Дастрасии сармоя
Дата: 2016-01-09
Аксарияти инвеститсияхои давлатии Точикистон, инчунин молиякунонии давлатии касри сохтории маблагхои чори чун пештара, асосан аз хачми маблаггузории расми аз чониби донорхо ва ММБ воста аст. Новобаста аз афзоиши ИБХ дар соли 2002 хачми онхо аз кумаки расми хеле кам буда, дар ояндаи наздик ба гумон аст, ки чои онро гиранд. Карзи бонкхои тичоратии ба секторхои пахта ва алюминий додашуда, асосан ба максади пурра кардани воситахои гардиш равона шуда, на хама вакт барои Точикистон шартхои судманд доштанд. Соли 2001 дар Токио ва соли 2003 дар Душанбе Точикистон ду вохурии натичабахши Гурухи машваратиро доир намуд, ки дар онхо донорхо мутаносибан чудо кардани 400 млн. долл. ИМА ва 900 млн. долл. ИМА-ро ваъда карданд. Баробари ин, тачрибаи ду соли охир нишон дод, ки амалан танхо 60% маблагхои ваъдашуда чудо карда шуданд, зеро ки донорхо минчумла аз сатхи пасти азхудкунии маблагхои чудошуда аз тарафи хукумат изхори нигарони намуданд. Гайр аз ин, пешрафти сусти ислохот дар баъзе сохахои мухимтарин барои ба таъхир афтодани воситахои карзии ХБМ ва БЧ дар солхои 2001-2003 сабаб гашт, ки ин хачми азхудкунии вокеии маблагхоро то ба хадди 250 млн. долл. ИМА (ё 130 млн. долл. ИМА, агар маблаггузории ММБ истисно карда шавад) дар давоми ду сол кам кард. Агар нишондихандаи азхудкунии маблагхои мувофики ухдадорихои ГМ дар соли 2003 чудошуда бетагйир монад, хачми харсолаи азхудкуни 150 млн. долл. ИМА ё 15% ММД-ро ташкил медихад. Дар БСМК дар ду соли оянда дар хачми умуми ворид шудани 689 млн. долл. ИМА пешбини шудааст, ки аз онхо 543 млн. долл. ИМА бояд аз сарчашмахои беруна чалб карда шаванд, вале донорхоро хануз хам муайян набудани афзалиятхои БИД ба ташвиш меоварад, ки ин метавонад ба камшавии хачми маблаггузори оварда расонад. Дар Точикистон воситахои дастрасии сектори хусуси ба карзхои дароз ва миёнамухлат хеле махдуд мебошад. Ставкахои фоизи баланд буда, карзхо дар аксари мавридхо аз тарафи бонкхо ба мухлати кутох (то се мох) дода мешаванд. Махсусан барои корхонахои хеле хурд, хурд ва миёна (онхо зиёда аз 90% хамаи корхонахои кишварро ташкил медиханд) гирифтани карз аз бонкхо хеле мушкил аст. Тавре ки дар хисоботи Гурухи байналмилалии бартарафкунии бухронхо оид ба Точикистон дар соли 2003 кайд гардидааст, аксари барномахои микрокредитии донорхо бехад хурдмикёсанд ва барои ширкатхои босуръат тараккикунандаи шахрхо судманд нестанд, хатхои карзи барои КХМ бошанд, талаботи онхоро ба сармояи карзи конеъ гардонда наметавонанд. Яке аз сохахое, ки маблаггузории хусусиро чалб менамояд, сохаи истехсоли пахта мебошад. Тибки маълумотхо ин соха дар соли 2002 аз инвесторони хоричи 90 млн. долл. ИМА дар шакли карзхои тичорати ва бидуни кафолат чалб кардааст, ки ба истехсолкунандагони пахта аз руи ставкаи 12% дода шуда буданд. Баъди ин сохаи истехсоли алюминий карор дорад. Карзи тичоратии ширакти давлатии алюминий (КАТ) такрибан 110 млн. долл. ИМА-ро ташкил мекунад, ки аксари инро воситахои гардишии аз тарафи интиколкунандагони ашёи хом ба корхона додашуда ташкил медиханд. Дар кишвар бозорхои амалкунандаи дохилии хиссагузори ба сармояи саххоми вучуд надоранд ва бозорхои байналхалкии сармояи карзи ва саххоми барои корхонахои Точикистон кариб дастнорасанд.
Просмотр: 1653