|

Раванди буҷетӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ

Тартибдиханда: ya.ru google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-01-30

Раванди бучети шакли асосии омузиш ва банакшагирии ташкилу таксим ва самараноку максаднок истифодабарии манбахои молиявии мутамарказ мебошад.
Раванди бучет на танхо маънои чамъ кардану таксим намудани манбахои молиявиро дорад, балки кисми фаъолияти молиявие мебошад, ки дар асоси илм бо максади таъмини инкишоф, хифзи ичтимоии хамаи шахсони вокеи ва танзиму таркиби иктисодиёт ба рох монда мешавад.
Асоси онро танзими бучетхо ва дар баини нохияхо азнавтаксимнамоии манбахои молияви ташкил медихад. Раванди бучет тибки конунхои фаъолияти ташкилотхои хукумати, идораи онхо оид ба тахия, барраси, тасдик кардан ва ичро намудани бучет ба рох монда мешавад.
Раванди бучет чор давраи фаъолияти бучетиро дар бар мегирад.
а) тахияи лоиха ва раванди ояндабинии бучет;
б) баррасии бучет;
в) тасдик кардани бучет;
г) ичро кардани бучет.
Тахия ва ичро кардани бучет вазифаи хокимияти ичроия буда, баррасиву тасдик кардан ва назорати бучет вазифаи макомоти хокимияти конунгузор мебошад.
Дар раванди бучети мувофики нишондоди моддаи 26 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон» чунин субъектхои иктисоди иштирок мекунанд:
* президенти Чумхурии Точикистон;
* макомоти хокимияти конунгузори (намояндаги);
* макомоти хокимияти ичроия;
* макомоти танзими пулию карзи ва асъори;
* макомоти хокимияти махалли;
* фондхои максадноки давлати;
* молики асоси ва моликони маблагхои бучети;
* ташкилотхои бучети, корхонахои вохиди давлати ва Хокимияти махалли, ташкилотхои карзи, ки бо маблагхои бучети фаъолият мекунанд;
* макомоти дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо салохиятро дар сохаи идораи молия, бучет ва андоз вогузоштааст.
Мувофики конуни мазкур карорро нисбат ба тахияю тартибдихии бучет Президенти Точикистон 20 мох кабл аз саршавии соли молияви кабул менамояд. Дар асоси карори мазкур Хукумати Чумхурии Точикистон давра ба давра тартибдихии лоихаи бучетро ба рох мемонад. Тибки ин карор дар давоми се мохи аввал макомоти хокимияти ичроия нисбат ба он чунин корхоро ба амал мебарорад:
* тартибдихии лоихаи дурнамои инкишофи ичтимоию иктисоди;
* дурнамои тавозуни чамбасти молияви барои соли навбатии молияви;
* самтхои асосии сиёсати бучету андоз, пулию карзи ва асъории Точикистон;
* барномаи кафолати давлати;
* накшаи инкишофи бахши давлати;
* сохтори карзи давлати;
* барномаи карзгирии давлатии дохили ва беруни;
* хисоботи ичрои тахминии бучет дар соли чори.

3. Марҳилаҳои раванди буҷети дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон Вазорати молия субъекти тартибдихандаи лоихаи бучет хисобида мешавад.
Вай дар асоси таклифхои ба бучет пешниходгардида лоихаи бучети давлати, бучети чумхурияви ва бучетхои фондхои максадноки давлатиро барои соли навбатии молияви тартиб медихад ва онро то 20 сентябр ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики тартиби мукарраршуда лоихаи пешниходгардидаи бучети давлати, бучети чумхурияви ва бучети фондхои максадноки давлатиро барраси намуда, оид ба ваи карори дахлдор кабул мекунад.
Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол то 1 ноябр лоихаи бучети давлатиро барои соли навбатии молияви ба баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Чунин тартиби пешниходи лоихаи бучети давлатиро моддаи 39 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлати» пешбини намудааст. Лоихаи бучети пешниходшуда модда ба модда барраси мегардад, ки ваи метавонад кабул гардад, ё худ кабул нашавад.
Дар асоси карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Президенти Точикистон хукук дорад, ки онро аник (сахех), мукаммал ва ё дакик намояд.
Лоихаи ислох ва такмилёфтаи бучет барои мухокима ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон на дертар аз 3,5 мох то саршавии соли молиявии нав пешниход карда мешавад. Вакти нишондодашуда барои лоихаи бучетро барраси намудани комиссияи бучетии Мачлиси намояндагон зарур мебошад.
Комиссияхои доимии бучети ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон лоихаи бучети тартибдодашударо аз рУи моддахо як ба як барраси намуда, оид ба онхо хулосаи худро пешниход менамоянд.
Дар бораи лоихаи бучет дар ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли шахсан Президент ё бо дастури у яке аз аъзои хукумат маъруза мекунад.
Маърузачии иловаги хулосаи лоихаи бучети махалхоро (вилоятхоро) дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли барраси менамояд.
Лоихаи конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои соли навбатии молияви, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон то 31-декабри соли равон кабул нашудааст, мавриди амал карор дода намешавад.
Маблаггузории харочот мувофики харочоте, ки дар конуни бучети давлатии соли гузашта тасдик шудааст, барои хар мох дар хачми 1/12 хиссаи он танзим мегардад.
Баъд аз он ки Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли лоихаро маъкул шуморид, Президенти кишвар ба конун дар бораи бучет имзо мегузорад. Дар баъзе мавридхо Президент хак дорад барои баррасии дигарбора ва такмил лоихаи бучетро мавкуф гузорад.
Назорати ичрои бучети Чумхурии Точикистон ба зиммаи Мачлиси Оли ва макомоти ичроия, алалхусус Вазорати молия гузошта мешавад.
Назорати бевоситаро комиссияи бучетии Мачлиси намояндагон ба ухда дорад.
Вазорати молия баъди чамъбасту тахлили хисобот дар бораи ичрои бучети чумхурияви, бучети махалли ва бучети фондхои максадноки давлати ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи бучети давлати дар хар се мох бо чамъбасти афзоянда гузориш пешниход менамояд.
Дар рафти ичрошавии бучет хокимияти ичроия хак дорад нисбат ба даромаду харочот тагиирот ворид намояд.
Агар дар рафти ичрошавии бучет хачми касри он аз меъёри мукарраршуда зиёд бошад ва ё воридшавии даромад ба бучет кам бошад, он гох механизми секвестори бучети истифода мегардад.
Секвестори бучети маънои онро дорад, ки бо кам ворид шудани даромади бучети харочоти ваи низ мутаносибан (5,10,15 ва гаира фоиз) кам карда мешавад. Моддахои химояшудаи бучет, музди кор, нафака, дорувори, хуроквори аз секвестори бучети озоданд.
Раванди бучети он гох натичаи самараноки иктисоди дода метавонад, ки агар принсипхои зерини бучети риоя гарданд:
- ягонагии системаи бучети давлати;
- баробари (мувозинати)-и бучетхо;
- истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблагхои бучети;
- таъиноту максаднокии маблагхои бучети.

Дидан карданд: 4099

Мавзӯъҳои монанд:

Шакл ва намудҳои қарз

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Моҳият ва вазифаҳои молия дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ

Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодӣ бозоргонӣ

Шакл ва намудҳои қарз

Низоми қарзӣ ва ташкили он

Моҳият, зарурият ва вазифаҳои қарз

Оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии таваррум ва танзими он

Таваррум ва намудҳои он

Гардиши пулӣ ва тартиби ташкили он

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: