|

« Мушоҳидаи оморӣ  зинаи  аввали  тадқиқоти  оморӣ»

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Курбонов Сухроб

Санаи дохилгардида: 2016-01-12

 « Мушоҳидаи оморӣ  зинаи  аввали  тадқиқоти  оморӣ»

 

Мушоҳидаи оморӣ  зинаи  аввали  тадқиқоти  оморӣ ба шумор  меравад. Маълумоти дар натиҷаи  мушоҳидаи оморӣ  ба даст овардашуда дар зинаҳои дигари тадқиқотҳои оморӣ  истифода бурда мешавад. Бинобар  ҳамин  мувафақиятҳои  тадқиқотҳои  оморӣ  аз сифати  мушоҳидаи оморӣ  вобастагии калон дорад. Агар маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҳосилшуда хато, ё ин, ки пастсифат бошад натиҷаи тадқиқотҳои илмии дар даврҳои оянда носаҳеҳ мешавад.
Даври дуюми тадқиқоти оморӣ ҷамъбаст ва гурўҳбандии маълумотҳои оморӣ мебошад. Дар ин давр маълумотҳои омории дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҳосилшуда аз рўи аломатҳои муайян ҳамчун маҷмўъ ҷамъбаст карда мешаванд. Баъд аз ин маҷмўи омории ҳосилшуда аз рўи як ё якчанд аломат ба гурўҳҳо тақсим карда мешаванд.
Даври сеюми тадқиқоти оморӣ таҳлил бо ёрии нишондиҳандаҳои умумикардашуда мебошад. Дар ин давр бузургиҳои нисбӣ ва миёна ҳисоб карда шуда, динамикаи ҳодисахои ҷамъиятӣ омўхта мешавад. Намудҳои гуногуни индексҳо татбиқ карда шуда баланси фондҳои асосӣ тартиб дода мешавад. Барои нисбатан ратсионалӣ ва аӣён баёнкунии масолеҳи рақами вай дар шакли ҷадвалҳо ва графикҳои оморӣ тасвир карда мешаванд.
Мушоҳидаи оморӣ ин марҳилаи аввали тадқиқотҳои оморист, ки хусуияти нақшавӣ, умумӣ ва мураттабро дорост. Мушоҳида калимаи арабӣ буда маънояш «ба чашми худ дидан» мебошад. Мушоҳидаи оморӣ, чунин чорабиние мебошад, ки дар асоси нақшаи пешакӣ ва илман ташкилшуда тартиб дода шуда оиди фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, яъне ҳодисаҳои ҷамъиятӣ маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Хусусияти мушоҳида дар он аст, ки маълумоти гирдовардашуда характери умумӣ дорад, яъне маҷмўи ҳодисаҳоро дар бар мегирад. Масалан, маҷмўи корхонаҳои савдо, маҷмўи майдонҳои фурўш, ҳаҷми гардиши моли онҳо, сарфи умумии вақти корӣ коркунони савдо ва ғ.
Дар вақти мушоҳидаи оморӣ чунин талаботҳо риоя карда мешаванд:
Мушоҳидаи оморӣ ҳамчун даври якуми тадқиқоти оморӣ аз рўи барномаи ягонаи илман асосноккардашуда гузаронида шуда раванд ва ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятиро тавсиф дода маълумотҳои умумии дар асоси ин баҳисобгири ҳосилкардашударо ҷамъ мекунад.
На ҳар як ҷамъи маълумот мушоҳидаи оморӣ мебошад. Ҷамъи маълумотҳо  фақат дар ҳолате мушоҳидаи оморӣ мешавад, ки қонуниятҳои омориро омўзад. Мушоҳидаи оморӣ бояд мураттаб (аз рўи нақша) умумӣ ва системавӣ бошад. Мураттабии мушоҳидаи оморӣ чунин маъно дорад. Вай аз рўи нақшаи коркардашуда тайёр ва гузаронида мешавад, ки масъалаҳои методологӣ, ташкил, техникаи ҷамъи иттилоот, назорат аз болои масолеҳи ҷамъкардашуда, эътимоднокии он, ба расмият даровардани натиҷаҳои ҳосилшударо дар бар мегирад. Тавсифи умумии мушоҳидаи оморӣ чунин маъно дорад, ки адади зиёди ҳолатҳои бавуҷудоӣ раванди додашударо дарбар гирифта барои ҳосилкунии маълумотҳои дурусти оморӣ на фақат воҳидҳои алоҳида, балки тамоми маҷмўъро тавсифдиҳи кифоя аст.
Мушоҳидаи омор бояд ё системав ё бефосила ё мунтазам гузаронида шавад. Омўзиши тамоюл ва қонуниятои равандҳои иҷтимои иқтисод тағйирёбиҳои миқдор ва сифатиро тавсифдианда фақат дар асоси системаноки имконпазир аст.
Масъалаҳои ташкилӣ ва барномаҳои методологии мушоҳидаи оморӣ
Мушоҳида чорабинии ниҳоят мураккаб буда дараҷаи баланди ташкили илмиро талаб мекунад. Мушоҳидаи оморӣ аз рўи нақшаи пешакӣ коркардашуда гузаронида мешавад, ки ў масъалаҳои барномавии методологиро дар бар мегирад.
Аз ҷумла:

  1. Муайян намудани мақсадӣ мушоҳида;
  2. Муайян намудани объекти мушоҳида, ки дар бораи маҷмўъи воҳидҳои омўхташаванда маълумоти оморӣ бояд ҷамъ карда шавад; (Барои дуруст муайяннамудани объекти мушоҳида бояд ба саволҳои зерин ҷавоб диҳем: - Чӣ? – кадом унсурҳоро мушоҳида мекунем; - Дар куҷо? – дар кадом ҷой мушоҳида гузаронида мешавад; - Кай? – дар кадом давр);
  3. Воҳиди мушоҳида ин унсури таркибии объектест, ки соҳиби аломати бақайдгирӣ ва ҳисоби асосист. Мисол, дар вақти гузаронидани баруйхатгирии таҷҳизоти савдо, воҳиди мушоҳида ин корхонаи савдост, воҳиди маҷмўъ бошад таҷҳизот аст;
  4. Меъёр – ин миқдори маҳдудӣ муайяншуда барои объектҳои мушоҳида аст;
  5. Муайяннамоии барномаи мушоҳида. Барномаи мушоҳида ин руйхати нишондиҳандаҳост, ки бояд омўхта ва ба қайд гирифта шаванд. Хуб тартиб додани барнома аз сифати маълумоти ҷамъшуда вобастагӣ дорад ва барнома дар варақаҳои мушоҳидавӣ инъикос меёбанд.

Барномаи мушоҳида – ин руйхати саволҳое мебошад, ки барояшон маълумот ҷамъ карда мешавад, ё ин ки руйхати аломатҳо ва нишондиҳандаҳои бақайдгиранда мебошанд. Барномаи мушоҳида дар намуди бланк (саволнома, варақаи хизматӣ-формуляр) ба расмият дароварда мешавад, ки дар он маълумотҳои аввала дохил карда мешаванд. Ба бланк дастур ҳамроҳ карда шуда маънои саволҳо шарҳ дода мешавад. Таркиб ва мазмуни саволҳои барномаи мушоҳида аз масъалаи тадқиқшаванда ва аз хусусиятҳои ҳодисаи ҷамъиятии омўхташаванда вобастагӣ дорад. Принсипҳои асосии тартиб додани барнома инҳоянд:
1) Барнома бояд он саволҳоеро дарбар гирад, ки барои тадқиқоти оморӣ заруранд. Чи қадар тадқиқот васеъ гузаронида шавад, ҳамон қадар бояд барнома кўтоҳ бошад;
2) Дар барнома фақат саволҳоеро дохил кардан лозим аст, ки ба онҳо ҷавоби аниқ гирифтан мумкин аст. Аксаран барои таъмини шарҳи якшакла, фаҳмонидани савол ба ҷавобдиҳандагон луқма партофта (подсказка) мешавад;
3) Дар барнома саволҳои шубҳанок ё ин, ки ҷавобашонро бар зиди пурсидашавандагон истифода бурдан мумкин аст дохил кардан лозим нест;
4). Чунин барномаи мушоҳида сохтан мақсаднок аст, ҷавоб ба як қисми саволҳо имконияти назорат ба ҷавоби дигар саволҳоро диҳад.
Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ ба муайянкунии субъект, ҷой, вақт, шакл ва тарзи мушоҳида алоқаманд мебошад.
Муайянкунии субъекти мушоҳида маънои муайянкунии ташкилоти мушоҳидакунандаро дорад. Ин корро ташкилотҳои омори, коргарони онҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар мутахассисони ҷалбшуда ба сомон мерасонанд.
Ҳангоми муқараркуни вақти мушоҳида ё давр (шабонарўз, даҳрўза, моҳ, семоҳа, сол) муайян карда мешавад, ки дар давомаш мушоҳида гузаронида мешавад ё вақте ки маълумотҳо ба қайд гирифта мешаванд. Лаҳзаи вақте, ки дар он маълумот ба қайд гирифта мешавад, лаҳзаи дигаргуншавии қатъии мушоҳида номида мешавад.
Ба мақсади бомуваффақият гузаронидани мушоҳидаи оморӣ нақшаи ташкилӣ тартиб дода мешавад. Ин ҳуҷҷати асосист, ки саволҳои муҳими ташкили ва гузаронидани чорабинии пешбинишударо дар бар мегирад.
2.Шаклҳои мушоҳидаи оморӣ
Дар таҷрибаи омори ду шакли ташкили мушоҳида истифода бурда мешавад.
1) Ҳисобот – ин чунин шакли ташкили мушоҳида мебошад, ки воҳидҳои мушоҳида маълумотро оиди фаъолияти худ дар намуди формуляр  ба тартиб даровардаанд. Хусусияти ҳисобот дар он аст, ки вай ҳатман ҳуҷҷати асоснок буда,  бо имзои роҳбар тасдиқ шудааст. Вай имконият медиҳад, ки маълумоти пурра оиди фаъолияти корхона, ташкилот ва муассиса ҳосил шавад. Хуллас, ҳисобот ин шакли мушоҳидае мебошад, ки ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқгардида нишондиҳандаҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо аз тарафи корхонаю муассисаҳо, ташиклотҳо ва ғайра тартиб дода шуда, дар бораи вазъу ҳолати худ ба органҳои болоию оморӣ пешниҳод мегарданд. Инчунин аз рўи барномаи пешакӣ дар мўҳлати аниқ муайяншуда пешниҳод шуда, маълумоти заруриро дар бар мегирад, ки бо имзои роҳбари корхона, муассиса ва ғайра тасдиқ карда мешавад.
Ҳисоботи оморӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти корхона, ташкилот, фирма, муассисаҳо омўхта шуда ба онҳо баҳо дода шавад.
Ҳисоботҳо ба фаврӣ, ҷорӣ ва солона ҷудо мешаванд.
Ҳисоботи  фаврӣ дар ҳолатҳое тартиб дода мешавад, ки дастраскунии иттилоот оиди нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти хоҷагӣ зарур аст. Барои корҳонаҳои тиҷоратӣ ҳаҷми фурўш, захираи мол, хароҷоти муомилот нишондиҳандаҳои муҳим мебошанд. Ҳисоботи фаврӣ даври кўтоҳи пешниҳодкуни дорад: 5 рўза, 10 рўза 15 рўза.
Ҳисоботи ҷорӣ нисбат ба ҳисоботи фаврӣ пурра мебошад. Вай барои моҳ ва семоҳа тартиб дода мешавад. Ҳисоботи моҳона ҳисоботи семоҳаро пурра намуда имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии хоҷагӣ на фақат дар семоҳа, балки ҳармоҳа таҳлил карда шавад.
Ҳисоботи солона фаъолияти корхонаҳоро пурра тавсиф медиҳад. Нишондиҳандаҳои он имконият медиҳанд, ки фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ пурра таҳлил карда шаванд.
Тадқиқоти омории махсус ташкил кардашуда дар чунин мавридҳое истифода бурда мешавад, ки агар дар вақти таҳлил намудани ҳодисаҳо, маълумоти дар ҳисоботҳои оморӣ оварда шуда кифоя набошанд. Масалан, баруйхатгирии аҳолӣ, баҳисобгирии дастгоҳҳо, маҷмўи молҳои ба фурўшнарафта ва дигар ҳодисаҳо. Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи махсус ба даст оварда, ҳамчун ахбороти иловагӣ ба маҷмўи маълумоти ҳисоботӣ ба қайд гирифта шуда, имконияти ба таври пурра баҳо додани ҳодисаро ба миён меорад.
Ҳамин, таъриқ ин ду шакли мушоҳида якдигарро инкор накарда, балки якдигарро пурра мекунанд.
мушоҳидаи оморӣ аз рўи вақти бақайдгирӣ     ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

 мушоҳидаи ҷорӣ - мунтазам бурда мешавад. (ақди никоҳ, баҳисобгирии истеҳсоли маҳсулот, пули фурўши мағозаҳо ва ғ.);
мушохидаи даврӣ дар муддати баробари муайяни вақт такрор меёбад (барўйхатгирии аҳолӣ);
мушоҳидаи фавқулода - дар вақти лозим будан гузаронида мешавад (баҳодиҳӣ ё азнавбаҳодиҳии фондҳои асосӣ ва ғ.).

Дидан карданд: 1285

Мавзӯъҳои монанд:

Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

Мафҳуми омор дар давраи муосир.

Омодасозии мушохидаи омори

Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Омори баҳодии дараҷаи зисти аҳолӣ

Омори аҳолӣ

Омори нарх

Омори бойгарии давлат

Омори саноат

Графикхои омори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: