусиятхои андом (чинс, синнусол) ва воситахои тагйрдихандаи онхо (либос, рангубордихии рўй (косметика), айнак, ороишот, холкўби (татауировка), мўйлаб, риш, сигор ва г.);
Воситахои акустики (садои)-и муоширати гайришифохи инхо мебошанд:
- паралингвистики ё худ бо нутк алокаманд – оханг, баланди ва пастии овоз, лахн, вазн, таваккуф дар нутк ва пешгирии он;
- экстралингвистики ё худ бо нутк алокаманд набуда (ханда, гиря, сулфа, нафаскаши, соиши дандонхо, бо бини шиппоскуни ва г.)
Воситахои тактики - кинестикии муошират инхоянд:
- таъсиррасонии чисмони (аз даст гирифта бурдани нобино ё хамсўхбат, аз камари хамдигар дошта раксидан ва г.);
- такесика (дастфишури, ба китфи хамдигар задан ва г.)
Воситахои олфактории муошират инхоянд:
- бўйхои хуш ва нохуши моро ихотакарда;
- бўйхои табии ва сунъии инсон.
Нигохи мавчуди зинда ва хусусан, нигохи одам яке аз ангезадахои нерўмандтарини одам буда, дар худ ахбороти бузургеро нихон дорад. Чашмон ва лабон узвхои нисбатан гўётари чехраанд. Одаме, ки нигохашро аз хамсў?бат мегурезонад, дарундору тарсу ва одами чашм ало кунанда ба назар бемаърифату беодоб менамояд. Одамон ифодахои чашму бозии нигоххоро бехато муайян мекунанд.
Ба воситаи нигох аз дурахшу андозаи гавхараки чашм, шакли абрўву пилкхо, тархи дахону бини, тархи умумии рўй маълумотхои зиёди дакикро ба даст овардан мумкин аст. Таносуби ин нишонахо гуногунранг мебошад. Эхсосоти мусбат микдори мубодилаи нигоххоро афзун мекунад, эхсосоти манфи ин микдорро махдуд менамояд. Нигохи даванда ё «часпанда» доир ба задагузорихои психики ва ночўрихои психики шаходат медихад. Барои бехтар фахмидани одамон ба нигоххою киёфасозихо ва харакатхои онхо зехн монед. Масалан, савдогарони ботачрибаи шарки ба холати гавхараки чашми харидорон синча карда, нархи молро танзим менамоянд.
Нигохи одам бамаъразгузорандаи ў мебошад. Дар чашмони одамон мо мухаббату нафрат, ризоияту инкор, хурсандию андўхро хонда метавонем. Ифодахои чашму ифодахои лабон муносибати дутарафа доранд. Садхо ифодахои киёфасози ин гунахои мухталифи таносуби холатхои лабон ва ифодахои чашманд. Фарахмандии чашм ва табассуми сабук хар як чехраро зебо, чаззоб ва робитапазир мегардонанд.
Харакатхои одам вобаста аз тасаввуроти хамин чомеа дар бораи он ки одам бояд чи гуна бошад, интихоб шудаю тахким меёбанд. Бисёр меъёрхои ичтимоии харакат ва киёфасози вобастаи тарзи хаёти хамин чомеа мебошанд.
Просмотр: 12490
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved