|

Брокери Гумрук (Намоянда)

Тартибдиханда: Раҷабов Р.К., Шомирсаидов Ш., Самиев Ф.Б., Ҷаборов А.И., Ҳикматов С., Сатторов Қ

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2015-12-12

Дар асоси омўзиш муайян намудем, ки брокери гумрук (намоянда) шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ба қайд гирифта шудааст (моддаи 140 КГҶТ). Корхонаи давлатӣ наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад.
Бояд қайд намоем, ки брокери гумрук (намоянда) мувофиқи КГҶТ аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибқи супориши онҳо амалиёти гумрукиро анҷом медиҳад.
Дар Тоҷикистон брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад доираи фаъолияти худро бо иҷрои амалиёти гумрукӣ нисбати намудҳои муайяни мол, мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ бо воситаҳои навъи муайяни нақлиёт интиқолшаванда, инчунин иҷрои амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантҳо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома ҳангоми мавҷудияти шартҳои қобили қабули бастани он иҷозат дода намешавад.
Шартҳои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) аз инҳо иборатанд:
1) мавҷудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарории гумрукии дорои шаҳодатномаи тахассусӣ дар штати дархосткунанда (моддаи 146);
2) мавҷудияти сармояи ибтидоии оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии дархосткунанда;
3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 384 КГҶТ;
4) мавҷудияти шартномаи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномаҳо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 - каратаи маоши  ҳадди ақали муқарраршуда камтар бошад.
Дар Тоҷикистон шахс ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 139 ва 140 КГҶТ мебошад, дохил карда мешавад.
Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) бояд инҳоро дар бар гирад:
1)          муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон);
2)          маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба суратҳисобҳои бонкии кушодаи аризадиҳанда, инчунин маълумот дар бораи номгўй ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои сохторҳои хоси он, ки тавассути он аризадиҳанда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рўзи додани ариза мехоҳад фаъолият кунад;
3)          маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) супоридашуда ё саҳмҳои аъзоҳаққии аризадиҳанда;
4)          маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани соҳаи фаъолияти худ ба амалиёти гумрукӣ нисбати моли алоҳида мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моле, ки тавассути воситаи нақлиёти алоҳида дар қаламрави гумрукӣ интиқол дода мешаванд, инчунин анҷом додани амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё иҷрои фаъолияти худ бе чунин маҳдудият;
5)          маълумот дар бораи мавҷуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ дар штати аризадиҳанда дар рўзи пешниҳоди ариза;
6)          маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 КГҶТ;
7)          маълумот оид ба шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
Ба аризаи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеияти сабти шахси ҳуқуқӣ ба Реестри ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
2) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
3) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии аризадиҳанда дар мақомоти андоз;
4) шаҳодатномаҳои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадиҳанда мебошанд;
5) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
6) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 КГҶТ,
7) тасдиқномаи бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;
8) шартномаи (полиси) суғурта.
Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудани ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) инҳоро дар бар мегирад:
1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, воҳидҳои сохтории хоси он, ки вазифаҳои брокери гумрукро анҷом медиҳанд;
2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) маълумот дар бораи маҳдудият гардонидани соҳаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онҳо муаяйн шуда бошанд.
2. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панҷ сол эътибор дорад.
Бояд қайд намоем, ки ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон ҳуқуқест, ки шахси брокери гумрук (намоянда) - ро ҷиҳати намояндагии манфиатҳои худ дар муносибат бо мақомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.
Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад дар назди мақомоти гумрук барои иҷрои ўҳдадориҳои супурдани пардохтҳои гумрукӣ ба сифати супоришдиҳандаи шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад баромад намояд, агар тибқи КГҶТ пешниҳоди таъмини пардохти онҳо талаб карда шавад.
Инчунин брокери гумрук ҳуқуқ дорад аз номи шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои мақсади гумрукӣ, аз ҷумла дорои маълумоти сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, дигар маълумоти қонунан ҳифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин ҳуҷҷати маълумотро дар мўҳлате, ки риояи талаботи ҳамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.
Ҳангоми бастани шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад:
1) барои гурўҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки ўро намояндагӣ мекунанд, нисбати нархҳои муқарраршуда таҳфиф (скидка) ва дигар имтиёзҳо пешниҳод намояд;
2) ба сифати шартҳои имзои шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, талаби таъмини иҷрои ўҳдадориҳои ин шахсро тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.
Вазифаҳои брокери гумрук (намоянда) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тибқи талабот ва шартҳои нисбати амалҳои гумрукии барои ҷой додани мол таҳти низоми гумрукии зарурӣ ё расмиёти дигари гумрукӣ муқаррарнамудаи КГҶТ муайян шудааст. Далели анҷом додани чунин амалҳо ба зиммаи брокери гумрук ўҳдадории иҷрои амалҳои марбут ба анҷоми амали низоми гумрукӣ, инчунин дигар ўҳдадориҳоеро, ки тибқи КГҶТ танҳо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 КГҶТ зикршуда, интиқолдиҳанда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.
Брокери гумрук (намоянда) боҷҳои гумрукӣ ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онҳоро пешбинӣ карда бошад. Барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бояд тибқи КГҶТ ҳангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.
Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонкӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ё дигар маълумоти махфӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои мақсадҳои шахсӣ, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.
Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст баҳисобгирии молҳоеро, ки нисбати онҳо амалиёти гумрукӣ мегузаронад, анҷом диҳад ва ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405 КГҶТ).
Инчунин брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби мақоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешниҳод намояд.
Ўҳдадорӣ ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди мақомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда маҳдуд гардад.
Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар ҳолатҳои зерин аз тарафи мақоми гумрук бозхонда мешавад:
1) аз ҷониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани ҳатто яке аз талаботи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 КГҶТ муқаррар кардааст;
2) аз сабаби иҷро накардани вазифаҳо ҷалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
Дар Тоҷикистон мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ шахси воқеие мебошад, ки ҷавобгўи талаботи тахассуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, дорои шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ мебошад. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анҷом медиҳад.
Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (минбаъд – аттестатсия) – санҷиши тахассусии шахси воқеӣ мебошад, ки барои гирифтани  шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтиҳони тахассусӣ гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро месупоранд, шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бо мўҳлати амал маҳдуд карда намешавад.
Талаботи ҳатмӣ барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ барои довталабон инҳо ба ҳисоб мераванд:
1) мавҷудияти ҳуҷҷат дар бораи маълумоти олӣ, ки дар муассисаҳои таълимии ватании дорои аккредитатсияҳои давлатӣ гирифта шудааст ё мавҷудияти ҳуҷҷат дар бораи гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳодатнома дар бораи мутаносибии (эквивалентии) он бо ҳуҷҷати ватании намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти олӣ;
2) мавҷуд будани собиқаи кории на камтар аз 2 сол.
Тартиби гузаронидани аттестатсия, номгўи ҳуҷҷатҳое, ки ҳамзамон бо ариза дар бораи иҷозати дохил шудан ба аттестатсия супорида мешаванд, барномаҳои имтиҳонҳои тахассусӣ ва тартиби супоридани онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Ҳамзамон барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ ҳамаи шахсоне, ки ҷавобгўи талаботи барои довталабон муқарраргардида мебошанд, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онҳо барои супоридани имтиҳонҳо иҷозат дода мешаванд. Имтиҳони тахассусиро мақомоти гумруке қабул мекунанд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардидаанд.
Ҳар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст дар ҳар ду соли баъди гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тибқи барномаи такмили дараҷаи тахассусӣ, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳаҷми 40 соати академӣ тасдиқ кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномаҳои баланд бардоштани тахассус аз ҷониби шахсоне анҷом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатнома мебошанд.
Шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дар ҳолатҳои зайл бекор карда мешавад, агар:
1) далели гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муқаррар шуда бошад;
2) қарори суд дар бораи ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз ҳуқуқи фаъолият ба сифати мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ барои мўҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;
3) мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ талаботи қисми 3 моддаи 144 ҳамин Кодексро вайрон карда бошад;
4) мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ якчанд маротиба барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад;
5) мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ талаботи таълимро аз рўи барномаи такмили ихтисос (квалификатсионӣ) мутобиқи қисми 3 моддаи 147 КГҶТ вайрон карда бошад.
Қарор дар бораи бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул карда мешавад. Ҳамин мақом дар бораи бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ қарори асоснок мебарорад. Нусхаи қарори мазкур ба шахсе, ки нисбати вай ин қарор бароварда шудааст, дар мўҳлати 3 рўзи қабули он фиристода мешавад.
Шахсе, ки шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукии ў бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад нисбати қарор дар хусуси бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ тибқи боби 7 КГҶТ шикоят намояд.
Инчунин шахсе, ки шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукии он беэътибор эълон шудааст, ҳуқуқ надорад такроран бо ариза барои гирифтани чунин шаҳодатномаи тахассусӣ дар мўҳлатҳои зайл муроҷиат намояд:
1) дар давоми як соли қабули қарор дар бораи бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, агар ин шаҳодатнома тибқи асосҳои пешбининамудаи зербандҳои 1 ва 3 қисми 1 моддаи 148 КГҶТ бекор карда шуда бошад;
2) дар давоми мўҳлате, ки тибқи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд пешбинӣ шудааст, агар шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи банди 2 ҳамин модда беэътибор дониста шуда бошад;
3) дар давоми мўҳлате, ки шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалбшуда ба ҳисоб меравад, агар шаҳодатномаи тахассусӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи банди 4 қисми 1 моддаи 148 КГҶТ бекор карда шуда бошад.

Дидан карданд: 918

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: