|

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Курбонов Сухроб

Санаи дохилгардида: 2016-01-12

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

1.Дар зери маҳфуми таъминнокии аҳолӣ бо неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳо сатҳи истеъмоли онҳо, сатҳи қонеъгардонидани эҳтиёҷотҳои физикӣ, моддӣ ва маънавӣ фаҳмида мешавад. Муайян намудани маҳфуми сатҳи зиндагӣ ба тараққиёт ва қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолӣ вобаста мебошад.
Маҳфум ва гурӯҳбандии талаботҳои аҳоли гуногунанд. Ду намуди талаботро фарқ мекунанд:талабот ба неъматҳои моддӣ ва талабот ба хизматрасониҳо.
Ба неъматҳои модди дохил мешавад: либос, маҳсулотҳои хӯрока, пойафзол, молҳои мадани ва маиши, манзилгоҳ. Ба хизматрасониҳо дохил мешаванд: хизматрасониҳои маишӣ, тиббӣ, маориф, маданӣ, санъат, нақлиёт, алоқа ва ғайра.
Сатҳи зисти аҳолӣ бо маънои томаш  ин шароити зист, меҳнат, маишӣ ва истироҳат мебошад. Шароити меҳнат ин маҷмӯи омилҳои мебошад, ки қобилияти кори буда ва ба саломатии инсон дар раванди фаъолияти истеҳсоли таъсир мерасонад. Шароити маишӣ ин таминнокии аҳолӣ бо манзил, сифати ӯ, тараққиёти нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ (сартарошхона, нуқтаҳои прокат, сехҳои таъмири дӯзандагӣ, таъмири пойафзолҳо ва ғайра) хизматрасониҳои тиббӣ, хӯроки умумӣ. Шароити истироҳати бо истифодабарии сатҳи озоди одамон вобаста мебошад (иҷтимоӣ, талаботи маънавӣ). Вазифаи  асосии омори баҳодиҳии дараҷаи зисти аҳолӣ комплекси будани баҳододан ва таҳлили он мебошад. Дараҷаи зист аз рӯи даромади аҳолӣ ва аз миқдори он сатҳи қонеъ гардонидани талаботҳи шахсӣ бо молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо вобаста мебошад. Манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ зеринанд: музди меҳнат, дивидентҳо, даромад аз фурӯши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, нафақа ва кӯмакпулӣ, стипендия, даромад аз соҳибкорӣ ва намудҳои дигари даромадҳо. Аз сабаби набудани нишондиҳандаи ягонаи умумӣ, ки ба дараҷаи зисти аҳолӣ баҳо медиҳад,  барои таҳлили ин якчанд нишондиҳандаҳои оморӣ ҳисоб карда мешаванд, ки тарафҳои гуногуни категория ва гурӯҳбандиҳоро дар гуррӯҳои асосӣ нишон медиҳад: нишондиҳандаҳои даромади аҳолӣ, нишондиҳандаҳои хароҷот ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ, пасандоз, нишондиҳандаҳои ҷамкардани амвол ва таъминнокии аҳолӣ бо манзил, нишондиҳандаҳои тавофути даромади аҳолӣ, дараҷа ва ҳудуди камбизоатӣ, маълумотҳои иҷтимои – демографӣ. Сабати истеъмоли – ҳаҷми оқилонаи хароҷотҳои оиларо дар як давраи муайян ифода мекунанд, кадоме аз нигоҳи даромад ҳархела (ҳадди ақалл минималӣ, миёна) тақсимбандӣ карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки ин гурӯҳбандӣ тарафҳои миқдории ин нишондиҳандаҳоро нишон медиҳад. Барои баҳо додани сифати дараҷаи зисти аҳолӣ бояд, ки нишондиҳандаҳои омори иҷтимои, ки дар бораи сифати зисти аҳолӣ баҳо медиҳад, омӯхта шавад. Нишондиҳандаҳо барои баҳодиҳии дараҷаи зисти аҳолӣ ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Нишондиҳандаҳои арзишии синтетики (маҳсулоти умумии миллӣ, фонди истеъмолӣ, маҷмӯи даромадҳо ва ғайра);
  2. Нишондиҳандаҳои натуралӣ (таъминноки бо амволи шахсӣ, истеъмоли маҳсулоти хӯрока ва ғайра);
  3. Нишондиҳандаҳое, ки мутаносиб ва сохти тақсимоти некӯаҳолиро нишон медиҳад (тақсимоти аҳоли аз рӯи гурӯҳҳои даромад, нишондиҳандаҳои мухталифи даромад ва истеъмол ва ғайра).

Барои баҳододан ба сатҳи зисти аҳолӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳо кор карда мешаванд: 1.Маълумотҳои демографии аҳолӣ (нишондодҳои тавлид, фавт, беморӣ, давомнокии умр ва ғайра);
Т *1000                                                 Ф*1000                  
Т ӯ-----------------;                             Ф ӯ-----------------;
М                                                               М

Т* 100
Д ӯ ---------------;
Ф
Мисол:
Оиди ноҳия чунин нишондиҳандаҳо мавҷуданд. /соли ҳисоботӣ/.
Дар авали соли миқдори аҳоли 66000нафар дар охири сол 68000нафар дар давраи сол 2555 кӯдак тавлидшуд, 708 нафар фавтидан.
Муайян кардашавад:
1.Шумораи миёнасолонаи аҳоли;
2. Коэффисиенти тавлид, фавт, афзоиши табии ва ҳаётнокӣ.
Ҳал:
2555 *1000                                                    708*1000
Т ӯ----------------- ӯ 38.1%                       Ф ӯ  ----------------- ӯ 10.5%
67000                                                           67000              

2555* 100                                                 (2555 – 708) * 1000
Д ӯ --------------- ӯ   360%                       а.т ӯ ---------------------------- ӯ 27.5%
708                                                                     67000
2.Нишондиҳандҳои аҳолӣ, ҳақиқӣ ва номиналӣ;
3.Нишодиҳандаҳои хароҷот ва пасандози аҳолӣ;
4.Нишондиҳандаҳои истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ;
5.Нишондиҳандаҳои таъминнонкии аҳолӣ бо манзил ва молҳои истифодабарии давомнок;
6.Нишондодҳои бокор таъмин будани бекорӣ;
7. Нишондиҳандаҳои шароити меҳнати аҳолӣ;
8.Нишондиҳандаҳои маълумот, тандурустӣ, маданият, варзиш, саёҳ ва истироҳат.
Миқдори умумии даромади пули аҳолӣ ин нишондиҳандаи умумии аҳоли  мебошад. Маҷмӯи даромади аҳоли ҷамънамудани даромадҳои шахсӣ ва арзиши хизматрасонии бепул аз ҳисоби фондҳои иҷтимои – истеъмолӣ муайянкарда мешавад. Маҷмӯи даромади аҳоли номинали ва ҳақиқӣ мешавад. Нишондоҳондаҳои даромади номинали даромади ҳақиқиро нишон намедиҳад, яъне миқдори неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳо барои аҳолӣ дастрас дар сатҳи додашудаи даромад мебошад.

Дидан карданд: 1699

Мавзӯъҳои монанд:

Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

Мафҳуми омор дар давраи муосир.

Омодасозии мушохидаи омори

Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

Омори аҳолӣ

Омори нарх

Омори бойгарии давлат

Омори саноат

Графикхои омори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: