|
youtaj

Омори аҳолӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Курбонов Сухроб (927007554

Санаи дохилгардида: 2016-01-12

Омори аҳолӣ

Оморӣ  аҳолӣ – ин соҳаи қадими илми омор мебошад. Аҳоли ин маҷмӯи одамон мебошад, ки ҳадди муқаррари масоҳат истиқомат доранд. Омори аҳоли (омори демографӣ) қонуниятҳои тағирёбии миқдори ҷойгиршавии: аҳолӣ, шумора, ҳайат ва ҳаракати он, суръати сабаб ва омилҳои тағирёбии шумора, мухҷироти аҳолӣ, тавлид, фавт ва давомнокии ҳаётро меомӯзад. Ба проссесҳои демографӣ дохил мешаванд:
- раванди ҳаракати табии аҳолӣ;
- раванди дигаргуншавии сохтори аҳолӣ (ҷинс, синну сол);
- раванди дигаргуншавии ҷойгиршавии аҳолӣ дар сатҳи давлат;
- раванди муҳоҷироти аҳолӣ.
Вазифаҳои асосии оморӣ аҳолӣ зеринанд:
- муайян кардани миқдор ва таркиби аҳоли дар масоҳати давлат;
- ҷойгиршавии аҳоли дар масоҳати давлат;
- омӯхтани афзоиши табии аҳолӣ;
- баҳисобгирии муҳоҷироти аҳолӣ.
Омӯзиши шумораи аҳолӣ барои идоракуни ва нақшагирии инкишофи иқтисодию – иҷтимоӣ ниҳоят зарур мебошад. Роҳҳои асосии муайянкардани шумораи аҳолӣ ин барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад. Миқдори аҳолӣ бевостиа тағир меёбад, дар натиҷаи тавлиди кӯдакон,  фавти одамон ва муҳоҷират.
Ҳангоми ба рӯйхатгири ду намуди аҳоли фарқ карда мешавад:
Доимӣ ва нақд (мавҷуда).
Аҳолии нақд (мавҷуда) – шахсоне мебошанд, ки дар вақти ба рӯйхатгири новобоста аз он, ки дар он доими ё мувввввваққатан истиқомат дошта ва муваққатан ғоиб бударо ба ҳисоб гирифтан лозим аст.
Аҳолии доими – шахсоне мебошанд, ки дар маҳалли аҳолинишиён доимо истиқомат доранд, аз он ҷумла шахсоне, ки муваққатан дар вақти ба қайдгирии аҳоли набуданд.

Аҳолии доимӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
АД ӯ АН + АМҒ – АМИ;     дар ин ҷо
АД – аҳолии доимӣ;
АМҒ – аҳолии муваққатан ғоиб будагон;
АМИ – аҳолии муваққатан истиқомат дошта.
Мисол: ҳангоми  ба нақшагирии мактабҳои миёна, боғчаҳо ва сохтмони манзили зист маълумотҳои шумораи доимиро истифода мебаранд.
Аҳолии нақд  аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
АН ӯ АД - АМҒ  +  АМИ
Мисол: ҳангоми ба нақшагирии нуқтаҳои савдо ё таъмин кардани аҳолӣ бо молҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ   маълумотҳои шумораи аҳолии  нақдро истифода мебаранд.
Ҳангоми муайян намудани шумораи доимӣ  ва нақд бояд муваққатан ғоиббудагон  ва муваққатан истиқомат кунандагонро  фарқ намоем. Муваққатан ғоиб будагон – шахсоне мебошанд, ки аз ҷои  истиқомати доимии худ ба дигар маҳал кӯчида, дар он ҷо на зиёд аз 6 – моҳ истиқомат менамоянд.
Муваққатан истиқомат кунандагон – шахсоне мебошанд, ки ҷои  истиқомати доими дошта, ҳангоми ба қайдгирии аҳолӣ дар дигар маҳал на зиёд аз 6 моҳ истиқомат менамоянд.
2.Нишондиҳандаҳои асосии ҳаракати табии аҳолӣ: коэффисиенти тавлид, коэффисиенти фавт, коэффисиенти афзоиши табии аҳолӣ, коэффисиенти давомнокии умр мебошад.
Коэффисиенти тавлид аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Т *  1000                                                                  
Т ӯ-----------------;                           
М                                                             
дар ин ҷо
Т – миқдорӣ кӯдакони тавлид шуда;
М – миқдори миёнаи аҳолӣ. 

 
Коэффисиенти фавт аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

               Ф*1000                  
Кф ӯ-----------------;                            
М
Ф – миқдорӣ фавтидагон.
Коэффисиенти афзоиши табии  аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
( Т – Ф) * 1000
Ка.т ӯ --------------------;
М
Барои тавсифдодани таносуби байни тавлид ва фавт ҳисоб карда мешавад коэффисиенти давомнокии умр.
Коэффисиенти давомнокии умр аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Т* 100
Д ӯ ---------------;
Ф
Оиди ноҳия чунин нишондиҳандаҳо мавҷуданд. /соли ҳисоботӣ/.     Дар авали соли миқдори аҳоли 86000 нафар дар охири сол 88000 нафар дар давраи сол 1705 кӯдак тавлидшуд, 708 нафар фавтидан.
Муайян кардашавад:
1.Шумораи миёнасолонаи аҳоли;
2.Коэффисиенти тавлид.
3.Коэффисиенти фавт.
4.Коэффисиенти афзоиши табии.
5.Кэффисиенти давомнокии умр.

Миқдори миёнаи аҳолӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
М1 + М2
М ӯ   ----------------       
2

                  86000 + 88000
1. М ӯ --------------------- ӯ 87000      
2

                   1705 *1000                                                    
2. Т ӯ   ----------------- ӯ19.5 %                    
87000                                                                         

708 *1000                                                    
3.Ф ӯ  ----------------- ӯ 8.1 %
87000 
(1705 – 708) * 1000
4. а.т ӯ ---------------------------- ӯ 11.4 %
87000                                                                       

        1705* 100                                                
5. Д ӯ --------------- ӯ 240  %                      
708                                                                    

Маълум мешавад, ки дар ноҳия ба ҳар 100 фавтидагон 240 тавлидшудагон рост меояд.

Дидан карданд: 2540

Мавзӯъҳои монанд:

Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

Мафҳуми омор дар давраи муосир.

Омодасозии мушохидаи омори

Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

Омори аҳолӣ

Омори нарх

Омори бойгарии давлат

Омори саноат

Графикхои омори

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: 2213948@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2016-10-20

Бисёр мавзуи хуб.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: