DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

ҲУҚУҚИ ДИПЛОМАТӢ: Ҳуқуқи дипломатии ташкилотҳои байналхалқӣ

Дата: 2016-01-13

Давлат муносибатҳои расмиро бо чунин субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ ба монанди ташкилотҳои байналхалқӣ нигоҳ медорад. Ин дипломатияи бисёртарафа ба ҳисоб меравад. Ин фаъолият пеш аз ҳама ба воситаи намояндагони доимии давлатҳои аъзо дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин бо ёрии вакилҳо, ки барои иштирок дар корҳои иҷлосияи ин ташкилотҳо ё мақомотҳои онҳо  ширкат  мераванд, амали гардонида мешаванд.
Дар  адабиётҳои собиқ иттиҳоди шўравӣ ин гуруҳи муносибатҳо ҳамчун «Ҳуқуқи дипломатии ташкилотҳои байналхалқӣ» ном гирифт. Ин намуди фаъолияти берунаи давлат ба Конвецияи Венагии соли 1975 оиди намояндагии давлатҳо дар муносибати онҳо ба ташкилотҳои байналхалқии характери универсалидошта ба танзим дароварда мешавад.
Дар Конвенцияи номбурда 4 намуди мақомотҳои робитаи беруна, ки намояндагии давлатро дар муносибат бо ташкилотҳои байналхалқӣ ё дар доираи конфронси байналхалқи ба амал мебароранд, оварда шудааст. Инҷо:

  1. намояндагони доимии давлатҳо дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ;
  2. миссияҳои назоратчиёни доими дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ;
  3. Вакилҳои давлатҳо дар мақомотҳои  ташкилотҳои байналхалқӣ ва дар конфронсҳои байналхалқӣ;
  4. Вакилҳои назоратчиён дар мақомотҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва дар конфронсҳои байналхалқӣ.

Аҳамияти муҳимро гурўҳи меъёрҳои Конвенцияи Вена соли 1975, ки ба намояндагии доимии давлатҳо дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ бахшида шудааст, доро мебошад.
Барои давлатҳои аъзо дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ созмон додани намояндагони доимии худ – ин ҳуқуқи онҳо ба ҳисоб меравад, на ин ки ўҳдадории онҳо. Танҳо давлати қабулкунанда ҳуқуқи розигии худро ба ҷобаҷокунии ситод – қарордод ё ин ки шўъбаҳои ин ё он ташкилотҳои байналхалқӣ дар ҳудуди худ дорад.
Моддаи 6 Конвенцияи Вена оиди намояндагони давлатҳо дар муносибати онҳо бо ташкилотҳои байналхалқии характери универсалӣ дошта соли 1975 функцияҳои намояндагони доимиро муайян мекунад. Инҳо;
- таъмини намояндагии давлати равонкунанда дар назди ташкилоти байналхалқӣ;
-нигоҳ доштани алоқаҳо байни давлати равонкунанда ва ташкилот;
-бурдани гуфтушунидҳо  бо ташкилот ва дар доираи он;
-таъмини иштироки давлати равонкунанда дар  фаъолияти ташкилот;
-ҳифзи манфиатҳои давлатӣ равонкунанда дар муносибат бо ташкилот;
-расонидани кўмак бо амалӣ гаштани мақсадҳо ва принципҳои ташкилотҳо бо роҳи ҳамкорӣ бо онҳо дар чунин доира.
Баъзе аз ин функцияҳо бо функцияҳои намояндгони дипломатӣ монанди доранд /функцияҳои гуфтушунид, ахборотӣ, муҳофизатӣ ва ғайра/.
Иммунитету имтиёзҳое, ки намояндагони доимӣ дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ истифода мебаранд, ба иммунитету имтиёзҳои намояндагии дипломатӣ монанданд.

Просмотр: 1637

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved