|

Активҳои ғайригардишӣ: моликияти иҷоравӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Курбонов Сухроб

Санаи дохилгардида: 2016-01-28

Мавзўи 12. Активҳои ғайригардишӣ: моликияти иҷоравӣ

Мақсади омўзиш

Таърифи иҷора

Намудҳои иҷора

Баҳисобгирии иҷораи молиявӣ (иҷорагир)
Баҳисобгирии иҷораи молиявӣ (иҷорадеҳ)
Баҳисобгирии иҷораи амалиётӣ
Хусусиятҳои баҳисобгирии намудҳои дигари иҷора
Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ
Адабиёти тавсияшаванда
Супоришот барои худсанҷӣ

Мақсади омўзиш
Пас аз омўзиши фасли мазкур Шумо бояд:

  • таърифи иҷораро дода тавонед;
  • афзалият ва камбудиҳои иҷораро номбар намоед;
  • иҷораи молиявӣ ва амалиётиро фарқ кунед;
  • баҳисобгирии иҷораи амалиётиро бурда тавонед;
  • баҳисобгирии иҷораи молиявиро ҳамчун иҷорадеҳ ва иҷорагир бурда тавонед;
  • ахбороти мувофиқро дар ҳисоботи молиявӣ кушода тавонед.

 

Таърифи иҷора

СБҲМ 17 «Иҷора»: Иҷора – ин шартномаест, ки мувофиқи он иҷорадеҳ ба иҷорагир ҳуқуқи истифодабарии активро дар давоми мўҳлати муайяншуда бар ивази иҷорапулӣ ё силсилаи пардохтҳо медиҳад
Ўҳдадории иҷорагир – пардохти саривақтӣ ва даврии иҷорапулӣ мувофиқи шартномаи басташуда аст. Шартнома онеро, ки активҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ медорад, муайян мекунад. 
Афзалиятҳои иҷора:
А) барои иҷорагир:

  • ҳали проблемаҳо бо воситаҳои пулӣ, зеро, ҳангоми иҷора молиякунонии 100 % - и арзиши актив мумкин буда, қарзҳои банкӣ фақат бо 80%-и арзиш маҳдуд мешаванд;
  • истифодабарии меъёри муқарраршудаи фоизӣ назар ба қарзҳои банкӣ фоиданоктар аст, зеро ба қарзҳои банкӣ меъёрҳои муҳаррики фоизӣ хосанд;
  • иҷораи амалиётӣ ба иҷорагир молиякунонии берун аз балансро дар он лаҳзаҳое, ки маҳдудиятҳои қарзӣ мавҷуданд, имконият медиҳад;
  • иҷораи таҷҳизоти барои истифодабарӣ тайёр назар ба таҷҳизоти бо супориш тайёршаванда, ки сарфи зиёди вақтро талаб мекунад, хело фоиданоктар аст;
  • иҷора имконияти наҷотро аз проблемаи соҳибии активҳое, ки нигоҳдории доимии онҳо фоиданок нест, медиҳад;
  • иҷора имкониятмедиҳад, ки корхона худро аз кўҳнашавии маҳсулоти нав, таҷҳизоти технологии замонавӣ «ҳимоя» намояд;
  • иҷора ҳангоми пардохти андоз аз фоида бо сабаби  амортизатсияи таъҷилӣ ва хароҷоти фоизӣ, инчунин бо сабаби партофтҳои андозии сармоягузориҳо афзалият дорад; 

Б) барои иҷорадеҳ:

  • иҷора яке аз роҳҳои афзоиши фурўш аст;
  • иҷора ҳамчун сарчашмаи даромади иловагӣ баромад мекунад.

Камбудиҳои иҷора:

  • молиягузории 100%-и активҳо ба пардохтҳои зиёди фоизӣ бурда мерасонад;
  • пардохти иҷораи кўтоҳмуддат аз пардохти иҷораи дарозмуддат зиёд буда метавонад;
  • меъёри муқарраршуда ҳангоми иҷораи дарозмуддат барои иҷорадеҳ ба хавфи зарар, дар ҳолати баландшавии меъёр дар бозор, бурда мерасонад.

 

Намудҳои иҷора

Вобаста ба шароитҳои иқтисодии ба иҷора додани моликият намудҳои зерини иҷора маълуманд:

  • молиявӣ;
  • амалиётӣ(ҷорӣ).

Иҷораи молиявӣ  - иҷораест,ки ҳангоми он ҳамаи хавф ва подоши бо ҳуқуқи моликият бар актив алоқаманд ба иҷорагир дода шуда, ҳангоми он иҷорагир активро дар ҳолати корӣ нигоҳ медорад.
Мувофиқи СБҲМ 17 «Иҷора»:  Хавф(риск) – ин эҳтимолияти талаф аз бозистии тавоноиҳо ё кўҳнашавии технологӣ ва пастубаландшавии фоида аст.
Подош(вознаграждение) – ин амалиёти чашмадошти фоиданок дар давоми мўҳлати хизмати иқтисодии актив ва гирифтани фоида аз афзоиши арзиш ё фурўши арзиши бақиявии актив аст.
Дар сурати аққалан ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгў будани иҷора дар оғози он, иҷора молиявӣ ҳисобида мешавад:

  • пас аз баохиррасии мўҳлати иҷора ҳуқуқи соҳибии актив ба иҷорагир мегузарад;
  • иҷора имконияти хариди активҳоро бо нархи камтар аз арзиши одилонаи бозорӣ медиҳад;
  • мўҳлати иҷора қисми афзалиятноки мўхлати хизмати иқтисодии активро (зиёда аз  75%)  новобаста ба он, ки ҳуқуқи моликият дода намешавад, ташкил мекунад;
  • дар охири мўҳлати иҷора арзиши бақиявии актив камтар аз 20%-и арзиши фурўшро дар лаҳзаи бастани шартнома ташкил мекунад;
  • дар ибтидои иҷора арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ зиёд ё баробари арзиши бозории актив дар санаи оғозёбии иҷора аст;
  • активҳои баиҷорагирифташуда характери махсусе доранд, ки иҷорагир онҳоро бе ягон дигаргунӣ мавриди истифода қарор дода метавонад.

Мисоли 1. Мўҳлати хизмати фоиданоки таҷҳизот 5 сол аст. Иҷора молиявӣ ҳисобида мешавад, агар шартномаи иҷора ба мўҳлати на камтар аз 3 солу 8 моҳ бошад, дар ин ҳолат  он 80%-и мўҳлати истифодабарии таҷҳизотро ташкил медиҳад.
Нишонаҳои шинохтани иҷораи молиявӣ:

  • маблағи пардохтҳои минималии иҷоравӣ ба таври объективӣ пешгўӣ карда мешавад;
  • хароҷоти ҷуброннашавандаи иҷорадеҳ ченшаванда ва пешгўишаванда аст.

Ин нишонаҳо ба эътирофи далели иҷора таъсир нарасонида, фақат ба принсипи консерватизм диққатро равона менамоянд. Онҳо таърифи иҷораро бо ду омили дигар пурра месозанд:

  • додани хавфу подоши соҳибият; ва
  • дараҷаи ҳаққонияти баҳодеҳии қарздории дебитории софи иҷорадеҳ.

Индикаторҳои  эътирофи иҷораи молиявӣ алоҳида ё дар маҷмўъ инҳоянд:

  • товони зарари иҷорадеҳ аз ҷониби иҷорагир  дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи иҷора аз ҷониби иҷорагир;
  • гирифтани фоида ё зарар аз пастубаландшавии арзиши бозории маблағи барҳамдеҳӣ(ликвидатсионӣ) аз ҷониби иҷорагир;
  • имконияти дарознамоии иҷора ба мўхлати дуюм бо иҷорапулии аз дараҷаи бозорӣ паст.

Иҷораи амалиётӣ(ҷорӣ) – ин иҷораест, ки ягон хавфу подоши бо соҳибияти моликият алоқамандро надорад. Ҳангоми ин гуна иҷора бинову таҷҳизот ба мўхлати кўтоҳ ба ӣчора дода мешаванд.
Ҳангоми иҷораи амалиётӣ моликияти иҷоравӣ дар баланси иҷорадеҳ нишон дода мешавад.
Мисоли  2. Шартномаи иҷораи бино ба мўҳлати панҷ сол баста шуд. Мўҳлати истифодаи бино 25 сол аст. Дар ин маврид иҷора амалиётӣ ҳисобида мешавад.
Таснифи иҷора ҳанўз дар оғози он ба амал бароварда мешавад. Тағйирдеҳии шартҳои иҷора, ба ғайр аз барқароркунии он ё тағйирдеҳии арзиши моликият ба таснифи нави иҷора бурда мерасонанд. 

Баҳисобгирии иҷораи молиявӣ (иҷорагир)
Мувофиқи СБҲМ 17 «Иҷора»: иҷорагир (арендатор) бояд иҷораи молиявиро ба сифати актив ва ўҳдадорӣ дар баланс аз рўи маблағе, ки дар санаи оғози иҷора баробари арзиши долионаи моликияти иҷоравист, ё, агар он паст бошад, аз рўи арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ инъикос намояд.
Ҳангоми ҳисобкунии арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ коэффисиенти дисконтиронӣ ин меъёри фоизии иҷора аст, агар онро чен кардан имконпазир бошад, дар сурати баръакс меъёри афзояндаи (приростная ставка) фоизии капитали қарзӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Меъёри фоизи дар шартномаи иҷора истифодашаванда – ин меъёри дисконте, ки баробарии  арзиши дисконтиронидашудаи умумии
(a) пардохтҳои минималии иҷоравӣ; ва
(b) арзиши кафолатдоданошудаи барҳамдеҳиро бо арзиши одилонаи активи иҷоравӣ таъмин менамояд.
Меъёри афзояндаи фоизии капитали қарзии иҷорагир – ин меъёри фоизиест, ки иҷорадеҳ ҳангоми иҷораи монанд пардохт мекунад , ё дар сурати номуайянии ин ҳолат, ин меъёрест, ки иҷорадеҳ дар оғози иҷора барои восиМисоли 3. 1 январи соли 2000 ширкати «Мираж» бо ширкати «Оазис» оиди иҷораи молиявӣ бо шартҳои зерин аҳднома баст:

  1. таҷҳизот ба мўҳлати 5 сол ба иҷора гирифта мешавад (n);
  2. дар охири мўҳлати иҷора ҳуқуқи молкият азони иҷорадеҳ аст;
  3. меъёри пешбинишудаи фоизӣ – меъёри дисконт барои муайянкунии арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ – 12%(r);
  4. иҷорапулии солона – 10  000 в.ш.; хароҷоти нигоҳдорӣ ва суғуртаи активро иҷорадеҳ ба амал мебарорад.

Ҳал: Пеш аз ҳама арзиши ҷории пардохтҳои минималии иҷоравиро бо истифодаи ҷадвали арзиши ҷории аннуитет муайян мекунем.
PVA(10 000;r=15%; n=5). Муайян мекунем, ки ҳангоми меъёри 12%  ва 5 давра арзиши ҷории 1 в.ш.-и пардохтҳои аннуитетӣ баробари 3,6048 аст, аз ин рў, арзиши ҷории 10 000в.ш. баробари  36048 в.ш. мегардад.
10 000 х 3,6048=36 048
Ҳамин тариқ, арзиши актив ва маблағи ўҳдадории дар баланси иҷорагир аксёбанда баробари  36 048 в.ш. аст.
Ҷараёни тақсимотро дар мисоли пардохти якуми 10 000 в.ш. дида мебароем. Дар шартномаи иҷора меъёри 12% муқаррар гардидааст. Аз ин рў, ба маблағи ўҳдадорӣ – 36048 в.ш. маблағи хароҷоти фоизӣ 4326 в.ш.-ро ташкил дода, қисми боқимондаи пардохт – 5674 в.ш. ҳамчун камшавии ўҳдадорӣ аз ҳисоб бароварда мешавад.

Тақсимоти пардохтҳои иҷорапулии иҷорагир

Давра
(солҳо)

Ўҳдадорӣ дар ибтидои иҷора

Пардохтҳо

Хароҷоти фоизӣ

Маблағи пардохти ўҳдадорӣ

Ўҳдадории иҷоравӣ дар охир

2000

36 048

10 000

4 326

5 674

30 374

2001

30 374

10 000

3 645

6 355

24 019

2002

24 019

10 000

2 882

7 118

16 901

2003

16 901

10 000

2 028

7 972

8 929

2004

8 929

10 000

1 071

8 929

0

 

 

50 000

13 952

36 048

0

Мукотиботи бухгалтерӣ оиди инъикоси иҷораи молиявӣ дар санаи иҷора:
Таҷҳизоти иҷоравӣ…………………….………………..36 048
               Ўҳдадориҳои дарозмуддат аз рўи иҷораи молиявӣ…………30 374
               Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат………………………5 674
Мукотиботи даврӣ оиди инъикоси хўрдашавии таҷҳизоти иҷоравӣ бо усули ростхатта(36048/5=7 209,60):
Хароҷоти хўрдашавии таҷҳизоти иҷоравӣ…………...7 209,60
           Истеҳлоки ҷамъшудаи таҷҳизоти иҷоравӣ…..……..…………..7 209,60
Ҳангоми инъикоси пардохти ҳақиқӣ:
Хароҷоти фоизӣ……………………………………….…4 326
Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат ……………………….………5 674
                 Воситаҳои пулӣ...………………………………………..…….10 000
Ҳангоми инъикоси пардохтҳо бо усули ҳисобкунӣ:
Хароҷоти фоизӣ ..……………………………………..…4 326
            Фоизҳо барои пардохт…………………………….………….…. 4 326
Фоизҳо барои пардохт ..…………………………..……4 326
Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат .……………5 674
                 Воситаҳои пулӣ ……………………………………………….10 000
Ҷудонамоии қисмати ҷории ўхдадории дарозмуддат дар охири соли якум:
Ўҳдадориҳои дарозмуддат аз рўи иҷораи молиявӣ ……6 355
               Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат ……………………6 355
Барои муайянкунии маблағи пардохтҳои минималии иҷоравӣ барои  ҳар як давраи пардохт формулаи зерин истифода мешавад:
  , ки дар ин ҷо,
P – пардохтҳои минималии иҷоравӣ, ки дар ин давра бояд пардохт шавад; 
N-   меъёри пешбинишудаи фоизӣ;
К – нархи фурўши моликияти иҷоравӣ;
t -    миқдори давраҳои  пардохт.

Баҳисобгирии иҷораи молиявӣ (иҷорадеҳ)
Мувофиқи СБҲМ 17 «Иҷора» иҷорадеҳон бояд активҳои ба иҷораи молиявӣ додашударо дар баланси бухгалтерии худ ҳамчун қарздории дебиторӣ бо маблағи сармоягузориҳои соф ба иҷора эътироф намоянд.
Сармоягузориҳои соф ба иҷора – ин сармоягузориҳои умумӣ ба иҷора бо тарҳи даромади молиявии гирифташуда аст.
Ҳангоми иҷораи молиявӣ ҳамаи хавфу подоши бо моликият вобаста аз иҷорадеҳ бегона  карда шуда, қарздории дебиторӣ аз рўи пардохтҳои иҷоравӣ аз ҷониби иҷорадеҳ ҳамчун товони маблағи асосии қарз ва мукофот барои сармоягузорӣ ва хизмат нишон дода мешавад. Арзиши софи ин гуна қарздории дебиторӣ бо арзиши ҷории дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ новобаста ба кафолати онҳо муайян карда мешавад. Сармоягузории умумӣ ба иҷора баробари пардохтҳои минималии иҷоравӣ ва арзиши бақиявии актив аст.
Эътирофи даромади молиявӣ дар асоси ҷадвале, ки меъёри доимии даврии фоида ва сармоягузории софи пардохтношудаи иҷорадеҳро оиди иҷораи молиявӣ нишон медиҳад, амалӣ мегардад.  
Хароҷоти мустақими ибтидоии (хароҷоти комиссионӣ ва ҳуқуқӣ) иҷорадеҳ, ки бо мақсади бадастории даромади молиявӣ ба амал бароварда мешавад, фавран ба сифати хароҷот эътироф мегардад ё ба даромади гирифташаванда дар давоми муддати иҷора тақсим карда мешавад.
Инъикоси иҷораи молиявӣ дар ҳисобгирии иҷорадеҳ ба таври зер сурат мегирад.

Ҷадвали дохилшавии иҷорапулӣ ба иҷорадеҳ

Давра(солҳо)

Қарздории дебиторӣ дар аввал

Дохилшавиҳо

Даромади молиявӣ

Маблағи қарздории дебитории пардохтшуда 

Қарздории дебиторӣ дар охир

2000

36 048

10 000

4 326

5 674

30 374

2001

30 374

10 000

3 645

6 355

24 019

2002

24 019

10 000

2 882

7 118

16 901

2003

16 901

10 000

2 028

7 972

8 929

2004

8 929

10 000

1 071

8 929

0

 

 

50 000

13 952

36 048

0

Мукотиботи бухгалтерӣ оиди инъикоси иҷораи молиявӣ дар оғози иҷора:
Қарздории дебитории дарозмуддат………..………..…30 374
                      Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат……..5 674
                                         Таҷҳизот…..………………..………………………………..36 048
Ҳангоми инъикоси пардохти ҳақиқӣ:
Воситаҳои пулӣ.………………………………………….10 000
                    Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат ..……5 674
                    Даромад аз иҷора…….…………………………………..…4 326
Ҳангоми инъикоси пардохт бо усули ҳисобкунӣ:
Фоизҳо барои қабул…………………………..……....…4 326
                  Даромад аз иҷора.……………………………………….…. 4 326
Воситаҳои пулӣ……………………………………….…10 000
                  Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат ……..5 674
                 Фоизҳо барои қабул ………………………………………...4 326
Ҷудокунии қисми ҷорӣ дар охири соли якум:
Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат …..6 355
               Қарздории  дебитории дарозмуддат……..…………………6 355
Даромади молиявии иҷорадеҳ ва хароҷоти фоизии иҷорагир дар ҳисоботи молиявӣ бо усули ҳисобкунӣ инъикос мегарданд. Агар дар давоми давраи ҳисоботӣ пардохтҳои иҷорапулӣ (даромад ва хароҷот мувофиқан) бо усули хазинавӣ қайд ёфта бошанд, дар ин сурат, дар охири давраи ҳисоботӣ мукотиботи ислоҳӣ мувофиқи усули ҳисобкунӣ тартиб  дода мешавад.

Баҳисобгирии  иҷораи  амалиётӣ

Иҷорагир пардохтҳои иҷоравиро дар ҳисобот оиди фоида ва зарар ҳамчун хароҷоти давра, ки баробар дар давоми муддати иҷора тақсим мегардад, инъикос менамояд.
Хароҷоти иҷораи амалиётӣ дар баҳисобгирии иҷорагир ба таври зер акс меёбад:
Ҳисобкунии хароҷоти иҷоравӣ барои давраи ҳисоботӣ:

Хароҷоти иҷоравӣ……………………………………………..….1 000

              Ўҳдадориҳои  ҳисобкардашуда……………………………………1 000
Пардохти иҷорапулӣ:
Ўҳдадориҳои  ҳисобкардашуда …………….……………….....1 000   
                 Воситаҳои пулӣ……………………………………………………1 000
Активҳои ба иҷорадодашударо иҷорадеҳ дар баланси худ нишон дода, амортизатсияи онҳоро ҳисоб мекунад. Маблағи ҳисобкардашавии хўрдашавии активҳои ба иҷорадодашуда ҳамчун хароҷоти давраи ҳисоботӣ эътироф мегардад.
Гирифтани даромад аз иҷораи амалиётӣ дар ҳисобгирии иҷорадеҳ бо чунин мукотибот инъикос меёбад:
Ҳисобкунии даромади иҷоравӣ барои давраи ҳисоботӣ:

Қарздории дебиторӣ……….………………………………..….1 000

              Даромади иҷоравӣ…………………………………………………1 000
Дохилшавии иҷорапулӣ:
Воситаҳои пулӣ ………….………………….……………….....1 000
            Қарздории дебиторӣ……………....……………………………….1 000
Инъикоси хароҷоти амортизатсионӣ:
Хароҷоти амортизатсионӣ..………………………………...….500
            Амортизатсияи ҷамъшуда………...………………………………..500
Иҷораи замин чун қоида иҷораи амалиётист, зеро мўҳлати истифодабарии замин маҳдуд нест. Агар иҷора дар худ харид ё додани ҳуқуқи моликиятиро ба замин ифода кунад, ин гуна амалиёт ҳамчун фурўши насиявӣ ҳисобида шуда, иҷора бояд капитализатсия гардад. Агар дар ҳайати арзиши бозории моликияти иҷоравӣ нархи замин камтар аз 25%-ро ташкил намояд, дар ин маврид амалиёт ҳамчун иҷораи таҷҳизот шинохта мешавад. Агар ҳиссаи замин зиёда аз 25% -ро ташкил кунад, дар ин ҳолат иҷораи замин алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

таҳои қарзии бо ин мўҳлат гирифташуда ва барои хариди актив кофибуда бояд пардохт намояд.
Арзиши одилона – ин маблағи ивазкунии актив ё пардохтнамоии ўҳдадорӣ ҳангоми баамалбарории шартнома байни шахсони воқифи мустақил аст.
Мўҳлати хизмати иқтисодӣ – ин ё
(a) даврае, ки дар давоми он истифодабарии иқтисодии актив аз ҷониби як ё якчанд истифодабаранда интизор меравад; ё
(b) миқдори маҳсулот ё воҳидҳои монанде, ки аз ин актив як ё якчанд истифодабаранда ба даст меоранд, мебошад.
Мўҳлати хизмати муфид – ин давраи аз оғози мўҳлати иҷора ҳисобкардашудаи боқимонда, ки дар муддати он корхона гирифтани фоидаи иқтисодиро аз ин актив дар назар дорад. Ин давра бо мўҳлати иҷора маҳдуд карда намешавад.
Арзиши кафолатдодашудаи барҳамдиҳӣ - ин:
(a) барои иҷорагир: қисми арзиши барҳамдеҳии аз ҷониби иҷорагир ё тарафи бо ў алоқаманд кафолатдодашуда; ё
(b) барои иҷорадеҳ: қисми арзиши барҳамдеҳии аз ҷониби иҷорагир ё тарафи сеюми бо иҷорадеҳ алоқанадошта(ў бояд қобили иҷрокунии ўҳдадории кафолатӣ бошад) кафолатдодашаванда аст.
Арзиши кафолатдоданашудаи барҳамдиҳӣ - ин он қисми арзищи барҳамдеҳии активи иҷоравист, ки гирифтанаш аз ҷониби иҷорадеҳ кафолат дода намешавад, ё кафолати онро тарафи сеюми бо иҷорадеҳ алоқаманд бар дўш гирифтааст.
Пардохтҳои минималии иҷоравӣ гуфта, ҳамаи пардохтҳоро дар давоми муддати иҷора аз иҷорагир талабкардашаванда,  ба истиснои иҷорапулии шартӣ, пардохти хизмату андозҳои аз ҷониби иҷорадеҳ баамалоянда ва аз ҷониби иҷорагир ҷуброншаванда якҷоя бо:
(a)    барои иҷорагир: ҳама гуна маблағи аз ҷониби иҷорагир ё тарафи сеюми бо ў алоқаманд кафолатдодашуда; ё
(b) барои иҷорадеҳ: ҳама гуна арзиши барҳамдеҳии ба иҷорадеҳ аз ҷониби:
(i)   иҷорагир;
(ii)  тарафи бо иҷорагир алоқаманд; ё

  • тарафи мустақили сеюми аз ҷиҳати молиявӣ қобилияти иҷрокунии ин кафолатро дошта, кафолатдодашуда, фаҳмида мешавад.

Ҳангоми ҳисобкунии пардохтҳои минималии иҷоравӣ  аз маблағи умумии пардохтҳо:

  • хароҷоти иҷорадеҳ (хароҷоти таъмир ва хизматрасонӣ, суғурта, андозҳо), агар онҳоро иҷорагир ҷуброн намояд;
  • иҷорапулии шартӣ – иҷорапулии ғайримолиявии бо ҳама гуна омил ба ғайр аз омили вақт (фоизи ҳаҷми фурўш, индески нарх, меъёрҳои бозории фоизӣ ва ғ.) асосёфта, тарҳ карда мешаванд.

Иҷораи молиявӣ дар ҳисобгирии иҷорагир ҳамчун амалиёти хариди актив бо бавуҷудоии ўҳдадориҳо инъикос мегардад.
Моликиятро ба иҷора дода истода, иҷорадеҳ мақсади ҷуброни хароҷоти хариди актив ва гирифтани фоидаро пеш мегузорад. Иҷорапулии дар шартномаи иҷоравӣ муайяншуда, аққалан арзиши актив ва фоизҳои иҷорадеҳ пардохтменамудаи дар давоми ҳамаи муддати иҷора тақсимшударо дарбар мегирад. Ҳамин тариқ, арзиши моликияти иҷоравӣ бо маблағи иҷорапулӣ чен карда намешавад, зеро фоизҳо ба арзиши актив дохил нагардида, бо пардохтшавии онҳо ҳамчун хароҷоти молиявӣ эътироф мегарданд.
Қоидаҳои асосии баҳисобгирии иҷораи молиявӣ аз ҷониби иҷорагир:

    • дар ибтидои мўҳлати иҷора актив ва ўҳдадорӣ аз рўи иҷорапулии минбаъда дар баланси бухгалтерӣ бо маблағи якхела нишон дода мешаванд;
    • ўҳдадорӣ аз рўи иҷораи молиявӣ дар баланс ба ду қисм - ҷорӣ ва дарозмуддат тақсим мешавад: бузургии пардохтҳои ҷорӣ бо муддати то як сол - ҳамчун ўҳдадории кўтоҳмуддат, бо муддати зиёда аз як сол – ҳамчун ўҳдадории дарозмуддат;
    • ҳангоми пардохт иҷорапулиҳо ба пардохти молиявӣ (хароҷоти фоизӣ) ва пардохт оиди камшавии ўҳдадориҳо (пардохт аз рўи шартномаи иҷоравӣ) тақсим мешаванд.  Дар ин маврид, пардохти молиявӣ ба давраҳо дар тамоми муддати иҷора чунон тақсим карда мешавад, ки меъёри доимии даврии фоиз ба бақияи боқимондаи ўҳдадорӣ барои ҳар як давра таъмин карда шавад;
    • маблағи амортизатсияшавандаи моликияти иҷоравӣ аз ҷониби иҷорагир ба таври системавӣ барои ҳар як давраи баҳисобгирӣ дар тамоми муддати истифодаи пешбинишуда бо ёрии усули ба сиёсати баҳисобгирӣ мувофиқ тақсим карда мешавад. Ҳангоми мавҷудияти боварии комил оиди он, ки иҷорагир дар охири мўҳлати иҷора ҳуқуқи моликиятро ба даст меорад, давраи пешбинишудаи истифодабарӣ ин мўҳлати хизмати муфиди актив аст. Агар ин гуна боварӣ мавҷуд набошад, актив дар давоми яке аз кўтоҳтарини ду мўҳлат: иҷора ё мўҳлати хизмати муфид амортизатсия карда мешавад.

    Мисоли 3. 1 январи соли 2000 ширкати «Мираж» бо ширкати «Оазис» оиди иҷораи молиявӣ бо шартҳои зерин аҳднома баст:

    • таҷҳизот ба мўҳлати 5 сол ба иҷора гирифта мешавад (n);
    • дар охири мўҳлати иҷора ҳуқуқи молкият азони иҷорадеҳ аст;
    • меъёри пешбинишудаи фоизӣ – меъёри дисконт барои муайянкунии арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ – 12%(r);
    • иҷорапулии солона – 10  000 в.ш.; хароҷоти нигоҳдорӣ ва суғуртаи активро иҷорадеҳ ба амал мебарорад.

    Ҳал: Пеш аз ҳама арзиши ҷории пардохтҳои минималии иҷоравиро бо истифодаи ҷадвали арзиши ҷории аннуитет муайян мекунем.
    PVA(10 000;r=15%; n=5). Муайян мекунем, ки ҳангоми меъёри 12%  ва 5 давра арзиши ҷории 1 в.ш.-и пардохтҳои аннуитетӣ баробари 3,6048 аст, аз ин рў, арзиши ҷории 10 000в.ш. баробари  36048 в.ш. мегардад.
    10 000 х 3,6048=36 048
    Ҳамин тариқ, арзиши актив ва маблағи ўҳдадории дар баланси иҷорагир аксёбанда баробари  36 048 в.ш. аст.
    Ҷараёни тақсимотро дар мисоли пардохти якуми 10 000 в.ш. дида мебароем. Дар шартномаи иҷора меъёри 12% муқаррар гардидааст. Аз ин рў, ба маблағи ўҳдадорӣ – 36048 в.ш. маблағи хароҷоти фоизӣ 4326 в.ш.-ро ташкил дода, қисми боқимондаи пардохт – 5674 в.ш. ҳамчун камшавии ўҳдадорӣ аз ҳисоб бароварда мешавад.

    Тақсимоти пардохтҳои иҷорапулии иҷорагир

    Давра
    (солҳо)

    Ўҳдадорӣ дар ибтидои иҷора

    Пардохтҳо

    Хароҷоти фоизӣ

    Маблағи пардохти ўҳдадорӣ

    Ўҳдадории иҷоравӣ дар охир

    2000

    36 048

    10 000

    4 326

    5 674

    30 374

    2001

    30 374

    10 000

    3 645

    6 355

    24 019

    2002

    24 019

    10 000

    2 882

    7 118

    16 901

    2003

    16 901

    10 000

    2 028

    7 972

    8 929

    2004

    8 929

    10 000

    1 071

    8 929

    0

     

     

    50 000

    13 952

    36 048

    0

    Мукотиботи бухгалтерӣ оиди инъикоси иҷораи молиявӣ дар санаи иҷора:
    Таҷҳизоти иҷоравӣ…………………….………………..36 048
                   Ўҳдадориҳои дарозмуддат аз рўи иҷораи молиявӣ…………30 374
                   Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат………………………5 674
    Мукотиботи даврӣ оиди инъикоси хўрдашавии таҷҳизоти иҷоравӣ бо усули ростхатта(36048/5=7 209,60):
    Хароҷоти хўрдашавии таҷҳизоти иҷоравӣ…………...7 209,60
               Истеҳлоки ҷамъшудаи таҷҳизоти иҷоравӣ…..……..…………..7 209,60
    Ҳангоми инъикоси пардохти ҳақиқӣ:
    Хароҷоти фоизӣ……………………………………….…4 326
    Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат ……………………….………5 674
                     Воситаҳои пулӣ...………………………………………..…….10 000
    Ҳангоми инъикоси пардохтҳо бо усули ҳисобкунӣ:
    Хароҷоти фоизӣ ..……………………………………..…4 326
                Фоизҳо барои пардохт…………………………….………….…. 4 326
    Фоизҳо барои пардохт ..…………………………..……4 326
    Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат .……………5 674
                     Воситаҳои пулӣ ……………………………………………….10 000
    Ҷудонамоии қисмати ҷории ўхдадории дарозмуддат дар охири соли якум:
    Ўҳдадориҳои дарозмуддат аз рўи иҷораи молиявӣ ……6 355
                   Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат ……………………6 355
    Барои муайянкунии маблағи пардохтҳои минималии иҷоравӣ барои  ҳар як давраи пардохт формулаи зерин истифода мешавад:
      , ки дар ин ҷо,
    P – пардохтҳои минималии иҷоравӣ, ки дар ин давра бояд пардохт шавад; 
    N-   меъёри пешбинишудаи фоизӣ;
    К – нархи фурўши моликияти иҷоравӣ;
    t -    миқдори давраҳои  пардохт.

    Баҳисобгирии иҷораи молиявӣ (иҷорадеҳ)
    Мувофиқи СБҲМ 17 «Иҷора» иҷорадеҳон бояд активҳои ба иҷораи молиявӣ додашударо дар баланси бухгалтерии худ ҳамчун қарздории дебиторӣ бо маблағи сармоягузориҳои соф ба иҷора эътироф намоянд.
    Сармоягузориҳои соф ба иҷора – ин сармоягузориҳои умумӣ ба иҷора бо тарҳи даромади молиявии гирифташуда аст.
    Ҳангоми иҷораи молиявӣ ҳамаи хавфу подоши бо моликият вобаста аз иҷорадеҳ бегона  карда шуда, қарздории дебиторӣ аз рўи пардохтҳои иҷоравӣ аз ҷониби иҷорадеҳ ҳамчун товони маблағи асосии қарз ва мукофот барои сармоягузорӣ ва хизмат нишон дода мешавад. Арзиши софи ин гуна қарздории дебиторӣ бо арзиши ҷории дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ новобаста ба кафолати онҳо муайян карда мешавад. Сармоягузории умумӣ ба иҷора баробари пардохтҳои минималии иҷоравӣ ва арзиши бақиявии актив аст.
    Эътирофи даромади молиявӣ дар асоси ҷадвале, ки меъёри доимии даврии фоида ва сармоягузории софи пардохтношудаи иҷорадеҳро оиди иҷораи молиявӣ нишон медиҳад, амалӣ мегардад.  
    Хароҷоти мустақими ибтидоии (хароҷоти комиссионӣ ва ҳуқуқӣ) иҷорадеҳ, ки бо мақсади бадастории даромади молиявӣ ба амал бароварда мешавад, фавран ба сифати хароҷот эътироф мегардад ё ба даромади гирифташаванда дар давоми муддати иҷора тақсим карда мешавад.
    Инъикоси иҷораи молиявӣ дар ҳисобгирии иҷорадеҳ ба таври зер сурат мегирад.

    Ҷадвали дохилшавии иҷорапулӣ ба иҷорадеҳ

    Давра(солҳо)

    Қарздории дебиторӣ дар аввал

    Дохилшавиҳо

    Даромади молиявӣ

    Маблағи қарздории дебитории пардохтшуда 

    Қарздории дебиторӣ дар охир

    2000

    36 048

    10 000

    4 326

    5 674

    30 374

    2001

    30 374

    10 000

    3 645

    6 355

    24 019

    2002

    24 019

    10 000

    2 882

    7 118

    16 901

    2003

    16 901

    10 000

    2 028

    7 972

    8 929

    2004

    8 929

    10 000

    1 071

    8 929

    0

     

     

    50 000

    13 952

    36 048

    0

    Мукотиботи бухгалтерӣ оиди инъикоси иҷораи молиявӣ дар оғози иҷора:
    Қарздории дебитории дарозмуддат………..………..…30 374
                          Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат……..5 674
                                             Таҷҳизот…..………………..………………………………..36 048
    Ҳангоми инъикоси пардохти ҳақиқӣ:
    Воситаҳои пулӣ.………………………………………….10 000
                        Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат ..……5 674
                        Даромад аз иҷора…….…………………………………..…4 326
    Ҳангоми инъикоси пардохт бо усули ҳисобкунӣ:
    Фоизҳо барои қабул…………………………..……....…4 326
                      Даромад аз иҷора.……………………………………….…. 4 326
    Воситаҳои пулӣ……………………………………….…10 000
                      Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат ……..5 674
                     Фоизҳо барои қабул ………………………………………...4 326
    Ҷудокунии қисми ҷорӣ дар охири соли якум:
    Қисми ҷории қарздории дебитории дарозмуддат …..6 355
                   Қарздории  дебитории дарозмуддат……..…………………6 355
    Даромади молиявии иҷорадеҳ ва хароҷоти фоизии иҷорагир дар ҳисоботи молиявӣ бо усули ҳисобкунӣ инъикос мегарданд. Агар дар давоми давраи ҳисоботӣ пардохтҳои иҷорапулӣ (даромад ва хароҷот мувофиқан) бо усули хазинавӣ қайд ёфта бошанд, дар ин сурат, дар охири давраи ҳисоботӣ мукотиботи ислоҳӣ мувофиқи усули ҳисобкунӣ тартиб  дода мешавад.

    Баҳисобгирии  иҷораи  амалиётӣ

    Иҷорагир пардохтҳои иҷоравиро дар ҳисобот оиди фоида ва зарар ҳамчун хароҷоти давра, ки баробар дар давоми муддати иҷора тақсим мегардад, инъикос менамояд.
    Хароҷоти иҷораи амалиётӣ дар баҳисобгирии иҷорагир ба таври зер акс меёбад:
    Ҳисобкунии хароҷоти иҷоравӣ барои давраи ҳисоботӣ:

    Хароҷоти иҷоравӣ……………………………………………..….1 000

                  Ўҳдадориҳои  ҳисобкардашуда……………………………………1 000
    Пардохти иҷорапулӣ:
    Ўҳдадориҳои  ҳисобкардашуда …………….……………….....1 000   
                     Воситаҳои пулӣ……………………………………………………1 000
    Активҳои ба иҷорадодашударо иҷорадеҳ дар баланси худ нишон дода, амортизатсияи онҳоро ҳисоб мекунад. Маблағи ҳисобкардашавии хўрдашавии активҳои ба иҷорадодашуда ҳамчун хароҷоти давраи ҳисоботӣ эътироф мегардад.
    Гирифтани даромад аз иҷораи амалиётӣ дар ҳисобгирии иҷорадеҳ бо чунин мукотибот инъикос меёбад:
    Ҳисобкунии даромади иҷоравӣ барои давраи ҳисоботӣ:

    Қарздории дебиторӣ……….………………………………..….1 000

                  Даромади иҷоравӣ…………………………………………………1 000
    Дохилшавии иҷорапулӣ:
    Воситаҳои пулӣ ………….………………….……………….....1 000
                Қарздории дебиторӣ……………....……………………………….1 000
    Инъикоси хароҷоти амортизатсионӣ:
    Хароҷоти амортизатсионӣ..………………………………...….500
                Амортизатсияи ҷамъшуда………...………………………………..500
    Иҷораи замин чун қоида иҷораи амалиётист, зеро мўҳлати истифодабарии замин маҳдуд нест. Агар иҷора дар худ харид ё додани ҳуқуқи моликиятиро ба замин ифода кунад, ин гуна амалиёт ҳамчун фурўши насиявӣ ҳисобида шуда, иҷора бояд капитализатсия гардад. Агар дар ҳайати арзиши бозории моликияти иҷоравӣ нархи замин камтар аз 25%-ро ташкил намояд, дар ин маврид амалиёт ҳамчун иҷораи таҷҳизот шинохта мешавад. Агар ҳиссаи замин зиёда аз 25% -ро ташкил кунад, дар ин ҳолат иҷораи замин алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

    Хусусиятҳои баҳисобгирии намудҳои дигари иҷора
    Намудҳои зерини иҷора маълуманд:

    • иҷораи  намуди фурўш;
    • фурўши активҳо бо бозпас гирифтани онҳо ба иҷора;
    • хариди активҳо аз рўи аҳдномаи иҷоравӣ;
    • иҷора бо истифодаи қарз.

    Дар ҳолати иҷораи намуди фурўш, иҷорадеҳ(истеҳсолкунанда) расонидани маҳсулотро аз рўи шартномаи иҷораи дарозмуддат ҳамчун манбаъи молиякунонии истеҳсолот инъикос намуда, фоидаро аз ду самти алоҳида нишон медиҳад:

    • истеҳсол ва фурўши маҳсулот;
    • сармоягузорӣ аз рўи шартномаи иҷоравӣ дар давоми муддати иҷора.

    Даромад аз истеҳсол он гоҳ ба ҳисоб гирифта мешавад, агар шартномаи иҷора дар ҳақиқат ба ҳукм дарояд, яъне, бузургии қарздории дебиторӣ аз рўи шартномаи иҷоравӣ баробари нархи фурўши маҳсулот аст. Даромад аз истеҳсол бояд баробари арзиши дисконтиронидашудаи пардохтҳои минималии иҷоравӣ бо истифодаи меъёри мувофиқи дистконтиронӣ бошад. Аммо, ин меъёр бе ҳисобкунии нархи фурўш истифода бурда намешавад. Агар нархи фурўш муайян набошад, иҷорадеҳ имконияти васеъи муайянкунии бузургии фоидаи умумиро аз фурўш ва фоидаи фоизиро ба даст меорад. Ҳама гуна маросими баҳисобгирӣ дар худ тақсими озоди фоидаи умумии иҷоравиро байни истеҳсолот ва сармоягузорӣ нишон медеҳад. 
    Дар ҳолати фурўши активҳо бо бозпас ба иҷорагирии онҳо, субъект активро ба дигар тараф фурўхта,  бозпас онро ба иҷора мегирад.   
    Маъмулан активҳо тақрибан бо нархи бозорӣ фурўхта мешаванд. Ширкат арзиши таҷҳизотро ба таври нақд гирифта, ҳуқуқи истифодабарии активро дар давоми мўҳлати иҷора ба даст меорад. Ба ивази он ў оиди пардохти иҷорапулӣ ўҳдадор шуда, ҳуқуқи моликиятро ба иҷорадеҳ медиҳад.
    Дар ҳолати иҷораи молиявӣ фурўши активҳо бо иҷораи минбаъдаи онҳо –ин усулест, ки бо ёрии он иҷорадеҳ иҷорагирро бо воситаҳои молиявӣ таъмин намуда, активро ба сифати кафолат истифода мебарад. Зиёдатии пули фурўш аз арзиши балансӣ дар ҳолати эътироф мавқуф гузошта шуда, ба фоида дар давоми муддати иҷора гузаронида мешавад.
    Дар ҳолати иҷораи амалиётӣ, вақте, ки пардохтҳои иҷоравӣ ва нархи фурўш бо арзиши одилона муқаррар карда мешаванд, фурўши муқаррарӣ ҷой дошта, ҳама гуна фоида ва зарар фавран эътироф мегарданд.
    Вақте, ки нархи фурўш аз арзиши одилона паст аст, ҳама гуна фоида ва зарар фавран эътироф мегарданд, ба истиснои ҳолате, ки зарар бо иҷорапулиҳои минбаъда бо нархи пасттар аз нархи бозорӣ ҷуброн мегардад. Дар ин ҳолат, вай мавқуф гузошта шуда, ба фоида ё зарар ба таври баробар дар давоми мўҳлати истифодаи актив гузаронида мешавад.
    Агар нархи фурўш баланд аз арзиши одилона бошад, фарқи он мавқуф гузошта шуда, дар давоми мўҳлати истифодаи актив аз ҳисоб бароварда мешавад.
    Агар арзиши одилона дар лаҳзаи бастани шартнома аз арзиши балансӣ паст бошад, зарар фавран эътироф мегардад.
    Дар афзалият аз шартномаҳои дутарафа, ҳангоми иҷора бо истифодаи қарз се тараф иштирок мекунанд:

    • иҷорагир,
    • иҷорадеҳ ё иштирокчии ҳиссадор,
    • кредитор.

    Аз нуқтаи назари иҷорагир,фарқ байни иҷора бо истифодаи қарз ва дигар намудҳои иҷора нест. Иҷорадеҳ бошад, активҳоро мувофиқи шартномаи иҷоравӣ харида, ин харидро қисман аз ҳисоби воситаҳои худӣ молиякунонӣ менамояд. (мисол, 20%-и арзиши активро худ мепардозад, аз ин ҷо, мо мафҳуми  «иштирокчии ҳиссадор»-ро истифода бурдем). 80%-и боқимондаро кредитор мепардозад. Чун қоида, қарз бо багаравмонии актив, шартномаи иҷоравӣ ва иҷорапулӣ таъмин мегардад. Иҷорадеҳ ба сифати қарзгир баромад намуда, ҳамчун соҳиби актив ҳуқуқи  нигоҳдории ҳама гуна пардохтҳои бо ин актив вобастаро дорад.   

    Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ
    Иҷорагир дар ҳисоботи молиявии худ бояд ахбороти зеринро кушода диҳад:
    а)   арзиши активҳои ба иҷораи молиявӣ гирифташуда – дар ҳар санаи пешниҳоди баланс;
    б)   ўҳдадорӣ аз рўи активҳои иҷоравӣ – ба таври алоҳида аз ўҳдадориҳои дигар бо роҳи дифференсиатсияи байни ўҳдадориҳои ҷорӣ ва дарозмуддат;
    в)   ўҳдадориҳо аз рўи пардохтҳои минималии иҷоравӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ ва иҷораи амалиётии бекоркарданашавандаи ба мўҳлати зиёда аз як сол – бо нишон додани маблағ ва мўҳлати баамалбарории пардохтҳо; маълумот оиди характери ҳама гуна имкониятҳои нави барқарорсозии иҷора ё харид, инчунин моддаҳои шартнома, ки афзоиши арзиши иҷораро пешбинӣ менамоянд;
    г)   маҳдудиятҳои молиявӣ, ки бо шартномаи иҷоравӣ муқаррар гардидаанд – маҳдудият оиди гирифтани қарзи иловагӣ ё иҷораи минбаъда;
    д)   характери ҳама гуна пардохтҳои иҷоравӣ, ки аз омилҳои пешбининашаванда вобастагӣ доранд;
    е)   характери ҳама гуна ўҳдадориҳои бо хароҷоти интизории дар охири мўҳлати иҷора пардохташаванда, ки аз омилҳои пешбининашаванда вобастагӣ доранд.
    Дар ҳисоботи молиявии иҷорадеҳ бояд ахбороти зерин кушода гардад:
    а)   сармоягузориҳои умумӣ ба иҷораи молиявӣ, инчунин даромади молиявии минбаъдаи бо он вобаста ва арзиши бақиявии кафолатдоданошудаи активҳои иҷоравӣ;
    б)   усули истифодашавандаи тақсими даромад;
    в)   арзиши активҳои ба иҷораи амалиётӣ додашуда ва ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионии бо онҳо вобаста аз рўи ҳар як синфи активҳо дар ҳар як санаи ҳисоботи балансӣ.

    Адабиёти тавсияшаванда:

    • Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001
    • Финансовый учет. Часть1и  2.  Учебное пособие. Алматы 1999
    • Финансовый учет. Учебное пособие. – Бишкек. ОБА. 2001 - 318с.
    • Кыргызские стандарты бухгалтерского учета. Комментарии./ Под ред. Е. Морозовой. – Б: «Ариал-Принт», 2000.-324с.
    • Мюллер Герхард Г. и др. Учет: международная перспектива – 2 –е изд. перераб. – М.:  Финансы и статистика, 1996. –136с.
    • Матиюс М.Р., Перера М.Х.Б. Теория бухгалтерского учета Пер. с англ. Под ред. Я.В.Соколова  – М: ЮНИТИ, 1999 - 663с.
    • Нидлз Б. и др. Принципы бухгалтерского учета (Пер. с англ. / Под  ред. Я. В. Соколова). 2-е изд. – М.: Финансы и статистика. 1997. – 496с.
    • Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М.: Финансы и  статистика, 1997

    Супориш барои худсанҷӣ

     

    Супориши  1.  1 январи соли 2000 ширкати “Аршан” ва ширкати “Бабр” аҳдномаи ҷоравиро бастанд. Мувофиқи он  “Бабр”-иҷорадеҳ ба  “Аршан”- иҷорагир таҷҳизотеро, ки бо арзиши одилонаи 20 000в.ш. “Бабр” харидааст, иҷора медиҳад. Мўҳлати иҷора шаш солро ташкил намуда,  “Аршан” ўҳдадор мешавад, ки дар охири ҳар сол 5 000 в.ш. ба «Бабр» иҷорапулӣ диҳад. Таҷҳизот ба иҷора дар давоми тамоми мўҳати хизмати муфиди актив дода шуда, дар охири мўҳлати иҷора арзиши бақиявӣ надорад. Иҷора азь ҷониби иҷорагир бекор карда намешавад. Ягон ҳуқуқи молкиятӣ ё имтиёзҳои андозӣ вобаста ба таҷҳизоти мазкур  вуҷуд надоранд.
    Пардохтҳои минималии иҷоравӣ 30 000в.ш.-ро ташкил менамоянд(ҳар сол 5 000в.ш. дар давоми шаш сол). Азбаски арзиши бақиявӣ вуҷуд надорад, он ҳам чун сармоягузории умумӣ ба иҷора шинохта мешавад.
    Азбаски арзиши одилонаи таҷҳизот 20 000в.ш.-ро ташкил менамояд, хароҷоти умумии молиявӣ 10 000в.ш.-ро ташкил мекунад.
    Таҷҳизот бо усули ростхатта амортизатсия кунонида мешавад.
    Барои иҷорагир ҳар як пардохт ба маблағи 5 000в.ш байни хароҷоти молиявӣ ва камшавии ўҳдадорӣ тақсим карда мешавад. Барои иҷорадеҳ иҷорапулии гирифташуда байни даромади молиявӣ ва камшавии қарздории дебиторӣ тақсим карда мешавад. Меъёри пешбинишудаи фоизӣ  15%-ро ташкил медиҳад. Ҳангоми ин меъёр арзиши ҷории софи пардохтҳои иҷоравӣ баробари чанд аст?
    Аз ибтидои иҷора, “Аршан” ва “Бабр” ҷадавли пардохтҳоро , ки барои муайянкунӣ ва инъикос дар ҳисобгирӣ истифода мешавад, тартиб доданд.
    Талаб карда мешавад:

    • Ҷадвали тақсимоти пардохтҳои иҷоравиро барои иҷорадеҳ ва иҷорагир тартиб диҳед;
    • Мукотиботи зеринро барои ширкатҳои  “Аршан” ва “Бабр” тартиб диҳед:
    • мукотиботи ибтидоии инъикоси иҷора;
    • ҷудокунии қисми ҷории ўҳдадорӣ (қарздории дебиторӣ) барои соли 2000;
    • инъикоси ҳисобкуниҳои хароҷоти молиявӣ (даромади молиявӣ) барои соли 2000;
    • мукотиботеро, ки 31 декабри соли 2000 ширкатҳо дар лаҳзаи пардохт(гирифтани пул) тартиб медиҳанд;
    • ҷудокунии қисми ҷории ўҳдадорӣ (қарздории дебиторӣ) барои соли 2001;
    • инъикоси ҳисобкунии ҳармоҳаи хароҷоти молиявӣ (даромади молиявӣ)  дар соли 2001;
    • мукотиботе, ки ширкатҳо  31 декабри соли  2001 дар лаҳзаи пардохт(гирифтани пул) тартиб медиҳанд;
    • мукотиботи ҳарсола оиди ҳисобкунии амортизатсия;
    • бақияи ҳисобҳои бо иҷораи молиявӣ вобастаро дар баланси иҷорагир (иҷорадеҳ) дар охири соли дуюми иҷора то ислоҳнамоии  қисми ҷории ўҳдадорӣ(қарздории дебиторӣ) нишон диҳед.

     Аршан

    Бабр

    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  

     

    • Фарз кардем, ки мўҳлати хизмати таҷҳизот 20 солро ташкил менамояд. Оё ин иҷора дар ин маврид молиявӣ аст? Фикри худро исбот кунед.

     

    Фарз кардем, ки иҷорапулии ҳарсола 3 000 в.ш.-ро ташкил медиҳад. Аз ин рў, иҷора амалиётӣ ҳисобида мешавад. Вобаста ба ин шароит амалҳои зерини бухгалтериро иҷро кунед:

    • Тартибдеҳии мукотибот оиди ҳисобкунии ҳарсолаи амортизатсияи актив;
    • Тартибдеҳии мукотибот оиди ҳисобкунии ҳармоҳаи иҷорапулӣ (даромади иҷоравӣ);
    • Тартибдеҳии мукотибот дар 31 декабри соли 2000 дар лаҳзаи пардохт (гирифтани пул);
    • Тартибдеҳии мукотибот дар лаҳзаи пардохт(гирифтани пул) дар сурати ба амал бароварда нашудани пардохти иҷорапулӣ(даромади иҷоравӣ)-и  ҳармоҳа.

    Аршан

    Бабр

    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

     

    •  
    •  

    Супориши 2.
    Корпоратсияи «Мадина Ltd» шартномаро оиди иҷораи биное ба мўҳлати панҷ сол мебандад. Шартнома мазкур талаб мекунад, ки дар охири ҳар сол 100 000в.ш. пардохта шавад. Меъёри корпоратсияи «Мадина Ltd» аз рўи қарзҳо 10%-ро ташкил менамояд. Арзиши ҷории пардохтҳои иҷоравиро ҳисоб кунед.
    Ҳал:

     

    Супориши 3.
    Корпоратсияи «Васко да Гама» таҷҳизотеро бо мўҳлати хизмати муфиди 12 сола ба иҷора гирифт. Шарти иҷора – пардохти ҳарсолаи 17,400 в.ш.. «Васко да Гама» имконият дорад, ки бо меъёри 15% қарз  бигирад.
    Талаб карда мешавад: