Дата: 2016-01-15
Моддаи 133. Андозсупорандагон
Шахсони воқеии резидент ва ғайрирезидент, ки мутобиқи моддаи 134 ҳамин Кодекс объекти андозбандишаванда доранд, супорандагони андоз аз даромад мебошанд.
Моддаи 134. Объекти андозбанди
1. Барои резидентҳо ба сифати объекти андозбандии даромад даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умуми дар соли тақвими ва маблағи тарҳшудаи хароҷоти пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ҳамин давра муайян карда мешавад.
2. Андозсупоранда - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доими фаъолият менамояд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доими алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии соли тақвими аз манбаъҳои воқеъ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муассисаи доими (банди 3) қисми 8 моддаи 34 ҳамин Кодекс) ва маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати чунин даромад барои ҳамин давра муайян карда мешавад, супорандаи андоз аз даромад мебошад.
3. Даромади умумии ғайрирезидент, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудааст, бояд аз манбаи пардохт бе нигоҳ доштани маблағ (бе тарҳкунии хароҷот), агар ин дар моддаи 164 ҳамин Кодекс пешбини шуда бошад, андозбанди карда шавад.
4. Шахси воқеи-ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳнати кироя ё аз фурўш ё додани амволе, ки ба муассисаи доимиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбати даромади умумии чунин намуд дар соли тақвими бо кам кардани он ба маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.
Моддаи 135. Даромади умуми
1. Даромади умумии андозсупоранда-резидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки вай аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
2. Даромади умумии андозсупоранда-ғайрирезидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки вай аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
3. Ҳамаи намуди даромадҳои гирифташуда, ҳам дар шакли пули ва ҳам дар шакли асл (натурали), ба истиснои даромадҳо, ки мувофиқи ҳамин Кодекс аз андози даромад (андози фонди) озод карда шудаанд, ба даромади умуми дохил карда мешаванд, аз ҷумла:
1) даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд;
2) даромадҳо аз фаъолияте, ки кори кироя ҳисоб намешаванд;
3) ҳама гуна даромадҳои дигар.
Моддаи 136. Даромадҳое, ки дар шакли музди меҳнат гирифта мешаванд
1. Ҳама гуна пардохт ё манфиат, ки шахси воқеи аз кори кироя гирифтааст, аз ҷумла дар шакли натурали, даромади дар шакли музди меҳнат гирифташуда ба ҳисоб меравад, аз ҷумла, даромадҳо аз кори кирояи пешина дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифташуда ё даромадҳо аз кори минбаъдаи кироя.
2. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда арзиши манфиат аз кори кироя ба маблағи дар поён овардашуда, бо назардошти тарҳи ҳама гуна пардохтҳои корманд барои гирифтани ин манфиат баробар мебошад:
1) ҳангоми гирифтани қарз тибқи меъёри фоизи пасттар аз меъёри бозори барои чунин намуди қарзҳо - маблағи баробар ба фоизҳое, ки бояд тибқи меъёри бозори пардохта шаванд;
2) ҳангоми аз ҷониби корфармо ба корманди худ фурўхтан ё ройгон додани молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо - арзиши бозории чунин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо;
3) ҳангоми гирифтани кўмак барои таҳсили корманд ё шахсони дар таъминоти он қарордошта (ба ғайр барномаҳои тайёри, ки бевосита ба иҷрои ўҳдадориҳои корманд алоқаманданд) - арзиши кўмак барои корфармо дар гирифтани маълумот;
4) дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба кори кирояи ў алоқаманд нест - маблағи ҷуброн (Конун аз 20.03.2008 № 376);
5) ҳангоми бахшидани қарз ё ўҳдадории корманд дар назди корфармо
- маблағи қарз ё ўҳдадории бахшидашуда;
6) ҳангоми пардохти подоши суғуртави тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломати ва дигар маблағҳои шабеҳ аз ҷониби корфармо – арзиши чунин подоши суғуртави ё маблағҳо барои корфармо;
7) дар дигар ҳолатҳо - арзиши бозории манфиат мутобиқи моддаи 32 ҳамин Кодекс.
3. Даромади умуми ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро мутобиқи меъёрҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муқарраршуда, инчунин ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро аз ҷониби ташкилотҳои байналмилали ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлати - ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои шахсони дар боло номбаршуда дар бар намегирад.
4. Даромади умуми пардохтҳои намояндаги ва дигар хароҷоти шабеҳро (барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра), ки шахси воқеи гирифтааст, дар бар намегирад.
5. Арзиш ва хароҷоте, ки дар қисми 2 ҳамин модда номбар шудаанд, аксизҳо, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозеро дар бар мегиранд, ки корфармо бояд вобаста ба аҳди арзишдошта супорад.
6. Даромади умумии шахси воқеи андози иҷтимоиро, ки корфармо ва ин шахс мутобиқи фасли IҶ ҳамин Кодекс мепардозанд, дар бар намегирад.
Моддаи 137. Даромадҳо аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб
намебошад
1. Даромадҳои зерин даромад аз фаъолияте мебошанд, ки ба меҳнати кироя мансуб нестанд:
1) даромад аз фаъолияти соҳибкори, аз ҷумла:
- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки мутобиқи моддаи 194 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкори истифода мешаванд;
- даромаде, ки барои розиги додан ҷиҳати маҳдуд намудани фаъолияти соҳибкори ё бастани корхона гирифта мешавад;
- маблағҳое, ки аз фурўши воситаҳои асоси гирифта шуда, мутобиқи қисми 7 моддаи 153 ҳамин Кодекс ба даромад дохил карда шудаанд;
- хароҷоти ҷуброншаванда мутобиқи моддаи 193 ҳамин Кодекс;
2) даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкори, аз ҷумла:
- даромади фоизҳо;
- суди саҳмияҳо (дивидендхо);
- даромад аз иҷора ё кирояи молу мулк (Конун аз 29.12.2010 № 665);
- роялти;
- маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда;
- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки барои фаъолияти соҳибкори истифода бурда намешавад;
3) ҳама гуна дигар даромад, ки дорои маънои афзоиши арзиши софи активҳои андозсупоранда мебошад, ба истиснои музди меҳнат ва ҳаҷми арзиши азнавбаҳодиҳии (азнавнархгузории) воситаҳои асосӣ (Конун аз 20.03.2008 № 376, аз 26.03.2009 №493).
хориҷ карда шуд (Конун аз 29.12.2010 № 665).
2. Соҳибкорони инфироди, ба истиснои супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, метавонанд дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана қарор дода шаванд. Шакли патентии андозбанди, агар соҳибкори инфироди амалан кирояи қувваи кориро бо мақсади иҷрои фаъолияти
соҳибкори анҷом диҳад, сарфи назар аз он, ки чунин кори кироя ҳуҷҷати ба расмият дароварда шудааст ё на, татбиқ намегардад (Конун аз 20.03.2008 № 376).
3. Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда супорандаи андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда нестанд, бояд мутобиқи муқаррароти фаслҳои IX ва XIII ва боби 48 ҳамин Кодекс, агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ даромади
умумии ин шахсон бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз ҳадди чоркаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд набошад, бо ин андоз, инчунин бо андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана фаро гирифта шаванд. Дар ин ҳолат, инчунин дар ҳолати қисми 4 ҳамин модда ба соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дода шуда, намудҳои фаъолиятеро, ки анҷом додани онҳо ба чунин соҳибкор манъ карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Конун аз 20.03.2008 № 376, аз 19.05.2009 № 525, аз 3.12.2009 № 571).
4. Соҳибкорони инфиродие, ки даромади умумии онҳо дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди чоркаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд бошад, ўҳдадоранд ба пардохти андоз аз даромад мутобиқи муқаррароти фаслҳои IV ва VI, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана, инчунин андозҳои
дигар мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс тибқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 302 ҳамин Кодекс гузаранд (Конун аз 20.03.2008 № 376, аз 19.05.2009 № 525).
5. Ҳар коргари кирояи (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамояд, бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ин коргар бо андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад. Ҳамзамон барои мақсадҳои ҳисоб кардани андоз
аз даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя дардавраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли гузашта ташаккул ёфтааст, қабул карда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 376, аз 29.12.2010 № 665).
6. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои мақсадҳои соҳибкории инфиродӣ, аз ҷумла содироту воридоти молҳо, танҳо аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ки дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ буда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегарданд, амалӣ шуда метавонад (Конун аз 29.12.2010 № 665).
Моддаи 138. Тасҳеҳи даромади умуми
Суди саҳмияҳо ва фоизҳое, ки шахсони воқеи гирифтаанд ва қаблан дар манбаи пардохтдар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 162 ё 163 ҳамин Кодекс андозбанди шудаанд, бояд аз даромади умуми хориҷ карда шаванд.
Моддаи 139. Ҳуқуқ ба тарҳкуниҳои шахси
1. Шахси воқеи ҳуқуқ дорад барои ҳар моҳи соли андози дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ тарҳ намояд. Агар шахси воқеи корманд бошад, тарҳи маблағ танҳо нисбати музди меҳнат дар ҷои кори асосиаш иҷозат дода мешавад (Қонун аз 26.03.2009 №493).
Даромади шахси воқеи, ки дар як сол аз 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба ҳисоби миёна як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як моҳи тақвими зиёд набошад, бо андоз аз даромад андозбанди намегардад (Қонун аз 26.03.2009 №493).
2. Шахсони воқеии зерин ҳуқуқ доранд барои ҳар моҳи соли андози дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳ намоянд (Қонун аз 26.03.2009 №493):
1) шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ барои муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партнзанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин маъюбон аз давраи кўдакӣ ва маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 (Конун аз 20.03.2008 № 376);
2) шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои атоми рух додааст; шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокуни иштирокдошта (Конун аз 20.03.2008 № 376);
шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои байстифодабари ё дигар корҳо дар объектҳои атоми иштирок намудаанд.
3. Шахси воқеи ҳуқуқ дорад андози иҷтимоиро, ки мутобиқи боби 35 ҳамин Кодекс анҷом додааст, тарҳ намояд.
4. Шахси воқеи ба тарҳи яке аз маблағҳои нисбатан калонтари дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқарраршуда ҳуқуқ дорад.
Моддаи 140. Меъёрҳои андоз аз даромад
1. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеи аз рўи меъёрҳои зерин аз даромад андозбанди мешавад, агар ҳамин Кодекс талаботи дигареро муқаррар накарда бошад (Қонун аз 26.03.2009 №493):
2. Барои мақсадҳои андозбанди ҳам маблағи даромади андозбандишаванда ва ҳам маблағи тарҳшаванда аз аввали сол ба тариқи афзоянда ҳисоб карда мешавад.
3. Даромади андозфаддишавандаи шахси воқеӣ -ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки коргари кироя мебошад, бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад (Конун аз 3.12.2009 № 571).
Моддаи 141. Озодкуни
Аз намудҳои зерини даромади шахсони воқеи андоз аз даромад гирифта намешавад:
1) даромад аз фаъолияти расмии дипломати ё консулии шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад;
2) даромад аз меҳнати кирояи шахсе, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози камтар аз 90 рўз истиқомат дошт, агар чунин даромадро корфармо - ғайрирезидент диҳад ё аз номи ё аз ҳисоби корфармое диҳад, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намепардозад;
3) арзиши молу мулки аз дигар шахси воқеи дар шакли тўҳфа ё мерос гирифташуда, агар дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои гирифтани он боҷи давлатӣ падохта шуда бошад, ба истиснои даромад аз чунин молу мулк ва амволе, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст (Қонун аз 26.03.2009 №493, аз 29.12.2010 № 665);
4) арзиши тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқи гирифта, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоиш ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пули, ки агар:
- тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқи гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 ишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест (Қонун аз 26.03.2009 493);
- ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилали гирифташуда дар ҳаҷми аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест (Қонун аз 26.03.2009 №493);
- ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳурияви ирифташуда дар ҳаҷми аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест (Қонун аз 26.03.2009 №493);
5) нафақаҳои давлати, стипендияҳои давлати ва ҷубронпулиҳои давлати, аз ҷумла пардохт ва ҷубронпулиҳо барои дафн, ҳомиладори ва таваллуд, вобаста бо гум кардани қобилияти меҳнати (аз ҷумла мувақкатан), ва аз даст додани саробон;
6) алиментҳо аз ашхосе, ки онро мегиранд;
7) пардохтҳои якдафъаина, кўмаки модди аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи дода мешаванд, инчунин кўмаки башардўстона (гуманитари), кўмаки эҳсонкори, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табий;
8) даромади шахси воқеӣ дар давоми як соли тақвимӣ аз фурўш ё шакли дигари бегона кардани як манзили зист (хонаҳо, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо ва амсоли он) ба пуррагӣ ё қисми он, ки моликияти шахси воқеии мазкур ба ҳисоб меравад (Қонун аз 26.03.2009 №493); 9) даромади шахси воқеи аз фурўш ё шакли дигари бегона кардани молу мулки манқули модди, ба истиснои амволе, ки андозсупоранда дар фаъолияти соҳибкори истифода мебарад (бурдааст) (Конун аз 3.12.2009 № 571, аз 29.12.2010 № 665);
10) маблағи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда гирифта шудаанд, дар ҳолате, ки подошҳои суғуртави аз рўи чунин шартномаҳо аз ҳисоби ин шахси воқеи пардохта шудаанд, ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси
суғурташуда гирифта шудаанд;
12) даромадҳои замбўрпарварон аз фурўши асали оилаи замбўри шахсиашон;
13) даромадҳо аз фурўши маҳсулоти кишоварзи, ки дар қитъаи замини наздиҳавлиги парвариш (истеҳсол) карда шудааст, бе коркарди саноатии он;
14) маблағи маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохташуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои ўҳдадориҳои хизмати) ба хизматичиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохили, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии, Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи милли, инчунин дар системаи раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз 30.07.07с. № 306, аз 20.03.2008 № 376);
15) маблағҳое, ки барои супоридани хун гирифта мешаванд;
16) бурдҳо аз вомбаргҳои давлати ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст.
Бурдҳо аз вомбаргҳо ва лотереяҳо дар мавриди ифодаи арзиши ҳаҷми бурд на зиёда аз 50 сомони ба як вомбарг ё лотерея (Қонун аз 26 декабри соли 2005 №114);
17) кўмаки иҷтимоии суроғави, ёрдампули ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд;
18) ҷуброни зарари ҷисмони ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои меҳнати ва хизматияш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19) арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расми ва пойафзол, воситаҳои ҳифзии инфироди ва кўмаки аввалияи тибби, собун, воситаҳои безараркуни, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба он баробар барои истеъмоли табобатию профилактики додашуда тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаи фаъолият, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
20) пардохтҳои суғуртави тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои меҳнати (хизмати);
21) маблағи ҷуброни зарари модди, ки бо қарори суд муқаррар шудааст;
22) даромадҳои шахсони воқеие, ки мутобиқи дигар муқаррароти ҳамин Кодекс озод карда мешаванд;
Просмотр: 2055
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved