Дата: 2016-01-09
Максад: Мохияти фаъолияти одам ва сохаи вачхиёти уро кушода додан, роххои азхудкунии фаъолият ва намудхои асосии онро нишон додан.
Мафхумхои асоси: фаъоли, фаъолият, талабот, максад, амалхо ва харакатхо, интериоризатсия, экстериоризатсия, малака, махорат, одат, бози, таълим, мехнат.
НАКША:
Фаъолноки ва фаъолият.
Хусусияти умумии мавчудоти зинда фаъолнокии вай аст.
Фаъолноки мавкеи фаъолонаи хаётие, ки дар катъият, матонат ва суботкори барои расидан ба максад зохир мешавад.
Сарчашмаи фаъолнокиро талабот ташкил медихад.
Талабот аз руи пайдоиши худ табии ва мадани; аз руи хусусияти предметии худ модди ва рухи мешавад.
Фаъолнокии хайвонот ва одамонро фарк мекунанд. Дар талаботи хайвонот танхо сарчашмаи табии мавкеи мухим дорад. Бинобар он фаъолнокии хайвонот рафтор номида мешавад. Конеъ гардонидани талаботи одам бошад, чун раванди фаъол ва максаднокии азхудкунии фаъолият амал мекунад. Бинобар он фаъолнокии инсон дар фаъолият зохир мегардад.
Фаъолият - фаъолнокии ботини (психики) ва зохирии (чисмони) одам аст, ки онро максаднокии бошуурона идора мекунад.
Дар сохаи вачхиёти одам максад даркшаванда аст. Даркшавандагии максад фаъолнокии одамро ба фаъолият табдил медихад.
Дигар чихатхои фаъолият, вачххои он, интихоб ва коркарди ахбороти зарури дарак нашуданашон ё на он кадар пурра даркшуданашон мумкин аст. Дар он холат на фаъолият, балки рафтори беихтиёри (импусиви) амал мекунад.
Фаъолияти одам раванди мураккабест, ки аз фаъолнокии ботини (психики) ва зохирии (чисмони) иборат аст. Аз ин чо ба таркиби фаъолият инхо дохил мешаванд.
а) максад (гузориши максад)
б) халли масъала дар ичрои амалхо
в) идора кардани амалхо (управление действием)
г) назорати амалхо (контрол за действием)
д) интериоризатсия
е) экстериоризатсия
Хамин тавр фаъолияти ботини психикиро хамчун натичаи фаъолияти беруни, предмети дидан мумкин аст ва баръакс.
Таркиби хар як амал аз 3 чузъиёт иборат аст:
а) мотори
б) сенсори
в) маркази
Вазифаи онхо аз ичрои амал, назорат ва идора кардани он иборат аст.
Малака – тарзи автоматикунонидаи ичрои харакатхои максадноки одам буда, таркиби он чунин аст:
Дар натича рохи бехтарини ичрои амалро пайдо мекунем.
Малака дар асоси машккуни ташаккул меёбад.
Машк – ичрои якчандкаратаи амал ё фаъолият бо дарёфти рохи бехтарини ичро ва назорати он аст.
Махорат – истифодаи дониш ва малакахо дар ичрои амал ё фаъолият аст.
Такроркунии амалхо ва рафторхо ба ташаккулёбии одат оварда мерасонад.
Намудхои асосии одат инхоанд:
а) бози.
б) таълим.
в) мехнат.
Хар се намуди фаъолият дар хар як давраи инкишофи шахс мавкеи муайян дошта, мохияти худро гум намекунад.
Фаъолияти асоси – фаъолиятест, ки шахс дар хамин давра асосан бо он машгул аст.
Фаъолияти - пешбаранда фаъолиятест, ки барои инкишофи психикии шахс дар давраи ояндаи инкишоф шарту шароитхо фарохам меорад.
Саволхо барои мустахкамкуни.
Просмотр: 5018
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved