|

Вазъи фаъолияти бонкхои вилояти Сугд ва самтхои асосии пешравии он.

Тартибдиханда: ya.ru google.com

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-01-26

Дар вилояти Суғд 3 бонкҳои мустақил фаъолият мебаранд, ки онҳо «Соҳибкорбонк», «Эсхата», «Хуҷанд бонк», 1 ташкилоти қарзии рафоқати «Ганҷина» ва 59 филиалҳои бонкҳо мебошанд.
Таҳлили ҳолати молиявии системаи бонкии Ҷумҳурии нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам он дар вазъияти душвори иқтисоди мебошад. Бо вуҷуди он, ки бонкҳо мақсад гузоштаанд, ки вазифаи пешбарандаро иҷро намоянд, онҳо фақат вазифаи миёнаравии молиявиро иҷро мекунанд ва ҳамин ҳам бошад дар ҳаҷми ниҳоят кам. Намуд ва шакли хизматрасонии бонкҳо ниҳоят маҳдуданд, ки он аз сустии ҳолати ҳам иқтисоди ва ҳам молиявии бонкҳо далолат мекунад.
Вилояти Сугд  дар таквияти иктидори, иктисодии Ҷумхурии Точикистон мавкеи намоёнро ишгол менамояд. Дар каламрави вилоят якчанд корхонахои саноатии калон ва мухим фаъолият доранд, бо суръати тез сохаи кишоварзи таракки ёфта истодааст, шумораи корхонаҳои муштарак руз то руз зиёд ва хачми фаъолияти иктисодии хоричи меафзояд.
Дар пешравии иктисодиёти мамлакат низоми бонки накши мухимро мебозад ва бинобар ин, сиёсати бонкхо, пеш аз хама, ба густариши ислохоти иктисодй, нигохдории кобилияти харидории асъори милли, пешгири намудани таваррум ва дастгарии корхонохо равона карда шудааст.
То 1 октябри соли 2001 дар вилоят 4 бонки мустакили тичорати - БТ "Хучанд", БТ "Эсхата", БСТ "Ганчина", БСТ "Сохибкор" ва 59 бахшу шуъбахои бонкхои тичорати фаъолият менамоянд.
Тахлили гардиши кассавии сомонии накд ва бозгашти он ба бонкхо нишон медихад, ки кор дар ин самт ру ба бехбуди овардааст.
Дар нуҳ мохи соли 2001 аз тарафи ташкилотхои бонкии минтака ба муомилот 6.3 млн. сомони бароварда шуда, маблаги 15 млн. сомони аз муомилот гирифта шудааст.
Бозгашти пурраи пули ба муомилот баровардашуда таъмин гардида, бо назардошти маблагхои аз дигар минтакахо воридшаванда бозгашти пули ба муомилот баровардашуда дар ин давра 111.3 фоизро ташкил додааст.
Бозгашти пули ба муомилот баровардашуда дар шахру нохияхои минтака чунин аст.

 

 

 

 

Чадвали №1


Нохияхо

Воридот

Харочот

Бозгашт

1

Хучанд

86058

73878

116,5

2

Ашт

1473

2321

63,5

3

Бустон

1757

5185

33,9

4

Гончи

547

1264

43,3

5

Зафаробод

1080

3122

34,6

6

Исфара

12670

10813

117,2

7

Кайроккум

2177

3108

70,0

8

Конибодом

6261

6314

99,2

9

Нов

4155

3016

137,8

10

Ч. Расулов

2991

4221

70,9

11

Истаравшан

8027

5252

152,8

12

Б. Гафуров

13209

11504

114,8

13

Чкалов

10488

5056

207,4

14

Шахристон

180

499

36,1

15

Табошар

408

590

69,2

Сарчашма: Ахбори Бонки Миллии Точикистон № 1 (31) 2002 с.

Аз чадвали боло маълум мегардад, ки бозгашти пасти пул дар нохияхои аз марказ дур ва бо кишоварзи машгул, ки дар он чойхо савдо ва хизматрасони суст таракки кардааст, ба назар мерасад.
Яке аз нишондихандахои мусбии холати муомилоти пули дар вилоят низ аз муомилот баровардани пули накд мебошад. Аз чониби шуъбаи Бонки миллии Точикистон дар давоми нух мохи соли чори маблаги 15.047 хаз. сомони пули накд аз муомилот гирифта шудааст.
Дар давоми соли 2001 дар вилоят курби асъори милли ба кадри кофи устувор монд. Агар дар таърихи 1.01.2001 с. Курби доллари ИМА 2.35 сомони муайян карда шуда бошад, дар таърихи 1 октябри соли 2001 хамаги 5 дирам зиёд шуда, 2.40 сомониро ташкил намуд.
Дар мохи октябри соли чори сабади истеъмолй 42.20 сомониро ташкил дода, нисбати 1.01.2001 с. 10.8 фоиз баланд гардид. Яъне дар давоми соли чори таваррум (инфлятсия) нисбати мохи январи соли 2001 10.8 фоиз баланд шудааст. Таъмин гаштани муътадилии курби арзи милли - ба кори нуктахои ивази асъор вобаста мебошад.
Дар асоси накшаи нави чойгиршавии нуктахои мубодилаи асъор, ки якчоя бо Хукуматхои шахру нохияхои вилоят тасдик шуда буд, барои пурра конеъ гардонидани талаботи ахолии вилоят бо амалиётҳои мубодилаи асъори дар каламрави вилоят якчанд нуктахои нави мубодилаи асъор кушода шуд. Аз чумла, шуъбаи Бонки миллии Точикистон дар ш. Хучанд низ якчанд нуктахои ивази асъори худро дар маркази шахр ба фаъолият омода кард.
Ҳоло дар каламрави вилоят 209 нуктаи мубодилаи асъор амал мекунад. Аз ин микдор дар ш. Хучанд-98, дар ноҳияи Б.Ғафуров-24, дар ш. Чкалов-10, дар ш. Панчакент-11, дар ш. Конибодом -12, дар нохияи Нов-10, дар ш. Исфара-8, дар н. Мастчох-9, дар ш. Истаравшан-8 ва дар дигар нохияхо аз 2 то 6 адади нуктахои мубодилаи асъор фаъолият мебаранд.
Низоми бонкии Точикистон бехтар ва зиёдтар намудани намудхои нави хизматрасониро ба мизочон ва ахоли вазифаи асосии худ мешуморад. Яке аз ин вазифахо сари вакт ва бехтар гузаронидани пардохтхо мебошад. Ҳоло тамоми бонкхои вилоят ба системаи пардохти электрони гузаштаанд. Ин боиси босифат ва сари вакт гузаштани маблагхои пули дар каламрави Точикистон ва берун аз он гаштааст. Мухлати гузаштани пардохт то 1 руз мебошад, яъне маблаги пули то охири рузи кор ба хисоби зарури гузаронида мешавад.
Бонкхои БСТ "Эсхата", ҶСН "Хучанд-бонк", бахши БСТ ССТ "Ориёнбонк" ва бахши БДА "Амонатбонк" дар ш. Хучанд бо бонкхои тичоратии як катор давлатхои хоричи ва Русия оиди гузаронидани мутакобилаи маблагхои пардохт шартномахои заруриро ба имзо расонидаанд. Бахши БСТ СЗС "Агронивестбонк"-и ш. Хучанд низ бо бонки "Автобанк"-и ш. Маскав ва Ташкилоти Қарздихии "Системаи муттахидаи хисоббаробаркуни" дар ш. Маскав оиди гузаронидани маблагхо аз Точикистон ба Русия ва аз Русия ба Точикистон шартнома бастааст ва холо шахрвандони ш. Хучанд метавонанд бо дили пур аз шахрхои Русия маблагхои худро ба бонкхои номбурда ва дигар шахру нохияхои вилоят, ба падару модар ва дустону шиносон, хешу табор ва дигар шахсони хукуки ва вокеъи гузаронанд ва дар ин чо пули миллии сомони гиранд. Барои ин аз шахрвандон хамаги аз 1 то 3 фоиз хакки хизмат гирифта мешавад. Инчунин, бо максади бехтар намудани гузаронидани маблагхои пули дар шуъбаи Бонки миллии Точикистон дар ш. Хучанд, бахши БСТ СЗС "Агроинвестбонк"-и ш. Хучанд ва БСТ "Эсхата" корти пластики чори карда шудааст, ки он хам барои мизочон ва шахсони вокеъи барои гузаронидани маблаги худ аз як давлат ба давлати дигар хизмат мерасонад ва бехатарии амалиётхоро  таъмин менамояд.
Солхои охир масъалаи аз тарафи бонкхои тичоратии вилоят чалб намудани амонатхои ахоли ва корхонаю ташкилотхо, ташкили кор дар бозорхо ва когазхои киматнок кохиш ёфта буд. Натичаи хамин буд, ки холо хиссаи амонатхо дар тавозуни бонкхои тичоратии вилоят хамаги 1.0 фоизро ташкил менамояд. Аз руи маълумотхои Шуъбаи Бонки Милли дар вилояти Сугд имруз дар дасти ахоли маблаги хеле зиёди пули накд - зиёда аз 5.0 млн. сомонй нигох дошта мешавад. Ҳалли ин проблема хеле ташвишовар аст. Аз ин ру, ба бонкхои тичорати аз тарафи Шуъбаи Бонки Милли дар вилояти Сугд  супориш дода шудааст, ки корро оиди чалб намудани амонатхои шахсони вокеи ва хукуки бехтар ба рох монанд. Аз чумла, бахши БДА "Амонатбонк" дар ш.Хучанд ба мизочон намудхои нави амонатро пешниход намуд, ки онхо аз руи мухлат, фоиз ва шартхои худ аз хамдигар фарк мекунанд ва боиси хавасмандии ахоли мегарданд. Омили дигаре, ки боиси баланд гардидани боварии ахоли нисбати бонкхо гардид - кабули Қарори Мачлиси Олии Ҷумхурии Точикистон оиди бархам додани бочи 30 фоизаи давлати мебошад, ки хангоми аз чониби ахоли гузаронидани пули бенакди ахоли аз давлатхои хоричи гирифта мешуд.
Вале вазифахои асосие, ки дар назди бонкхои тичоратии вилоят истодаанд, аз андешидани чорахои махсус барои максаднок ва фоиданок истифода бурдани карзхо ва сари вакт пардохтани карзхои пеш додашуда, иборат мебошанд.
Тахлили фаъолияти хисобу карзии бонкхои тичоратии вилоят нишон медихад, ки маблаггузори ба иктисодиёти вилоят дар санаи 1.10.2001 с. хамаги 13.519,5 хазор сомониро ташкил намуда, нисбати 1.01. с.2001 1. 2 маротиба афзудааст. Дар ин муддат аз  хачми умумии маблаггузорихо хиссаи асосиро карзхои кутохмуддат яҳне 92,5 фоизи хиссаи карзхои— додашударо ташкил медиханд, карзхои дарозмуддат бошанд 7.5 фоизро дар бар мегиранд.
Маблаггузорихои карзи дар БСТ "Эсхата" - 2.6 маротиба, шуъбаи БСТ СЗС "Агроинвестбонк" -1.4-маротиба, ҶСН "Хучандбонк" -1.7 маротиба, шуъбаи "Точиксаноатбонк" дар ш. Хуҷанд -1.1 маротиба, бахши БДСТ "Точиксодиротбонк" - 1.7 маротиба ва БДА ҶТ "Амонатбонк" - 1.4 маротиба афзуданд. Тахлили таркиби маблаггузори дар семохаи сеюми соли 2001 нишон дод, ки аз хачми умумии маблаггузорихои карзи, карзхо ба корхонахои хусуси - 16.8 фоиз, корхонахои кишоварзи - 7.1 фоиз, шахсони истиснои - 7.0 фоиз, корхонахои давлати - 5.7 фоиз, карзхои мухлати пардохташон гузашта - 31.7 фоиз ва гайра - 31.7 фоизро ташкил медиханд.
Аз тарафи бонкхои тичорати максаднок ва самарабахш истифода бурдани карзхои додашуда доимо тахти назорати шуъбаи Бонки миллии Точикистон дар ш. Хучанд карор дорад.
Бояд кайд намуд, ки то хол дар бонкхои тичоратии вилояти Сугд (бахшхои бонкхои "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк", "Амонатбонк", "Хучандбонк") масъалахои риоя накардани конунгузории бонки хангоми бастани шартномахои карзи, таъмини гарави, ташаккулдихи ва истифодабарии фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо ва баргардонидани карзхои мухлаташон гузашта чой доранд.
Ба назари мо, то он вакте ки бонкхои тичорати ва бахшхои онхо пеш аз ба мизочон додани карз холати иктисоди ва молиявии онхоро амик наомузанд, ин масъала халли худро намеёбад. Аз тарафи дигар, рохбарони бонкхои тичорати дар сурати сари вакт напардохтани карз ба макомоти хифзи хукук очилан мурочиат иамекунанд, хол он ки мебоист бо макомоти хифзи хукук алокаи зич дошта бошанд.
Масоили бозпас гирифтани карзхо ин шабу руз аз проблемахои мухим мансуб дониста мешавад ва халли он ба фаъолияти пурсамар ва устувори низоми бонкии вилоят зич вобаста мебошад.
Маблаги умумии карзхои мухлати пардохташон гузашта то 1.10.2001 с. дар микёси вилоят 4. 283,8 хазор сомониро ташкил намуд. Аз чумла, бо асъори милли 46.0 фоиз ва бо асъори хоричи бошад 54.0 фоиз. Сабаби асосии сари вакт барнагаштани карзхои пеш додашуда он аст, ки то хол дар фаъолияти бонкхо конунгузории бонки хангоми бастани шартномахои карзи, таъмини гараи, ташаккулдихи ва истифодабарии фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо ва баргардонидани карзхои мухлаташ гузашта риоя карда намешавад.
Ҳоло якчанд проблемахое хастанд, ки боиси паст гардидани макоми бахшхои бонкхои тичоратии дар вилояти Сугд амалкунанда гардиданд. Махдуд шудани баъзе сохахои фаъолияти бонкхои минтакави, аз чумла таъмин намудани бахшхо бо маблагхои карзи, катъ намудани фуруши асъор, холати хисоббаробаркуни ва дигархо махдудиятхоро дида метавонем. Масалан, барои бахшхои БСТ ССТ "Ориёнбонк" мувофики карори бонки болои аз 16 октябри соли 2001 фуруши мустакилонаи асъор тамоман манъ карда шудааст, хол он, ки бахши бонки БСТ ССТ "Ориёнбонк" дар вилояти Суғд ба зиёда аз 1000 мизочон, аз чумла корхонаи муштараки "Кабоол - Точик -Текстайлз", хизмат мерасонад. Қабули карори дар боло зикршуда боиси норозигии мизочон ва паст гардидани боварии онхо нисбати бонк гаридидааст.
Дар баробари ин, мо мисолхои мусбиро низ дида метавонем. Масалан, ба хотири баланд бардрштани салохият ва макоми бахши худ БДСТ "Точиксодиротбонк" барои хариду фуруши мустакилонаи асъори хоричи, гузаронидани пардохтхо аз хисоби мукотибавии худ ва кушодани хисобхои мукотибавии асъори дар бонкхои хорича ба бахши худ дар ш. Хучанд ичозат додааст, ки ин боиси баланд гардидани эътибори ин бонк дар вилоят гардидааст.
Масъалаи дигари мухим - вазъи феълии асъории вилоят мебошад. Асоси устувории бозори асъории вилоят - ин воридшавии асъори хоричи аз фаъолияти корхонахои муштарак, ба монанди, "Кабоол -Точик- Текстайлз", "Зарафшон" ва дигархо мебошад. Ҳиссаи ин корхонахо дар тараккиёти вилоят калон бошад хам, захирахои асъории ин корхонахо аз муомилоти пулии вилоят гирифта шудаанд. Ҳол он, ки маблагхои асъории ин корхонахо пурра талаботи вилояти Сугдро ба асъори хоричи конеъ гардонида метавонанд. Масалан, дар давоми нух мохи соли чори маблагхои КМ "Кабоол-Точик-Текстайлз" ба андозаи 3.0 млн. доллари ИМА ва КМ "Зарафшон" ба андозаи 5.0 млн.доллари ИМА ба хисоби асъории бонкхои болои равона карда шудаанд. Ин холатхо дар навбати худ ба паст гардидани курби асъори милли ва зиёд шудани таваррум дар вилоят оварда мерасонанд.
Шабакаи бонкии вилояти Сугд, ки яке аз калонтаринхо мебошад, доимо норасогии маблагхои асъориро хис мекунад ва ин боиси аз чониби бонкхо ичро нагаштани ухдадорихояшон дар назди мизочон мегардад.
Мавкеи чугрофии вилояти Сугд такозо менамояд, ки барои нигох доштани кобилияти харидории сомони, гардиши пурраи он, ба бозори асъори хоричии минтакаи мазкур диккати махсус додан зарур аст.
Яке аз самтхои хозиразамон ин гузаронидани хисоббаробар-кунихои байнибонки бо воситаи хисоби мукотибавии муттахидаи бонки болои мебошад. Ба чунин намуди хисоббаробаркунии байнибонки бахшхои БСТ СЗС "Агроинвестбонк"  гузаштаанд ва БСТ ССТ "Ориёнбонк" низ тайёри дида истодааст. Аммо дар амал, ин хадаф якчанд камбудихои чидди низ дорад:
а)      аввалан, маблагҳои пулии бонкхои вилоят аз тарафи бонкхои дигар  минтакахо номахдуд истифода бурда мешаванд. Масалан, ҳоло Бонки болоии "Амонатбонк" аз бахшхои дар вилояти Сугд будаи худ зиёда 900.0 хазор сомони карздор буда, барои истифодаи онхо фоиз намедихад. Натичаи ин гуна амалиётхо ба касодии хисоби мукотибавии бонковарда мерасонад;
б)      пас   аз   муттахид   намудани   хисобхои мукотибавии бонкхо ва бархам додани хадамоти пайки байнибонки дар вилояти Сугд пардохтхо дар минтакахо бо андармони то 5-7 руз гузаронида мешаванд, хол он, ки мебоист, баръакс, пардохтхо дар давоми як руз гузаранд. Ба назари мо, сабаби асосии ин холат, аз як тараф, беахамиятии бонкхои болои ба ин масъалаи хеле зарур ва мухим ва аз тарафи дигар набудани базаи моддию-техники, паст будани ихтисоси кормандони бонкхо, холати гайриканоатбахши алокаи телекоммуникатсионии  бонкхои вилоят мебошад.
Бинобар ин, зарурияти бо таври катъи дар назди бонкхои болои гузоштани халли масъалаи пардохтхои дохили системави пеш омадааст. Ба гайр аз ин, барои сари вакт гузаштани хисоббаробаркунихои байнибонки зарур аст, ки дар микёси вилоят хадамоти пайки байнибонки ташкил карда шавад ва то он даме, ки бонкхои вилоят пурра барои гузариш ба системаи нави пардохти тайёр нашаванд, хисоббаробаркунии байнибонки бо воситаи шуъбаи Бонки миллии Точикистон дар ш. Хучанд гузаронида шавад.
Инчунин, таваччухи Бонки миллии Тоҷикистонро боз ба яке аз масъалахои хеле мухим равона карданием. Мизочони бонкхои тичоратие, ки бо фаъолияти иктисодию хоричи машгуланд, барои халли муаммохое, ки ба махкамкуни ва ё дароз намудани мухлати шиносномахои муомилоти вобастаги доранд, 6а шуҳбаи Бонки Миллии Точикистон мурочиат намуда, норозигии худро баён мекунанд. Зеро барои халли масъалахои зикршуда дар назди мизочон як катор мушакилихо ба монанди, дурии рох, харочоти сафар, вакти сарфшуда ба вуҷуд меояд. Аз сабаби сари вакт барраси нашудани ин масъалахо, баъзе шиносномахои муомилотии бакайдгирифташуда муддати тулони махкам карда намешаванд. Бинобар ин, пешниход менамоем, ки як катори ваколатхо оиди ин масъала ба шуъбахои Бонки миллии Точикистон дода шаванд.
Бонки миллии Точикистон бо хамрохии бонкхои тичоратии чумхури ба ннкишоф ва ташаккулёбии базаи конунгузории бонки ахамияти калон дода, дастуру санадхои хеле мухим ва зарурро омода месозанд. Лекин тахлилхои фаъолияти бонкхо нишон медиханд, ки ичрои конуну санадхои бонкдори дар сохтори поёнии бонки - яъне бахшхою нуктахои ваколатдори бонкхо таъмин карда намешаванд. Бонкхои болоиро зарур аст, ки ба масъалаи фарохам овардани шаротхои мусоид барои фаъолияти пурсамари бахшхою нуктахои ваколатдори худ ахамияти бештар диханд. Алхол дар бораи инкишофи низоми бонкии чумхури сухан рондан имконпазир аст, зеро холати хозираи фаъолияти бонкхо дар минтакахо гайриканоатбахш буда, боиси паст гардидани боварии ахоли нисбати бонкхо мегардад.
Ба андешаи мо, агар масъалахои дар боло зикршуда халли худро ёбанд, то андозае устувории курби пули милли, баланд гардидани суръати инкишофи иктисодиёт ва мустахкам шудани боварии ахоли нисбати бонкхо таъмин мегардид.

Дидан карданд: 3133

Мавзӯъҳои монанд:

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазифаҳои он

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Захираҳои қарзи ва таснифи онҳо

Воситаҳои хусусии бонк

Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: